(Ба муносибати 180 солагии ҳуқукшинос, нависанда ва муҳаққи адабиёт башида мешавад)

Баъди чопи мақолаи «Фарҳанги сухангӯӣ ва ҳуқуқшиносон», ки онро дар хафтаномахои маъруфи кишвар ба табъ расонида будам ва дар фароварди он орзу намуда будам, ки миллати тоҷик низ дар оянда соҳиби чунин ҳуқуқшиносони бузурги дараҷаи ҷаҳонӣ, аз қабили А.Ф. Кони ва Ф.Н.Плевако гардад, ба банда чандин ҳуқуқшиносони насли миёнсол ва ҷавони тоҷик муроҷиат намуда, дар хусуси шахсияти ин ду ҳуқуқшиноси бузурги халқи рус суол доданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки ба воситаи ин мақолаи хеш дар бораи яке аз ҳуқуқшиносони тавонманди охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ, ҳуқуқшиноси оташинсухан, тимсоли адолат, олими бузурги соҳаи ҳуқуқ, нависанда ва муҳаққиқи бузурги соҳаи адабиёт, ки ҳуқуқшиноси дӯстдоштатарини банда маҳсуб ёфта, ӯро пири касби худ меҳисобам Анатолий Фёдoрович Кони ба таври мухтасар ҳам бошад ба хонандагони азиз маълумот диҳам.

Фикр мекунам, ки чопи ин мақола бахусус барои он ҳуқуқшиносони ҷавон ва боистеъдоди миллат, ки дар ин давраи «қашшоқию беҳурматии шахси босавод ва илм», ки хело ҳам камшуморанд ва кулли хонандагон дар ҷамъияти фасодзадаи имрӯза аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Тараққиёти капитализм дар Русияи ибтидои асри ХIХ, пайдо шудани корхонаҳои зиёди саноатӣ, муносибат ва рафтуомади шаҳрвандони ин кишвар ба мамолики пешрафтаи ғарбӣ аз қабили Анлия, Фаронса, Астрия, Пруссия, Ҳолландия, Шведсия ва ғайраҳо, ҳамзамон инқилобҳои буржуазии солҳои 1830 ва 1848 дар як қатор кишварҳои «ҷаҳони кӯҳна», ки бешубҳа ба пешравии ҷаҳони капитал мусоидат мекард, ҳамзамон дар назди ҳукуматҳо, давлатҳо вобаста ба пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳо, проблемаҳои навро ба миён оварда, яке аз проблемаҳои аввалиндараҷа бо раванду тараққиёти ҷамъиятӣ ин ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, гузаронидани реформаҳои судӣ, қабули конститутсияҳо (сарқонунҳо) буда, дар бархе аз давлатҳои пешқадами Аврупои ғарбӣ ин омилҳо ҳалли мусбии худро меёфтанд. Аз ин раванду ҳаракатҳо ҷамъияти Русия низ табиист, ки дар канор истода наметавонист. Ҳамон ҳаракати декабристҳо, ҷамъиятҳои халқчиён, демократҳо, террористҳо худ ифодагари норозигии қишрҳои гуногуни ҷомеа аз раванди тараққиёти ҷомеа, ҳаққу ҳуқуқҳои шаҳрвандон буда, нисбати «Царизм»-и Русия як ҳиссиёти бадбинии ҷомеаро, ки боиси дар «Зиндони халқҳо» нигоҳ доштани шаҳрвандон мегашт, ба вуҷуд меовард.

Барои Русия, ки ҳуқуқи крепостноӣ (аслан дар тоҷикӣ он бояд ҳуқуқи қалъабандӣ тарҷума шавад) тараққиёти онро боздошта, торафт боиси норозигии қишрҳои пешбари ҷомеа- нависандагон, афсарон, зиёиён ва «мужики рус» мегашт, гузаронидани як реформаи судӣ ногузир гашт.

Баъди барҳам хӯрдани ҳуқуқи крепостноӣ дар Русия, дар соли 1861 гузаронидани чунин реформа талаби замон гашт ва чунин реформаи судӣ дар Русия соли 1864 сурат гирифта, дар таърихи коркарди судӣ -ҷиноии рус нақши муҳимеро бозид. Дар риштаи мурофиаи судӣ -ҷиноӣ дохил намудани чунин принсипҳо аз қабили – муроҷиати даҳонӣ, ошкорбаёнӣ, ширкати бевосита, баробарии тарафҳо дар мурофиа, муколамма, баҳс ва ғайраҳо имкон дод, ки дар охири асри Х1Х як қатор ҳуқуқшиносони бузург аз кабили прокурорҳо, судҳо, адвокатҳо аз қабили А.Ф.Кони, П.А. Александров, Ф.Н. Плевако, А.И. Урусов, С.А. Андреевич ва ғайраҳо ба миён биёянд.

Фикр мекунам, ки дар миёни ин ҳуқуқшиносони бузург, устод Анатолий Фёдoрович Кони бо он дониши васеъ, фаъолияти серсоҳа, риторики (нотиқ)-и бузурги прокурорӣ ва судӣ буданаш ва то андозае инсони фарҳангӣ ва нависандаи соҳибистеъдод буданаш ӯро қофиласолори ин бузургмардони риштаи касби ҳуқуқшиносӣ ва илми ҳуқуқ гардонида, дар худи ҳамон давраи ҷавонияш, дониши васеъ ва шахси адолатпеша буданаш , ӯро дар байни оммаи васеъи халқ чи олиму чи золим, чи дузду чи ҷабрдида, чи сарватманду чи қашшоқ хело ҳам машҳур гардонида буд. Бо ибораи дигар шахсияти А.Ф.Кони дар ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ, адабии Русияи тоинқилобӣ нақши чуқуре аз худ боқӣ гузоштааст.

Аҷдодони Анатолий Фёдoрович аз Астро-Венгрия ва ё Олмон кӯчида ба Русия омада буданд. Анатолий Фёдрович худро рус ҳисобида, ба мазҳаби православӣ гаравида буд.

Ӯ санаи 19-уми январи соли 1844 дар шаҳри Санкт -Петербург дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш Фёдор Алексеевич Кони нависанда ва журналист буда, ба ғайр аз корҳои рӯзноманигорӣ ва адабӣ, омӯзгорӣ низ мекард. Модараш Ирина Семёновна Кони ба ҳайси актрисаи театр ва нависанда иҷрои вазифа менамуд. Ана дар чунин оилаи батамом зиёӣ, эҷодкор ва озода, бо иборае – оилаи намунавӣ қаҳрамони мо таваллуд гашта, ба воя расидааст. Гарчанде, ки ин оилаи озодаи зиёӣ аз сарватмандӣ фарсахҳо дур буд, тавонист, ки Анатолий ва бародари калонияш Евгенийро, ки баъдан бо ҷурми камомади хазина ба ҷазои ҷиноӣ кашида шуда, дар зиндон вафот кард, хуб тарбия намуда, ба онҳо маълумоти пурраи замонашонро диҳанд.

Баъди хатми гимназия ин шахси бузург мисли бисёр ҳуқуқшиносони машҳур ҳуҷҷатҳояшро соли 1861 ба факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи Санкт-Петербург супорид, баъди як соли таҳсил соли 1862 донишгоҳи мазкурро бар асари ҳаракатҳо ва ошӯбҳои студентӣ, ҳукуматдорони вақт бастанд ва Анатолий Фёдрович ба Донишгоҳи Москва, факултаи ҳуқуқшиносӣ гузашта, дар он ҷо таҳсилро давом дода, моҳи июни соли 1865 факултаи мазкурро бо дараҷаи номзади ҳуқуқ ба итмом мерасонад. Дарвоқеъ, Анатолий Фёдoрович моҳи январи соли 1865 дар болои кори илмии «Дар бораи ҳуқуқи мудофиаи зарурӣ» ба таҳқиқ шурӯъ намуда, шабҳои дарозро сари ин мавзӯъ ва проблемаи ҳуқуқӣ рӯз намуд.

Тирамоҳи соли 1865 Анатолий Фёдoрович ба хайси котиби коллегияи судӣ таъин мешавад. Баъдан ба ҳайси ёрдамчии палатаи судии Санкт – Петербург иҷрои вазифа менамояд. Соли 1866 ӯро барои кори илмиаш «Дар бораи ҳуқуқи мудофиаи зарурӣ» ҳукуматдорон, аниқтараш масъулони вазорати маориф ва вазорати корҳои дохила ба тергав мекашанд. Ба ин ходимони подшоҳӣ забони ин асар, пешниҳодҳои барои он замон басо пешқадами ин ҳуқуқшиноси ҷавон, алалхусус назарияи дар ин рисолаи илмӣ пешгузоштаи ӯ «Ҳукумат наметавонад эҳтироми қонунро талаб намояд, агар худаш ба он беэҳтиромӣ зоҳир намояд» бегона буданд. Ин назария ҳукуматдоронро ба таҳаллука андохта буд, лекин бо назардошти он, ки рисола бо нусхаи кам (50 адад) чоп гаштааст, нисбати ӯ чораи зӯроварӣ андешида нашуда, аз кор низ сабукдӯш карда нашуд.

А.Ф.Кони баъдан дар вазифаҳои котиби прокуратураи палатаи судии Москва, прокурори округҳои судии Харков ва Сумск, Санкт-Петербург, корманди прокуратураҳои судҳои Қазон ва Самара иҷрои вазифа намудааст.

Маҳз дар давраи фаъолияти худ чун прокурор ӯ худро ба ҳайси беҳтарин айбдоркунандаи давлатӣ, нотиқи оташинсухан, ҳимоягари адлу инсоф, шахси қонунпараст ва ҳуқуқшиноси варзида нишон медиҳад.

Баъдан ӯ дар вазифаҳои масъули Вазорати адлия, раиси суди Санкт- Петербург иҷрои вазифа менамояд. Ӯ ду маротиба ба вазифаи обер-прокурори Сенат таъин гашта, баъдан ба вазифаи вазири адлия пешбарӣ мешавад, лекин ин вазифаро ба хотири корҳои ҳуқуқӣ ва адабӣ рад менамояд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар байни ҳуқуқшиносони тоинқилобии рус вобаста ба нутқҳои судӣ, нутқи прокурор фикрҳои гуногуне ҷой дошт. Аз ҷумла, бархе аз ҳимоягарон ба ҳуқуқшиносони ҷавон тавсия медоданд, ки барои ташхиси маводҳои кори ҷиноӣ зиёд кӯшиш накунед, диққати асосиро ба таҳқиқи вазъи рӯҳии ҷинояткор ҳангоми содир намудани ҷиноят равона намоед. Ё ин ки гурӯҳи дигари ҳуқуқшиносон, нотиқони оташсухан чунин мепиндоштанд, ки бояд дар рафти мурофиаи судӣ нисбати судшаванда доимо дар набард истода, нисбати ҳарифон бошад беадолат бошед, нутқи ҳарифро дар даҳонаш хомӯш гардонед. Дигар фикр накунед.

Чунин фикрҳои «таълимӣ» тарафдорони худро ҳам дар байни айбдоркунандаҳои давлатӣ ва ҳам ҳимоягарон дошт, ки бо мақсади ба ҳадаф расидан ба ҳар кор қодир буда, ҳаракатҳои ғайриқонунии худро бо масали «дар мубориза ҳама восита хуб ҳаст» рӯйпӯш кардан мехостанд.

А.Ф.Кони бошад ба фикри чунин ҳуқуқшиносони амалӣ ва ҳуқуқшиносони илмӣ созгор набуд.

Ӯ дар чандин баромадҳои худ ибрози ақида намуда буд, ки мурофиаи судӣ бо низоми адлу одоб бояд доир гардад. Аз ин рӯ, ӯ муддати чандин соли корӣ ба таҳқиқу омодасозии одоби мурофиаи судӣ машғул буд.

А.Ф. Кони оиди ин масъала навишта буд: «Мумкин ҳаст ва ҳатман бояд сари масъалаи нутқи судӣ гуфт, ки барои ба ҳақиқат дар мурофиаи судӣ расидан танҳо донистани ҳолати кор кифоя намекунад, барои ин бояд забони модариро хуб донист, ҳамзамон бояд аз он ҳаракатҳое, ки обрӯи ҳуқуқ, обрӯи қонунро паст мекунанд, дурӣ ҷуст. Бояд фикр намуд, ки мақсади олии адолати судӣ танҳо дар доираи одобу ахлоқ, ҳурмати ҳамагон ба даст меояд. Баъдан иштирокчиёни мурофиаи судӣ – прокурор, суд, адвокат набояд фаромӯш кунанд, ки мурофиаи судӣ барои оммаи халқ ин мактабест, ки аз он ба ҷуз ҳурмати қонун, ҳамзамон ҳақиқатнигорӣ ва ҳурмати шаъну шарафи одамизод бояд омӯхта шавад!».

Оре, дар ин суханҳои дар охири асри ХIХ гуфтаи ин ҳуқуқшиноси бузурги рус, бо тамоми ҳастияш мақсаду моҳияти мурофиаи судӣ, нутқи прокурор ва ҳимоягар, муҳимаш одоби мурофиа, мақсади он, аҳамияти он бо пуррагӣ гуфта шуда, ин суханҳо барои ҳуқуқшиносони ибтидои асри ХХ1 – прокурор, суд, ҳимоягар чун обу ҳаво зарур буда, алалхусус, дар кишвари мо, кишваре, ки дар ҳолати гузариш аз як система ба системаи дигар ва реформаи судӣ қарор дорад, аҳамияти аввалиндараҷаро соҳиб ҳастанд.

Дар асарҳо, навиштаҳои зиёдаш ин ҳуқуқшиноси бузург кӯшиш намудааст, ки фикри онеро, ки суд, мурофиаи судӣ, баромади тарафҳо, ин мактаби тарбияи ахлоқии халқ ҳаст, тақвият бахшад.

Анатолий Фёдoрович ба ҳар як калима, ҳар як ибора бо як масъулияти бузург муносибат мекард. Маҳз аз ҳамин ҷо талабҳои сахти ӯ нисбати нотиқи судӣ ба миён меомад.

Ӯ оиди ҳуқуқшиноси босавод ва касбӣ чунин ақида дошт: «Ҳуқуқшиноси бомаълумот он одамест, ки маълумоти умумиаш (маълумотҳои таърихӣ, адабӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, табиӣ, ҷуғрофӣ ва ғайраҳо) пеш-пеши маълумоти касбӣ (ҳуқуқшиносӣ) раванд». Ин идеяро ӯ дар бисёр корҳои илмиаш асоснок намудааст.

Касби ҳуқуқшиносиро илмҳои дар боло зикрашон рафта ва ҳамзамон санъати сухан (риторика) пур мекунад. Бе донистани онҳо ҳеҷ гоҳ шахсро ҳуқуқшиноси касбӣ ва шахси ба кори худ моҳир гуфтан нашояд. Чунин ҳуқуқшиносони дониши умумиашон коста, пайваста ҳангоми қабули қарор ва хулосабардорӣ хато мекунанд, зеро ҳуқуқро ҳамчунин донишҳои дигар пурра мекунанд. Аз ин рӯ, назарияи бештар аз 100 сол пеш иброздоштаи Анатолий Фёдoрович Кони дар шароити имрӯза ҳарчи зиёдтар дар доираи ҳамаи ҳуқуқшиносони тамоми кишварҳо аҳамияти фавқулодда пайдо мекунад. Ҳуқуқшиносони ҷавону ояндаи тоҷик агар мехоҳанд воқеан ба маънои томаш ҳуқуқшинос шаванд, бояд аз ин назарияи пешниҳод намудаи ин ҳуқуқшиноси бузург барои хеш панди ибратомӯзе бигиранд.

Аз мероси бойи боқимондаи ин ҳуқуқшиноси бузург қисмати зиёдашонро нутқҳои айбдоркунӣ дар мурофиаи судӣ ташкил медиҳанд. Махсусан, дар ҳамин шохаи фаъолияти ҳуқуқиаш истеъдоди бузург ва худододи Анатолий Фёдoрович ҳувайдо мегардад. Нутқҳои айбдоркунии ин нотиқи бузурги мурофиаҳои судӣ бо санъати баланди сухан, бо таҳлили пурраи ҳолати кор, вобаста ба исботкунии маводҳои қазия, бо шинохти рӯҳии шахсият ва донистани ҳаракати рӯҳии шахс бешубҳа ганҷи бебаҳои шоҳкориҳои «прокурор ва мурофиаи судӣ» шинохта мешаванд.

Ҳар гоҳ, ки шахсан ман ба мутолиаи асарҳои А.Ф.Кони машғул мешавам, аз маҳорати баланди нутқҳои айбдорӣ, санъати баланди сухан, исботкунии ҳолати кор, муносибати фарҳангии ӯ нисбати ҳолати кор сахт ба ваҷ меоям. Фикр мекунам, ки чунин нутқҳои айбдоркунӣ аз қабили нутқҳои айбдоркунӣ оиди кори ҷиноии ғарқкунии деҳқонзан Эмелянова аз тарафи шавҳараш , бо кори куштори мушовир Ражов, куштори Филипп Штрама, оиди сохтакории васияти капитани гвардия Седков, хулосаҳои кассатсионӣ бо кори қурбонкуниҳои аҳолии Мултони кӯҳна, бо кори Ольга Плем дар куштори донишҷӯ Давнор ва ғайраҳо натиҷаҳои синтези илмҳои ҳуқуқ, адабиёт, мантиқ, риторика, этика буда, ин нутқҳоро хеле зебо, нафис ва бо шоҳкории адабӣ-ҳуқуқӣ табдил додаст.

А.Ф.Кони дар вазифаҳои баланд ва масъул кор намуда бошад ҳам, ҳама вақт чун ҳуқуқшиноси одил, ҳокими адлу инсоф баромад намуда, бо ин хислатҳояш аз дигар мансабдорони империяи Росия фарқ намудааст. Нишондодҳои Конии прокурор оиди жарф фикр намудан ва муносибати инсонгароёна нисбат ба қисмати инсон ба хуби чеҳраи ин марди бузургро чун шахси башардӯст, инсондӯст мекушояд.

Анатолий Фёдoрович, ки худ марди фарҳангӣ буда, бо адабиёту таърих алоқаи ногусустанӣ дошт, дар нутқҳои худ аз ибораҳои халқӣ, афоризм ва зарбулмасалҳо, намунаҳои матнҳои адабӣ хуб истифода намуда, бо ин амалаш ҳусни нутқу сухангӯии оташбори худро бамаротиб боло бурдааст.

А. Ф. Кони вобаста ба фаъолияти кори бисёрсолаи хеш рисолаҳои зиёдеро таълиф намудааст, яке аз чунин шоҳкориҳои ӯ асари «Падарон ва фарзандони реформаи судӣ» буда, он соли 1914 ба муносибати 50 солагии ин реформаи бузург нашр гаштааст. Ин китоб, беҳтарин асари ба реформаи бузурги судии асри ХIХ-и Русия бахшидашуда, эътироф гаштааст. Ҳамзамон, асари «Нутқи судӣ»-и ӯ, ки аввалин бор соли 1888 нашр гаштааст, асари машҳур буда, борҳо бо нусхаҳои зиёд нашр гардидааст, ки фаъолияти прокурорӣ ва судии ӯро дар бар гирифта, чунин меҳисобам, ки ин китоб бояд китоби рӯимизии кормандони прокурорӣ, судӣ ва адвокатурӣ бошад. Ин асар бо иловаҳои нутқҳои судӣ боз якчанд маротибаи дигар бо пуррагӣ нашр гаштааст.

Анатолий Фёдoрович Кони бо дониши васеъ ва истеъдод ба адабиёт, таърих ва адибон низ шавқи беандоза дошта, бо бисёре аз адибони маъруфи асри ХIХ- и рус мукотибаи қавӣ ва дӯстона дошта, бо иборае дар доираи адабии «асри тиллоии адабиёти рус – асри ХIХ» ҷӯшидааст. Дар хусуси муносибат бо адабиёт ва шоиру нависандагон ӯ аз худ китоби ёддоштҳои адабиро ба ёдгор гузоштааст, ки ин ёддоштҳояш бахусус барои доираи мутахассисони соҳаи адабиёти рус ва мухлисони ин адабиёти бузург бағоят аҳамиятнок мебошад.

Аз осорҳои ёддоштии ӯ мо дар хусуси адибон – Д.В.Григорович, И.А.Гончаров, И.С.Тургенев, А.Ф.Писемский, А.Н. Островский, Ф.М. Достоевский, Л.Н. Толстой, А.Н. Чехов, Некрасов Н.Л. Панаев А.Л. Дружинин А.В. Горький А.М. ва ғайраҳо маълумот гирифта метавонем. Навиштаҳои ёддоштии Анатолий Фёдoрович дар хусуси ин нависандаҳои бузург бо як санъати баланди адабӣ, назари шахсии нависанда иншо гардида, барҳақ ин ҳуқуқшиноси нобиғаро дар қатори адибони маъруф ҷой намудаанд.

Дар яке аз асарҳои мунтахабаш, ки ба ходимони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ бахшида шудааст, ӯ дар бораи генералҳо, полковникҳо, роҳбарони баландмақоми инсондӯст ёдоварӣ намуда, дар хусуси шахси наҷиб, генерал Янковский, ки бо ӯ соли 1885 ҳангоми ревизияи муассисаҳои судии Тиблисӣ вохӯрдааст, ёдоварӣ намуда, иброз медорад, ки ин генерал баъди шиносоӣ бо ӯ, изҳор намуда аст, ки шогирди падари ӯст ва барои хотираи падари А.Ф. Кони чунин рубоии зебоеро сароидааст:

Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту,

Ҳама гирён буданду ту хандон,

Ончунон зи, ки вақти мурдани ту,

Ҳама гирён шаванду ту хандон!

Ин рубоии зеборо ба қавли Анатолий Фёдoрович аввалин бор аз забони генерал Янковский шунидааст ва намедонистааст, ки моли кист. Мутаассифона, дар китоб дигар дар хусуси он ки оё А.Ф. Кони нотиқи ин рубоиро пурсидааст, ки ин рубоии зебо моли кист, чизе гуфта нашудааст. Ин рубоии бисёр зебо моли шоири бузурги мо, Шайх Саъдии Шерозӣ буда, аз забони генерал нисбати хотираи падараш Фёдoр Алексеевич Кони гуфта шуда, дили ҳуқуқшиноси бузургро ба тасхир овардааст.

Анатолий Фёдoрович Кони соли 1890 аз тарафи Донишгоҳи Харков бо унвони илмии доктори ҳуқуқ шарафёб гашта, соли 1896 академики фахрӣ, соли 1898 аъзои фахрии Академияи илмҳо аз рӯи санъати нутқ интихоб мегардад. Соли 1918 бошад ӯ ба ҳайси профессори кафедраи мурофиаи ҷиноию судии Донишгоҳи Санкт – Петербург (Петербург) интихоб мешавад.

Барои хизматхои бузурги ҳуқуқӣ, адабӣ А.Ф. Кони бо бештар аз 12 мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гаштааст. Аз ҷумла, солҳои 1901 ва 1907 барои тақризҳои асарҳои бадеӣ ва тақризи «Очеркҳо ва ҳикояҳо»-и А.П.Чехов ду маротиба бо медали тиллоии ба номи А.С.Пушкини Академияи илмҳо қадршиносӣ мешавад.

Соли 1909 бошад барои танқиди адабии асарҳои бадеӣ маротибаи саввум бо ин медали тиллоӣ, мукофоти олии Академияи илмҳои Русия қадршиносӣ мегардад.

А.Ф.Конӣ инқилоби Ӯктабрро дар сини 73 солагиаш пешвоз гирифт, мисли дигар «гулҳои сари сабади зиёиён»- и рус ватанро тарк нагуфт ва то охири умраш дар ватанаш монда, ба омӯзгорӣ дар Донишгоҳи Санкт – Петербург (Петроград – Ленинград) ва корҳои адабӣ машғул гашт. Истеъдод ва хизмати ин нобиға чунон бузург буд, ки ҳукумати болшевикӣ ҳурмати ӯро ба ҷо овард, баъди вохӯрӣ бо болшевикӣ ба маънои томаш фарҳанги Луначарский (вазири маорифи вақт) касе ба ӯ кордор нашуд. Академияи фанҳои СССР соли 1924 чашни 80-солагии ӯро барпо намуд, ӯ аз террори сурхи соли 1926 халос хӯрд.

А.Ф.Кони соли 1927 дар сини 83 солагиаш вафот кардааст. Аз худ номи неку кори нек, асарҳои зиёде боқӣ гузошт, ки то абад равшангари роҳи ҳуқуқшиносон ва мардуми адолатпешаи ҷаҳон хоҳанд буд. Бо ибораи дигар яке аз андешаҳои барҷастаи ӯ «Танҳо дар эҷод шодӣ ҳаст, дигар ҳама корҳо ғубор ва ботил ҳастанд» ӯро то абад бо асарҳои хонданбобаш зинда нигоҳ медоранд.

Эҷодиёти ин адиб ва ҳуқуқшиноси бузург барои мактабҳои ҳуқуқшиносони ҷавони тоҷик нақши муҳиме хоҳад бозид. Аз ин рӯ, тарҷумаи асарҳои ӯ, ки дар зарфи 74 соли вуҷуддошти Ҳукумати Шӯравӣ бо забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, айни ҳол ҳатмист.

Тарҷумаи хуб ва хушсифати ин асарҳо барои ҳуқуқшиносони ҷавону ояндаи кишвари мо, бархурдор гаштани онҳо аз ин мактаби бузурги «ҳуқуқӣ – адабӣ» аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.Шиносоӣ бо асарҳои ин нобиғаи ҳуқуқ дар роҳи тарбияи ҳуқуқшиносони боистеъдод нақши бузург хоҳад бозид.

Инак Анатолий Фёдрович Кони, абармарди адлу адолат, ин пири маънавии ҳуқуқшиносони кишварҳои пасошӯравӣ 180 сола шуд. Ному кори ин шахсияти бузург абадан дар дилу дидаи мо давомдиҳандагони кори ӯ, ҳам дар риштаи ҳуқуқ, ҳам адабиёту фарҳангу таърих абадан боқӣ хоҳад монд.

Варқаи Зайниддин,

узви Иттифоқи журналистони ҶТ, ҳуқуқшинос,

ш. Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь