Таҷлили ҷашну маросимоти миллӣ ва аз давр ба давр ва аз аср ба аср мунтақил кардани онҳо сатҳи баланди худогоҳӣ ва хештаншиносии мардуми форсу тоҷикро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ҷашнгирӣ ва маросимофаринии ин мардум ба кайфияти зиндагии фикрӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷомеаи вақт бастагӣ доштааст. Ба ин маънӣ, мардуми мо аз қадимтарин замонҳо бо тадобири ҷашнӣ ба тарзи зиндагии дунявӣ авлавият медоданд ва силсилаи ҷашнҳои миллию мардумӣ, ки собиқаи тӯлонии таърихӣ доранд, қабл аз ҳама, бо рангомезии дунявӣ ва бандубасти секулорӣ иртибот мегиранд, ки ин мушаххасаи калидӣ (бо мардуму миллат ва дунёву табиат тавъаму ҳамдостон гардидани ҷашну маросими бостонии миллӣ) ҷашну ойинҳои бостонии моро аз соири маросимоту таҷлилот мутафовит месозад. Афзун бар ин, мардуми мо аз қадимулайём ба офаридани ҷашну маросимоти зинда машғул мешуданд, то ин ки зиндагии худро як навъ сару сомон бубахшанд ва дар доираи маросимоти созмонёфта хушҳолӣ кунанд. Зиёд будани теъдоди ҷашну маросимоти бостонии миллӣ ҳам ба ҳунари бозофаринӣ ва дунявигаройии мардум бастагӣ дорад. Масалан, танҳо дар маҳдудаи як моҳ – даймоҳ чаҳор ҷашн гирифта мешуд: якум, ҳаштум, понздаҳум ва бисту сеюми даймоҳ чанд ҷашн таҷлил мегардид, ки аввал – якуми баҳман ба унвони Шаби Ялдо муаррифӣ шудааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. -С.89).
Мардуми иронитабор дар замонҳои хеле дур Хуршедро мепарастиданд ва ҳар ҷашну ойине, ки дуруст мекарданд, ба ин ё он шахсият пайвандӣ дошт. Ба назари муҳаққиқи шаҳири иронӣ Эҳсон Табарӣ, Кайхусравро метавон ба унвони яке аз паёмбарони саршиноси ойини Меҳрпарастӣ донист. Ӯ менависад: «Яке аз кешҳои куҳани иронӣ, ки замоне ҷаҳонгир шуд, Меҳрпарастӣ ё Митроизм аст. Ин кеши бостонӣ дар бисёре аз адён ва ҷараёноти фикрии Ирон ва ҷаҳон асароти жарфе гузоштааст. Мардуме, ки дар сарзамини Ирон зиндагӣ мекунанд, ду бор тавонистаанд кеши ҷаҳонӣ падид оваранд. Як бор дар мавриди Меҳрпарастӣ ва бори дигар дар мавриди Монигарӣ».
Шаби Ялдо ё шаби Чилла баландтарин (дарозтарин) шаби сол дар нимкураи шимолии Замин аст. Ин шаб ба замони ғуруби офтоб аз 30-юми озармоҳ (охирин рӯзи пойиз-тирамоҳ) то тулӯи офтоб дар аввали моҳи дай (нахустин рӯзи зимистон ) рост меояд. Ялдо аз вожаи суриёнӣ гирифта шуда, маънои таваллуд ва зоишро далолат мекунад. Ин ҷашнро рӯзи таваллуди Меҳр меноманд ва бо гузашти айём ва замон аз Ирон ба Руму Урупо интиқол ёфт. Барои мисол, ҳамон Бобо Новел (Ноэл), ки бо либос ва кулоҳи мубадон зоҳир мешавад ва ҳамчунин, дарахти сарву ситораи болои он ҳам ёдгорест аз кеши Меҳрпарастӣ. Имрӯз мо ӯро дар шакли Бобои Барфӣ мешиносем, ки дар маросимоти солинавӣ аз чеҳраҳои калидӣ аст.
Ба ин тартиб, иронитаборон ва бисёре аз ақвоми ғайрииронӣ Шаби Ялдоро ҷашн мегирифтанд. Ин шаб дар нимкураи шимолӣ бо инқилоби зимистонӣ баробар аст ва ба ҳамин далел, аз ин замон ба баъд тӯли рӯз дарозтар ва тӯли шаб кӯтоҳтар мешавад. Дар тамоми Ирон ва манотиқи он Шаби Ялдо ё Шаби Чилла ба унвони як ҷашни фарогир бо маросимот маҳбубият доштааст. Дар зимн, шаби аввали даймоҳ шаби Чилла номида мешавад ва ин шабро, ки дарозтарини шабҳост, шаби Ялдо ҳам мегӯянд (ниг.: Фарҳанги форсии Амид. Ҷилди дувум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1375. -С.896). Дар ин шаб маҳофилу маросимоти гуногун, аз ҷумла шабнишинӣ, чароғонӣ, қиссагӯйӣ, хотирагӯйӣ, достонгӯйӣ, шеърхонӣ, фоли Ҳофиз, баъзан Шоҳномахонӣ, фолгирӣ ва бо шӯхию адои бозӣ ва тақлиди садо сурат мегирифтааст.
Ба назари донишмандон, дар тамоми қаламрави сарзаминҳои Хуросони бузург – Исфаҳон, Курдистон, Озарбойҷон, Қазвин, Гелон, Кирмон, Систон, Балуҷистон, Язд, Симнон ҳам ойинҳои мушобеҳе вуҷуд доштааст. Маъмулан, дар доираи маросимоти ҷашнӣ хонавода ба зиёрати падарбузург ва модарбузург мераванд ва он ҷо дар иҳотаи ҳамдигар Шоҳномахонӣ мекунанд, фоли Ҳофиз мегиранд, шӯхию латифагӯйӣ мекунанд, бузургсолҳо хотираҳояшонро қисса мекунанд ва бад-ин минвол меҳмононро бо анвои оҷил (шарбат аз меваҳои хушк) зиёфат мекунанд. Гузашта аз ин, домодҳои тоза ба хонаи арӯс бо туҳфаю ҳадяҳои идона мераванд.
Пешниҳод намудани анвои нӯшокӣ, ғизоӣ ва мевагӣ, ки дар силсилаи маросимоти ялдоӣ дар қолибҳои “нӯшиданиҳои шаби Ялдо” (чой ва шарбат ва агар барф бошад, махлути барф бо шираи ангур), “оҷили шаби Ялдо” (оҷили ялдоӣ аз кишмиш, бодом, хурмо, зардолу ва амсоли инҳо таркиб ёфтааст), “меваи шаби Ялдо” (анор, ҳиндувона, себи гулобии анборӣ-сибирӣ) ва “ғизои шаби Чилла ё Ялдо” (палавмоҳӣ ва агар набошад, яке аз ғизоҳои маҳаллӣ) мунсаҷим шудаанд, ҷузъу суннатҳои ҷашнӣ ба шумор мерафтаанд.
Бояд таъкид дошт, ки мардуми иронитабор аз қадим ба рӯшноӣ эътимод ва ба торикӣ беэътимодӣ дошт. Ин навъ эътимоду бовармандӣ, ғолибан аз вазъи мусоиди кишоварзӣ, ки мардум бештар кишоварз буданд ва офтобу рӯшноӣ барои киштукор ва гирифтани ҳосили хуб манбаи асосӣ маҳсуб меёфт, сарчашма мегирифт. Аз ин лиҳоз, мардум ба офтобу хуршед ва нуру рӯшноӣ меҳр варзида, торикию зулмотро, ки василаи дарду ранҷ ва сардию машаққат аст, интиқод мекарданд. Аз ин ҷост, ки бар мабнои ин гуна фаҳмишу бинишҳои мардумӣ ҷашни шаби Чилла ва ё Ялдо пайдо шуд.
Зимнан, мардум дар Шаби Ялдо, ки дарозтарин шаби зимистон буда, наҳс дониста мешуд, маҳфилҳо ороста, қиссагӯйӣ, шеърхонӣ, фолгирӣ, Шоҳномахонӣ, хотиротгӯйӣ, азкиягӯйӣ ва дар мачмӯъ, хушҳолӣ карда, хуршедро интизорӣ мекашанд. Фардои шаб – рӯзи дигар шаби Чилла ба охир мерасад ва баробарии рӯзу шаб оғоз меёбад ва мардуми кишоварз дар пайи офаридани неъматҳои моддӣ мешаванд. Муҳим ин аст, ки ҷашни Ялдо мардумро аз маъюсию ноумедӣ ба сӯйи умеду хушбахтӣ раҳнамун месозад ва боварию пирӯзӣ ба ояндаро дар зеҳни мардум таҳким мебахшад. Чун шаб ба унвони рамзи Аҳриманӣ талаққӣ мешавад, мардуми иронитабор онро наҳс медонистанд ва дар ин замина ҷашну ойинҳо дуруст мекарданд.
Дигар ин ки дар даврони куҳани фарҳанги иронӣ сол бо фасли сард шурӯъ мешуд ва дар «Авасто» вожаи «Sareda», «Saredha» «сард» ё «сарз», ки мафҳуми «сол»-ро ифода мекунад, худ ба маънои «сард» аст ва ин башорати пирӯзии Урмузд бар Аҳриман ва рӯшанӣ бар торикӣ талаққӣ мешавад.
Суфраи густурдаи шаби Ялдо «Миязд» ( Myazd) ном дошт ва шомили меваҳои тару хушк ва ҳамчунин оҷил ё ба истилоҳи зардуштиён, «лорк» ( Lork), ки аз лавозими ин ҷашн маҳсуб меёфт, мегардид. Ин навъ ибтикороти ҷашнӣ ба ифтихори вижагии «Урмузд» ва «Меҳр» ё Хуршед баргузор мешуд. Дар ойинҳои бостонии иронитаборон, дар баробари гузоштани масолеҳи ибодӣ, аз қабили оташдон, атрдон, бихӯрдон(бухор ё дуди ҳосил аз сӯзонидан ё табхири маводи хушбӯ ва зарфи махсуси ин кор), барсам ва ғайра анвои ғизоӣ ва хӯрданӣ мегузоштанд.
Дар мавриди ҷашни Ялдо ва интиқоли он ба фарҳанги юнонию румӣ ва аз ҷумла тамаддуни масеҳӣ муҳаққиқони урупоӣ назари ҷолиб доранд. Масалан, Ҷорҷ Фрезер мегӯяд: «Бузургтарин фирқаи погон ё бутпарастӣ, ки 25 декабрро барои таваллуди Масеҳ дар Юнону Рум ҷо андохт, Митроизмҳо (хуршедпарастон) ва ё Митракҳо буданд… Ин ҷашни зимистонӣ дар ойини Митроизм «Мелод» ё «Милод»-и Хуршед ном дошт» (ниг.: Фрезер Ҷ. Шохаи тиллоӣ (Золотая ветвь, 1890). Ню-Йорк: Ширкати Макмилон, 1911. –С.725). Маросими Шаби Ялдо (Шаби Чилла) ва ё Крисмас аз тариқи Ирон ба қаламрави Румиён роҳ ёфт ва ҷашни Сатурн хонда мешуд. Ҷашни Сатурн пас аз масеҳӣ шудани Румиён ҳам эътибори худро аз даст надод ва идома ёфт, ки дар ҳамон нахустин садаи озод шудани пайравӣ аз масеҳият дар миёни румиён, бо тасвиби раиси вақти Калисо Крисмас (маросими мелодии Масеҳ)-ро 25 декабр қарор доданд, ки чаҳор рӯз ва дар солҳои кабиса се рӯз пас аз Ялдо (21 декабр) аст ва мафҳуми ҳар ду вожа ҳам яке мебошад. Аз он пас ин ду мелод тақрибан бо ҳам баргузор мешудаанд. Оростани сарву коҷ (коҷ-сосна) ҳам дар Крисмас аз Ирони бостон иқтибос шудааст, зеро ки иронитаборон ба ин ду дарахт, махсусан сарв (дарахти ҳамешасабзест, ки дар бештар манотиқи Ирон мерӯяд, ки онро дарахти миллии Ирон мешиносанд, кипарис) ба чашми мазҳари муқовимат дар баробари торикӣ ва сармо менигаристанд ва дар «Хуррӯз» дар баробари сарв меистоданд ва аҳд мекарданд, ки то соли дигар як ниҳоли сарв кишт кунанд. Бинобар ин, Новели урупоӣ (солрӯзи таваллуди Масеҳ) ҳамон шаби Ялдо аст. Ва новели воқеӣ, яъне инқилоби Штук дар сиюми озармоҳ баробар бо 21 декабр аст (дар зимн, Бобо Нуэл ҳамон Пер-Ноэл аст (фр. Père Noël; падари Крисмас, Бобои Мелод – персонажи ҷашнии фолклорӣ дар Фаронса ва дигар халқҳои франсавизабон, ки туҳфаҳои солинавӣ дар шаби Соли нав ба кӯдакон меоварад).
Нуктаи дигаре, ки собиқаи тӯлонии таърихӣ доштани Шаби Ялдоро нишон медиҳад, он аст, ки ба ҳангоми мелоди Масеҳ башораташро ба чӯпонон мебаранд ва чӯпонон раммаро гузошта, барои дидани паёмбари навзуҳур мешитобанд. Оё пурсише дар зеҳн ба ин мазмун матраҳ намегардад, ки чӯпонон раммаро дар тобистон ба чарогоҳ мебаранд ва таваллуди Масеҳ ба фасли гармо рост меояд, на сармо. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки мелоди нур ҳамон шаби Ялдо аст, ки аҷдодони мо ҳазорсолаҳо муқаддам онро таҷлил мекарда ва аз зуҳуру тулӯи Хуршед пазироӣ менамудаанд.
Дар садаи чаҳоруми мелодӣ, бар асари иштибоҳе, ки дар муҳосибаҳои кабисаҳо рух дод, рӯзи 25 декабр (ба ҷойи рӯзи 21 декабр)-ро рӯзи таваллуди Митро дониста, таваллуди Исои Масеҳро ҳам дар ин оғози сол қарор доданд. Ишораи Саноӣ ҳам бар ин мазмун сидқ мекунад:
Ба соҳибдавлате пайванд, агар номе ҳамеҷӯйӣ,
Ки аз пайванд бо Исо чунон маъруф шуд Ялдо.
Ҳамин тариқ, Меҳрпарастӣ ё Митроизм аз Ирон ба Рум интиқол гардид. Подшоҳони Рум ба он гаравиданд ва он ба дини расмии Рум табдил ёфт (таваҷҷуҳ шавад ба: Қадёнӣ Аббос. Таърихи адён ва мазоҳиб дар Ирон. Теҳрон: Фарҳанги мактуб, 1381. –С.91-100). Юлиёнус ва ё Ҷулиён яке аз подшоҳони румӣ гурӯҳ-гурӯҳ мардуми тарсоро ба дини меҳр мекашонд ва даъват мекард. Ҳанӯз ҳам ниёишҳои ин шоҳи румӣ бо Меҳр вуҷуд доранд: «Эй падар, дар осмон ниёиши маро бишнав». Юлиёнус дар ин ниёиш Худоро падар меномад. Ин исме буд, ки тарсоён ба тақлид аз меҳрпарастон бар Худои худ гузоштанд. Румиён солҳои зиёд тавлиди Меҳр ва шаби Чилларо ҷашн мегирифтанд ва онро оғози сол медонистанд. Ҳатто пас аз густариши дини масеҳӣ кашишҳо (рӯҳониёни дараҷадори калисои масеҳӣ) натавонистанд аз гирифтани ин ҷашнҳо ҷилавгирӣ кунанд ва ночор маҷбур шуданд ин шабро таври маснӯӣ ба унвони зодрӯзи таваллуди Исои Масеҳ муаррифӣ намоянд, то румиён 25 декабрро ба баҳонаи рӯзи таваллуди Исои Масеҳ ҷашн бигиранд, на таваллуди эзади Меҳр ва аз ин тариқ ойини меҳрпарастӣ тадриҷан аз ҳофизаи мардумӣ зудуда гардад.
Ҳангоме ки ба ойину маросими масеҳиён дар Крисмаси масеҳӣ (соли нави мелодӣ) нигоҳ мекунем, бисёре аз нишонаҳои иронии ин маросимро дармеёбем. Ирониёни қадим дар Шаби Чилла дарахти сарверо бо ду ришта навори нуқраӣ ва тиллоӣ меоростанд. Баъдҳо масеҳиён дарахти коҷро ба тақлид аз меҳрпарастон ва ирониён зебу зинат доданд. Тибқи боварҳои меҳрпарастӣ, Меҳр аз дӯшизаи бокирае ба номи Аноҳита дар даруни ғор зода шуд ва баъдҳо Масеҳиён Исоро ҷойгузини Меҳр ва Марямро ҷойгузини Аноҳито карданд. Яке аз вомгириҳои дигари масеҳиён рӯзи якшанбе аст. “Sunday” ба маънии рӯзи Хуршед ё Меҳр аст, ки рӯзи муқаддаси меҳрпарастон буд. Файласуф ва шарқшиноси франсавӣ Эрнст Ренан дар бораи ойини меҳрпарастӣ гуфта буд: «Агар исавият ба ҳангоми густариши худ бар асари бемории марги Море бозмеистод, саросари ҷаҳон ба меҳр мегаравид».
Ба ин тартиб, ҷашни Ялдо ва маросимоти марбути он, ки дар соири минтақа ва кишварҳо бо рангу тобишҳои гуногун таҷлил мегардад, асли миллӣ ва таровиши дунявӣ дорад. Мардум ва махсусан, қишри огоҳи ҷомеаи бостонӣ бо андешадан ва роҳандозӣ намудани тадобири ҷашнӣ хушҳолию хушгузарониро миёни мардум тадовум бахшида, аз ин тариқ ҳамгиройиву ҳамбастагии иҷтимоиро ҳамчун меъри зиндагии инсонӣ тарғибу ташвиқ кардаанд. Ин аст, ки силсилаҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Ялдоро, бегумон, метавон ҷашни таҷассуми зиндагии миллӣ бо рангомезиҳои дунявӣ номид.
Ҷашни Ялдо муборак ва хуҷаста бод, ҳамватанони гиромӣ!
Нозим Нурзода, пажӯҳишгар
14 декабри соли 2021