Бори аввал Сӯҳроб Шариповро дар конфронси байналмиллалӣ, ки миёнаҳои солҳои навадум бо ташаббуси САҲА дар толори калони бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, дидаам. Ӯ маърӯза дошт ва инчунин ба саволҳо дар ҷараёни баррасии маърӯзаҳои илмӣ иштирок мекард. Хеле бо мантиқ сухан мегуфт ва дар саволҳояш ҳам босаводӣ ва донишмандии ӯ эҳсос мешуд. Суханронӣ ва ақидааш ба ҳама монанд набуд. Маълум, ки фикри худро дошт. Маълум, ки сухани гуфтаниаш зиёд буд. Маълум, ки на ба ҳамаи чизе, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат ба амал меоянд, ҳамфикр ва ҳамқадам буд. Аммо мухолифати вай маънавӣ набуд, балки хислати тактикӣ – конструктивӣ дошт. Табиати оромаш суханашро пурра мекард, қувват медод ва ба он чи гуфт, бовар мекунонд. Гумон мекунам, аз аввалин қадамҳояш Сӯҳроб дар сиёсатшиносии ҷории Тоҷикистон фозилона ва созанда қадам мегузошт. Баъдтар бо ӯ дар идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкор шудам. Ӯро муовини Мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда буданд. Рӯзе Сӯҳроб матлаберо ба дасти ман дод ва гуфт.

– Шинос шавед, мулоҳиза ва маслиҳатҳоятонро албатта, қабул мекунам.

Ин шумораи аввали бюллетени иттилоотие буд, ки барои истифодаи дохилӣ омода шуда буд. Вай дайҷести мукаммалеро мемонд, ки дар он муҳимтарин хабарҳо, мақолаҳо, шарҳҳо, ки дирӯз дар матбуоти ҷаҳонӣ, дар воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ пайдо шуда буданд, гирд оварда шуда буд. Он чизро шартан ба ду тақсим кардан мумкин буд:

Навиштаҳои марбут ба воқеаҳои ҷаҳон, ки дар онҳо асоситарин масъалаҳои сиёсӣ ва давлатдорӣ ифода ёфта буданд, гирд меомад. Ин қисмат чандон калон набуд;

Қисмати асосӣ. Дар ин қисмат навиштаҳое буданд перомани Тоҷикистон, ки онро шартан ба ду тақсим кардан мумкин буд;

А) Хулосаҳои матбуоти ватанӣ доир ба воқеаҳои асосии Тоҷикистон, махсусан, онҳое, ки ба ҳукумат дахл дошт;

Б) Навиштаҳои матбуоти ҷаҳон дар бораи Тоҷикистон ё шарҳи онҳо;

Ин бюллетен натиҷаи ақли буррои Сӯҳроб Шарипов буд, зеро то ба ин дар бораи чунин нашрия дар он муҳит нашунида будам. Сӯҳроб, ки марди илм, марди замони худ, марди ҷӯянда ва гӯянда буд ва ба технологияи нав алоқаи қавӣ дошт, нашри чунин матбуотро дар тадбиқи ақидаҳои худ мувофиқ медонист. Ақидаи вай бошад ақидаи ватандӯстӣ буд, бо як мисол инро гуфтан мехоҳам. Охирҳои соли 2001 мо дар конфронси байналмиллалӣ оиди мавзӯи «Ҷанг ва сулҳ», ки дар он муносибати байни Шарқу Ғарб таҳлил мешуд ва ин конфронс дар Бротеслава баргузор гардид, иштирок намудем. Маърӯзаи Сӯҳроб таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро сахт ҷалб кард, зеро дар он вақт ҳанӯз ҷаҳониён боварии қатъӣ надоштанд, ки раванди сулҳи Тоҷикистон устувор аст. Онҳо ҳар он чиро, ки ба даст омад, ба сифати таблиғи холӣ, таблиғи беасос мешинохтанд. Сӯҳроб дар заминаи назарияи илмии ба иштирокчиёни кофронс шинос дар заминаи мисолҳо, далелҳо ва иқтибосҳои сареҳ аз ҳаёти ҷории Тоҷикистон бо ҳарорату эҳсос шарҳ медод ва масъалагузорӣ мекард. Ба саволҳои зиёде ҳам, ки барояш медоданд, тавре ҷавоб медод, ки бовар мекарданд. Ин мубоҳиса мавқеъ ва ақидаи Сӯҳробро ифода мекард, зеро ба ҳар чи ки мегуфт, бовар дошт ва ҳар чиро, ки мегуфт, самимона мегуфт. Вай аз олимон ва мубаллиғоне, ки суханашон ба ақидаашон мувофиқат намекунад, қатъан фарқ мекард ва мавридҳое ҳам шудааст, ки ба баъзе сухангӯйҳои «худро то илм расонда» боитоб мегуфт, «ба ҳамин гап ақаллан худат боварӣ дорӣ». Дар ҳақиқатҷӯйии илмӣ гумон мекунам Сӯҳроб ба роҳи падараш – файласуфи хӯшноми тоҷик Иброн Шарифов пайравӣ мекард. Тоза гуфтан, ҳақиқатро гуфтан, меҳнати олимони дигарро қадр кардан, аз онҳо ёд кардан аз фазилатҳои неки ин донишманд буд. Ҳамин хислат ва меҳнати Сӯҳробро ба назар гирифта, ӯро роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ таъин карданд. Ӯ дар ин мақом ба гумони ман дар се самт корҳои шоистаеро анҷом дод:

Аввалан, дар Маркази стратегӣ як гурӯҳи калони ҷавононро ҷамъ овард ва барои онҳо имконият фароҳам сохт, ки дар соҳаҳои мухталифи илми сиёсӣ таҳқиқ кунанд. Андешааш ин буд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ бояд барои муайян кардани стратегияи давлатии Тоҷикистон аз ҷиҳати илмӣ ба ҳукумат ёрӣ расонад. Таърихи кишварҳои дигарро омӯхта, онҳоро бо анъанаҳои миллии тоҷикон муқоиса карда, бо дарназардошти муборизаҳои имрӯзаи ҷаҳон пешниҳодҳои илмӣ манзур кунад.

Вазифаи дигар гузаронидани конфронсҳо, мизҳои мудаввар, форумҳои гуногун буданд, ки хусусияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд ва ҳадафи асосии ӯ ба ин васила мустаҳкам кардани эътибори Тоҷикистон дар арсаи илм ва сиёсати ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад. Ин форумҳо на танҳо масъалаҳои минтақавӣ, балки масъалаҳои ҷаҳониро низ дар бар мегирифтанд.

Ва сеюм, иштироки олимони тоҷик дар чунин форумҳои ҷаҳонӣ ва ба ин васила таъсиргузорӣ ба ҷараёни ҷомеашиносии ҷаҳон буд.

Ин корҳо албатта, вақти зиёд мегирифтанд ва албатта, меҳнати зиёд талаб мекарданд. Боре дар ин хусус нимшӯхиомез гуфта буд:

– Муаллим! Ман дар ин ҷо қариб ҳар рӯз як-ду маърӯза мекунам, қариб ҳар ҳафта дар маҳфиле баромад мекунам, аммо барои таҳқиқи ҷиддии калон вақтам намерасад.

Гуфтам:

– Аҳамияти мақола дар ҳаҷми калон доштани он нест, дар андак навишта маъниҳои чуқури илмӣ ниҳон аст ва дар матнҳои навиштаи Шумо низ ин  ҳақиқатро пай бурдан душвор нест.

Сӯҳроб Ибронович дар сиёсат ва сиёсатшиносӣ шарик буд, аммо ӯ худро пеш аз ҳама ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ медид, дар байни ҷомеа сухан гуфтан ва баҳс кардан мехост. Гоҳо ҳам мешуд, ки асабиёна мегуфт: «Баъзе бародарони мо ба ҳадде аз зиндагии имрӯза канда шудаанд, ки зери пойро  намебинанд». Пайванди ӯро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он ҳам дидан мумкин аст, ки вай ҳам дар замоне, ки дар маркази стратегӣ таҳқиқ мекард ва ҳам дар даврае, ки вакили Маҷлиси намояндагон буд, то охири умраш дар ҳар шумораи матбуоти Тоҷикистон, барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳузур дошт. Ба ҳар саволи писанду нописанд ҷавоб медоду саволдиҳандаро ба ҷавобҳои асосноки худ бовар мекунонд.

Сӯҳроб Ибронович дар хотири ман ба сифати як олими ҷавони ҳалолкор, як тоҷики миллатдӯст, як Тоҷикистонии ватанпараст, як дӯсти самимӣ нақши ҷовидона дорад.

Иброҳим УСМОНОВ,

Доктори илми таърих,

раиси Фонди «Гуфтугӯи тамаддунҳо»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь