Аз ҳалномаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд Ализода Э. А. ва қарори коллегияи судӣ, дар ҳайати раисикунанда – Қурбониён С. ва судяҳо Нурализода С., Сатторзода Х., чунин гумон пайдо мешавад, ки калиди шаҳри Хуҷанд дар дасти ҶДММ Диёри Хуҷанд” аст. Аммо агар таьрихи баъзе кормандони ҶДММ «Диёри Хуҷанд»-ро варақ занем, ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пеши назар меояд.

Бо ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 25-уми сентябри соли 2017, №2-597/17 аризаи даъвогии Зокирова Д. Ҷ., истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ, бинои 12, хонаи №40 нисбати ҷавобгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бораи бекор кардани Қарори Раиси шаҳр таҳти № 409 аз 05.06. 2015 сол, оид ба иваз намудани мақсади истифодаи қитъаи замин аз истифодаи қаҳвахонаи “Кафе Равшан” ва “Гармхона” ба истифодаи бинои истиқоматии нуҳошёна ва маркази хизматрасонӣ дар назди бино бо таваққуфгоҳи нақлиёти сабукрав, воқеъ дар кӯчаи ба номи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, ки ба масоҳати умумии 1109,8 метри мураббаъ барои лоиҳакашӣ ва сохтмон иҷоза дода шудааст, қонеъ карда шуда, санади мазкур беэътибор дониста шудааст.
Ҳамчунин, бо ҳамин ҳалномаи судӣ даъвои директори ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бо ҷавобгарии Яқубов Х. Ф., Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳр дар бораи беэътибор донистани иҷозат барои сохтмон №25 аз 29.05.2017 ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 27.07.2015 таҳти №2565 қаноатбахш карда шуда, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии мазкур ба номи ҷавобгар Яқубов Х. Ф. беэътибор дониста шудаанд.
Ҳалнома дар қисмати рад кардани талаботи даъвогии ҶДММ “Диёри Хуҷанд” нисбати МИҲД-и шаҳри Хуҷанд дар бораи уҳдадор кардан оид ба дигар намудани мақсади истифодаи қитъаи замин ва вобаста намудани замини воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ба масоҳати умумии 1109 м.м. ба тариқи кассатсионӣ мавриди баҳс қарор дода нашудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 28.11.2017 ҳалномаи суди зинаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат гузошта шудааст.
Ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди вилояти Суғд доир ба парвандаи граждании мазкур моҳиятан ғайриқонунӣ буда, бояд бо асосҳои зерин ба тариқи назоратӣ бекор карда шаванд.
Тибқи моддаи 200 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалнома бояд қонунӣ ва асоснок бошад. Вале мутаассифона, парванда аз ҷониби суди зинаи якум бархилофи меъёрҳои диспозитсияи моддаи 70 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавзеҳоти Қарори Пленуми Суди Олӣ “Дар бораи ҳалномаи судӣ” баррасӣ шудааст.
Суди шаҳри Хуҷанд санади худро оид ба қонеъ кардани даъвои Зокирова Д. Ҷ. чунин асоснок кардааст, ки МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ба унвони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда, дархост намудааст, ки баҳри татбиқи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд дар бобати нақшаи муфассали ҳудуди маҳали аҳолинишин ва нақшаи иморатсозии як қисми кӯчаҳои И. Сомонӣ, З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсӣ аз ҷониби ҶДММ “Мусавир” таҳия гашта, дар шӯрои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дида баромадану тасдиқ кардан, мусоидат намояд. Санаи 11.03.2015 ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои номбурда ҷонибдорӣ шудааст.
Сипас, бо назардошти хулосаи ҳамин суратҷаласа бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №232 аз 17.03.2015 “Дар бораи татбиқи нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маҳал (ПДП)” дар қисми хиёбони И. Сомонӣ рӯйхати пешниҳоднамудаи шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и вилояти Суғд оид ба бартараф намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти шаҳрвандон дар қисми хиёбони И. Сомонӣ тасдиқ карда шудааст.
Нақшаи муфассали тарҳрезишудаи маҷмааи сохтмони шаҳри Хуҷанд аз рӯи лоиҳаи ҶДММ “Диёри Хуҷанд” пешниҳод гашта, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 01.07.2015 сол тасдиқ карда шудааст.
Суди зинаи аввал вобаста ба ҳолати ба миёномада, бо назардошти талаботи даъвогар Зокирова Д. Ҷ. ва ҳамзамон манфиати дигар шаҳрвандон – сокинони биноҳои истиқоматии бартарафшуда, баҳри амалӣ намудани нақшаи кулли маҷмааи сохтмонӣ ба хулоса омадааст, ки қарори қабулнамудаи Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №409 аз 05.06.2015 ба манфиати дигар субъекти ҳуқуқ – Яқубов Х. Ф. хилофи қонунгузорӣ буда, он бояд ба тариқи судӣ беэътибор дониста шавад.
Ҳамзамон, бо ҳалномаи суди зинаи якум такя ба ҳамин ҳолат аризаи даъвогии директори ҶДММ “Диёри Хуҷанд” оид ба беэътибор донистани иҷозат барои сохтмон №25 аз 29.05.2017 ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 27.07.2015, №2565 ба номи заминистифодабаранда Яқубов Х. Ф. беэътибор дониста шудааст.
Чунин қарордоди судиро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ асоснок шуморидан мумкин нест, зеро ба ҳолатҳои қазияи гражданӣ мувофиқат намекунад. Тибқи моддаи 15 Кодекси шаҳрсозии ҶТ МИҲД-и шаҳрҳо дар мувофиқа бо сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бобати сохтмони бино ё иншоот қарор қабул мекунад ва ин ваколат танҳо ба ҳуқуқи истисноии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил мешавад, ки дар навбати худ Лоиҳаи ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бе пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳия шудааст ва ба Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд барои баррасӣ пешниҳод карда нашудааст.
Дар ҳақиқат тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №232 аз 17.03.2015 “Дар бораи татбиқи Нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маҳал (ПДП) дар қисми Хиёбони Исмоили Сомонӣ” танҳо доир ба як қисмати хиёбони И. Сомонӣ қабул шудааст ва дар замимаи рӯйхати биноҳои бартарафшаванда фақат иншооти қисми Хиёбони И. Сомонӣ, аз он ҷумла суроғаи “хиёбони И. Сомонӣ, кӯчаи З. С. Раҷабовҳо №10 бинои истиқоматии сеошёна” дарҷ гардидааст. Дар ин қарори сарвари ҳокимияти иҷроияи шаҳр ҳудуди пурраи кӯчаи З. С. Раҷабовҳо бо номгӯи суроғаи ҳамаи биноҳои бартарафшаванда, аз он ҷумла, “Кафе Равшан”, Гармхона ва ҳатто биноҳои дигар ба монанди Идораи ТАКХ “Имон Интернешнл”, қаҳвахонаи “Хони Хуҷанд” ва ҳоказо объектҳо нишон дода нашудааст. Ҳамин тариқ, қарори мазкури Раиси шаҳр ҳаҷми умумии корҳои сохтмониро аз рӯи лоиҳаи даврашакли ангоравии ҶДММ “Диёри Хуҷанд” дар тамоми қаламрави кӯчаҳои З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков, Фирдавсӣ ва ҳатто миқёси пурраи хиёбони И. Сомонӣ дар бар намегирад.
Ғайр аз он, дар таърихи 30-юми июли соли 2013 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба шаҳрванд Яқубов Х. Ф. барои лоиҳасозӣ ва банақшагирии маҳал (ПДП) пешниҳод додааст. Дар ин асос, лоиҳаи банақшагирии маҳали кӯчаҳои “Хиёбони Исмоили Сомонӣ” “З. С. Раҷабовҳо”, “Мавлонбеков” ва “Фирдавсӣ аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш” дар вилояти Суғд бо шартномаи №5 аз 2-юми августи соли 2013 таҳия карда шуда, бо ҶСК “Шаҳрофар” (бо муаллифи нақшаи Генералии шаҳри Хуҷанд) ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТмувофиқа карда шудааст.
Илова бар он, дар ин санади мақомоти иҷроия (банди 2) муқаррар шудааст, ки ҳуқуқи бурдани корҳои сохтмонӣ дар навбати аввал бо мувофиқаи расмии соҳибмулкони биноҳои бартарафшаванда дар асоси бастани шартномаҳои нотариалии иштироки ҳиссагӣ дар сохтмони маҷмааи биноҳои бисёрошёна мавриди корбарӣ қарор дода шаванд. Аммо то имрӯз аз тарафи ширкати даъвокунанда ҶДММ “Диёри Хуҷанд” розигии расмии соҳибмулкон, аз он ҷумла соҳибмулки “Кафе Равшан” ва “Гармхона” Яқубов Х. Ф., истиқоматкунандагони бинои №102, кӯчаи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, қисман истиқоматкунандагони бинои №12, кӯчаи Хиёбони И. Сомонӣ, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ТАКХ “Имон интернешнл”, ҶДММ “Хони Хуҷанд” ва ҳоказоро барои мувофиқа намудани лоиҳаи ангоравии даврашакли онҳо дар минтақаи қисми кӯчаи И. Сомонӣ ва кӯчаҳои З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсӣ гирифта нашудааст ва ин ширкат ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи давлатиро барои бурдани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи номбурда надорад, яъне ин талаботи қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ба иҷро нарасонидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки ба ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 19-уми июни соли 2015, №440 “Барои иваз намудани мақсади истифодабарии қитъаи замин ва вобаста намудан” барои сохтмони бинои истиқоматии 12-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ танҳо ба масоҳати умумии 656,0 метри мураббаъ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Хиёбони И. Сомонӣ иҷозат дода шудааст, дар ҷои ҶДММ “Аэлита” ва маркази хизматрасонии мобили “Вавилон-М” иҷозат дода шудаасту халос.
Муроҷиати шифоҳии намояндагони ширкати “Диёри Хуҷанд” ба фарзанди соҳибмулку истифодабарандаи замини иншооти “Кафе Равшан” фармоишгар Яқубов Х. Ф. – Яқубов Лутфулло шартномаи расмии нотариалиро оид ба ин масъала иваз карда наметавонад.
Махсусан қобили зикр аст, ки лоиҳаи тарҳрезишудаи ҶДММ “Мусавир” бо фармоиши ҶДММ “Диёри Хуҷанд” қабл аз пешниҳод гардидан ба Кумитаи меъморию сохтмонии назди Ҳукумати ҶТ бо соҳибмулки иншооти дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо бартарафшаванда “Кафе Равшан”, фармоишгар Яқубов Х. Ф. умуман мувофиқа карда нашуда, ҳуқуқҳои конститутсионии дахлнопазирии моликияти хусусии ин шаҳрвандро дағалона поймол менамояд.
Ногуфта намонад, ки лоиҳаи бинои истиқоматии 9-ошёна, воқеъ дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо, ки аз ҷониби Яқубов Х. Ф. пешниҳод гардид ва аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш” дар вилояти Суғд тарҳрезӣ шуд, бо муаллифи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд мувофиқа карда шуда, мактуби мусбати ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе таҳти №112 аз 10.02.2015, мактуби мусбати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2015, №2/430 гирифта шудааст. Ҳамчунин, лоиҳаи сохтмонии фармоишгар Яқубов Х. Ф. дар заминаи иншооти моликияти хусусиашон аз ҷониби Шӯрои шаҳрсозии МИҲД-и вилояти Суғд дар ҷаласаи санаи 23.01.2015 баргузор гардида, пурра ҷонибдорӣ шудааст. Суди зинаи якум ба ин далелҳои парвандаи гражданӣ тамоман мароқ зоҳир накарда, дар ҳалномаи худ оид ба масъалаҳои зикргашта мулоҳизаронию баҳогузорӣ накардааст, ки ба моҳиятан ҳаллу фасли нодурусти баҳси гражданӣ оварда расонидааст.
Ҳамзамон, ёдовар бояд шуд, ки шаҳрванд Зокирова Д. Ҷ. аз рӯи ин парвандаи гражданӣ субъекти даъво ва тарафи баҳс шуда наметавонад, зеро ӯ танҳо истиқоматкунандаи кӯчаи И. Сомонӣ, бинои 12, ҳуҷраи 40 мебошад ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №409 аз 05.06.2015 ба ҳуқуқи ба даст овардани хонаи нав ба ҷойи бинои бартарафшавандаи ӯ зиндагӣ мекарда, ягон дахле надорад ва ҳуқуқҳои манзилии ӯро поймол намекунад. Суд бошад ба ин ҳолати кор низ диққати худро ҷалб накарда, ваҷҳи мазкури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро дар ҳалномаи худ умуман баҳогузорӣ накардааст.
Бар замми он, мутобиқи моддаи 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои объекти сохтмон бояд ҳатман аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шаванд. Тибқи моддаи 66-и ҳамин Кодекс бошад, меъёрҳои тартиби гирифтани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин проседураи ҳатмии қонунгузориро даъвогар ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ҳангоми омода сохтани лоиҳаи ангоравӣ дар тамоми ҳудудҳои кӯчаҳои “Исмоили Сомонӣ”, “З. С. Раҷабовҳо”, “Мавлонбеков” ва “Фирдавсӣ” ба сомон нарасонидааст. Ғайр аз он, дар ҳудуди ин маҳал ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро оид ба иҷозат ба сохтмон, қарор оид ба сохтмон, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, шартномаи нотариалии шарикӣ дар сохтмон ва ғайра ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузории шаҳрсозӣ пешбинишударо надорад.
Ногуфта намонад, ки даъвогар ҶДММ “Диёри Хуҷанд” дизайни лоиҳаҳои меъмории бинои баландошёнаи истиқоматиро бо маркази савдо ва хизматрасониро аз муаллифи он Раҳимов Беҳзод дар асоси шартнома оид ба гузашти ҳуқуқи истисноӣ ба маҳсулот таҳти №6 аз 19.06.2017 харидорӣ намуда, ба ин дизайни лоиҳавӣ соҳибият пайдо кардааст. Вале ба иттилои худи намояндагони ҶДММ “Диёри Хуҷанд” гӯё онҳо лоиҳаи тайёри худро ҳанӯз 11.03.2015 бо суратмаҷлиси №3 ҷаласаи шӯрои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ тасдиқ кардаанд.
Дар чунин ҳолат мантиқан савол меояд, ки чӣ гуна фармоишгар ҶДММ “Диёри Хуҷанд” лоиҳаи тайёри худро моҳи марти соли 2015 тасдиқ намуда, дизайни лоиҳаи худро бошад, аз муаллиф – лоиҳакаш Раҳимов Беҳзод моҳи июни соли 2017 харидорӣ намудааст? Ба чунин мухолифати ҷиддӣ дар раванди мурофиаи гражданӣ на суди зинаи якум ва на зинаи кассатсионии суди вилоят мароқ зоҳир накарда, мавриди таҳлили ҳуқуқӣ қарор надодааст. Умуман лоиҳаи нақшаи муфассали маҳал ин пешакӣ дидани яке аз мисолҳои намунаи намои лоиҳаи ангориро мефаҳмонад ва тасдиқи пурраи худро танҳо баъд аз гирифтани иҷозати мақомоти маҳаллӣ ва хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ меёбад.
Тибқи мактуби МИҲД-и шаҳри Хуҷанд аз 03.11.2017, таҳти №5/19-3899 ба дархости Яқубов Х. Ф. омадааст, ки бинои сеошёнаи №10 дар кӯчаи “З. С. Раҷабовҳо” умуман вуҷуд надорад ва навиштаҷоти дар замимаи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №232 аз 17.03.2015 сол сабт гардида, ба суроғаи минтақаи замини иншооти собиқ Кафе “Равшан” ва “Гармхона” воқеъ дар ҳамин кӯча дахле надоранд. Бояд гуфт, ки тибқи ракамгузории расмӣ иншооти дар кӯчаи “З. С. Раҷабовҳо” ҷойгиршуда соҳиби дигар рақамҳо мебошанд.
Ҳамчунон, тибқи ҷавобҳои хаттии соҳибмулкони иншооти дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ва Мавлонбеков воқеъ буда, аз он ҷумла, ДДХ ба номи “Б. Ғафуров”, ТАКХ “Имон интернешнл”, МД “Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”, онҳо бо фармоишгар ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бобати бартараф гаштани бинои иншооти худ ва бунёди биноҳои бисёрошёнаи нав ягон хел шартномаи нотариалии шарикӣ набастаанд.
Ҳамин тариқ, аризаҳои даъвогии даъвогарон Зокирова Д. Ҷ. ва ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба қонунҳои амалкунанда ҷавобгӯ набуда, доир ба баҳси гражданӣ аз ҷониби суди зинаи якум ҳалномаи моҳиятан ғалат интишор гаштааст.
Тибқи қисми 7 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати ба манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мухолиф будани фаъолияти шаҳрсозӣ, чунин фаъолият бояд қатъ карда шавад.
Илова бар он, дар ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд омадааст, ки гӯё нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд аз тарафи мутахассисони институти лоиҳакашии “Ленгипрострой”-и шаҳри Хуҷанд таҳия карда шудааст. Дар асл бошад, нақшаи генералии шаҳр аз тарафи ҶСК “Шаҳрофар” тарҳрезӣ гашта, бо қарори №479, аз 2-юми октябри соли 2010 тасдиқ шудааст.
Боз дар ҳалномаи суди зинаи якум дарҷ шудааст, ки лоиҳаи сохтмонии пешниҳодгардидаи ҶДММ “Диёри Хуҷанд” аз тарафи маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд тасдиқ карда шудааст, ки ин мулоҳизаронии суд ба ҳақиқати объективӣ рост намеояд. Ҳангоми аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд маълум гардид, ки лоиҳаи ангоравии ширкати номбурда ба ин мақомоти намояндагӣ пешниход нагаштааст ва дар он мантиқан баррасӣ нашудааст.
Ҳамчунон дар қарори коллегияи кассатсионии суди вилоят қайд шудааст, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бобати сохтмон дар Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд гӯё ҷонибдорӣ шудааст. Дар асл маълум гардид, ки лоиҳаи ангоравии ширкати мазкур на ба Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд ва на ба Шӯрои шаҳрсозии вилояти Суғд умуман пешниҳод нагардида, мавриди баррасӣ қарор дода нашудааст.
Коллегияи кассатсионии суди вилоят бошад, ҳангоми санҷиши парвандаи гражданӣ ба ваҷҳҳои шикояти кассатсионӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ баҳои объективона надода, ҳар як иддаои онро мавриди таҳқиқи мушаххас нагирифта, бо ибораҳои умумӣ маҳдуд гардида, ҳалномаи моҳиятан нодурусти суди зинаи якумро беасос дастгирӣ кардааст.
Имрӯз иншооти бинои баландошёна дар маркази шаҳр дар ҳолати нотамом боздошта шудааст. Шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд оид ба баҳси рафтаистода бохабар мебошанд ва умедворанд, ки кай раванди сохтмон ба итмом расонида мешавад.
Мо аз марҳилаи назоратии суди вилоят умед дорем, ки доир ба ин қиссаи баҳси гражданӣ санади қонуниву адолатнок бароварда мешавад.

Бо эҳтиром, Яқубов Х. Ф., собиқадори меҳнат

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь