Ё олимону адибон дар бораи Ҳабибулло Назаров

Дуюми ноябр дар шаҳри Ҳисор ҷашни 110-солагии адиби шинохта ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳабибулло Назаров таҷлил мегардад. «Cамак» ба ин муносибат нигоштаҳои муаллифи доимии худ Ҳасан Юсуфи Файзбахшро пешкаши мухлисони адиб ва ҳаводорони ашъори ӯ мегардонад.

Аз ҷониби Ҳабибулло Назаров ҷамъ намудану ба нашр расонидани ашъори Карим Девона дар замони худ як ҷӯшу хурӯши бисёр калонро ба миён овард, то ҳадде ки одамони андаке ба шеъру адабиёт дилгармӣ дошта ҳам, дар кӯчаю бозор, дар маъракаю нишастҳо, дар матбуоту радио атрофи он гап мезаданду суҳбат мекарданд. Аммо гуфтугузору баҳсҳо аз ҳама бештар дар байни олимони адабиётшиносу фолклоршинос сурат мегирифт. Барои чунин баҳсҳо рӯзномаҳо, аз ҳама зиёд рӯзномаи дар замонаш бисёр маъруфу машҳур ва бонуфузи «Маориф ва маданият», таҳти роҳбарии сармуҳаррири бас боғайрату ҷасуру қавииродааш Бӯринисо Бердиева ва муовини ӯ М.Боғиров шароити мусоид фароҳам овард. Беибо гуфтан мумкин, ки дар побарҷошавӣ ва тантана намудани ҳақиқати воқеии ба Карим Девона ва Ҳабибулло Назаров тааллуқдошта, маҳз ҳамин рӯзнома нақши калидӣ бозид. Камина нияти «Бод додани коҳи куҳнаро надорам» ва дар хусуси мазмуни мақолаҳои ғаразноки он замона чизе намегӯям. Зеро эроду танқидҳои эшон ба доварии вақт халал нарасониданд ва ба раванди кори эҷодии устод Ҳабибулло Назаров он қадар таъсири манфӣ набахшиданд. Андеша дорам, ки дар ин маврид овардани танҳо як гуфтаи доктори илмҳои филологӣ И.С.Брагинский кифоят мекунад: «…дар баъзе мақолаҳо фурӯ рехтани ҳисси малолу шубҳа ва овозаандозиҳои айбдоркунанда касро озурда мекунад».(«Маориф ва маданият» № 10, 23.01.1965).
Инак, аз нигоришоти хайрхоҳонае, ки аз ҷониби олимону адибони вақт ба табъ расидаанду дар онҳо хизматҳои шоён ва содиқонаи Ҳ.Назаров арзёбӣ гаштаанд, чанд порчаю иқтибосҳо тақдими хонандагон мегардад.

З.РАҶАБОВ.
Замони нашри мақола академики АФ РСС Тоҷикистон:
«Кайҳост, ки шоир ва нависандаи тоҷик Ҳабибулло Назаров ба омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти шоири халқ… Карим Девона машғул аст. Доир ба ин масъала аз тарафи ӯ як қатор мақола ва корҳои муҳим, аз ҷумла китоби «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона», ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расид, навишта шудааст. Китоби мазкур пурра ва ё қисман ба як қатор забонҳои хориҷӣ: англисӣ, немисӣ, шведӣ ва ғайра тарҷима ва чоп шудааст. Ҳ.Назаров мутахассиси соҳаи фолклоршиносӣ намебошад. Вай бо ташаббуси шахсии худ, дар натиҷаи меҳнати пуртоқатона ва ҷустуҷуҳои пурмашаққат тавонистааст, ки шеърҳои Карим Девона барин як шоири ба худ хосеро ҷамъ намояд, ҳаёт ва эҷодиёти ӯро ба таври ҳаққонӣ тасвир карда, номи шоирро аввалиншуда ба фолклоршиносии тоҷик дохил намояд. Ин дар ҳақиқат ҳам кашфиёт ҳисоб меёбад.
Корҳои Ҳабибулло Назаров диққати нависандагон ва аҳли илму адаби мамлакатро (Иттиҳоди Шӯравӣ дар назар аст. Ҳ.Ю.Ф) ҷалб намуд… Китоби Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» аз тарафи адибони республика (РСС Тоҷикистон. Ҳ.Ю.Ф) низ баҳои мусбат гирифтааст. Мирзо Турсунзода дар мақолаи худ «Кобзари мо» («Правда» аз 10 марти с. 1961) дар бораи ҷустуҷӯи аҷоиби Ҳ.Назаров чунин навиштааст: «Шеърҳои Шевченкоро хонда, дар онҳо оҳанг, фикр, ҳатто нидоҳои шиносро пайдо менамоем ва симои санъаткори дигаре ба назар ҷилвагар мешавад, ки он сарояндаи халқии мо, тоҷикон, сарояндаи оворагард Карим Девона мебошад. Ӯ дар шеърҳои худ бо як ҳисси ҳамдардӣ ва бо аламу ҳасрат дар бораи аҳволи вазнини камбағалон ҳикоят мекунад, ба руҳониён, қозӣ ва муллоёни ҷоҳил нафрат мехонад, мардумро ба муқобили бою давлатмандон, бар зидди ҳукумати амирӣ ба по мехезонад.
… кӯшиши ҷиддии Ҳ.Назаров сазовори таҳсин аст… номи Карими «оворагард» ва исёнгар, ки он боз як ҷои холии нақшаи адабиёти аввали асри ХХ-ро пур намуд, дар байни ҷамоатчигии республика хурсандии калонеро ба вуҷуд овард. Ин пуршавии ҷои холимонда дар адабиётшиносӣ ба ташаббуси хуби нависанда ва олим Ҳ.Назаров, ки ӯ вариантҳои гуногуни ҳар як сатр ва ҳар як байти осори шоирро бо камоли сабру тоқат ҷамъ намудааст, вобаста мебошад».
(«Маориф ва маданият», № 81, 09.07.1964. «Оё ин дуд оташ дорад?»).

Б.ТИЛАВОВ.
Дар замони чопи мақола номзади фанҳои филологӣ:
«Ҳабибулло Назаров нисбат ба фолклор шавқи калон дорад ва чун дӯстдори фолклор ҳақиқатан чанд сол боз аз пайи ҷустуҷӯи шоир Карим Девона гашта, дар натиҷа повести «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ва маҷмӯаи «Сатрҳои оташин»-ро ба майдон овард. «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» асари бадеӣ мебошад, воқеаҳоро бо асосу далелҳои баҳснопазири илмӣ не, балки ба воситаи тасвири бадеӣ нишон медиҳад. Повести «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» маҳз ҳамчун асари бадеӣ дар байни хонандагони СССР ва хориҷа мунташир шуда, аз тарафи бисёр адибон баҳои мусбат гирифт. Ин асарро ба сурати илмӣ ҳам даровардан мумкин буд. Лекин Ҳ.Назаров худи ҳамин повестро ба сифати диссертатсияи номзадӣ ба ҳимоя барои гирифтани унвони илмӣ пешниҳод кардааст, ки ин албатта боиси норозигии донишмандони ин соҳа шуд».
(«Маориф ва маданият», № 109, 12.09.1964).

Ҳикмат РАҲМАТОВ.
Замони нашри мақола ходими хурди илмии сектори фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон:
«…ҳақ надорем, ки ба ҷустуҷӯ ва бозёфти Ҳ.Назаров, ки дар натиҷаи меҳнати зиёд ва пурмашаққате ба даст омадааст, бо шубҳа назар андозем ва ҳамчун шахси таърихӣ вуҷуд доштани Карим Девонаро инкор намоем. Мо ба чунин ақидаи муаллифони мақолаи «Сатрҳои оташин ё дуди беоташ?»… рафиқон Р.Амонов ва В.Асрорӣ розӣ шуда наметавонем, зеро далелҳои муътамад надорем. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки шоир Карим Девона ҳамчун шахси таърихӣ буд ва мондан мегирад. Ӯ ҳаргиз чароғи сеҳрноки афсонавӣ намебошад ва ҷустуҷӯи Ҳ. Назаров ҳам ба ҷустуҷӯи Аловиддини «Ҳазору як шаб» ҳеҷ умумияте надорад. Ҳар касе, ки китоби «Дар ҷустуҷӯи Карим Девонаро хонда, дар бораи ташаббуси шоёни таҳсин, иқдоми нек ва ҷустуҷуҳои хайрхоҳонаи муаллифи он Ҳ.Назаров чуқуртар мулоҳиза рондааст, бешубҳа ба ин бовар мекунад. Аз ин рӯ… далелҳои шубҳаангезонаи рафиқон А.Раҷабов ва В.Асрорӣ дар ҳақиқат ҳам нақши болои яхро ба хотир меоваранд. Дар ин бобат мо бо рафиқ З.Раҷабов ҳамақида мебошем… Агар ҳамин мубоҳиса бидуни инкори шахсияти Карим Девона, дар атрофи нуқсонҳои илмии тадқиқоти Ҳ.Назаров, методи тадқиқотӣ ва услуби илмии ӯ, зиддиятҳои эҷодии шоир ташкил карда шуда ва дар ҳамин руҳ идома меёфт, онгоҳ мубоҳиса ба фоидаи тадқиқотчии ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва умуман илму адабиёти советии тоҷик ҳал мешуд. Дар акси ҳол мубоҳиса характери нигилистӣ (бе ҳеҷ асос тамоман инкор кардан. Ҳ.Ю.Ф) гирифта, сабаби ба хаёли кайке, пӯстинро сӯзонидан мегардад.
(«Маориф ва маданият, № 98, 18.08.1964 «Бори дигар дар бораи «оташу дуд»).

Иззатулло ҲИДОЯТОВ.
Замони чопшавии мақола аспиранти сектори этнографияи Институти таърих ва археологияи АФ Ӯзбекистон:
«Маълум аст, ки Карим Девона дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар водии Ҳисор умр ба сар бурда, шеърҳои оташин эҷод намудааст, ки онҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ гуфта шудаанд. Шеърҳои ӯ диққати хонандагони ӯзбекро низ ба худ ҷалб карда буд, ки то имрӯз (зиёда аз ним аср боз) қадру қимати худро дар байни мо гум накарда, аз забон ба забон мегузарад. Шоир, академики АФ Ӯзбекистон Ғафур Ғулом бо радиои Ӯзбекистон баромад карда, ба Карим Девона чунин баҳо дода буд: «Карим Девона бо шоири ӯзбек, демократ Муқимӣ дар як қатор меистад»…
Як чанд сол пеш аз ин дар бораи Карим Девона ҳеҷ маълумоте набуд ва шеърҳои ӯ «бесоҳиб» монда буданд. Карим Девона шеърҳои худро дар байни издиҳом дар бозорҳо, шабнишиниҳо ва меҳмонхонаҳо азёд мехондааст. Бинобар ин ҷамъ намудани чунин шеърҳои «ғайри китобатӣ» аз байни мардум кори хеле пурмашаққат буд.
…Аммо чунин рафтор тааҷҷубовар аст, ки ин рафиқон (Р.Амонов ва В. Асрорӣ. Ҳ.Ю.Ф) ба ҷои хурсанд шудан ва камбудии кори Ҳ.Назаровро холисона нишон додан баръакс, ҳисси норозигӣ баён карда, ҳатто мавҷудияти Карим Девона барин шоири халқиро ба зери шубҳа гирифтаанд. Мо якчанд маротиба ба районҳои дурдасти Ӯзбекистон- Деҳнав ва Сари Осиё барои ҷустуҷӯи материалҳои этнографӣ рафта ва бо мӯйсафедоне суҳбат кардем, ки аз 70 сар карда то 100-102-сола буданд. Аксарияти онҳо… нақл мекунанд, ки Карим Девона дар Дашнобод ду сол зиндагӣ ва бофандагӣ карда, рӯз гузаронидааст. Бисёр шеърҳои хуби ҳаҷвӣ гуфтааст. Аз мӯйсафеди дашнободӣ Муродов Муллоаҳмад як шеъри ӯзбекии Карим Девонаро шунидем ва навишта гирифтем…
Эзоҳи муаллифи ин сатрҳо: Он шеър аз 16 мисраъ иборат буда, «Бӯданам» ном дорад ва дар мақола ҷойгир аст. Баъд аз он, як шеъри дигари Карим Девона бо забони тоҷикӣ омадааст:
Гандум гашт қиммат,
Номи атола гум шуд.
Якбора меҳру шавқат
Аз амма хола гум шуд.
Ҳангоми чою чойнак
Номи пиёла гум шуд,
Аз тобеи куҳистон
Қурбон кашола гум шуд.
Муаллифи мақола нигоштаҳояшро чунин ҷамъбаст кардааст:
«Хулоса, мо гуфтанием, ки Карим Девона ҳамчун шоири халқии хеле хуб вуҷуд дошт ва хизмати Ҳабибулло Назаров дар гирд овардани шеърҳои ӯ ва зинда гардондани номаш сазовори тақдир аст.
Зинда гаштани номи чунин шоир бешубҳа, боиси хушбахтӣ ва хурсандии адабиёти тоҷик аст. Мо, ӯзбекон, ҳамчун бародари тоҷикон фахр мекунем ва бо шавқу завқ шеърҳои ӯро мехонем. Дар охир аз фолклоршиносони Тоҷикистони бародарӣ хоҳишмандем, ки барои пурратар намудани ашъори шоир ба ҷӯянда мадад расонанд ва ба Ҳ.Назаров имконият диҳанд, ки кофту ковро давом диҳад. Боварӣ ҳаст, ки ҳангоми ҷустуҷӯ шеърҳои нави Карим Девона ёфт шуда, бисёр масъалаҳои чигили дигар кушода хоҳад шуд.
(«Маориф ва маданият», № 9, 21.01.1965. «Сатрҳои оташини Карим Девона меҳмони ӯзбекон».

И. С. БРАГИНСКИЙ.
Дар замони мубоҳиса доктори илмҳои филологӣ:
«Дар ҳиссаи дуюми соли гузашта (1964. Ҳ.Ю.Ф) дар шаш шумораи рӯзномаи «Маориф ва маданият» чанд мақолаи мубоҳисавие чоп карда шуданд, ки дар онҳо дар бораи тадқиқоти Ҳабибулло Назаров бахшида ба шоири гумноми халқӣ Карим Девона баҳс карда мешавад. Мутолиаи ин мақолаҳо ба кас таассуроти мухталифе мебахшад. Як ҷиҳат хурсандибахш аст, ки гӯё масъалае, ки чандон аҳамияти адабиётшиносӣ надорад, хонандагони сершумореро, ки санъати халқии худро бисёр дӯст медоранд, ба ташвиш андохтааст. Аз тарафи дигар ба ҷои маслиҳатҳои дӯстона ва аз рӯи мантиқ муҳокима кардани масъала, дар баъзе мақолаҳо фурӯ рехтани ҳисси малолу шубҳа ва овозаандозиҳои айбдоркунанда касро озурда мекунад.
Ҳ.Назаров ва ҳамаи иштироккунандагони мубоҳиса дӯстони ҳамкорам мебошанд. Эҷодиёти Карим Девона бо туфайли Ҳ.Назаров дастраси омма гардида, аз тарафи аҳли ҷамоати Тоҷикистон баҳои босазое гирифт ва дар мактабҳо мавзӯи таълим қарор ёфта, ба анталогияи (тазкира, баёз. Ҳ.Ю.Ф) назми тоҷик дохил гардид. Зинда кардани номи ин шоири тоинқилобии халқӣ дар Иттифоқи Советӣ ва берун аз ҳудуди он сабаби хайрхоҳӣ ва тақдиркуниҳои зиёде гардид, ки ин бо моҳияти худ иди маданияти сотсиалистии халқи тоҷик буд.

КАРИМ ДЕВОНАРО КӢ ТАДҚИҚ КАРД?
Ҳабибулло Назаров, шахсе ки фолклоршиноси касбӣ набуда, ходими давлатӣ ва ҷамъиятист. Ин тадқиқоти Назаров натиҷаи ҷустуҷуҳои чандинсолаи ӯ дар районҳои республикаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, натиҷаи суҳбатҳо бо зиёда аз 300 нафар ва бо мулоҳиза омӯхтани маълумотҳои мухталифи диққатталаб ва навиштаҷотҳо мебошад.
…Қисми таркибии корҳои Ҳ.Назаровро асосан повести ӯ ташкил медиҳад, ки дар он Карим Девона ба шуҳрати ҷовидонии худ сазовор аст. Ҳ.Назаров бо ҳар гуна далелҳо мақоми Карим Девонаро муайян карда, дар баробари он маълум менамояд, ки ӯро ба ҳар гуна шоирони дарвештабиат, аз он ҷумла ба шоири қаландар Бодомак, ба Мулло Карим ном шеъргӯи руҳонӣ ва ба Карим Девонаи феодале, ки дар Қӯқанд дар замони Худоиёрхон зиндагӣ карда ва пас аз вафоташ авлиё эълон карда шудааст, на бояд омехта кард.
…баҳо додан ба меҳнати рафиқ Назаров ва муносибат ба худи ӯ ҳайратангез аст. (Аз ҷониби ташкилкунандагони мубоҳиса. (Ҳ.Ю.Ф) Агар… хулосаи даркорӣ («даркорӣ» ба маънои ҳаққонӣ, хайрхоҳона.
(Ҳ.Ю.Ф) бароварда шавад, он гоҳ ба ин хизмат фақат чунин баҳо додан мумкин аст. Кори Ҳ.Назаров, ки ба иди маданияти тоҷик табдил ёфта буд, муваффақияти эҷодии ӯ буда, сазовори тақдир ва дастгирист. Он камбудиҳое ки дар кораш дорад, ӯ бояд онҳоро ислоҳ ва бартараф намояд.
Ҳ.Назаров вақто ки бо розигии ВАК тадқиқоти худро роҷеъ ба Карим Девона дар шакли диссертатсияи номзадӣ пешниҳод кард, шӯрои илмии Институти халқҳои Осиёи АФ СССР ба кори ӯ ана ҳамин тавр баҳо дода, ба ӯ унвони номзади илмҳои филологӣ дод. Ман муҳаррир ё оппоненти (баҳодиҳандаи сифати китоб. Ҳ. Ю.Ф) китоби Ҳ.Назаров набудам, аммо ҳамчун шарқшинос-фолклоршинос ва ҳамчун аъзои шӯрои илмии зикрёфта гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамаи мо ҳаминро ба назар мегирифтем, ки тадқиқотчӣ натиҷаҳои кашфиёти ҳақиқии илмиеро, ба методи бевосита аз маҳалҳо ҷамъ овардани материалҳои фолклорӣ (яъне, фактҳоро бевосита аз даҳони мардум навишта гирифтан) ба даст овардааст, пешниҳод кардааст ва тавонистааст, ки тадқиқоти ҳақиқатан илмиро, ки ягон фолклоршинос ба он муваффақ нашудааст, ба вуҷуд биоварад. Ман гумон мекардам, ки сектори фолклоршиносии институти забон ва адабиёт бо сардории рафиқ Р.Амонов қарори шӯрои илмии дар боло зикршударо ҳамчун комёбии эътирофгардидаи фолклоршиносии тоҷик бо хурсандӣ қабул мекунад. Аммо мутаассифона ин тавр нашуд.
Дар аввал Ҳ.Назаровро бо он гунаҳкор мекарданд, ки гӯё ӯ фолклоршинос нест ва асараш ба тарзи илмӣ-академӣ навишта нашуда, балки ба тарзи бадеӣ навишта шудааст. Ин эътироз албатта беасос аст. Дар илм кашфиёти зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки онҳоро мутахассисони касбӣ не, одамоне ба ҷо овардаанд, ки дар сари дастгоҳи сехи илмӣ наменишастанд… Оё ба таври бадеӣ навишта шудани китоб ба ҳақиқатро гуфтан ва ба шоир характеристикаи дуруст додани муаллиф халал мерасонад? Магар сабаби чунин интишор ёфтани китоби Ҳ.Назаров (бо теъдоди хеле зиёд ва бо забони чандин халқҳои СССР ва берун аз он чоп шудани китоб. Ҳ.Ю.Ф) бо бадеият навишта шуданаш нест? Чаро дигар асарҳои фолклорӣ ба мисли асари Ҳ.Назаров ба бисёр забонҳо тарҷима шуда, паҳн намегарданд? Сонӣ ривояте пайдо шуд, ки гӯё Ҳ.Назаров Карим Девонаро тадқиқ накарда, балки «бофта» баровардааст. Ва ин даъво… мазмунан бемаънӣ буда, шаклан ноаҳлона мебошад. Ин даъворо ҳукми халқ аз байн бурд ва мебарад. Лентаҳои магнитафонро, ки дар онҳо баромадҳои меҳнаткашон… навишта шудаанд, кас шунида ба ҳаяҷон меояд. Ин баромадҳо натиҷаи эътиқоди халқ нисбат ба ин шоири исёнгар ва зиндакунандаи номи ӯ буда, нафратест ба он касоне, ки мехоҳанд ӯро боз гумном кунанд. Баъзе рафиқон ба ҷои он ки ба иштибоҳи худ иқрор шаванд, ба бадном кардани тадқиқоти Ҳ.Назаров машғул шудаанд. Зинда кардани номи як шоире аз шоирони сершумори камбағалони русто хизмати бузурги тадқиқотӣ ва ватанпарастист. Агар он тадқиқотчӣ фолклоршиноси касбӣ набошад, ин қимати кори ӯро боз дучанд месозад. Ин кори савобе мебошад, ки барои пурра ба ҷо овардани он оташи эҷодие зарур буда, тадқиқкунандаи онро дастгирӣ бояд кард.
Агар сектори махсуси фолклоршиносӣ ин корро накарда ва то ба ҳол шоири халқиеро ошкор карда наметавониста бошад, ин бад аст, сазовори танқид ва мазаммат мебошад. Ба замми ин агар ба як рафиқи худ, ки кори онҳоро ба ҷо овардааст, чунин дарафтанд, ин боз нанговартар аст. Ин тавр рафтор кардан нисбат ба илм ҳамкорӣ набуда, балки ному унвони худро (он чи ки мо натавонистем, дигарон чӣ тавр тавонистанд гӯён) дар зери дуди тору мубҳаме пинҳон карда, ҳимоя кардан мебошад. Дуд парешон мешавад, вале оташи фурӯзони ҳақиқат, ки дар сатрҳои оташини шоири халқ ифода ёфтааст, фурӯзонтар мегардад.
Ин аст ақидаи ман доир ба оташу дуд.
(«Маориф ва маданият» № 10, 23.01.1965. «Оташ куҷову дуд куҷо?»).

Раҷаб АМОНОВ.

Вақти чопи мақола мудири сектори фолклори Институти
забон ва адабиёти АФ Тоҷикистон:
(Порчаҳо аз маърӯза дар ҷамъбасти мубоҳиса оид ба Карим Девона) «Хулосаи фикри мо ҳамин аст, ки:
1.Материалҳое, ки рафиқ Ҳ.Назаров қувва ва меҳнати зиёд сарф карда, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Карим Девона ва умуман фолклори як қатор маҳалҳои Ҳисор ба даст овардааст, барои тадқиқоти илмии оид ба фолклори тоҷик аз ҷумла шоирони халқ манбаи муҳим аст.
2. …мехоҳам арз кунам, ки мубоҳисаи илмӣ дар атрофи кори Ҳ.Назаров ва эҷодиёти Карим Девона аҳамияти калони илмӣ дорад. Материалҳои ин мубоҳиса дар таърихи фолклоршиносии тоҷик саҳифаҳои муҳим хоҳад буд».
«…Карим Девона дар ҳақиқат ҳам шоири бад набудааст, мумкин аст шоири хуб ҳам бошад. Дар як қатор шеърҳояш руҳияи шӯришгарона, исёнгаронаи халқ ифода ёфтааст…
Дар натиҷаи таҷриба надоштан дар гузаронидани мубоҳисаҳо, ки… дар республикаи мо ҳеҷ гузаронида намешуд,… мо хатоҳои бисёре кардем. Хатоҳо аз тарафи мо ҳам шуд, аз тарафи рафиқ Асрорӣ ҳам шуд, аз тарафи дигарҳое низ шуд, ки аз паи мо баромада, ба ҷои хатоҳои моро оромона ислоҳ кардан онҳоро чуқуртар карданд. Вале бо ҳамаи ин як таҷрибаи хуб ҳосил кардем. Минбаъд агар мубоҳисаҳо ташкил кунем, мубоҳисаҳои бисёр бо тамкин ва фоиданок хоҳем кард. Чунин мубоҳиса барои пешрафти илм бисёр муҳим хоҳад буд.
(«Маориф ва маданият» № 70, 12.06.1965).

Аминҷон ШУКУҲӢ.
Котиби Иттифоқи нависандагони РСС Тоҷикистон:
(Порчаҳо аз маърӯза дар ҷамъбасти мубоҳиса оид ба Карим Девона)
«Чи тавре ки халқ мегӯяд, дарахти мевадор калтак мехӯрад, он касе кор мекунад, ягон чиз эҷод мекунад, дар вақти эҷод намудан ба камбудиҳо роҳ медиҳад ва ба ҳамон одам зиёдтар калтак мерасад, нисбат ба он одаме ки ҳеҷ кор намекунад, ҳеҷ чиз эҷод намекунаду ҳеҷ чиз наменависад. Аз ин нуқтаи назар рафиқ Ҳ.Назаров, ки яке аз объектҳои танқид буд, бояд на фақат хафа шавад, балки фахр кунад, ки дар ин як сол дар бораи асаре ки ӯ офаридааст,… баҳсу мунозираи гарму ҷӯшоне шуда гузашт, ки он на фақат барои Назаров, балки барои дигар олимон, адибон ва дигар зиёиёни тоҷик фоидаи калоне мерасонад.
Дар ин баҳсу мунозираҳо баъзе нуктаҳое буданд, ки бе чуну чаро исбот шудаанд… Ин ба фикри ман пеш аз ҳама он аст, ки асари Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ҳамчун асари бадеӣ навишта шуда ва на фақат дар адабиёти тоҷик, балки дар адабиёти умумииттифоқӣ ва берун аз он ҳам эътироф карда шудааст.
(«Маориф ва маданият» № 70, 12.06.1965).

Кароматуллоҳи МИРЗО.
Нависандаи Халқии Тоҷикистон:
«…ҳикоя, навиштаҳои авваламро дар қатори шогирдон назди Ҳабибулло Назаров мехондам, маслиҳат мехостам, маслиҳат медоданд. Устод як шахсияти хайрхоҳ, ба мо меҳрубон буданд. Мадад мерасонданд, мададгорамон буданд».
(Ҳ.Назаров. «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона». Душанбе, «Балоғат», 2007, саҳ. 334).

Ҳасани МУРОДИЁН.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор:
«Ӯ… (Ҳабибулло Назаров. Ҳ.Ю.Ф) куҳу дараҳои водии Ҳисор, Ғозималик, Ёвону Вахшро пиёдаю савора тай мекунад ва ниҳоят, бо душворию мушкилот ва пешпододанҳои рақибон нигоҳ накарда, ба бозёфти хеле олӣ мушарраф мегардад: ба мардуми шеърпарвари тоҷик аз мавҷудияти шоири халқӣ бо номи Карим Девона башорат медиҳад. Намунаи олии меҳанпарастӣ, муҳаббати бепоён нисбат ба миллати тоҷик, маърифатпарварӣ, меҳр ба фарҳангу адабиёти мардумӣ ба Ҳабибулло Назаров имконият медиҳад, ки ба соҳили мурод, ба қуллаҳои нурполои мақсуд расад ва ормонҳои зери хок рафтаи Карим Девонаро бароварда созад».
(Ҳасани Муродиён. «Шуълаест, к-аз дуд фориғ». Душанбе, «Ирфон»- 2016, саҳ. 86-87).

Ато ҲАМДАМ.
Узви Иттифоқҳои нависандагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон
ва Белорус, барандаи Ҷоизаи олии адабии Покистон:
Ҳабибулло Назаров адиби пурмаҳсул буд ва то вопасин соатҳои умраш қаламро аз даст раҳо накарда, дар жанрҳои гуногун асар эҷод намудааст. Тасвири рӯзгори мардум, ситоиши фарзандони барӯманди диёр, қаҳрамонони воқеӣ, дӯстии бародаронаи халқу миллатҳои гуногун, мазаммати ашхоси феълу рафторашон ба ҷамъият бегона ва амсоли инҳо мақсади асосии эҷодиёти рангин ва гуногунпаҳлӯи ӯ буданд.
(«Адабиёт ва санъат», № 32, 10.08. 2017).

Султонмуроди ОДИНА:
Додрас буд,
Пуштибони адл буд.
Аз балои оташи бераҳми давр,
Чун самандар болу пар во менамуд.

Туғрали тири хусуматхӯрдаро,
Зинда карда,
Рӯйи саҳни ошиқон оварда буд.

Ошиқи лутфи сухан буд,
Ошиқи базму чаман буд.
Ҷустуҷӯ мекард аз атри сухан,
Тозабӯе баҳри аҳли анҷуман.

Аз забонҳо пора-пора,
Аз нигаҳҳо пора-пора
Аз нумӯйи киштаҳою
Аз шамоли пуштаҳо
Аз фаромӯшхонаи таърих

Ҷустуҷӯ бинмуду охир кард пайдо,
Матни авроқи парешони Карим.
Он Каримеро ки мехонданд «девона»,
Он Каримеро, ки шоир буду фарзона.

Қиссаҳои зиндагиро достон кард,
Чӯтаку Мирзо Ризоро бо сухан
Қаҳрамони ин замон кард,
Номи ҷонбозони даврон ҷовидон кард…

Раҷаб ҚУДРАТОВ:
Ҳабибулло Назаров-инсони комил, шахси дарёдил, адиби нуқтадон ва суҳбаторои маҳфили ёрон буд. Шахсе буд, ростқавлу нексиришт. Дар ҳар вазъияту ҳолат ҳамеша мекӯшид, ки ҳақиқатро баён созад. Инсони дорои қалби бузург буд.

Қӯрғонтеппа-Ҳисор-Қӯрғонтеппа. Соли 2017.

P.S. Масъулин, адабиётпарварон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Ҳисор, алалхусус нашрияи «Ҳисори шодмон» чун эҳдо ба ҷашни 110-солагии устод силсилаи чорабиниҳоро баргузор кардаю мақолаҳоро ба табъ расонданд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳафтаворҳои «Адабиёт ва санъат», «Самак», «Чархи гардун» низ ҳамин гуна корҳоро амалӣ намуданд. Телевизиони «Сафина» ва радиои «Фарҳанг» ҳам чанд гуфтору намоишҳоро ба эфир бароварданд.
Соли 2018 ба зодашавии Карим Девона-қаҳрамони калидии асарҳои устод Ҳ.Назаров ҳам 140 сол пур мегардад. Умед аст, ки ин ҷашн низ хотирмон таҷлил шуда, баҳри дар руҳияи шеърдӯстию адабиётпарварӣ тарбия ёфтани мардум ва шодгардонии руҳи Карим Девона ва кашшофи ӯ Ҳ.Назаров боис мешавад. Зеро:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь