Дар таърихи ҳазорсолаи адабиёти форсии тоҷикӣ ба мисли шоир ва мутафаккири бузурги асри ХV Абдурраҳмони Ҷомӣ касе ёфт намешавад, ки оид ба аҳвол ва осори вай ба ин фаровонӣ маълумоти дақиқу саҳеҳ мавҷуд бошад. Чунонки Аълохон Афсаҳзод ҳам бори дигар дар ин китобаш хотиррасон мекунад, «доир ба тарҷумаи ҳол, хулқу атвор ва эҷодиёти Ҷомӣ… дар асри XV «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и Алишери Навоӣ, «Такмила бар «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдулғафури Лорӣ ва «Мақомоти Мавлавӣ Ҷомӣ»-и Аблулвосеи Низомӣ таълиф гардида буданд. Боби махсуси китоби «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт»-и Фахриддин Алӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ҳикоятҳои зиёди «Латоиф-ут-тавоиф»-и ҳамин муаллиф ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ низ ҳукми китобҳои алоҳидаро доранд. Инчунин Давлатшоҳи Самарқандӣ, Камолиддини Биноӣ, Ғиёсиддини Хондамир, Муиниддини Исфизорӣ, Мирхонд, Бобурмирзо, Соммирзои Сафавӣ ва чанде дигар аз аҳли фазли асри XV ва асри XVI низ дар осори худ лаҳзаҳои ҷудогонаи рӯзгори ин мутафаккири бузургро тавзеҳ додаанд. Худи Ҷомӣ ҳам дар тамоми осоpаш оид ба шарҳи ҳоли худ маълумоти пурқимат медиҳад, ки дар байни онҳо рисолаи «Руқаот» (Мактубҳо), қасидаи «Рашҳи бол ба шарҳи ҳол» (соли 893/ 1487) ва «Қасидаи шайбия» (аз Девони якум) мақоми махсус дорад» (саҳ. 5). Ин ҳодисаи мумтоз, пеш аз хама, ба шуҳрат ва мақоми беандозаи худи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти илмию адабии асри XV ва давраҳои минбаъда далолат мекунад ва қонунӣ будани пайдоиши асари илмию адабии Аълохон Афсаҳзод «Дарёи нур»-ро дар бораи шарҳи ҳоли муаллиф барои хонандагони мактаби миёна, ки ба забони тоҷикӣ оид ба саромадони илму адабиёти гузаштаамон аз таҷрибаҳои нахустин аст, таъкид менамояд.

Ба даст даровардан ва омӯхтани ҳамаи он сарчашмаву маълумотномаҳое, ки аз ҷараёни зиндагии Ҷомӣ баҳс мекунанд, кори басо душвор ва заҳматталаб аст. Зеро, мутаассифона, аксари онҳо имрӯз мавриди таҳлилу тадқиқ қарор нагирифтаанд. Хушбахтона, ба адабиётшиноси бузурги тоҷик Аълохон Афсаҳзод, ки зиёда аз чаҳордаҳ сол боз бо омӯзиш ва нашри осори Абдурраҳмони Ҷомӣ машғул буда, муҳимтарин асарҳои адабии ӯро, аз ҷумла достони «Лайлӣ ва Маҷнун», китоби «Баҳористон» ва девонҳои сегонаро нашри танқидӣ кардааст, мушарраф гардидааст, ки онҳоро дар якҷоягӣ ба доираи таҳқиқ кашад. Зимнан, бояд гуфт, ки номаълуму дастнорас будан ва омӯхта нашудани аксари асарҳои мазкур кори муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти муаллифро мушкил гардонда бошад ҳам, корест, ки ба туфайли заҳмат ва кӯшиш дар як фурсати муайян бартараф мешавад. Вале ин масъала душвории дигаре дорад, ки рафъи он саҳл нест. Ин душворӣ иборат аз он аст, ки муаллифони рисолаву тазкира ва дигар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ба аҳвол ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ бо нияти эҷодии махсус ва аз назари хосси худ рӯй овардаанд ва табиист, ки ҷараёни зиндагии ӯ, саҳифаҳои ҷудогонаи умр ва лаҳзаҳои алоҳидаи эҷодиёт, хулоса фаъолияти илмию адабиашро ба таври гуногун шарҳ додаанд. Ҳамаи ин гуфтаву мулоҳизаҳоро санҷида, capapo аз носара, ҳақро аз ботил ҷудо кардан лозим буд. Аълохон Афсаҳзод чунин корро бо сарбаландӣ иҷро кардааст ва дар натиҷа дар бораи шарҳи ҳоли ин шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик як acари илмию адабии нисбатан мукаммал ва саҳеҳро ба вуҷуд овардааст.

Аз саҳифаҳои нахустини китоби Аълохон Афсаҳзод «Дарёи нур», пеш аз хама, як чиз баръало ба назар мерасад, ки ӯ кӯшиши бисёр намудааст, ки дар баёнаш ҳама дурусту рост ва ба аслаш мувофиқат дошта бошад. Барои ҳамин ҳам, чунонки худ низ дар муқаддима таъкид менамояд, асоси тадқиқоташро маҳз «осори худи Ҷомӣ, навиштаҷоти шогирдони наздиктарини вай Алишери Навоӣ, Абдулгафури Лорӣ ва Абдулвосеи Низомӣ, ки қариб панҷоҳ сол мулозими ӯ будааст, Алӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифии мутахаллис ба Сафӣ, ки боҷаи Ҷомӣ низ будааст ва ахбороти муосирони шоир ташкил мекунанд» (саҳ.6). Муаллиф ифтихор дорад, ки «Номаҳои Ҷомӣ аз рӯйи дастхатти худи ӯст» (ҳамон саҳифа) «Аз ин ҷиҳат дар ин китоб, – гуфтааст вай, – порчаҳои бофтаи маҳз вуҷуд надоранд. Баръакс, бисёр вақтҳо аз рӯйи чандин манбаъҳои адабӣ, таърихӣ ва ҷуғрофӣ санҷида шуда, дурустии он пазируфта шудааст» (ҳамон ҷо)». Барои ҳамин ҳам ҷаҳд кардааст, ки на танҳо воқеаву ҳодисаҳоро айнан аз рӯйи санадҳо нақл намуда, аслашонро нигоҳ дорад, балки «услуби забон»-и он навиштаҷот ҳам риоя шавад. Ва ҳатто як навъ афсӯс мехӯрад, ки «чун китоб барои омма, махсусан барои ҷавонон ва талабагони синфҳои болоии мактаб навишта шудааст, дар он манбаи иқтибосу санадҳо зикр нашуда (таъкид аз мо- А.С.), фақат калимаву истилоҳҳои таърихӣ шарҳ меёбанд» (саҳ.6). Ингуна кӯшиши беандоза ва ҷидду ҷаҳди фавқулодаи Аълохон Афсаҳзод ба санадписандӣ, аз як тараф, ба тақозои табиати аслии ҳамагуна асарҳои таърихӣ ва тарҷумаиҳолӣ всбаста бошад, аз тарафи дигар, ҳамоно натиҷаи фаровонии асарҳои санадию хотиротӣ оид ба мавзӯъ мебошад. Албатта, дар ин ҷо аз зуҳури табиии тафаккури илмии муаллиф низ набояд caрфи назар кард.

Аълохон Афсаҳзод нисбат ба ҳаёт ва эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ бо назари тозае нигаристааст. Ба ақидаи ӯ, Ҷомӣ қабл аз ҳама адиби маьрифатпарвар буда, мақсади ягона ва аслии вай бо нури маърифат мардумро аз ҷаҳлу ҷаҳолат раҳонидан ва ба сӯйи зиндагии орому осуда ва рӯзгори хуш раҳнамуд кардан аст. Маҳз бо ҳамин ният бо кӯшиши тамом илму адаб меомӯзад, шеъру достонҳо эҷод менамояд, acарҳои илмию оммавӣ менависад, подшоҳону ҳокимони замонро панду насиҳат медиҳад, золимону ҷоҳилон ва душманони илму маърифатро сахт ҳаҷву масхара мекунад, ба бечорагону бенавоён мадад расонда, барояшон мактабу мадрасаву шифохонаҳо месозад. Маҳз бо ҳамин ният ба тасаввуф рӯй оварда, оқибат аз пешвоёни ҷараёни нақшбандия мешавад, сафари ҳаҷ мекунад ва ғ. Тасодуфӣ нест, ки шиори «Ранҷ каш баҳри роҳати дигарон», «Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест» ва «Агар будӣ аз ҷаҳл ҳар сина соф, -Барафтодӣ аз халқ расми хилоф» аз аслҳои асосии ғоявӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошанд.

Маърифатро Ҷомӣ барои дарки моҳияти ҳақиқати зиндагӣ ва пойдор гардондани он силоҳ намудааст. Ҳақиқати зиндагӣ аз назари адиб адлу адолат, оромиву осудагӣ, покию хушӣ, одаму одамгарӣ ва ғ. дар ҷамъият мебошад. Гоҳе дар ин роҳ ба гуноҳи «рӯзгори ҷоҳилнавози олимгудозаш» бино ба зарурат ба маърифати худовандӣ низ рӯ оварда, ба хотири кашфи асрори ҳақиқати вақеӣ аз пайи ҳақиқати илоҳӣ ҳам шудааст. Бинобар ин сӯфигарии ӯ махсус буда, як навъ зуҳури эътироз ва ноқаноатмандӣ аз воқеияти давр мебошад. Албатта, имрӯз ба мо маълум аст, ки танҳо бо роҳи илму маърифат дар он замона дар ҷамъият адлу адолат, оромиву осудагӣ, покию хушӣ, одаму одамгариро барқарор намудан амри маҳол буд. Ва аҷиб он аст, ки онро худи Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳам оқибат ба туфайли заковати бузургаш пай бурда будааст ва аз ин рӯ ҷамъиятеро дар хаёлаш парваридааст, ки:

На з-эшон тавонгар касе, не фақир,

Бар эшон на султон касе, не амир.

Баробар ба ҳам қисмати молашон,

Мувофиқ ба ҳам сурати ҳолашон.

Бо ин ҳама маърифатро воситаи кашфи ҳақиқати зиндагӣ қарор додани Ҷомӣ дар он давра як қадами ҷиддӣ ва ҷасуронае ба сӯйи пеш буд ва маҳз аз тарафи мисли ӯ фарзандони бузурги халқу Ватан гузошта мешуданд.

Маърифату ҷаҳолат аз ҷумлаи қаҳрамонони марказии асари Аълохон Афсаҳзод «Дарёи нур» мебошанд ва бунёди низоъи он ҳам бар ҳамонҳост. Ҳомию пуштибони маърифат ва тарғиботгари он Абдурраҳмони Ҷомию ҳаммаслаконаш, аз қабили Навоӣ, Султон Ҳусейн, Улугбек, Шамсиддин Муҳаммад, Лутфӣ ва дигарон буда, ҳақиқат, одамӣ, адлу адолат, халқпарварию инсонпарварӣ, хирадмандӣ, ахлоқи ҳамида ва илму маърифатро хоҳонанд.Ҷаҳолатро ҷоҳилони давр султононе, мисли Абӯсаиду Абдуллатиф, Саид Қосими Hyрбахш, Мулло Ҷалол, Камолиддин Шайх Ҳусейн, Зӯбӣ, Мавлоно Сиёвуш ва дигарон талабгор буда, ноодамӣ, зулму тааддӣ, золимӣ, нодонӣ, бадхӯӣ ва ғайраро меписанданд. Муборизаи маърифату ҷаҳолат дар асар басо пуршиддат давом мекунад. Ҷаҳолатпарастони аср ба мутафаккирони барҷастае, мисли Ҷомӣ ва Улугбек туҳмат зада, онҳоро кофир эълон менамоянд ва аз паи ҷисман нест намудани онҳо мешаванд. Оқибати ғамангези амалиёти зишти онҳо ташвишҳои беҳудаи якумӣ ва марги бегуноҳи дувумӣ мебошад. Бар асари бадгӯйиҳои душманони маърифат Алишери Навоӣ аз марказ ба Астаробод як муддат бадарға мешавад ва ғ. ва ҳ.к. Вале оқибат чунонки мебояд, маърифат, одаму одамгарӣ ва ақлу хиради инсонӣ ғолиб меояд. Номи Ҷомию Улуғбек ва Навоӣ зиндаю ҷовид монд, вале аз душманони онҳо ғайр аз рӯсиёҳияшон дигар нишоне нест.

Ҳамин тавр, чунонки бармеояд, ба Ҷомӣ ҳамчун адиби маърифатпарвар нигаристани Аълохон Афсаҳзод моҳияти аслии фаъолияти илмию адабии басо мураккаб ва печ дар печи муаллифро бо тамоми душворӣ пастию баландиҳояш ошкор сохта, мавқеи ӯро дар таърихи илму адабиёти Асрҳои миёна ва афкори сиёсию иҷтимоии мардуми форсу тоҷик муайян намудааст. Ин чиз, бешубҳа, аз комёбиҳои илмию эҷодии ба назар намоёни муаллиф мебошад, зеро, агар ба таьбири Л.Н.Толстой гӯем, «калиди ҳолот»-и Абдурраҳмони Ҷомиро ёфтааст. Нависандаи бузурги рус шаҳодат додааст, ки «барои он ки чеҳраи Николайро дар повести машҳураш «Ҳоҷӣ Мурод» офарида бошад, ҳамаи он чизе ки дар бораи зиндагии вай ва хислаташ ҳаст, гирд овардааст ва хондааст, то ки калиди хислати қаҳрамонро пайдо намояд». Дар баробари ин агар ӯ масъалаҳои басо мураккаби муносибати Абдурраҳмони Ҷомӣ бо тасаввуф ва шарҳи сафари ҳаҷи ӯ, махсусан сояравшанҳои алоқаи адиб бо нақшбандия ва динро боз ҳам равшантару хоно баён менамуд, комёбиаш комилтар мегардид.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар тасвири Аълохон Афсаҳзод ҷавони соҳибистеъдод, донишҷӯйи закӣ (муаммоӣ), инсони мумтоз, падари мехрубони доғи фарзандҳою бародари мехрубондида, каси эҷодкор, дӯст ва ходими давлатӣ буда, ҳаётдӯсту зиндадил, дарвештабиат аст, ки ба ҳақиқати таърихӣ пурра мувофиқат мекунад. Дар воқеабандӣ Аълохон Афсаҳзод aсосан ба таърихи вуқӯъи (хронология) ин ва ё он ҳодисаву саргузашт такя намуда, аз замони ба дунё омадани Абдурраҳмони Ҷомӣ то рӯзи дафнашро ба қалам додааст. Дар баробари ин пайваста ба зинаҳои гуногуни ҳаёти ин адиби бузург аз ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва мадании давр ба тақозои баён ҷо-ҷо баҳси доманадоре кардааст, ки барои омӯхтани муҳити иҷтимоӣ ва мадании асри XV мадад мерасонад.

Табиати асари тарҷумаиҳолӣ низ аслан баёни хронологиро мепарварад. Агар ин воқеъабандӣ баробари баёни хронологӣ ба инкишофи чеҳраҳои адабӣ қарор гирад, тасвир мукаммалтару воқеъӣ мегардад. Зеро маҳз ба туфайли чунин усули тасвир симои ҳақиқӣ ва аслии намояндагони гузашта ва имрӯзаи илму маданият, аз ҷумла Ҷомиро офаридан мумкин аст ва маҳз ба ҳамин восита ҳаёт ва эҷодиёти онҳо ба маркази мадду ҷазри муҳимтарин ҳодисоти давр табдил меёбад.

Талаботи мазкур зарурати ихтисору илова, такмилу тафтиши маълумоту санадҳои адибию таърихиро ба миён мегузорад. Аълохон Афсаҳзод дар иҷрои ин кор ҷаҳди зиёде кардааст, вале ҳанӯз ҳам дар китоби ӯ таъсири гоҳе ба маълумоти фаровони сарчашмаҳо пойбандшуда, аз алоқаи мантиқии онҳо сарфи назар кардан намудор мешавад. Бинобар ин дар баъзе саҳифаҳо ва фаслҳо шарҳу тафсир нолозиму зиёдатӣ ва такрору тафсили ноҷояи санаду ҳодисаҳо ва ё баръакс ба назар мерасад, ки онҳоро ҳангоми таҳрири нав ба осонӣ бартараф кардан мумкин аст. Аз ҷумла муносибати Ҷомиро ба касони мутаассиб дар асар боз ҳам равшантар кардан лозим меояд. Баёни ишқи ӯ ҳам ҳанӯз, албатта аз нарасидани маълумоти даркорӣ либоси бадеии мувофик наёфтааст ва ғ. ва ҳ.к. Ин ҷо дар баробари маълумоти асарҳои хотиротию тадқиқотӣ ва сарчашмаҳои адабию таърихӣ мундариҷаи ғоявию бадеии осори адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ, алалхусус «Ҳафтавранг»-и ӯро низ ба эътибор гирифтан лозим аст. Зеро асарҳои адабии Ҷомӣ, чунон ки худ борҳо гуфтааст, девони аъмоли ӯ, яъне корномааш мебошанд.

Acapи Aълохон Афсаҳзод «Дарёи нур», ки барои хонандагони мактаби миёна таълиф шудааст, аз саргузашти бисёр аҷиб ва ибратбахши яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони гузаштаи мо ва таълимоти ӯ бо забон ва сабки хоно ҳикоят мекунад. Аз ин сабаб бознашри чунин аcap зарур ва саривактӣ буда, барои баланд бардоштани завқи эстетикии хонандагон ва вусъати назари онҳо барои дар рӯҳияи ғояҳои гуманистӣ тарбият намудани насли наврас як воситаи муҳим ва беназир мебошад. Дар омади raп, он асарҳоеро ҳам, ки оид ба намояндагони ҷудогонаи илму адабиётамон, аз ҷумла дар бораи Ибни Сино, Берунӣ ва Хайём ба забонҳои дигар навишта шуданд, тарҷума кардан ва ба роҳ мондани нашри мунтазами асарҳои адабию таърихии оригиналӣ дар бораи гузаштагон, аз қабили асарҳои Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода ва дигарон оид ба Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин ва ғ. аҳаммияти калони таълимӣ ва тарбиявӣ дорад. Умед аст, ки нашриётҳои давлатӣ ва хусусии кишвар ин корро дар оянда анҷом хоҳанд дод ва бо ҳамин эҳтиёҷи рӯзафзуни хонандагони тоҷикро ба чопи чунин асарҳо қонеъ хоҳанд кард.

Абдунабӣ Сатторзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь