Абӯалӣ пури Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш пури Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад. Пури Сино (980 – 1038) аз донишмандони машҳури башарият аст, ки бо осори гаронбаҳои гуногуни илмии худ: “Китоб-уш-шифо”, “Донишнома”, “Китоб-ун-наҷот”, “Ишорот ва танбеҳот”, “Қонун фи-т-тиб” ва ғ. (зиёда аз 30 асар) шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст.

Дар низоми фалсафии пури Сино масъалаи ахлоқ ба мақом ва рисолати инсон дар ин олам мутобиқат мекунад, яъне инсон чун масъалаи меҳварӣ мавзӯи асосии тамоми фалсафаи амалӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ақидаҳои ахлоқи хеш пури Сино масъалаи азалии фалсафӣ: муборизаи қувваҳои хайру шарро дар ҷаҳон баррасӣ кардааст. Масъалаи мазкур масоили ахлоқиро дар бар гирифта, ба андозаи муайян моҳияти ҷаҳоншинохтии кулли фалсафа ва низоми фалсафӣ мебошад. Сабабҳои ҳастии некию бадиро дар ҷаҳон баён намуда, пури Сино асосҳои ҷавҳарии робитаҳои онҳоро муайян мекунад ва некиро бо ҳастӣ, бадиро бо нестӣ айният медиҳад. Аз назари пури Сино, некӣ дар олам ҳукмрон мебошад.

Ҳамин тариқ, дар диалектикаи некию бадӣ нақши ҳалкунандаро некӣ мебозад, ки хосияти муҳими он ҳастӣ буда, нестӣ аслан бадӣ аст.

Мафҳумҳои хайр ва шарр на танҳо ҳамчун мақулаҳои ахлоқӣ, балки чун мафҳумҳои ниҳоят васеи ҷавҳарӣ баромад мекунанд. Агар бадӣ намебуд, некӣ ҳам намебуд ва баръакс, бе некӣ кулли олам ба зулмоти бадӣ ва нобуданӣ ғутавар мешуд ва оид ба ин ва ё он аз фазоил ва ахлоқ қазоват намудан номумкин буд. Дар ин вогузинии (алтернативаи) азалӣ бадӣ чун ҷузъи некӣ зуҳур мекунад. Бо некӣ камолот, мураттабӣ, мавзунии олам алоқаманд аст, вале бадӣ – ҳолати бемории олам аст, ки ба тахрибу таназзули он равона шудааст, ки онро бояд рафъ намуд. Аз ин ҷиҳат, ба андешаи пури Сино, дар ҷаҳон бояд на шарр, балки некӣ тантана намояд.

Назарияи ахлоқии пури Сино аслан аз ду манбаъ сарчашма мегирад: китоби Қуръон, меъёр ва қоидаҳои рафтору аъмоли одамон, анъана ва расму суннатҳое, ки дар асоси шариат таҳия шудаанд. Аз ҷониби дигар, манбаъи он низоми ахлоқии Арасту мебошад. Дар пешгуфтори «Рисола оид ба ахлоқ» пури Сино ба одатҳое ишора мекунад, ки тавассути он инсон ба дараҷаи баланди камолоти ахлоқӣ ноил мегардад. Ин ҳадаф, қабл аз ҳама, ба туфайли шинохти ҳувият, фазилат ва сафои нафси худ дар амал татбиқ мегардад: «Ҳар касе ба шинохти хештани хеш аҳамият медиҳад ва мехоҳад фазилатҳои худ ва роҳи чигунагии тобеъ сохтани онҳоро бидонад, то тавассути онҳо нафси худро пок созад, бояд барои ин сайъ варзад. Ҳамчунин, ҳар касе мехоҳад разилатҳои хеш ва чи гунагии аз онҳо муҳофизат кардани худро бидонад, бигузор нафси хештани хешро аз онҳо пок намояд. Ҳар касе, ки ахлоқи ҳамидаро афзалтар медонад, бибоистӣ, ки беҳтарин кирдору рафторро ҳадафи худ қарор диҳад».

Пури Сино илми ахлоқро чун илми амалӣ баррасӣ мекунад, ки ба василаи ташаккули фазоил аъмоли афродро ба низом медарорад. Дар фарқият аз қувваи назарӣ (хирад), ки ба рушди илмҳо равона шудааст, қувваи амалӣ (ҳӯш) дар пояи фазоил инкишоф меёбад, ки умдатаринашон ҳикмат, шуҷоат ва иффат (покдоманӣ) мебошанд. Ҳар касе бо яке аз қувваи нафс вобаста аст: иффат – қувваи шаҳвония, шуҷоат – бо қувваи хашму ғазаб, ҳикмат – бо қувваи тамйиз. Адолат аз фазоили умда аст, аммо дар фарқият аз онҳо ба кулли қобилияти нафс хос мебошад. Аз ин назар адолат чунин фазилатҳоро дар худ дорад: саховат, қаноат, сабр, карам, ҳалимӣ, покдоманӣ, бахшандагӣ, олиҳимматӣ, пинҳон доштани сир, ҳикмат, хушбаёнӣ, фаросат, бикрандешӣ, дурандешӣ, ростгӯӣ, вафодорӣ, дӯстӣ, меҳрубонӣ, ҳаё, бузургҳимматӣ, накӯаҳдӣ ва фурӯтанӣ.

Дар байни фазилатҳои ахлоқӣ, дар таълимоти Пури Сино, илму дониш ҷои махсусро ишғол мекунад. Рубоии машҳури ӯро ба ёд оваред:

Аз қаъри гилу сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Ба қатори фазилатҳое, ки мустақиман ба ташаккули олами маънавии шахс асар мекунанд, пури Сино расоандешӣ, собитқадамӣ, сидқ, вафодорӣ, меҳрубонӣ, ҳаё, ғайрат ва фурӯтаниро дохил мекунад.

Дар низоми ахлоқии пури Сино ҳар як фазилат таззоди ба худ хосеро доро мебошад. Масалан, ба дониш ҷаҳолат – муқобил мебошад, ба гумроҳӣ – хушбаёнию фасоҳат, ба каммағзӣ фаросат ва ҳадси накӯ, ба нотавонӣ – собитқадамӣ, ба аҳдшиканӣ, хиёнат ва бераҳмӣ – раҳму шавқат, беруйӣ, камҳимматӣ, бадаҳдӣ, бадриоятӣ, худситоӣ, худнамоӣ, ҷафокорӣ – муқобили адолат ва додварӣ мебошанд.

Ақидаҳои ахлоқии пури Сино таҷассумгари армонҳои башардӯстӣ ва меъёрҳои ахлоқии умумибашарианд, ки дар он кулли фазилатҳои ахлоқӣ мутамарказ шудаанд. «Ва аз ҷумлаи сифоти ҳамида ва авсофи писандида, менависад пури Сино, барои ҳар фард аз инсон он аст, ки ҳамеша авқоти дӯстӣ ва хайрандешӣ ва манфиат расонидан ба навъи худро фаромӯш накунад. Ва муҳаббату ишқ доштан ба неконро ваҷҳи ҳиммати худ созад. Ва худро барои ҳидоят кардани ашрор ва манъи онон аз аъмоли қабеҳа мустаъид ва муҳайё дорад, балки сазовор аст, ки ин сифатро як амри табиӣ ва зотӣ барои худ тасаввур кунад».

Инсони оқил ва комил, аз нигоҳи пури Сино, бояд бидонад, ки чи гуна бо одамон муошират намояд ва ҳар касеро мутобиқи шаъну манзалаташ эҳтиром гузорад.

Аз назари пури Сино, сарчашмаи ташаккули фазоили ахлоқӣ сифатҳои фитрии фард набуда, балки маҳсури аъмол ва кирдори амалии ӯ мебошанд, ки ба ҷилавгирии ғаризаи манфии табиӣ ва камолоти фардияти хеш равона шудааст. Хулқи зебо, писандида ва ҳамчунин хулқи нописандида аз одат падид меояд. Соҳибони одати хуб хулқи зебо ва соҳибони одати бад хулқи бад ва қабеҳро касб менамоянд.

Арзиштарин сарчашмаи омӯзиши масъалаи тарбия, дар эҷодиёти пури Сино «Тадбири манзил» мебошад, ки дар он шакл ва воситаҳои тарбия ва усулҳои таъсиррасонии педагогӣ ба насли наврас баррасӣ шудаанд. Тарбия ва ташаккули шахсро бояд аз рӯзи таввалуди кӯдак шурӯъ намуд, аз ин рӯ, пури Сино падари кӯдакро вазифадор мекунад, ки тифли худро номи некӯ гузорад. Замоне, ки кӯдак ҷисман мустаҳкам шуд забон ба талаффузи нутқи гӯё, гӯшҳояш ба шунидан ва дарки калима оғоз намуданд, вуҷудаш қобилияти дарки дониш ва андарзро пайдо кард, бояд ба таълими илм ва ахлоқ пайвандад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь