Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодист ва ҳамкорию пайванди он бо давлатҳои Осиёи Миёна муҳим арзёбӣ шуда, омили рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, субот ва амният буда метавонад, зеро оромӣ ва ҳамкорӣ омили суботи равонӣ ва рӯҳии тамоми мардумони минтақа буда, барои рушду нумӯи иқтисоду фарҳанги минтақа заминаи устувор ба вуҷуд меоварад.

Кишварҳо бо доштани афкору андешҳои гуногун ва шароити иҷтимоию сиёсии хос, интихоботҳоро чун воситаи лозиму малзум дар раванди демократии ҷомеа, ислоҳоти иҷтимоӣ ва кушодани роҳҳои муносибу мусбат муҳим мешуморанд. Зеро маҳз тавассути интихобот иродаи дастаҷамъии мардум ифода меёбад ва ҳамин ифода барои ҳамбастагӣ, муттаҳидӣ ва ислоҳоти шароити иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, ҳамчун манбаи бунёдӣ нақш мебозанд.

Ахиран санаи 7 феврали 2024 дар Озарбойҷон интихобот баргузор шуд, ки ба иттилои Комиссияи марказии интихоботӣ дар маҷмуъ 6,5 миллион интихобкунанда сабти ном шуда, 6 ҳазору 537 қитъаи интихоботӣ барои раъйдиҳӣ кушода шуд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи он интихоби Алиев ҳамчун раис ҷумҳури Озарбойҷон нишонаи эътимоди боло ва ҳимоят аз роҳбурди вай барои тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тақвияти иқтидори байналмилалӣ аз сӯи мардуми ин кишвар пазируфта шуд.

Ҳамин тавр, дар кишвари Покистон низ санаи 8-уми феврали 2024 интихобот баргузор шуд, ки то бо натиҷагирии он роҳбарият ва ҳукумати нави кишварро эълон намоянд. Тибқи баъзе гузоришҳо ва назарсанҷии Ipsos Pakistan Pulse 75 дарсади мардум аз натоиҷи интихобот изҳори ризоят кардаанд, ки аз эътимоди мардум ба ин интихоботро ифода мекунад. Вале кишвар давраҳои ноустувории сиёсиро аз сар гузаронидааст, ки яке аз сабабҳои он нодида гирифтани натиҷаҳои назарсанҷӣ аз ҷониби ин ё он тараф буда, тарс аз тақаллуб дар манзараи сиёсӣ гоҳу ногоҳ мушоҳида мешавад. Ҳарчанд мавсими пешазинтихоботӣ дар Покистон ба поён расида бошад, мардум ҳанӯз ҳам ваъдаҳо ва суханрониҳои пешазинтихоботиро мешунаванд. Се рақиби бузургтарин, Покистон Таҳрики Инсоф-и Имрон Хон (PTI), Лигаи мусалмонони Покистон-Навоз Шариф (PML-N) ва Ҳизби Халқии Покистон-и Беназир Бҳутто (PPP) тавассути таблиғоти худ дар саҳнаи сиёсии кишвар саҳми устувор гузошта, нақши калидӣ мебозанд. Намояндагони озод ва гурӯҳҳои мазҳабии кишвар низ иштироки фаъол намуданд. Тибқи иттилои Комиссияи интихоботии Покистон, аз 128 миллион интихобкунанда 44 дарсади синнашон то 35-сола ҳастанд, ки ҷавононро муҳимтарин демографӣ дар интихоботи оянда табдил медиҳанд. Барои ҳизбҳои сиёсӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва рақамӣ бо ҷавонон робита доранд. Ҳарчанд Покистон бештар таҳти таъсирпазирии низомӣ қарор мегирад, вале дар солҳои гуногун аз ҷумла 2008, 2013, 2018 бо баргузории интихотоб ҳукумат ташкил дода амал кард. Бо вуҷуди ин, ин бори аввал хоҳад буд, ки раъйдиҳӣ пас аз тӯлонӣ пас аз се моҳи ваколати конститутсионӣ аз замони пароканда шудани маҷлиси охирин баргузор мешавад. Кӯшишҳо аз ҷониби тамоми ҷонибҳои асосии манфиатдори сиёсӣ барои ба даст овардани номзадҳои мустақил ва иттиҳодҳо барои расидан ба 169 курсии зарурӣ дар палатаи поёнии 336 вакил дар парлумон пас аз он ки номзадҳои аз ҷониби PTI-и Имрон Хон пуштибонӣ шуда, бо пирӯзии бештар ҳамчун гурӯҳи калонтарин баромад карданд. Дар ин зимн, курсиҳои дигар бо ҳисоби 75 ва 54 насиби PML-N-и Навоз Шариф ва PPP-и Беназир Бҳутто гардид.

Бояд зикр кард, ки ҳар интихобот аз мавҷудияти ин ё он миллат, самти ояндаи кишварро муайян мекунад.ю он ба сарнавишти наслҳои ояндаи онҳо таъсири амиқ мерасонад. Интихобот талошу таваҷҷӯҳи ба мардуми кишвар вобаста дошта ва муайян кардани роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон ва шукуфонро нишон медиҳад. Маҳз дар чаҳорчӯби интихоботи озоду мунсифона ормонҳои мардум ба ҳам мепайвандад, ки он аз тафовутҳои инфиродӣ фаротар буда, дидгоҳи аҳли ҷомеаро дар пешрафт ва рушди кишвар муъайян менамояд.Тавассути раванди интихобот шаҳрвандон талаботи худро баён намуда бо азми дастаҷамъонаи худ андешаҳояшонро изҳор мекунанд.

Дар Покистон роҳбарони сиёсӣ ва қавмиву мазҳабӣ нақш мебозанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Навоз Шариф мебошад, ки дар соли 1949 дар оилаи як саноатчии маъруф дар шаҳри Лоҳур ба дунё омада, дар сиёсат нуфузи худро гузоштааст . Вай бори аввал дар замони ҳукмронии генерал Зиё-ул-Ҳақ шӯҳрати бештар пайдо кард ва ба ҳайси масъули молияи вилояти Панҷоб ва баъдан сарвазири кишвар интихоб шуд. Ду ҳизби бузурги сиёсии Покистон зери роҳбари Навоз Шариф ва Имрон Хон, ки барои ба даст овардани аксарияти райҳо бо умедворони озоди худ, бо ҳам муттаҳид шуданд, ки мақоми нахуствазирро кӣ хоҳад гирифт, баҳс мекунанд.

Интихоботи соли 2024-и кишвари Покистон аз масъулиту ҳуқуқи шаҳрвандаии онҳо буда, ҳамчунон ин кишвар муҳим барои низому равандҳои демократия боқӣ мемонад. Муҳаққиқ ва рӯзноманигори покистонӣ Зоҳид Ҳусайн матлаберо зери номи “интихобот ва бозии одилона” дар рӯзномаи машҳури Dawn-и Покистон дар бораи муҳимияту мубрамияти он оварда зикр кардааст, ки кишвар бо таҳдидҳо рӯбарӯ буда, ба ҳукумати пурқуввати намояндагӣ ниёз дорад, то бо мушкилоте, ки бо он дучор мешавад, мубориза барад. Ин кишвар ба мусолиҳаи сиёсӣ ниёз дорад, на қутбсозӣ. Вале мавриди тааҷҷум ва таассуф аст, ки роҳбарон аз таърихи худ ҳанӯз кам сабақ мегиранд ва аҳолии ҷавон ва кишварро ба ҷониби чолишу кашмакашҳо мекашонанд.

Дар ҳоли ҳозир кишвар бо натиҷаҳои интихобот як давраи дигари демократиро мушоҳида хоҳад кард. Набуди мудирияти устувору босуботу босалоҳи кишвар муддати мадид ҷорӣ буда, барои 241 миллион нафар аҳолии он ва ҳам барои тамоми ҷаҳон таъсир хоҳад расонд. Роҳбарони интихобшудаи нави ин кишвар дар рӯ ба рӯи чолишҳои зиёде қарор дошта, бо роҳандозии хуби ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳои худ, аз ҷумла Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон ва созмону форумҳои минтақавиву фаромантиқавӣ ба мисли СММ, СҲИ, СҲШ, СААРК, ЭКО, МҲТБО ва пешрафтарин давлатҳои ҷаҳон ба монанди ИМА, Чин, Русия, Англия, Олмон ва ғайра чун кишвари ноби намунавӣ бештар ба роҳ монад.

Хулласи калом, ба назари нависандаи сатрҳо муҳаққиқони соҳаро зарӯр аст, то муаммоҳову масоилу ҳаводиси минтақа ва раванду низоми пешрафту пасрафти онҳоро хуб омӯхта, аз ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо, хусусан сулҳу суботу созандагӣ бо санаду далелҳои илмӣ натиҷагирӣ намоянд. Зеро масоилу ҳаводис ва ҳамгироии минтақа аз ҷумла Осиёи Ҷанубӣ дар рушд ва суботи минтақавӣ ва фаромантиқавӣ муҳим буда, давлатмардони онро лозим аст то аз стратегияи рушди инсонӣ, афзоиши тиҷорат, коҳиши ҷангу ҷаҳолат, фаросату фароғат кор гирифта, тавассути он устуворӣ, ӯҳдадориро миёни ҳамдигар фароҳам оварда, муштаракона минтақаро ба як маркази муҳими созандагӣ, саноатӣ ва сайёҳии ҷаҳон табдил диҳанд.

Мирсаид Раҳмонов,

таҳлилгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь