Мавзӯи «баҳманмоҳ» яке аз мавзӯъҳои пурбаҳс ва фарох дониста мешавад, ки то ҳол ба он муҳаққиқону коршиносон ва таърихнигорону рӯзноманигорон баҳои воқеӣ надодаанд. Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар шароити Тоҷикистон омилҳои мухталифе пайдо гардида буданд, ки мамлакатро ба моҷарои сиёсӣ кашиданд. Дар ибтидои соли 1990 қувваҳо ва неруҳои гуногуне пайдо шуда, кӯшиш менамуданд, ки ба раванди сиёсӣ таъсир расонанд ва тадриҷан низоми идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зери таъсири худ нигоҳ доранд.

Яке аз аввалин ташкилот, ё иттиҳодияи ҷамъиятие, ки дар саромади зиддиятҳо ва муқовиматҳои сиёсии Тоҷикистон қарор гирифт, иттиҳодияи «Маърифат» буд. Дар бораи раванди ташаккул ва фаъолияти он фикрҳои мухталиф вуҷуд доранд. Ташаббускори таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Маърифат» Афанасев Станислав Александрович буд ва баъдтар  «Маърифат» поягузори пайдоиш ва инкишофи созмони «Растохез» гардид. Ташкилкунандагони иттиҳодияи ба ном ҷамъиятӣ, ки хусусияти сиёсӣ дошт, дар аввал кӯшиши таъсиси онро дар назди Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба миён оварданд. Иҷлосияе низ даъват намуданд. Дар ҷамъомади мазкур раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Қурбонов Суҳроб баромад намуда, қайд кард, ки чунин ташкилот дар шароити Тоҷикистон зарурат надорад. Пешниҳод дар бораи таъсиси чунин созмонро напазируфта, онро дар шароити Тоҷикистон ниҳоди зиёдатӣ номид.

Бо гузашти муддате бархе аз намояндагони гурӯҳи ташаббускор дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷамъ омада, ҷамъияти «Маърифат»-ро ташкил намуданд. Баъдтар ҷамъияти «Маърифат»-ро оҳиста – оҳиста ба «Растохез» табдил доданд. Яъне аз ҳамон вақт «Растохез» рӯи кор омад. Дар ин бора низ муовини вақти раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Отахон Латифӣ ҳанӯз дар давраи аввали ташкили ҳаракат гуфта буд: «Вақте ки барнома ва низомномаи ташкилоти «Растохез» ба Совети Вазирон ворид шуд, на ҳамаи пешниҳодоти онро қобили қабул донистанд. Ҳоло дар мамлакат низоми ба расмият шинохтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавҷуд набуд». Сониян, сарварони «Растохез», «Рӯ ба рӯ» ва дигар ташкилотҳои ғайрирасмӣ дар мубориза барои соҳиб шудан ба мандати депутатӣ ноком гаштанду ҷонибдоронашон дар парламент мақоми сазовор пайдо накарданд ва онҳо даст ба тазоҳуроти пайваста ва доимӣ заданд.

Иттиҳодияҳои навтаъсиси ҷамъиятӣ фаъолияти маҳалгароию миллатгароиро дар байни донишҷӯён ва ҷавонон ривоҷ дод, тавассути варақаҳо ва овозаҳо афкореро ба мардум талқин намуд, ки гӯё роҳбарият аз уҳдаи идораи корҳои давлатӣ намебарояд. Эҳсос мешавад, ки иттиҳоди бо ном мардумии «Растохез» бо қисмати иртиҷоии руҳониён, махсусан, бо бунёдгароёни исломӣ пайваст гардида, аз таъсиру нуфузаш, ки миёни ҷавонон пайваста зиёд мегардид, истифода бурда, мардумро ба ҳар гуна эътирозҳо ва саркашиҳои шаҳрвандӣ даъват менамуд.

Воқеаҳои февралӣ, асосан, аз кӯшишҳои созмони «Растохез» дар мавриди ташкили гирдиҳамоӣ оғоз гардидааст. Раёсати созмони «Растохез» аз 26-уми январи соли 1990 дар иҷлосияи хеш, ки дар зали хурди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегузашт, бо иштироки Т. Абдуҷабборов, А. Холиқзода, М. Мирраҳим, Баҳманёр, С. Мастонзод, Ҷ. Исоев, О. Ҳомидова, С. Абдулло, Барот  Мақсуд, Т. Зиёев, О. Заробек, А. Абдуллоев, Ҳ. Файзуллоев, Б. Шукуров, М. Тошматова, Ф. Зеҳнӣ дар бораи гузаронидани гирдиҳамоии шаҳрвандон ба ҷонибдории сиёсати бозсозӣ ва рушди демократия қарор қабул намуданд. Қарор доданд, ки рӯзи 17 феврали соли 1990  соати 15 00 гирдиҳамоии аъзои «Растохез» ва ҷонибдорони онҳо дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ гузаронида шавад.

Дар як нишасти расмӣ роҳбари вақти Тоҷикистон гуфта буд, ки дар рӯзҳои 11-14 феврали соли 1990 гирдиҳамоии оммавие, ки асосан, тавассути даъвати руҳониён бо роҳбарии Қозиёти Тоҷикистон ва созмонҳои «Растохез», «Рӯ ба рӯ» бо ҳамдастии баъзе сиёсатмадорон ва роҳбарони мақомоти мухталифи идоракунии давлатӣ ба миён омад, вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакатро пуршиддат ва муқовиматбор намуд. Мардум ва роҳбарияти ҳизбу ҳукуматро зидди ҳам гузошта, инкишофи мутаносиби мамлакатро халалдор намуд. Неруҳои гуногуни сиёсӣ пайдо гардида, кӯшиши аз сари қудрат дур намудани элитаи сиёсии ҳукмронро ба миён оварданд.

Воқеан,  гирдиҳамоиҳои аввалин рӯзи якшанбе, 11-уми феврал, соати 1500 дар назди бинои КМҲК ташкил шуд. Дар назди бинои Комитети Марказӣ одамон ҷамъ шуданд, асосан ҷавонон, одамони калонсол дар байни онҳо кам буданд. Дар байни мардум овозаҳо дар бораи ба Тоҷикистон омадани гурезаҳои арманӣ ба зудӣ паҳн мегардиданд.

Аслан роҳбари Қозиёти Тоҷикистон ваъда дода буд, ки шахсан пагоҳ дар бораи санҷиши вазъи гурезаҳои арманӣ гузориш пешниҳод менамояд. Мутаассифона, ӯ худи ҳамон рӯз ҳозир нашуд. То соати 1700 ӯро ёфта натавонистанд. Баъди пайдо кардан, ӯ изҳор доштааст, ки ба хотири омода набудани маводҳо барои барномаи телевизион ба назди мардум рафта наметавонад.

Сатҳи иштирок дар гирдиҳамоӣ гуногун буд. Яке аз рӯи ҳавас, дигаре барои тамошо ва дигаре аз хотири дифои кадом «манфиатҳо» ва чорумин бо даъвати иттиҳодияҳои навташкили ғайрирасмӣ вориди майдон гардида буданд. Ба майдони гирдиҳамоӣ наздик шудан ва ё ҳамроҳ гаштан чандон мушкилӣ надошт, аммо аз он хориҷ гардидан чандон осон набуд. Зеро ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ кайҳо ғами тазоҳуроти дарозмуддат ва шиддатнокро хӯрда буданд.

Бояд тазаккур дод, дар фаъолияти гурӯҳи  роҳбари Қозиёти Тоҷикистон, ки зери шиорҳои ташаккули сохти нави иҷтимоӣ бо истифода аз неруҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла, гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил амалӣ мегардид, тамоми аломатҳо ва хусусиятҳои шаклгирии табадуллоти давлатиро пайдо намудан мумкин буд. Ҳодисаҳои февралӣ дар Тоҷикистон, ки ба таври мақсаднок ба амал омаданд, ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд.

Таҳияи  Соибҷони  Саид,

донишҷӯи соли чоруми ДТТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь