Овозхони машҳури мардуми порситабор барои ҳамаи давру замонҳо Аҳмад Зоҳир дар умри кӯтоҳи худ аз ашъори шоирони форсизабон ва дигар халқҳо суруду таронаи зиёдеро сароидааст. Дар бархе аз сарчашмаҳо оварда шудааст, ки умуман ин ҳунарманд бештар аз 600 суруду таронаро сароидааст. Як қисми онҳо ҳанӯз дастрас нестанд ва ба чунин миқдору зиёдтар сароидани таронаҳо аз ҷониби ин шахсият низ ҷои ягон шакку шубҳае надорад. Чун худи ҳунарманд аз гуруҳи омутурон буд, яъне овозхони ҳавскор буд. Овозхонони ҳаваскор бошанд дар муқоиса бо овозхонони касбӣ ва ё давлатӣ, он замон хело озод буданд ва дар ҳар ҷашну сури чӣ сағиру чӣ кабир, ҷашнҳои мардуми заҳматкаши одӣ иштирок ва базми мардуми фақирро шукӯҳу шаҳомат мебахшиданд. Аз ин амали худ ҷои ор низ надоштанд. Онро савоб ва вазифаи худ чун фарзанди ин мардум низ медонистанд. Аз ин рӯ, табиист, ки дар чунин ҷашнҳои мардуми одӣ ва ё ҷашнҳои хосаи ёру рафиқон дар бархе аз мавридҳо дӯстдорони овозу ҳунари Аҳмад Зоҳир ҳунарнамоии эшонро тариқи дастгоҳҳои сабти овоз сабт мекарданд. Чунин амалҳо зиёд низ рух медод. Дар чунин маҳфилҳо Аҳмад Зоҳир гоҳ- гоҳе ба вақти хушию хурсандии худу аҳли нишаст як байте аз шоире бо як оҳанги фавран сохтаи худ низ шояд мисли устод Акашариф Ҷӯраев месароид ва он ҷо, ҳамон вақт агар ба хушбахтии мардуми муштоқи овози ҳунарманд, дастгоҳи сабти овозӣ мавҷуд мебуд он сурудаву оҳанг сабт мегашт, вагарна ба гӯшаи фаромӯшӣ мерафт. Шояд худи ҳунарманд онро фаромӯш месохту дигар намесароид. Дар ин хусус фикру андешаҳои устоди равоншод Султони Ҳамад дар китоби «Аҳмад Зоҳир – садои ишқ асту дилтангӣ» ва дигар асарҳои худ ишораҳо дорад. Ҳоло низ бо гузашти фосилаи зиёде аз марги фоҷиабори Алмоси Шарқ, ки тобистони имсол аз он расо 45 сол хоҳад гузашт, чунин фитаю сабтҳои овозӣ дар магнитофонҳои шахсии мардуми омию касбу кори гуногун мавҷуд буда, онҳо гоҳ-гоҳе дастраси умум низ гашта, кулбори пур аз шаҳду шакари Аҳмад Зоҳирро ин бозёфтҳо боз пурратару лабрез намуда истодаанд. Тадқиқот ва омӯзиши фаъолияти ҳунарии Аҳмад Зоҳир дар чанд соли охир нишон медиҳад, ки мавсуф дар давоми умри кӯтоҳ, вале пурбаракати худ аз доираи шоирони зиёди порсизабон дурри мақсуд чидаву бо ханҷари довудии гулӯи худ онҳоро сароидааст, ки то ҷаҳон асту башарият номи ин шоирон чӣ меҳтару чӣ кеҳтар дар қалби мардуми порсилисонон барои ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.

Тибқи китоби “Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир”-и устод Султони Ҳамад, ки соли 2022 нашр гардидааст ва воқеъан он бо як тартиби муайян ва ҷадвалҳои лозимаи махсус бо маълумотҳо оид ба сабти овозию рақамҳои тартибии номи шоирону номи шеърҳо ва оҳангсозон оварда шудааст, дар феҳристи тартибдодаи устод, ки онҷо ному насаби шоирон, тибқи тартиби алфавитӣ пешниҳод гаштааст, номи устоди бузурги шеъри порсӣ Абулқосим Лоҳутӣ дар ҷои аввал истодааст. Дар онҷо 17 шеъри иншонамудаи шоир, ки аз ҷониби Аҳмад Зоҳир сароида шудаанд, оварда шуда, ки онҳоро дар зер нишон медиҳем:

  1. Аё сайёд раҳме кун; 2. Ай дуздида чашм аз оҳу; 3. Бути нозанинам; 4. Зи роҳи дида дар дил хона кардӣ; 5. Зиндагӣ охир сарояд…; 6. Камонабрӯ камонатро бибӯсам; 7. Ошиқам ошиқ ба рӯят; 8. Ошиқ шудаам гуноҳам ин аст; 9. Сад раҳ дар интизорат; 10. Сиёҳчашмак ба дил банди ту бошам; 11. Танида ёди ту…; 12. Ёр аз дили ман хабар надорад; 13. Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон…; 14. Тарсам озод насозад зи қафас сайёдам; 15. Ай шаб ту ба рӯзгорӣ ман мемонӣ; 16. Девона намудам дили фарзонаи худро; 17. Нашуд як лаҳза аз ёдат ҷудо дил.

Агар ба рӯйхати дар китоби устоди равоншод Султони Ҳамад тибқи пажӯҳиши чандинсолаш оварда, такя кунем ва он дар ҳоли ҳозир то андозае мукамалтарин манобеъ низ ҳаст, хонандаи азиз, аз байни 105 нафар шоирони муайянгаштаи то давраи ҳозир (бо иловаи шеърҳои худи Аҳмад Зоҳир) устод Абулқосим Лоҳутӣ байни ин 105 шоирон, баъди шоири таронасоз Шоҳвалӣ Валии Таронасози Дарвозӣ, ки 19 шеъри эшонро Аҳмад Зоҳир бо ханҷари довудии худ сароидааст, пас устод Лоҳутӣ бо 17 шеъри аз ӯ хондаи овозхон дар ҷои дуввум қарор дорад. Агар ба навиштаи устод Султони Ҳамад вобаста ба ду шеъри устод Таронасоз, ки гӯё шеъри «Ошиқ шудаи ай дил» тибқи маълумоти Сафиуллоҳи Адо моли шоир Абдулаҳади Адо ва шеъри «Ай худо модари ман боз ба ман деҳ» тибқи маълумоти Мир Ҳикматуллоҳ моли Аҳмад Зоҳир ҳастанд ва ба маълумоти пешниҳодкардаи ин ду шахс бовар намоем, пас айни замон устод Абулқосим Лоҳутӣ бо шоиру оҳангсоз Валии Таронасоз дар байни шоироне, ки Аҳмад Зоҳир аз ашъори онҳо хондааст, дар ҷои якум қарор доранд, ки ин муҷиби ифтихори мо порсилисонҳои ин сӯи Варорӯд низ ҳаст.

Чун устод Абулқосим Лоҳутӣ яке аз саромадони адабиёти шӯравии тоҷик маҳсуб меёбад ва дар бисёре аз кишварҳои олам (натанҳо дар кишварҳои собиқ шӯравӣ) ва ҳатто дар Афғонистон бо номи шоири тоҷик шинохта мешавад, худи шоир ва оҳангсози намоёни Афғонистони асри ХХ Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, ки падараш собиқ вазири корҳои хориҷӣ, вазири дифоъ ва ноиб-ул салтанати кишвари Афғонистон дар хонадони сулолаи шоҳони Дарвоз (аниқтараш дар хонадони бародари охирин шоҳи Дарвоз) соли 1873 дар шаҳраки Калъаи Хуми Тоҷикистони имрӯза ба дунё омадааст, боиси ифтихори мо мардуми Тоҷикистон низ ин омил қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ (1887-1957) шоири инқилобии Ирон, яке аз шоирони бузургтарини порсизабони асри ХХ, шоире, ки дар ҷойгоҳи баланди шеъри порсӣ дар асри рафта дар паҳлуӣ аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ қарор дорад, бо Тоҷикистону халқи тоҷик қаробати зиёде дошт ва ин пайванди ҷовидона хоҳад буд. Шоири муборизу инқилобгар, дорандаи ордени «Сатторхон», баъди як ошӯбу кудетои зидди режими шоҳӣ дар Ирон моҳи феврали соли 1922, сарҳадро убур намуда, ҳамроҳи зердастонаш ба хоки кишвари шӯроҳо мегузарад. Баъдан кишвари шӯроҳо ва хосатан Тоҷикистон барои Лоҳутӣ чун Ирон ватани азиз мегардад. Беҳуда ин шоири муборизи роҳи озодии мардуми азияткашидаи Ирон ва халқҳои Шарқ, Тоҷикистонро “умеди дили рамидаи ман” наномидааст. Солҳо дар Тоҷикистон зист ва барои ободию пешравии кишвари навбунёди тоҷикон ва сарбаландии миллати тоҷик хизмати бузургеро анҷом дод. Дар роҳи ба дараҷаи ҷумҳурии иттифоқӣ расидани Тоҷикистон дар қатори роҳбарони сиёсии Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, дигар абармардони сиёсат ва ҳамчунин намояндагони фарҳангу адабиёт чун устод Айнӣ нақши намоёни худро дар таърихи Тоҷикистон гузоштааст. Бо назардошти сиёсатмадор будану обрӯи бузургеро дар сатҳи роҳбарияти олии СССР доштанаш, бемуҳоббот ин шахсият дар ду ҷабҳа-ҷабҳаи сиёсат ва ҷабҳаи фарҳангу адабиёт дар роҳи тағйири статуси Тоҷикистон нақши муҳимеро бозидааст. Ҳамчунин, хизмати бузурги фарҳангии кардааш андар чопи китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ дар Маскав, ки душманони молу ҷони мардуми тоҷик ҳатто то Маскав дасти расо доштанд (мисоли барҷастааш Бухарин) ва намехостанд ин китоб чоп гардад, ончунон барои миллати мо бузург аст, ки нақши ӯро дар сохтани Тоҷикистон аз ҳама болотару волотар гардонидааст. Ӯ барои фарзандони миллати тоҷик ҳанӯз аз замони шӯравӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллии халқи тоҷик шинохта мешуд, имрӯз низ ҳамин гуна ҳаст ва пасфардо низ. Номи устод Лоҳутӣ чун шоири инқилобӣ ва озодипараст дар тамоми Шарқ, кишварҳои ғарбӣ низ бисёр машҳур буд. Ин ном абадан боқӣ хоҳад монд. Шоир як машъалеро мемонд, машъали муборизаҳои Шарқи зери қувваҳои иртиҷоию олами сармоядорону мустамликадорону қарордошта. Устоди зиндаёд Саид Нафисӣ, ки солҳои 1932 ва 1946 ба Иттиҳоди Шӯравӣ ташриф овардаву бо Лоҳутӣ мулоқотҳое дошт, дар хотираҳояш аз Лоҳутӣ чун шоири номваре, ки номаш дар саросари империяи абарқудрати Шӯравӣ ва кишварҳои олам маълуму маъруф буду асарҳояш ба забонҳои мардуми олам тарҷума гаштаву шоири муборизаҳои инқилобӣ, ба ватанаш Эрон меҳру муҳаббату садоқати беинтиҳҳое дошт ва ба ёди ватан ашк мерехт, ёд намудааст.

Аз ин рӯ, ба ашъори оташбори устод Лоҳутӣ зиёдтар рӯ овардани овозхони ҳама давру замонҳои порсизабон низ сабаб дорад. Овозхоне чун Аҳмад Зоҳир, ки саводи аълои шеърфаҳмӣ дошту адабиёти порсиро дар сатҳи воло медонист, инро аз ҳама зиёдтар дарк менамуд. Ин сабаб буд, ки бисёр вақт ба ашъори Лоҳутии бузург рӯ меовард. Лоҳутии оташинсухан пеш аз ҳама шоири ватанпараст, башардӯст, фуқаропарвар, озодидӯст ва муборизи ташкили як ҷомеъаи адолатпарварона, хосатан дар Эрон низ буд. Бесабаб нест, ки давраи навҷавонию ҷавонии шоир ҳама вақт дар муборизаҳои инқилобӣ дар муқобили режими иртиҷоии шоҳии Ирон ва муқобили олами сармоя гузаштааст. Ин ҳаракатҳои ӯ баъдан боиси ҳиҷрати ӯ ба кишвари шӯравию иқилобии он вақт гашт. Агарчанде, ки дар сатҳи шӯравӣ соҳиби обрӯи бузугтаринеро он давра соҳиб гашта буду дар доираи Кремлин обрӯи қавӣ дошта, дар вазифаи баланди котиб Иттифоқи нависандагони СССР, ки он замон як вазифаи сермаҳсул ва калидӣ дар сохтори идеологии давлатдории болшевикон маҳсуб меёфт, иҷрои вазифа намудааст, лекин то охири лаҳзаи ҳаёташ умеди баргаштан ба ватани аҷдодияш Эрону зодгоҳаш шаҳри Кирмоншоҳро дошт. Муттаассифона, ин умедро шоири маҳбуби мо ба хок бурд.

Дар он рӯзгор нисбати ин ситораи пурҷиллои фарҳанги Хуросонзамин аз ҳисоби шиносу ношинос бар асари маҳбубияти томаш ва шӯҳрати бештаре пайдо намуданаш байни оммаи халқ, ҳасудону бахилону душманону нотавонбинон кам набуданд. Онҳо бо ҳар роҳ тӯҳмату бӯҳтонҳои зиёду гуноҳи нобударо нисбати ӯ паҳн мекарданд ва зиёд мехостанд, ки номи ӯро сиёҳ кунанд. Хоҳем нахоҳем табиати одамизод аз азал озодипараст аст ва ба ҷурмӣ чунин амалҳои аҳриманӣ ахиран аксуламал нишон хоҳад дод, бо ҳамроҳ шудан ба ҳаракатҳои инқилобӣ ё бо дигар амалҳо. Аҳмад Зоҳир аъмоли ноҷавонмардаи бархе аз қишрҳои ҷомеъаро нисбати худ ва мардуми одӣ, ҳамчунин нобаробарию нобасомониҳои рӯзгору мардуми одию инсонпарвари Афғонистон мушоҳида карда, рӯҳияи эътирозии худро нисбати ин амалҳои номатлуб ва ноҷавонмардона дар сароидани шеърҳои то андозае ҷанбаи сиёсию озодипарастӣ ва рӯҳияи ватанпараситию фироқу андешаи инсонию то андозае пуршӯр пургудозу қалби ғамгин медид. Устод Ҷӯрабек Назриев дар як муколаамааш бо сармуҳаррири нашрияи «Рӯзгор», устод Султони Ҳамад, Аҳмад Зоҳирро як марди раҳмдил хонда, ибрози ақида менамояд, ки ин марди ҳунар риояи адлу инсофро шарти асосии зиндагӣ дар ҷомеъа медонист.

Аз ҳамин ҷост, ки ӯ ба шеъри озодаю орифонаю сӯфиёнаи шоирони озодапарсту ҳақиқатгӯю ҳақиқатҷӯй чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз ва ҳамчунин шоири инқилобӣ Лоҳутии муборизи роҳи ҳақиқат ва дигарон рӯ оварда, ашъори онҳоро ба ҷон мехариду месуруд. Ана ҳамин андеша ӯро бо шоири бузургтарини инқилобии маруми Ирон ва тамоми порсизабонони олам устод Лоҳутӣ қарин сохтаст (воқеъан, дӯст надоштани чунин овозхони маъруфу чунин шоири бузург комилан номумкин аст).

Дар худи ҳамон сӯҳбати дар боло ишорагаштааш бо устод Ҷӯрабек Назриев, Аҳмад Зоҳир гуфтааст, ки ҳасби ҳоли ӯро Мавлонои Балхӣ ва Лоҳутӣ кардаанд ва тибқи гуфтаи устод Ҷӯрабек Назриев овозхон бо ашъори Лоҳутӣ бисёр амиқ ошноӣ доштааст. Маҳбубияти шоир Лоҳутиро назди Аҳмад Зоҳир ва дурустии суханҳои олими варзидаи моро, метавон аз ашъори зиёди шоир, ки аз тарафи овозхон сароида шудааст, ба мушоҳида гирифт.

Бояд гуфт, ки устод Лоҳутӣ бар асари муборизаҳои инқилобияш дар Эрон, ду маротиба ба Туркия муҳоҷир гаштааст. Бори аввал солҳои 1914-1916 ва бори дуввум солҳои 1918-1921. Замони муҳоҷиратҳо шоир дар шаҳри Истанбул машаққати зиёдеро аз сар гузаронидааст ва барои пеш бурдани маҷрои зиндагӣ шоир ҳаммолӣ, пешхизмати ошхона, рӯзномафурӯширо низ анҷом додааст. Шеърҳои дар ин давра навиштаи шоир бо номи «ашъори истамбулӣ» маъруфанд. Он замон бар асари бедории сиёсию миллии мардуми Шарқ, воқеаҳою ҷунбишҳои инқилобӣ дар Аврупо, рӯйдодҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, боло рафтани рӯҳияи инқилобию эътирозии мардум боло гирифта буд, ашъори Лоҳутӣ ашъори сиёсӣ, ташвиқотии инқилобию рӯҳияи ватандӯстиро фаро гирифта буданд. Шоир ин давра бо шеърҳояш ба мардуми заҳматкаши Эрон ва дигар халқҳои шиор мепартофт, ки ахиран ин шеърҳои шоир дар Шарқу Ғарб хело машҳур ва ба забони як қатор халқҳо тарҷума ва паҳн карда шуданд. Азбаски дар кишвари Туркияи Усмонӣ, ки поя ин режими сиёсӣ пӯсида буд, ба ҳаракатҳои инқилобию бедории мардуми кишварҳои ҳамсоя, ба хотири нигоҳ доштани режими худ бетараф нигоҳ карда наметавонистанд. Устод Лоҳутӣ дар ин давра ашъорашро дар шакли рамзӣ ва киноя менавишт. Тамсилро истифода мекард. Дар ин хусус профессори зиндаёд устод Асозода Худойназар дар асарҳои мондагори худ «Саргузашти Лоҳутӣ» ва «Таърихи адабиёти тоҷик» (давраи нав) ботафсил нигоштааст. Худи устод Лоҳутӣ дар ин хусус чунин навиштааст: «Ин ашъор аксаран бо рамзу киноя гуфта шудаанд, сабаби ин ҳам возеҳ аст: агар матлабро ошкоро мегуфтам, сензураи ҳарбии Туркия, ки зери назорати англисҳо қарор дошт, ашъори зиддиимпериалистии маро ҳаргиз ба матбуот роҳ намедод. Ин аст, ки худамро булбул, ватанро боғи вайрона, Англияро гоҳо зимистони манҳус меномидам, ки боғро хазон мекунад ва гоҳе сайёди бераҳм хондаам, ки булбули маҷрӯҳро асир кардааст».

Чуноне, ки ин шеърро дар ҳиҷрати истанбулӣ иншо кардааст ва он ҷанбаи сиёсию инқилобӣ дорад:

Аё сайёд шарме кун, маранҷон нимҷонамро,

Пару болам бикан аммо, масӯзон ошёнамро.

Ба гардан бастаи чун риштаву дар пой занҷирам,

Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро…!

Инҷо ба назари аввал чунин мерасад, ки ғазали устод аз ғазалҳои ҳабсиҳолию ошиқонаи классикони адабиёти порсӣ фарқ намекунад, лекин он дар худ мақсади сиёсиву рӯҳияи инқилобиро дорад на чизи дигарро. Шодравон Аҳмад Зоҳир ин шеърро худ ба оҳанг даровардаву бо як эҳсосоти ҷонсӯз онро месароид (гарчанде ҷое калимаҳоро барои осонтар хондан ҳунарманд иваз намудааст) ва миллиононҳо нафар мардуми порисабони олам онро бо сукути амиқ ва эҳсоси баланд гӯш мекарданд.

Худи устод Лоҳутӣ низ дар хотираҳояш навиштааст, ки амалдорони кундфаҳми сензураи ҳарбии Туркия медиданд, ки ашъори ӯ ба монанди адабиёти классикии порсист ва онҷо сухан аз гулу булбулу боғ, шамъу парвона меравад, беибо иҷозат медоданд, ки шеърҳояи ман чоп ва ба Эрон интиқол дода шаванд. Аммо дар Эрон касони хушфаҳм, ки сухани ман ба онҳо равона карда шуда буд, зуд ба маънии дарки шеъри ман мерафтанд. Ин мардум даъвати Лоҳутиро оид ба сари мубориза бо дастнишондодаи мустамликадорони Англия дар Эрон (аз ҷумла, сарвазири вақти Эрон Сайид Зиёуддин Табатабаӣ) ба осонӣ мефаҳмиданд. Бояд гуфт, ки ин шеърҳои ба ном ошиқонаю аламоварро байни халқ паҳн мекарданд ва рӯҳияи инқилобию истиқлолхоҳии ҷавонон хело боло мерафт. Профессор Асозода дар «Таърихи адабиёти тоҷик» (давраи нав),менависад, ки устод Лоҳутӣ дар Истанбул бо ашъори сиёсии бо мазмуни баланд эҷоднамудааш, бо тарзу методи назокати сухан ба жанри нави шеър «ғазали сиёсӣ» асос гузошт ва инҷо профессор сад фоиз ҳақ аст.

Шумо бубинед назокати сухани устод Лоҳутӣ чи қадар болост ва дар муқобили истисморгарони дохилию хориҷии Эрон чи хуш гуфтааст:

Тарсам озод насозад зи қафас сайёдам,

Он қадар, то ки раҳи боғ равад аз ёдам.

Оташ аз оҳ ба кошонаи сайёд занам,

То аз ин банди асорат накунад озодам.

Ба ин шеър оҳангсози маъруфи Афғонистон, шодравон Фазлаҳмади Найнавоз оҳанги мағрубе сохта буд ва Аҳмад Зоҳир онро бо як истеъдоди воло месароид.

Шеъри машҳури «Зиндагӣ охир сарояд бандагӣ даркор нест», ки моҳияти эътирозӣ ва андешаи инқилобӣ нисбати сиёсати давр дорад аз тарафи шоир бо як маҳорати том ва дарду гудози шадиде сароида мешавад, ки шунавандаро зуд ба худ ҷалбу ба андеша водор месохт. Ин шеър зери як оҳанги ҳиндӣ, ки мутаассифона, муаллифаш ҳоло маълум нест аз ҷониби овозхон сароида шудааст. Ин шеъру ин оҳанг баъдан дар тамоми кишварҳои порсизабонон сукунатдошта, бо ҳамон сабку услуб хонда мешуд. Аслан ин суруду оҳангро ҳукуматдорони вақти Афғонистон хуш надоштанд ва онҳоро ба даҳшат низ меовард. Ҳам ҳукумати коммунистсолории Афғонистон ва ҳам ҳукумати болшевикии СССР баъдан онро бо ангезаи сиёсии зидди сохтори шоҳӣ ва тарфдори ҳукумати болшевикии СССР ва Инқилоби Савр будани Аҳмад Зоҳир рабт медоданд (гарчанде андешаи А. Зоҳир нисбати ин инқилоби сохта дигархелтар буд).

Ба ин монанд шеъри «Танида ёди ту дар тору пудам меҳан, эй меҳан»-и устод Лоҳутиро Аҳмад Зоҳир бо як сабку услуби хосу оҳанги мағруб ва рӯҳнавозу бо як ифтихори баланди ватандорӣ месароид ва таъсири он дар кишвари порсизабон чун Ирон, Афғонистон ва Тоҷикистон он замон ёд дорам ниҳоят сахт ҳис мешуд. Ин сурудро дар кишвари мо солҳои 70-ум ва 80-уми асри пор дар ҳар кӯчаву пасткӯча, ҳамаи ҷавону наврасон зам-зама мекарданд ва инҷо бахубӣ таъсири ҳам шеъру ҳам оҳанг ва ҳам овози форами Аҳмад Зоҳир дар якҷоягӣ сюжаи як симфонияи ҳаяҷоновареро ба хотир меоварданд ва он хуб эҳсос мешуд. Ин суруд он замон ба як гимни умумимиллии ҷавонони порсизабон табдил ёфта буд. Бояд гуфт, ки ин шеър охирҳои замони зиндагии шоири пир ва бемор, соли 1955 дар дар беморхона, дар шаҳри Маскав эҷод гаштааст.

Шеърҳои «Тарсам озод насозад аз қафас сайёдам», «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад», «Тарсам озод насозад зи қафас сайёдам» ва дигар ашъори устод Лоҳутӣ аз ранҷу азоби шоири инқилобию муборизи роҳи адлу адолату дарди ҳиҷрати ватан кашида башорат медиҳанд. Ин маъниҳои олии шоири тавонои асри ХХ бо оҳангҳои олӣ ва овози олии овозхони маъруфи асри ХХ сароида шудаанд. Ин ҳамбастагии шоиру овозхони умумиориёӣ, ин сурудаву оҳангҳоро ба як ганҷи бебаҳои фарҳанги сарояндагии мардуми порсизабон барои ҳама давру замонҳо табдил додаанд. Бояд гуфт, ки дар қатори ашъори инқилобию ватандӯстонаи шоир ҳамчунин Аҳмад Зоҳир аз ашъори ошиқонаи устод Лоҳутӣ, ки бо як нафосати бисёр баланди шоирона эҷод шудаанд ва воқеан, дар назми мо мардуми порситабор, дар асри ХХ ба худ назир надоранд хондааст.

Масалан, ба ин шеърҳои «Ошиқам ошиқ ба рӯят», «Сад раҳ дар интизорат», «Ёр аз дили ман хабар надорад», «Бути нозанинам», «Камонабрӯ камонатро бибӯсам» ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.

Тибқи сарчашмаҳои дастрасгашта, аз 17 шеъри аз устод Лоҳутӣ хондаш Аҳмад Зоҳир ба 5 шеър худ оҳанг бастааст. Ба 4 суруди сароидааш аз ашъори Лоҳутии ширинбаён, устод Фазлаҳмади Найнавоз оҳанг бастааст. Дар ин миён 2 шеърро овозхон зери садои оҳангҳои ҳиндии муаллифонашон номаълум сароидааст. Муаллифи оҳангҳои 6-суруди дигар то ҳол маълум карда нашудаанд, ки умед мебандем, ки онҳо низ оянда аз тарафи таҳқиқгарону муштоқони ҳунари Аҳмад Зоҳир муйян хоҳанд шуд.

Ба шеърҳои зерин: 1. Ай дуздида чашм аз оҳу; 2. Ошиқ шудаам гуноҳам ин аст; 3. Танида ёди ту…; 4. Фақат сузи диламро…; 5. Аё сайёд… худи Аҳмад Зоҳир оҳанг баставу сароидааст.

Ба шеърҳои дигар:

  1. Ёр аз дили ман хабар надорад; 2. Сад роҳ дар интизорат; 3. Ошиқам, ошиқ ба рӯят…; 4. Тарсам озод насозад… аз тарафи шодравон Фазлаҳмади Найнавоз оҳанг баста шудааст.

Шеърҳои зерин:

  1. Зиндагӣ охир сарояд…; 2. Бути нозанина… зери мусиқии ҳиндии муаллифаш номаълум сароида шудаанд.

Шеърҳои дигари шоир: 1. Зи роҳи дида дар дил хона кардӣ; 2. Камонабрӯ камонатро бибӯсам; 3. Ай шаб ту ба рӯзгорӣ ман мемонӣ; 4. Сиёҳчашмак ба дил банди ту бошам; 5. Нашуд як лаҳза аз ёдат ҷудо дил; 6. Девона намудам дили фарзонаи худро… аз тарафи оҳангсозони айни замон муаллифонашон номаълум оҳанг баста шудаанд ва итминони комил дорем, ки оянда муаллифони ин оҳангҳои мағруб низ ошкор хоҳанд шуд.

Мақсади навиштани ин мақола ба хотири ёд овардан аз рӯҳи поки қаҳрамони миллии халқи тоҷик устод А. Лоҳутӣ дар соли барои миллату давлати мо дар 1000 соли охир, бениҳоят муҳиму қиёснашаванда, таъсисёбии ҷумҳурие бори аввал дар таърихи башарият бо номи Тоҷикистон аст. Воқеан, ин бузургтарин воқеъаи таърихӣ дар тамоми давру замонҳо барои миллати шарифи тоҷик аст, ба ин ҷашни муқаддаси умумиллӣ-санаи 14-уми октябри соли 1924, рӯзи ташкилшавии ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шакли мухторият ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон ва империяи шӯравӣ пайдо шудани ин ном бояд арҷ гузошт ва сар фуровард!

Чун Лоҳутии бузург ва соҳибмансабу обрӯи зиёде дошта, дар сарчашмаи ташкилшавии Тоҷикистони шӯравӣ (ҶМШС Тоҷикистон –солҳои 1924-1929, баъдан ҶШС Тоҷикистон-солҳои 1929-1991) истодааст, ёди ин абармарди дунёи сиёсату фарҳанги мардуми порсизабону кишвари абарқудратии СССР аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Бояд қайд намуд, ки як шеъри устод Лоҳутӣ бо номи «Чу дасти рус мадат намуд» аз соли 1946 то соли 1991 гимни миллии ҶШС Тоҷикистон ва аз 9-уми сентябри соли 1991 то санаи 24-уми ноябри соли 1992 гимни Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол будааст.

Инак, бо гузашти анқариб 100 сол аз таъсиёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 57 сол аз даргузашти бисёр ғарибона ва фақиронаи ин шоири бузурги миллии мо, ки ахиран Тоҷикистон соли 1991, соҳиби истиқлолият гашт, мардуми тоҷик имрӯз дар фазои орому солими ин кишвари ягонаи порсизабонони империяи собиқ шӯравӣ, саодатмандона зиндагию рӯзгор доранд ва гомҳои қатъие дар роҳи сохтани давлати миллию демократӣ гузошта истодаанд. Дар ин асос халқи тоҷику 200 миллион порсизабон, ашъори бузурги шоирро мехонанд ва ҳамчунин аз иҷрои онҳо аз тарафи овозхони бузургтарини мардуми оритабор Аҳмад Зоҳиру дигар овозхонон лаззат мебаранд.

Шурӯъ аз охири солҳои 60-и асри рафта, то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва аз ин баъд, дар кишвари мустаъқил ва озодаи Тоҷикистон то имрӯз ашъори ба оҳанг даровардаи устод Абулқосим Лоҳутӣ аз тарафи Аҳмад Зоҳир танинаандоз гашта, дар роҳи тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, тарбияи ватанпрастӣ, арҷгузори ба кишвару забони модарӣ, ваҳдати миллӣ, дӯстӣ ва бародарии байни миллатҳо.

Рӯҳи ин шахсиятҳои бузурги миллии порсизабонон дар асри ХХ, устодон Абулқосим Лоҳутӣ ва Аҳмад Зоҳир шод бошад ва таърихии 100 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Гардад замона кӯҳнаву хомӯш намешавад,

Он шӯълаҳои ҷаста бурун аз даҳони ман!

Варқаи Зайниддин,

шаҳри Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь