Пас аз он ки бар тахти шоҳӣ нишаст,

Шукӯҳи Хуросон биёмад ба даст.

Наҷиби Борвар

Тоҷикон ва форсизабонони Хуросон ҳамчун миллати фарҳангсолор, соҳибихтиёр ва тамаддунофар дар имтидоди таърих ҳамеша саҳми басазои худро дар рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, зербинои ҷомеа, иқтисод, тиҷорат, илм, фарҳанг, адабиёт, меъморӣ ва ҳунар гузоштаанд.

Онҳо хайри ҷамъӣ ва салоҳдиди умумимардумиро ба инобат гирифта, ҳама вақт барои ҳифзи тамомияти арзӣ, густариши адолат, нангу номуси мардум ва барқарории давлати марказӣ мубориза бурдаанд. Мурури кӯтоҳе ба таърихи Афғонистони муосир нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷик нуфузи «файзбор ва шарафосор» дар ташаккули маданият ва зеҳнияти ҷомеаи кишвари ҳамсоя доштааст. Шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф, Кобул, Зобул, Самангон, Сиистон, Гандаҳор, Куҳандиж, Ҷавзгон, Ғур, Каписо, Парвон ва Ғазнӣ, водиҳои тамаддунофар аз қабили дараи Каён, дараи Панҷшер, дараи Сӯф, дараи Шимолӣ, дараи Соланг, дараи Хинҷону Андароб, дараи Ғур, Чордара, дараи Толаву Барфак, Ҷувайдара, дараи Роғистон, дараи Асмор ва ғайрае, ки ҳамчун маркази тамаддуни мардуми бумӣ қадр афрохтаанд ва дар он ҷо ҳувият ва фарҳанги миллӣ шакл гирифтааст, ба таври дастаҷамъӣ то аввали асри 20-ум макони зисти тоҷикон будааст.

Як назари иҷмолӣ ба ин шаҳрҳо ҳақиқатеро бармало месозад, ки дар Афғонистон кӣ аксарият аст ва кӣ ақаллият? «Офтобро бо доман пӯшонидан намешавад», ки дар шаҳрҳо аксари мардум зиндагӣ мекунад ва таҷамуи муассисаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва муҳити созгори илмӣ-фарҳангӣ сокинони деҳотро дар ҳар кишвари дилхоҳ ба шаҳр ҷалб мекунад ва онҳо бо сарозер шудан ба ин марказҳо фарҳанги шаҳрнишиниро имтиҳон мекунанд. Элфингстон, сайёҳ ва низомии англис, вақте ки дар аввали асри 19 ба вилояти Нангарҳор, ки ҳоло хилофи адолати таърихӣ паштуннишин ҳисобида мешавад, меояд, эътироф мекунад, ки аз 11 ноҳияи ин вилоят дар 9-тои он тоҷикон сукунат доранд.

Тамоми тадқиқоти таърихие, ки аз тарафи пажӯҳишгарони рус ва аврупоӣ то ҳол анҷом дода шудааст, бо такя ба далелҳои қавӣ, ковишҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, ки дар натиҷаи омӯзиши ҷиддии илмӣ ба даст омадаанд, бар онанд, ки фарҳанги тоҷикон на танҳо дар таъсирпазирии халқу мардуми Афғонистон, балки дар пайдоиши халқҳои нав, ки забон ва фарҳанги тоҷиконро эътироф ва пурра пазируфта, дар он марҳилаи тамаддуниро гузаштаанд, саҳмгузор аст. Чунончи, ба ин қишри мардум – ҳазораҳо, паштунҳои даризабон шомил мешаванд, ки бо забони дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ такаллум мекунанд ва фарҳанги мардуми таҳҷоиро ҷузъи ҳувияти худ мепиндоранд. Ҳатто дар зери таъсири фарҳанги тоҷикӣ халқе дар вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон сукунат доранд, ки худро «туркони порсигӯ» меноманд ва созише дар сарҳади ҳувиятӣ бо тоҷикон ба вуҷуд овардаанд.

Тоҷикон давлатҳои мустақил ва империяи комилҳуқуқ дар ҳудуди Афғонистони имрӯза доштанд, ки империяи Кӯшониён аз ҷумлаи онҳост. То соли 90-и асри гузашта, чунин пиндошта мешуд, ки кӯшониён кӯчманчӣ будаанд, вале катибаи Работак, ки ба дасти Канишка – шоҳи кӯшонӣ навишта шудааст ва шарҳи ҳоли ӯро дарбар мегирад, як инқилоби илмӣ дар бораи пайдоиши ин сулола зам намуд. Шоҳ Канишка дар катибаи Работак, ки дар чанд километрии пойтахти вилояти Самангон – Айбек ва сарҳади вилояти Бағлон ёфта шудааст, аз шаҷараи авлодии худ сухан кушода, иқрор мешавад, ки аз ирқи ориёӣ мебошад.

Ин ҳақиқати бебаҳс ва дар тӯли таърих шаклёфта аз ҷониби ягон гурӯҳ ва ҳукумате то ҳоло сарфи назар нашудааст. Ҳарчанд ки ҳокимони сулолаҳои вақт меомаданду мерафтанд, бо мурури замон зери таъсири фарҳанги шахсиятсозии ориёӣ қарор мегирифтанд ва марҳилаи полоиши тамаддуниро тай менамуданд. Аз сӯи дигар, ин тағйироти ҳувиятӣ бистари таърихӣ ва омили айнӣ ҳам дар пай дошт, зеро қабилаҳои ҷанубӣ аз шимолу шарқи Ҳинд дар асри 14 ба Хуросон омаданро оғоз карданд ва ин раванди муҳоҷирати иҷборӣ, ки таҳлилу таҷзияи он аз мавзӯъ берун аст, то ҳоло идома дорад.

Агар ба таърихи ин кишвар бингарем, аён мегардад, ки тасаллути пурраи забони тоҷикии дарӣ нишонаи доноиву ҳушёрӣ, бофарҳангиву пешравӣ дар пешбурди равандҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мегардид. Аз ин рӯ, нухбагон ва ашрофзодагони аҳли қабила аз ғановатмандии ин забони оламшумул, ки иқтидори сарбории маънавии ҳазорсоларо дошт ва аз Чин то сарҳади Аврупо тавсеа ёфта буд, дар муҳити хонавода ва долонҳои дарбор истифода мебурданд. Табиист, ки олудагиҳои зеҳнияти қабилавиро бо насими фарҳанги созанда ва дунявимадор аз вуҷудашон зудуда менамуданд. Ҳарчанд дар мақтаи замонӣ ҷангро худ баранда буданд (ҷанги дуюми афғону англис) ба худ саволҳое мармуз мегузоштанд, ба соҳибватанӣ будан ва рисолати раҳбарии худ шакку шубҳа мекарданд:

Мекунам девонагӣ то бар сарам ғавғо шавад,

Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад.

Агар ба қазияҳои на он қадар дури солҳои 2000-ум таваҷҷуҳ намоем, ҳамин тарзи иштибоҳи таърихӣ бо каме тағйирот дар Кобул боз такрор гашт. Раиси ҷумҳури тамомъиёр ва комилҳуқуқи Афғонистонро «Ҷабҳаи муқовимат» соли 2001 напазируфт, бо муомилаи шубҳанок ҳукуматро ба нафаре ҳавола карданд, ки аслан дар байни мардум ва миёни саҳнаи сиёсии кишвар шинохте надошт. Натиҷаи ин муомилот бар зарари манофеи миллӣ буд.

Сайри такомули таърихӣ бар ковиши мақому мартабаи Ҳабибуллои Калаконӣ нишон медиҳад, ки ҳукумати қабиласолори амонӣ дар 16-уми январи соли 1929 (суқут 13 октябри 1929) аз дасти ӯ ва ёрони вафодораш ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Тилисми шикастнопазири истибдоди анқариб дусад соларо ба боди фано рӯ ба рӯ кард.

Таърихнигории афғонӣ, ки бар усули паштунмеҳварӣ то солҳои 90-и асри гузашта побарҷо буд, аз шахсияти Ҳабибуллои Калаконӣ як шахси «иртиҷоӣ» ва «қафомонда» чеҳрасозӣ кардаанд (хусусан китоби тафриқаандоз ва шовинистии «Сақавии дуввум» Афғони Самсур). Чунончи, муаллифи китоби «Афғонистон дар масири таърих» М.Ғубор бо як хашми рӯшод ва орӣ аз ҳақиқати таърихӣ овардааст: «Ҳабибуллои Калаконӣ машҳур ба «Бачаи Сақав» аз шоҳони муртаҷеъ ва бесавод буд, ки тибқи тавтиаи англисҳо алайҳи шоҳи мутараққӣ ва ватандӯст, ғозӣ Амонуллохон даст ба шӯриш зад ва дар 20 ҷиддии 1307 бо ҳамкории руҳониёни аҷир ва фурӯхташуда ба дурахшонтарин даврони таърихи мо поён дода, ба қудрат расид».

Ин таърихшиносон, ки имтиёзхӯрони сулолаҳои дурронӣ будаанд, дар мавқеъгирии ғайрилмӣ ва дур аз ҳақиқати худ танҳо бар маҳкумияти бечунучарои Ҳабибулло Калаконӣ ва пешдовариҳои козибона такя кардаанд, ки ба ақидаи коршиносони муосир хилофи тарзу усулҳои мунсифона ва одилонаи таърихнигорӣ мебошад. Ҳатто падари шеъри дарӣ Халилуллои Халилӣ дар маҷмуъ асари хубе, ки тобиши достонӣ дорад бо номи «Айёре аз Хуросон» навиштааст, вале дар баъзе бахшҳо ишораҳои нораво ва пойбанди тасвири калишавии шахсияти Ҳабибуллои Калаконӣ (камбағали бараҳнопойи бесавод, кӯҳпаймои боғбони ангурфурӯш ва ғ.) будааст.

Ривояти дигаре дар зеҳни таърихшиносони ростин нисбат ба Ҳабибуллои Калаконӣ аст, ки аз мактаби олими тавоно Ҳақназар Назаров маншаъ мегирад. Ин тасвир бар пояи адолати таърихӣ ва бозгӯйи ҳақиқат аст. Бар асоси ин фарзия, Ҳабибуллои Калаконӣ сарвари шӯриши деҳқонӣ мебошад ва пӯшиши мазҳабӣ ба фаъолияти ӯ додан аз рӯйи методи муқоисавӣ, вазъи геополитикии он замон ва шароити конкретӣ – таърихӣ раво нест. Сараввал, ӯ пуштивона ва собиқаи динӣ надошт, мадрасаи динӣ хатм накарда буд, ба ҳеч ваҷҳ тафаккури динмеҳвар ва ба доираҳои руҳонияти расмӣ ва ғайрирасмӣ ворид набуд. Як низомии ҷасур, корманди миёнаомори давлатӣ ва давлатмадор буд, ки беадолатиҳои хонҳои борикзайӣ ӯро водор кард, ки силоҳ ба даст бигирад. Дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок меварзид, баръакс дар дастгир кардани дузду роҳзанҳо иштироки фаъол дошт. Аз ҳама муҳим манфиати миллии худро дар қиболи ҳуҷумҳои қабиласолорӣ дарк мекард ва дар ин росто аз ҳунари басиҷ ва муттаҳид кардани мардум бархӯрдор буд. Муаррих Ҳ.Назаров бо такя ба рӯзномаву маводи ғании таърихии он вақт менигорад, ки вақте ки Ҳабибулло Калаконӣ бо деҳқонҳои худ вориди Кобул гашт, мисли қабилаҳои вазириву масъудӣ, ки бо амри Нодирхон дар моҳи октябри соли 1929 амал мекарданд, ҷиноят содир накард. Қабилаҳои ҷанубӣ на танҳо хонаву дар ва ҳатто ҳарами худи Нодирхон, балки сафоратхонаҳои хориҷиро талаву тороҷ карданд, сафири Туркияи он вақт ба ивази ришва ҷон ба саломат бурд.

Дар китоби «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон» Ҳ.Назаров нусхаи яке аз фармонҳои амири Ҳабибуллои Калаконӣ дар бораи ривоҷи илму адаб ва забономӯзӣ омадааст, ки аз он далолат мекунад, ки ӯ ба рушди маориф бетараф набуд.

Дигар далели росих ва муътамади шахсияти одил, бофарҳанг ва давлатмадор будани подшоҳ Ҳабибуллои Калаконӣ, муносибати ӯ ба масоили занон буд. Маводи мадракии таърихӣ далолат аз он мекунанд, ки дидгоҳи ӯ назари танги мафкураи ифротӣ нисбат ба зан набуд, ҳамсари ӯ Бибӣ Сарварии Сангарӣ, Малика Сангарӣ бинти Муҳаммад Ҳайдар, маликаи Афғонистон дар тамоми сангарҳои набард бо шавҳараш дасту панҷа нарм мекард ва аз ин лиҳоз, тахаллуси «Сангарӣ» гирифта буд.

Сониан, шоири даризабони умедбахш Наҷиби Борвар бар нуктаи дигар таъкид меварзад ва менигорад, ки «расму суннати он рӯзгор чунин буд, ки агар касе ба ростӣ ва дурустӣ сифоти айёрӣ надошт, ӯро айёр лақаб намонданд. Мегӯянд вақте ки қудратро ба даст овард, хоҳарони Амонуллохон дар Арк ба дасти ӯ афтоданд. Дар ҳоле ки Амонуллохон аз ҷониби Қандаҳор дубора дар талоши сарнагунии Калаконӣ буд, ӯ хоҳарон ва хонаводаи Амоннуллоро вориди масоили сиёсӣ накард. Яке аз наздикони Амонуллоро талбид ва навомиси душманашро бо иззат ба онон таслим кард, аз ин рӯ буд, ки айёр лақаб гирифт.

Ба гуфте:

Ба номуси душман нигоҳе накард,

Бо қомуси мардӣ гуноҳе накард.

Аммо бубинед Нодирхон (бо лақаби ғаддор) бо Бибӣ Сангарӣ ҳамсари Ҳабибуллои Калаконӣ чӣ кард? Ӯро бо ду духтараш ва писараш Асадулло ба 20 сол зиндони Деҳмазанг маҳкум кард, писарашро дар зиндон масмум намуд. Ба ин иктифо накарда, ӯро ба Балх таъбид намуд. Муаллифи ин сатрҳо соли 2004 дар Мазори Шариф таҳқиқот дар ин маврид бурд ва маълум гашт, ки баъд аз таъбид дар маҳаллаи арабнишини шаҳри Мазори Шариф паноҳ бурд ва бинобар меҳри мардумие ки ҳамсараш ва худаш дошт, то охири умр дар ин ҷо паноҳгоҳи амн ёфт. Худ қазоват кунед, кӣ бо ҷаҳлу таассуб ҳукуматронӣ мекард ва кӣ бо мутакко бар ақли солим ва оянданигарӣ?

Ба ақидаи афғонистоншиноси шинохтаи тоҷик Қосимшо Искандаров қиёми Ҳабибуллои Калаконӣ муқаддима ва пешшарт дошт, ки зулму ситами зиёд ва қатли оми мардуми шимол, хусусан тоҷику ҳазора дар пай дошт ва ин як навъ вокуниши умумимиллӣ буд дар сатҳи Афғонистони вақт: “Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар ҳудуди 100 ҳазор хонаводаи паштун аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир карда шуданд. Бо ин роҳ амирон мехостанд дар шимол такягоҳи иҷтимоӣ дошта бошанд. Ин дар ҳоле буд, ки ба қавли муаррихин дар ин минтақаҳо заминҳои бесоҳиб набуданд ва ноқилин заминҳои мардуми маҳаллӣ, яъне тоҷикону узбекҳоро тасарруф менамуданд.

Дар давраи подшоҳии Амонуллохон (1919-1929) “Низомномаи ноқилин” қабул шуд, ки мувофиқи он ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимол уҳдадор шуданд ҳазорон нафар аз ноқилинро пазируфта, онҳоро бо заминҳои обӣ таъмин намоянд. Давлат ба ноқилин имтиёзҳои дигари зиёдро пешбинӣ намуд, аз ҷумла барои 12 сол аз пардохти андоз озод карда шуданд. Аз ҳамон давра дар минтақаи васеи шимол, аз Ҳирот то Бадахшон минтақаҳои паштуннишин, ба истилоҳ “анклавҳо” ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз, мутаассифона ин “анклавҳои” паштуннишин хоса дар вилоятҳои шимолӣ: Форёб, Сари пул, Ҷузҷон, Бағлон ва Қундуз ба пойгоҳҳои аслии толибон ва террористон мубаддал шудаанд.

Ин шӯриш ҳеҷ омили қавмӣ надошт ва тоҷикони дастаҳои Ҳабибулло бо кумаки қабилаҳои паштун тавонистанд Амонуллохонро сарнагун намоянд. Аммо баъзе аз раҳбарони паштун, ба хусус Муҳаммад Нодирхон паштунҳоро бо таблиғоти васеъ, ки гӯё саркардаи онҳо як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш ва ҳукуматашро Сақавӣ номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили Ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намуданд.

Зимни таҳқиқот як падидаи умумӣ ва маълум ки таҳти фишор такрор ба такрор дар китобҳои таърихнигорони Афғонистон омадааст, бармало гашт – ин маълумоти шарҳиҳолии Ҳабибуллои Калаконӣ аст, ки дар асарҳои “Афғонистон дар масири таърих”, “Афғонистон дар панҷи қарни ахир”, “Афғонистон дар аҳди амония” (Вокунишҳои мазҳабӣ ва таҳаввулоти иҷтимоии замони салтанати Амонуллохон (1919-1929)-и Сензил Навид” омадааст. Чунин тасаввур мешавад, ки ҳама ба умқи масъала ворид нагардида, як ибораву ҷумлаҳои монандро зери фишори таблиғоти густурда дар китобҳо коридаанд.

Омили дуввум, ки аз пажӯҳиш маълум мегардад, ҳукуматдорони вақти Афғонистон дар лаҳзаҳои буҳронӣ истифода аз иқтидори ҷангии қабилаҳои ҷанубиро аз Ҳинди Бритониявӣ маҳаки асосӣ ва нуқтаи такягоҳии муборизаи худ медонистанд. Дар китоби Сензил Навид 3 номаи Амонуллохон ва Нодирхон ба қавмҳои танай, ҷоҷӣ ва бошандагони вилоятҳои   ҷанубӣ зикр шудааст, ки порае аз номаи Амонулло ба қабилаҳои ҷанубиро мехонам: “Ҳамоно мардуми Қандаҳор назди ман омаданд ва гуфтанд,  эҳсоси ватандӯстӣ,ғайрат ва афғонияти онҳо абадан ба эшон иҷоза намедиҳад, ки ба идора касе монанди Бачаи Сақо  ки умрашро ба таҷовуз ба мол ва дороии мардум ба сифати як қотил сипарӣ кардааст,  ва ё касе ки ҳатто афғон (паштун) нест мувофиқат кунанд”.

Тақдири Спитамен, Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Синдбоди Муғ, Темурмалик, Восеъ бо Ҳабибуллои Калаконӣ ба таври аҷиб ба ҳам гиреҳ мехӯрад, аз саҳифаҳои дурахшони мубориза ва ҷонбозиҳои миллати мо мебошанд. Ҳар яке бар ҳар шаклу воситаи шинохти вазъият барои таъсиси як ҳукумати миллии тоҷикмеҳвар дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва вилоятҳои умумии форсизабонон саъю талоши беандоза карданд. Хосатан аз нигоҳи замонӣ ва шарту шароит шӯриши Восеъ ва Ҳабибулло Калаконӣ решапайвандҳое пайдо кардан мумкин аст, ки таҳқиқоти густурдаро тақозо мекунад. Ба якчанд-тои онҳо ишора мекунем: 1) Дарки манфиатҳои миллӣ ва дар зери парчами он муттаҳид кардани мардум; 2) Эҳёи шуури миллӣ ба кӯтоҳмуддат дар хиттаҳои Бохтари қаадим; 3) Таъсис додани давлати мардумӣ бар пояи дарки иқтидори худӣ; 4) Деҳқонҳо ҳамчун қувваи пешоҳанги мубориза, агар вожаи «деҳқон», «деҳгон» мутародифи калимаи «тоҷик» будааст, пас ин бардошти таърихӣ дар рафтори ин ду қаҳрамон унсури ҳамагонӣ доштааст; 5) Ҳаммонанд будани баромади иҷтимоии қаҳрамонҳо; 6) Ҷасорати истисноии миллӣ; 7) Айёрӣ ва ҷавонмардӣ  ва ғ.  Яке аз омилҳои сар задани қиёми Ҳабибуллои Калаконӣ боло бурдани молиёт ва андози камаршикан буд, ки дар шӯриши Восеъ ҳам ин омил ба шиддат ба назар мерасад.

Подшоҳи Афғонистон Ҳабибулло Калаконӣ, айёре аз Хуросон, ҷавонмарде, ки футуватро парчами худ дониста ва шинохта буд. Ба гуфти нависандаи тоҷик М.Шукурзода ҷавонмардӣ ва таъбири дигаре аз ин вожа, айёр дорои се сифати аслист:

1.Сахо, яъне саховат дар андешаи айёрон ва ҷавонмардон ба ин маънист, ки инсон аз молу маноли рӯзгор он чӣ ба даст оварад, бояд дар роҳи осоиши халқ сарф кунад.

  1. Сафо: ин сулук ҷавонмардро водор ба покизагии ботин менамояд: яъне инсони ворастаро зарур аст, қалби хешро аз ҳирс ва кина тоза ва тамиз нигоҳ дорад, ва дар ин ҷода базлу бахшоиш низ сафои ботин маҳсуб мешавад.
  2. Ва ниҳоят: Вафо: тибқи ин ойин айёр бояд барои дӯсти ҳақиқӣ ва ҳатто маҷозӣ ҳатто ҷонфидо бошад, аз худ бигзарад ва дар масири дӯстӣ аз марг наяндешад, ба фармуди орифе порсигӯй:

Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,

Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд ва тамаддунофар ба қавли Ҳофизи бузург чун «булбул ба шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ, мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ» рисолати инсонсозӣ, равшанфикрӣ ва талқини ҷавҳари биниши илмандӯзиро ба дигарон манзур медоштанд, то ки ҷаҳли мураккаби афкорӣ ва таассуби камёфти рафторӣ дар ҷомеа бар ақлҳо мусалат нагардад.

Ба ғановатмандии нодири фарҳангӣ ва забонӣ ҳам иқрор буданд ва дар имтидоди таърих ба забони ҳол нухбагони паштутабор ҳам, ки дағдағаи давлатдорӣ доранд, бо ду дасти адаб эътироф кардаанд. Чунончи Маҳмуди Тарзӣ, андешапардози миллатгароии афғонӣ бар он аст, ки: «зотан мардуми афғон чун умуман ба кори аскарӣ ва футуҳоти билоду ҳарбу зарб гирифтор буданд, ба корҳои мирзоӣ ва таҳрироти ҳукуматӣ вақт ва фурсат надоштанд ва ҳатто ин корҳоро ор мешумориданд. Китобҳои таҳсили иму адабиёт ҳама ба забони форсӣ ва ё арабӣ буданд. Забони афғонӣ (хонда шавад пашту – Н.У.) ба дараҷаи кифоят аз ин чизҳо саросар маҳрум монда буд». Амирони шинохтаи пашту на танҳо донандаи забони дарӣ, балки ба ин забон васвасаи ҳунари шоирӣ доштанд ва девон ҳам таълиф кардаанд.

Муаллифи мақолаи «Зеҳнияти хатарзои толибонӣ ва муомилаи шубҳаноки абарқудратҳо» муътақид аст, ки «нигоҳи толибон ба зиндагӣ нигоҳи қафомондаи асримиёнагист, онҳо талош мекунанд, дар қолаби шариати ғуррои вопасгаро дар қарни иттилоотии 21 пешдоварӣ намоянд, ҳама масъалаҳои дар тӯли 1400 сол пеш ба вуҷудомадаро саҳлу осон пиндоранд. Ин як сароби фиребандаест, ки мардумро гӯлу гумроҳ мекунад. Дар барномаи толибон вуҷуди зан ҳамчун мавҷуди нолозим матраҳ гаштааст. Ба мудирияти ин ҷангандаҳои толиби ҳирсу молу ҷон менигаред, аслан мардум дар он ҷое надорад».

Шоир Муҳиби Бориш дар баҳси он ки сарзамини Афғонистонро набояд танҳо як қавм, яъне паштунҳо ҳукуматдорӣ кунанд, чунин хитоб карда:

Қабила чӣ бошад, ки шоҳӣ кунад,

Ба қудрат чу ояд, табоҳӣ кунад…

Ҳабибуллои Калаконӣ ба шинохти комили худшиносии миллӣ расида буд, ки шоир Н.Борвар ба он ишора дорад:

Пас аз ҳафт қарну пас аз солҳо,

Шикастанд занҷиру ишғолҳо.

Тоҷикони Афғонистон фурсати барои ҳадафҳои дигарон мубориза бурданро надоранд. Роҳи асосӣ ва меҳварии онҳо дар ояндаи наздик басиҷ сохтани тамоми мардум бар зидди таҳдиду хатарҳои тамаддунӣ мебошад. Муттаҳид шудан дар атрофи раҳбарони асил, ки дар байни аҳолӣ обрӯву эътибор доранд, боло бурдани худшиносии миллӣ ва тарҳрезии барномаи дарозмуддат барои эҳёи нуфузу мақоми шоистаи тоҷикон метавонад роҳи ҳалли қазияи Афғонистон ва сарнавишти ояндаи минтақаро рақам бизанад.

Таърих амалан такрор намешавад, вале чи тавре ки олими рус Ключевский В.О. гуфтааст: «Таърих мураббӣ нест, маҳкумкунанда аст, он тарбия намекунад, ҷазо медиҳад» (История не учитель, а надзирательница, она не воспитывает, а только наказывает).

Ҳамин тариқ, бо боварии комил гуфтан лозим аст, ки дурнамои давлатсозии тоҷикон ба оянда  раҳнамун сохта шуда, бо такя ба асолати миллӣ ва қудрати худӣ рушду нумуъ хоҳад кард. Тамаддуни шуҳратёри  тоҷик ва форсизабонон тавъам бо тафаккури миллӣ мавқеи хос дорад, яксубин ва таблиғгари  масири созандаи ҷаҳонбинии илмӣ ва худшиносии миллӣ буда, барои созу барги давлати ояндаи пасотолибӣ  ва тарбияи инсони ормонӣ дар Хуросони таърихӣ ва Афғонистон кунунӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар фарҷоми таҳлилномаи имрӯза ба натиҷае мерасем, ки фарҳанги тоҷик ҷузъи тафаккури мардуми Афғонистон гаштааст, ки нишонаҳои он дар аъмоли завқӣ, рафторӣ, санъат, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, ҳунар, умури давлатдорӣ ва ҳувиятӣ  дида мешавад. Касе ки китоби нависандаи турк Орхан Памук «Номи ман сурх»-ро мутолиа кардааст, медонад, ки он дар зери таъсири мактаби минатюраи рассомони Ҳирот, аз ҷумла Камолиддин Беҳзод  эҷод шудааст, ки бори дигар гуфтаҳои моро дар ин робита тасдиқ менамояд.

Аз ин рӯ, бояд бознигарии илмии омӯзиши шахсият ва мақоми Ҳабибуллои Калаконӣ дар таърихи минтақа роҳандозӣ карда шавад;

Шароити шикасти асорати 180 солаи зеҳнияти қабилавӣ аз ҷониби ӯ олимона бар усули ҳакиқати таърихӣ пайгирӣ карда шавад;

Барчаспҳои норавои «бачаи Сақо» ва дигар лақабҳои дар матбуот ва пажӯҳишҳои илмӣ ба Ҳабибуллои Калаконӣ додаанд, ҳазф гардад;

Китобҳои «Сақавии дуввум» ва амсоли он ҳамчун хилофи асолати илмӣ ва тафриқаандозӣ маҳкум карда шаванд;

Китоби Латиф Каримӣ «Яғмои мангалии дуюм» ба хатти кириллӣ баргардон карда шавад.

Бар низоми мардумсолорӣ, айёрӣ ва ҷавонмардӣ дар пешбурди ҳукуматдорӣ ҳамчун унсури қудрати худии Ҳабибуллои Калаконӣ бо такя бар пойгоҳи қавии илмӣ-пажӯҳишии мактаби афғонистоншиносии  тоҷик ва бар усули бетарафии муарриху таърихнигорӣ таъкид карда шавад.

Умед Назаров,

пажӯҳишгари масоили Афғонистон,

бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь