30-уми декабр ба ташкилёбии ИҶШС 101 сол пур мешавад. Маълумоти пурсишҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, аксарияти сокинони Тоҷикистон бар он назаранд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ назар ба имрӯз шароити зиндагӣ беҳтар буд. Вале ҳоло тамоюли кӯшиши бераҳмона аз ҳаёти имрӯза нест кардани гузаштаи советӣ  ҷой дорад. Дар мавриди он, ки Ҳукумати Советӣ ба Тоҷикистон чӣ додааст, бо собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишманд, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов  сӯҳбат кардем.

14-уми октябри соли 1924 дар сессияи дуюми Кумитаи иҷроияи марказии ИҶШС қарор дар бораи тақсимоти ҳудудӣ миллии Осиёи Миёна ва таъсис додани Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ба шарофати Ҳокимияти Советӣ

«Солгарди ташкил ёфтани ИҶШС ба  солгарди дигар —  садсолагии пайдоиши вожаи “Тоҷикистон”, ки дар соли нав ҷашн мегирем, наздик аст, зеро пеш аз он чунин вожа вуҷуд надошт, яъне ба шарофати ташкил ёфтани Иттифоқи Советӣ  Республикаи  Тоҷикистон  ва калимаи “Тоҷикистон” пайдо шуд. Аз ин лиҳоз, ҳардуи ин санаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин давра дар сарнавишти халқи тоҷик нақши бениҳоят муҳим дорад.

Ҳукумати Советӣ ба Тоҷикистон чӣ дод? Дар ин бора ду  мақолаи  шахсиятҳои  бузурги  солҳои бистуми асри гузашта  нашр гардидааст: яке  мақолаи  асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ бо номи «Ҳокимияти Советӣ ба мо чӣ дод?» ва дигаре мақолаи раиси аввали ҳукумати Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов  бо номи «Ҳокимияти Советӣ ба деҳқони тоҷик чӣ дод?».  Аз сабаби он, ки мақолаи Айнӣ дар аввали солҳои бистум ва мақолаи Абдуқодир Муҳиддинов дар охири солҳои бистум навишта шудааст, ман ба дуввумаш такя мекунам.

Муаллиф мегӯяд, ки  моҳи ноябри соли 1924 Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, вале аз сабаби умуман мавҷуд набудани роҳ то пойтахти Тоҷикистон  эълони таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон то аввали соли 1925 мавқуф гузошта шуд. Ба шарофати Ҳукумати Советӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама роҳҳо пайдо шуданд. Қаламраве, ки он замон Тоҷикистон ном дошт, умуман  имконияти иртибот бо муҳити берунаро надошт. Соли 1927 аввалин роҳи мошингард (дарозиаш 290 километр)  аз Тирмиз то Душанбе сохта шуд ва дар ҳамин масир сохтмони роҳи оҳан низ оғоз гардид. Ҳамчунин, таъмири роҳи қад-қади дарёи Панҷ, ки дар замони подшоҳӣ дар он қаиқҳои боркаш шино мекарданд, оғоз ёфта, қаиқҳои нав дар ин роҳ низ ба истифода дода шуданд. Ин аввалин меваҳои Ҳокимияти Советӣ буд, ки дар ин бора  роҳбари онвақтаи  Тоҷикистон  сухан меронад».

Ҷаҳиш дар рушд

Ҳар чизе, ки Тоҷикистон то соли 1991 дошт, ба шарофати ҳамин ҳукумат буд, зеро аз замони ҳукмронии амир ба Тоҷикистон чизе боқӣ намонда буд: на заводу фабрика, на корхонаҳои кишоварзӣ. Яъне мо чизе надоштем” – профессор Иброҳим Усмонов.

«Соли 1930 якбора 3 инқилоби фарҳангӣ ба амал омад: дар ҷумҳурӣ саноати пуриқтидор барпо карда шуд, баъдан иқдомҳо барои муттаҳидкунӣ ва  барҳам додани бесаводӣ  пеш гирифта шуданд. Натиҷаи ин иқдомҳо дар Тоҷикистон – кишваре, ки ҳатто роҳ надошт, хеле хуб аён гардид. То соли 1940  мардум барои аз Душанбе ба Бадахшон рафтан, бояд аввал ба Хуҷанд ва аз он ҷо ба Ӯш рафта, баъдан тавассути Мурғоб  ба Хоруғ мерасиданд. Соли 1939 сохтмони роҳи Хоруғ – Душанбе тавассути қаламрави Ғарм оғоз ёфт ва  соли 1940  ба сӯи Помир роҳ  бунёд карда шуд. Дар ҳамон давра то Тирмиз низ роҳ  сохта шуда, дар қаламрави ҷумҳурии мо  мошину қатораҳо ба ҳаракат даромаданд, инчунин, солҳои сиюм водии Вахш  ба маркази пахтакорӣ дар  Иттиҳоди Шӯравӣ  табдил ёфт.

Соли 1938 маҷаллаи «Октябр», ки  он вақт  муҳарририи  онро профессори оянда Каримов ба ӯҳда дошт, баста шуд (аз нашр боз монд). Он замон Каримов гуфта буд, ки аз баста шудани маҷалла шод аст, зеро ин маънои онро дорад, ки дар ҷумҳурӣ дигар одами бесавод намондааст, чун ин маҷалла барои мардуми камсавод нашр мешуд. Пас як дастоварди муҳимми дигар – ин аз байн бурдани бесаводӣ дар Тоҷикистон буд. Маҳз дар ҳамон давра дар Тоҷикистон аввалин мактаби олӣ – Донишкадаи (Институти) хоҷагии қишлоқ ва Донишкадаи педагогӣ таъсис ёфт. Баъдан  нишондиҳандаҳои дигарро, ки аз дастовардҳои нав ба нави Тоҷикистон  дар замони Ҳукумати Советӣ шаҳодат медиҳанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Соли 1940 дар ноҳияҳои марказии Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба ду масъала равона карда шуда буд: аз худ кардани заминҳои нав ва таъсис додани корхонаҳои саноатӣ. Маҳз дар ҳамон давра сохтмони каналҳои Ҳисор ва Вахш оғоз гардид, дар шаҳри Душанбе  аввалин заводу фабрикаҳо сохта шуданд, дар маҳалли сохтмони иншоотҳои Қайроққуми шаҳри Душанбе аввалин нерӯгоҳи барқӣ пайдо шуд.

Тӯли солҳои сохтмони сотсиализм Тоҷикистон ба як ҷумҳурии дорои фарҳанги баланд ва тараққикарда табдил ёфт. Соли 1982 дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ 1 миллион хонанда, дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ  ва техникумҳо зиёда аз 77 ҳазор ва дар мактабҳои олӣ қариб 60 ҳазор нафар хонанда таҳсил мекарданд. Дар ҶШС Тоҷикистон 11 мактаби олӣ мавҷуд буд.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ  дар Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа даҳҳо корхонаи саноатӣ, заводу фабрикаҳо (бахусус дар соҳаи саноати сабук) сохта шуданд. Дар мавриди саноат сухан ронда, бояд қайд намоем, ки аз солҳои 60—70  то миёнаҳои солҳои 80-ум лоиҳаи бузурги сохтмони комплекси саноатии Тоҷикистони Ҷанубӣ  амалӣ гардонида шуда буд, ки дар доираи он  сохтмони НБО-и Норак, заводи алюминии Регар (ҳоло Турсунзода), заводи трансформатори Қӯрғонтеппа, заводи аккумулятори шаҳри Кӯлоб ва комбинати бофандагии шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд. Ин лоиҳа пурра амалӣ гардонида шуд — дар ҷумҳурӣ саноати нав ба роҳ монда шуд, ки тавассути он на танҳо эҳтиёҷоти аҳолии худи Тоҷикистон таъмин мегашт, балки  ҳам ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам ба дигар кишварҳои ҷаҳон маҳсулот содир карда мешуд. Яъне, ба шарофати Ҳокимияти Советӣ Тоҷикистон ба як давлати мустақил, ки дар он тамоми бахшҳои  иқтисодиёт ва соҳаи хоҷагӣ  фаъолият мекарданд, табдил ёфт”.

Дар баробари  соҳаи хоҷагии халқ дар  Тоҷикистон соҳаи  тандурустӣ низ тараққӣ кард. Ҳанӯз ҳазор сол пеш олими бузург, табиб ва файласуфи тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар рушди тиб саҳми бузург гузошта буд, асарҳои ӯ заминае барои илми муосир гардиданд. Вале баъдан таназзули фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна ба амал омад ва дар натиҷа ҷои тибби илмиро  табобати халқӣ гирифт. Бемориҳои нағзак, вараҷа, трахома ва сироятҳои занбурӯғӣ паҳн шуда буданд. Эпидемияи вабо  вақт-вақт  авҷ гирифта, ҳазорҳо нафар аз ин беморӣ вафот карданд. Бемориҳои сил ва сифилис низ ба таври васеъ паҳн гардида, фавти кӯдакон хеле зиёд шуда буд.

Танҳо пас аз ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар ин минтақа раванди дурударози ташаккули соҳаи тиб оғоз ёфт. Ба шарофати Ҳокимияти Советӣ  имконпазир гардид, ки  системаи мураттаби тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии мардуми тоҷик  ташкил карда шавад. Эпидемияи вабо ва бисёр дигар  бемориҳои хавфнок  дар Тоҷикистон  бартараф карда шуданд. Ва агар соли 1913 дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон танҳо як беморхона бо  40 рахти хоб, 11 амбулатория ва ҳамагӣ  19 духтур мавҷуд буд, пас соли 1979 дар ҷумҳурӣ аллакай 279 беморхона бо қариб 40 ҳазор рахти хоб, зиёда аз 400 амбулатория  ва 9 ҳазор нафар духтурон фаъолият  мебурданд.

Занҳо бедор шуданд

Сармоягузориҳои мустақими Маскав ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар замони шӯравӣ бо қурби имрӯза зиёда аз 400 миллиард долларро ташкил дода буд. Дар ҷумҳурӣ қариб 400 корхонаҳои калон дар соҳаҳои саноати электротехникӣ, мошинсозии кимиёвӣ ва нафтӣ, саноати мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноат бунёд карда шуданд. Дар соли 1980 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ назар ба соли 1940 18 маротиба ва назар ба соли 1913 — 156 маротиба афзуд.

Маҳз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ озодкунии мураттаб ва сипас ба ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба таври оммавӣ ҷалб кардани занон оғоз ёфт. Давраи советии инкишофи давлатдории тоҷикон давраи табдилёбии занҳои тоҷики хонашину беҳуқуқ ба занҳои фаъолу бунёдкунандаи ҷамъияти нав гардид. Маҳз ба шарофати идеологияи дар даврони шӯравӣ  бавуҷудомада  солҳои охир теъдоди созмонҳои ғайриҳукуматии занон дар Тоҷикистон пайваста меафзояд.

«Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ  аввалин бор дар таърихи Точикистон (шуруъ аз асри VIII) дар арсаи миллати тоҷик симои зан пайдо шуд. Яъне дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва рушди истеҳсолот иштирок карда тавонистани зан як падидаи нав гардид. Аз таърихи дур номи бисёр занҳои тоҷикро медонем, ки бо таърихи ислом алоқамандӣ доранд. Ва агар ба навиштаҷотҳои онҳо назар андозем, пас мебинем, ки ашъори онҳо – ин гиряи зани танҳост. Пас аз ташкил ёфтани  Иттиҳоди Шӯравӣ занҳо ба майдони ҷамъиятӣ  ворид шуданд.

Мехоҳам дар бораи ду хоҳаре сухан ронам, ки касе аз  онҳо ёдоварӣ намекунад ва ман дар бораи онҳо матлабе навишта будам:  ин  ду зан зодаи  ноҳияи Ашт буда,  дар Тошканд ба воя расидаанд, то давраи инқилоб  дар он ҷо таҳсил карда, пас аз хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон омаданд. Яке аз онҳо  Баҳринисо Тоҳирова – ходими давлатӣ буда, дар тарғиби симои давлати тоҷикон  ва  таблиғу  ҷалби сокинони  водии  Фарғона   ба Тоҷикистон нақши фаъол дошт. Ӯ аввал  ба ҳайси  директори аввалин мактаби занонаи точикӣ  дар шаҳри  Душанбе, баъдан  дар вазифаи муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ, инчунин, дар шуъбаи тарғиботи Комиҷроияи шаҳри Душанбе фаъолият бурдааст. Хоҳараш Ҳамро Тоҳирова аз табақаи  зиёӣ буда, маълумоти олӣ дар соҳаи меъморӣ дошт, иштирокчии съезди якуми меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз таъсисдиҳандагони ин съезд буд. Аз рӯи лоиҳаи  ӯ ва таҳти роҳбарии ӯ дар Душанбе Театри  опера ва балет бунёд карда шуд. Аз соли 1954 то соли 1982 (то ба нафақа баромаданаш) роҳбарии вазорати сохтмони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ҳафт маротиба вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Хуллас,  дар арсаи сиёсии кишвар ана ҳамин гуна занҳо пайдо шуданд”.

Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии омӯзиши шуоъҳои кайҳонии «Помир-Чакалтай» низ мероси даврони шӯравӣ мебошад – заминаи онро ҳанӯз солҳои 40-уми асри гузашта Сталин гузошта буд. Дар ҷаҳон ҳамагӣ ду стансияи баландкӯҳ мавҷуд аст: яке дар Мурғоб, дигаре дар Боливия.

Профессор Иброҳим Усмонов ба пурсиши «Оё  қаблан  назар ба имрӯз  зиндагӣ беҳтар буд» чунин посух медиҳад: “Ман намегӯям, ки ҳоло вазъият бад аст, вале нишондодҳои иҷтимоии солҳои  гузашта назар ба имрӯз хеле беҳтар буданд. Ва чунин ҳолат на танҳо дар Тоҷикистон, балки қариб дар тамоми ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ вуҷуд дорад, зеро Иттиҳоди Шӯравӣ давлати иҷтимоӣ буд. Ҳама чиз дар мамлакат  пеш аз ҳама барои беҳбудии зиндагии мардум равона карда шуда буд. Ҳоло мо дар марҳилаи дигари тараққиёти ҷамъият,  яъне муносибатҳои бозорӣ  дар шакли бадтаринаш — дар шакли капитализми ваҳшӣ қарор дорем. Ин ҳолатест, ки ҳар як ҷониб мехоҳад сарватманд шавад, манфиатҳои худро  аз манфиатҳои дигарон болотару муҳимтар медонад ва ин як раванди табиист, дар ҳама ҷо чунин буд ва ҳоло мо низ дар чунин шароит зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, агар бо гузашта муқоиса кунем, албатта, гузашта беҳтар менамояд, зеро дар он давра ҳама чиз аз лиҳози нарх ва тарзи зиндагӣ дастрас буд».

«Ҳоло дар бораи даврони Шӯравӣ хеле кам менависанд, вале фаромӯш кардани он маънои нодида гирифтани тамоми он чизҳоеро, ки мо доштемро дорад» – профессор Иброҳим Усмонов.

Дар замони Шӯравӣ  мардуми Тоҷикистон бо таҳсил ва хизматрасонии тиббии ройгон, нафақа ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ таъмин буданд. Дар  натиҷаи ин дарозии умр  зиёд ва фавти кӯдакон кам шуда буд, дар ҷумҳурӣ табақаи васеи зиёиён ва кадрҳои илмӣ пайдо шуданд. Дар замони Ҳокимияти Советӣ Тоҷикистон аз як гӯшаи қафомондаи нимфеодалии Империяи Русия ба ҷумҳурии тараққикардаи аграрию индустриалӣ табдил ёфт. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон қисми зиёди иқтидори  саноатии худро аз даст дод ва ҳоло бо кӯмаки Русия онро барқарор карда истодааст, то ки мардуми кишвар бо боварии комил ва дилпурона гуфта тавонад, ки “ҳоло зиндагӣ хуб аст”, на ин ки “пештар зиндагӣ хуб буд”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь