Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тамоми СССР барқароркунии мавзеҳои аз Германияи фашистӣ осеб дида сар шуд. Нафақат минтақаҳои аз ҷанг зарардида, балки  хоҷагиҳои дар ақибгоҳ буда низ осеб  дида буданд ва кишоварзон вазифадор шуданд, ки майдони киштро васеъ ба роҳ монда, ҳосили баланд руёнанд, аз ҷумла, истеҳсоли зиёди пахта ба миён гузошта шуд.

Яке аз роҳҳои зиёд кардани он, ҷорӣ намудани усули чоркунҷаю якто-якто коштани зироати пахта буд. Бо ин усул, меҳнати дастӣ сарфа мешуд, корро асосан техника мекард. Кишти саривақтии байни қаторҳо ва афзун гардонидани ҳосили пахта, ҳалли худро меёфт. Асоси усули нави гузаштан ба кишти қаторҳои камбар, яъне 45-сантиметрӣ  ба миён омад. Дар кишти пахтаи байни қаторҳояш 45 сантиметрӣ ҳосили  ҳар гектар нисбат ба 60 сантиметрӣ 3-4 сентнерӣ зиёд ва нисбат ба 70 сантиметрӣ 6-8 сентнерӣ афзун мешуд. Бобоҷон Ғафуров, ки солҳои баъдиҷангӣ дар вазифаи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистонро ба уҳда дошт, ташаббускори ҷорӣ намудани кишти чоркунҷаю дона-донаи пахтаи байни қаторҳояш 45 х 45 сантиметрӣ буд. Аммо ба ин усули нав вазири пахтакории СССР, собиқ котиби якуми КМ ПК Ӯзбекистон Усмон Юсуфов қатъиян зид баромад. Дар ин хусус Бобоҷон Ғафуров дар анҷумани XIX КМ КПСС баромад карда, камбудиҳо ва беэътиноии вазири пахтакории СССР Усмон Юсуфовро нисбати усули нав, махсус таъкид намуд. (Рӯзномаи «Правда»  9 октябри соли 1952).

Баъди ин масъалаи чоркунҷаю дона-дона коштани пахта ва кишти байни қаторҳояш камбар дар пленуми сентябрии соли 1953 КМ КПСС мавриди баҳс қарор гирифт. Вақти танаффуси  пленум, котиби якуми КМ КПСС Н.С.Хрушев бо Б.Ғафуров суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки ин масъала барои ман нав аст ва бояд онро пеш аз ҳал кардан, санҷидан лозим. Ман ҳатман ба Тоҷикистон рафта, бо ин усул шинос мешавам ва шояд ягон маҷлиси умумииттифоқии пахтакорон даъват карда, онро муҳокима намоем.

Баъди як соли ин суҳбат, моҳи ноябри соли 1954 дар Тошкент маҷлиси машваратии пахтакорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Кавказ ва Қазоқистон даъват карда мешавад, ки дар он 1200 нафар коркунони ин соҳа, иштирок мекунанд.

Пеш аз маҷлиси Тошкент Н.С.Хрушев рӯзҳои 14-15 ноябри соли 1954 ба Тоҷикистон омада, саҳроҳои пахтаи ноҳияҳои Сталинобод, Даҳанақииқ, Кӯйбишев, Қӯрғонтеппа ва дигар ноҳияҳоро дид. Ӯ ҳамроҳи роҳбарони онвақтаи ҷумҳурӣ Б.Ғафуров, Раиси Совети Вазирони РССТ Ҷ.Расулов, Раиси Президиуми Совети Олии РССТ Н.Додхудоев чанд хоҷагиҳоро дида, бо усули кишти байни қаторҳои камбар шинос шуд.

Дар маҷлис Н.С.Хрушев аз Б.Ғафуров мепурсад: «Тарси Усмон Юсуфов аз иқдоми нав дар чист ва чаро дар байни шумоён доимо баҳс аст?». Б.Ғафуров посух медиҳад: «Тарси ӯ ин аст, ки усули кишти чоркунҷаю ягона-ягонаи 45 х 45 сантиметрӣ механиконидани кори байни қаторҳоро шояд мушкил гардонад, аммо мо агротехникаи навро кор карда баромада, исбот намудем, ки ин гуфтаи Усмон Юсуфов асосе надорад. Ӯ бо исрор мегӯяд, ки ба кишти байни қаторҳояш 45 х 45 нею ба кишти байни қаторҳояш 60 х 60 ва 60 х 45 сантиметрӣ гузаштан шарт аст».

Аксари баромадкунандагон ақидаи Бобоҷон Ғафуровро дастгирӣ намуданд. Махсусан, баромадҳои Ю.Д.Воронин, С.Фаттоев, У.Қосимов пурмазмун буданд. Аз ҷумла, У.Қосимов чунин гуфта буд: гузаштан ба кишти байни қаторҳояш 45х45 сантиметрӣ барои афзун намудани ҳосил имкониятҳои нави калон мекушояд. Бартарии ин усул дар он аст, ки меҳнати дастӣ хеле кам сарф мешавад. Мо аввали моҳи октябр дар чанд колхозҳои ноҳияи Ҷилликӯл ин усулро батафсил санҷидем ва он натиҷаҳои дилхоҳ дод. Соли гузашта, вақте, ки майдони аз рӯи нақшаи 45 х 45 сантиметрӣ кишт карда шуда (дар ҳар чуқурча ду бех ниҳол ҷой гирифт), аз қаду бар кор карда шуд, зичии ниҳолҳо дар ҳар гектар 70 ҳазор бех буда, ҳосили ҳар гектар пахта ба 47,4 сентнерӣ расид.

Мо бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки ноҳия бо роҳи дурусти арзон кардани арзиши аслӣ, кам кардани меҳнати дастӣ ва ба таври максималӣ механиконидани корҳои вазнин рафта истодааст. Бинобар ин ноҳияи Ҷилликӯл дар соли 1955 тамоми майдони пахтаро бо усули прогрессивитарин–чоркунҷаю дона-донаи 45 х 45 сантиметрӣ кишт карданист» («Тоҷикистони Сурх», 1954, 19 ноябр).

Н.С.Хрушев вақти дар Тоҷикистон буданаш бо таҷрибаи пахтакорон шинос шуд, баромадҳои дар маҷлиси Қӯрғонтеппа шуда, дониши ӯро дар хусуси кишти нави пахта зиёд кард ва ба Б.Ғафуров супориш дод, ки омӯхтану такмил додани усули кишти байни қаторҳояш камбарро давом диҳанд ва ҳамчунин илова намуд: «Дар ин хусус дар Тошкент ман алоҳида истода мегузарам».

Дар маҷлиси машваратии коркунони соҳаи пахтакории ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Кавказ ва РСС Қазоқистон дар Тошкент 17-20-уми ноябри соли 1954 шуда гузашта, Н.С.Хрушев муфассал оиди таҷрибаи пахтакорони тоҷик ҳарф зад ва аз ҷумла гуфт: «Тоҷикон кайҳо тарафдори он мебошанд, ки пахта бо усули байни қаторҳояш 45 сантиметрӣ кошта шавад. Росташро гӯям, ман аввал ба ин каме бо назари шубҳа нигоҳ мекардам, тарс доштам, ки кам будани масофаи байни қаторҳо ба татбиқ намудани техника халал мерасонад. Аммо Бобоҷон Ғафуров маро ба совхози ба номи Кӯйбишеви Вахш бурд ва дидам, ки онҳо аз уҳдаи ин кор нағз баромадаанд, майдони киштро аз ду тараф–аз қаду бар коркард кардаанд. Аз ин рӯ, хулоса баровардан мумкин аст, ки таҷрибаи колхозу совхозҳои Тоҷикистон, ки пахтаро бо усули байни қаторҳояш камбар мерӯёнанд, сазовори диққати бузург аст.

Мо ҳамроҳи мутахассисон ҳисоб кардем, ки дар сурати гузаштан ба қаторҳои камбари тоҷикон  татбиқ карда, майдони кишт дар Ӯзбекистон 765 гектар меафзояд. Ана, рафиқ Юсуфов, баҳсеро, ки кайҳо боз рафиқони тоҷик ва Бобоҷон Ғафуров бо шумо доранд, ҳамин рақамҳоро ҳал мекунанд, ҳамсояи шумо тоҷикон ана, дар ҳамин асос ҳосили фаровони пахта ба даст меоваранд. Пас, дар ин ҷо гап дар офтоби баланди Тоҷикистон нест, ҳамон навъе, ки Юсуфов гуфт, балки дар ақлу фаҳм, дар тадбирҳои ташкилотчигии роҳбарони тоҷик аст. Ман рафиқ Юсуфовро ҳурмат мекунам ва ҳурмат хоҳам кард, аммо ба шарте, ки ӯ худро аз нав созад. Вале ҳозир рафиқ Юсуфов ботинан худро аз нав насохтааст ва ҳанӯз ҳам якравӣ мекунад, ба гуфтаи пештараи худ сахт истодааст» (Аз китоби «Маҷлиси машваратии коркунони соҳаи пахтакории республикаҳои Осиёи Миёна, Кавказ, РСС Қазоқистон дар Тошкент, 17-20 ноябри соли 1954». Сталинобод. Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1955, с. 238-239).

Оре, Усмон Юсуфов аз гапи худ нагашт. Он рӯзҳо гуруҳи вакилони наздик 100-нафараи Тоҷикистон дар он маҷлис ширкат доштанд ва шоҳиди он якравиҳои У.Юсуфов буданд. Меҳмонони олиқадри маҷлиси машваратӣ дар ҳайати Н.С.Хрушев, Б.Ғафуров, Ш.Рашидов (раиси Президиуми Совети Олии РСС Ӯзбекистон), У.Юсуфов (раиси Совети Вазирони РСС Ӯзбекистон), Ҷ.Расулов, Н.Додхудоев, И.Раззоқов (котиби якуми КМ ПК Қирғизистон), Л.И.Брежнев (котиби дуюми КМ ПК Қазоқистон) ва дигарон ба майдонҳои колхози ба номи Л.М.Кагановичи вилояти Тошкент рафта, бо усули дона-донаю чоркунҷа шинос мешаванд. Раиси хоҷагӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроқул Турсунқулов (баъдтар соли 1957 се карат қаҳрамон мешавад) ба шарафи меҳмонон зиёфати калон медиҳад. Дар вақти зиёфат Н.С.Хрушев аз Турсунқулов пурсид: «Фикри шумо чӣ тавр аст, ба усули чоркунҷаю якдона-якдона коштани пахта гузаштан мумкин аст ё не?». Ҳамроқулов дилпурона чунин гуфт: «Мумкин аст ва мо ба усули  пешниҳодкардаи чилу панҷ бар чилу панҷи Б.Ғафуровро мегузарем». Ин вақт У.Юсуфов ба ӯ луқма дод: «Раис-ака, бо усули байни қаторҳояш 70 х70 коштан лозим аст». Аммо дар посух Турсунқулов такроран гуфт: «чилу панҷу чилу панҷ».

Баъд Хрушев ба Бобоҷон Ғафуров рӯ оварда мегӯяд: «Модоме академики соҳаи пахтакорӣ Ҳамроқул Турсунқулов ин усулро тавсия медиҳад, пас, роҳи мо ҳамин аст. Аз ту, Бобоҷон Ғафурович хоҳиш мекунам, ки ҳамин таҷрибаи усули навро тезтар навишта, паҳн кун».

Бо ин мақсад соли 1955 нашриёти бонуфузи мамлакат, Госполитиздати Масков китоби Б.Ғафуровро бо номи «Партийные организации Таджикистана в борьбе за подъем хлопководства» («Ташкилотҳои партиявии Тоҷикистон дар мубориза барои баланд бардоштани пахтакорӣ») аз чоп мебарорад. Дар он саҳми пахтакорони тоҷик, сарварону роҳбарони оқили ноҳияҳои пахтакор, ки барои ба даст овардани таҷрибаи пешқадами усули нави чилу панҷу чилу панҷ ноил шуданд, возеҳ нишон дода шудааст. Минбаъд, ин усул дар Тоҷикистон натиҷаҳои хуб дод. Натиҷаи ҳамин агротехникаи пешқадам буд, ки соли 1956 Тоҷикистон ҳосили баланди пахта рӯёнид. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 28 сентнерӣ расид. Барои ин комёбии калони бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 22-уми декабри соли 1956 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Ленин сарфароз шуд. Он рӯзҳо Н.С.Хрушев котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Т.Ӯлҷабоевро, ки ҳамагӣ шаш моҳ пеш ба ҷои Б.Ғафуров интихоб шуда буд, табрик карда мегӯяд: ана, Тоҷикистони шумо ҳам соҳиби ордени Ленин шуд. Нахустинашро худат хоҳӣ гирифт. Ӯлҷабоев ҳамоно гуфт, ки «не, якумашро ба Бобоҷон Ғафуров додан лозим, зеро ки  дар ин кор саҳми эшон калон аст». Н.С.Хрушев ҷавоб додааст: «Бале,  муборизаи ӯ баҳри чилу панҷу чилу панҷ ройгон нарафт».

8-уми декабри соли 1956 2966 нафар колхозчиён, коркунони МТС ва совхозҳо, коркунони роҳбарикунандаи ноҳияю вилоятҳо, мутахассисон бо  ордену медалҳои СССР мукофотонида шуданд.

Ногуфта намонад, ки дар азхудкунӣ ва ободонии Вахш,рӯёнидани ҳосили баланди тиллои сафед адибон дар канор намонданд.Онҳо  ободкорони водиро  васф намудаанд.

Ғайрат Ҳаким, МТЖТ

 Мадина Абдуллоева, устоди ДДҲБСТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь