Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Ба Прокурори генералии ҶТ, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Таноби раиси кооперативи истеҳсолии ба номи “Ҷаббор Расулов” ва писари ӯву раиси комиссияи тафтишотияшро кӣ мекашад?

Муҳтарам Ҷаноби олӣ ва роҳбарони баландмақоми сохторҳои Ҳукумат!

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки раиси кооперативи истеҳсолии ба номи «Ҷаббор Расулов»-и ноҳияи Б. Ғафуров – Ҷабборов Ҷаҳонгир Юсуфҷонович дар давраи фаъолияти кориаш аз ваколатҳои мансабии худ истифода бурда, солҳои тӯлонӣ аст, ки тибқи маслиҳати пешакӣ бо раиси комиссияи тафтишотии кооператив Абдуразоқов Эгам ва дигарон бо мақсади азонихудкунии маблағ, амвол, чорво ва иншооти дар ихтиёрашон  мавҷудбуда бо роҳи фурӯши он, азони худ кардани маблағҳои пулии ба даст овардаашонро тарҳрезӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, раиси кооперативи истеҳсолии ба номи «Ҷаббор Расулов»-и ноҳияи Б. Ғафуров – Ҷабборов Ҷаҳонгир Юсуфҷонович ба ман бинои пахтахушккунии коопертивро бо арзиши 100 000 сомонӣ  фурӯхта, ин миқдор маблағро тахминан моҳи май-июни соли 2018 дар  бинои кооператив бо воситаи Абдураззоқов Эгам гирифта, аммо дар шартномаи хариду фурӯши бино таҳти силсилаи СД № 0937390 аз 16.11.2018 сол, арзиши он биноро 31200 нишон дода, аз ин ҳисоб 68800 сомониро ба манфиатҳои шахсиашон истифода бурданд.

Инчунин, аз суханони Ашӯров Луқмон бармеояд, ки Ҷабборов Ҷаҳонгир Юсуфҷонович ва Абдураззоқов Эгам ба ӯ бошишгоҳи саҳроиро  бо арзиши 138 000 сомонӣ фурӯхта, дар шартномаи хариду фурӯши бино арзиши онро тахминан 31000 сомонӣ  нишондода, аз ин ҳисоб тахминан 107 000 сомонӣ маблағро ғаразмандона ба манфиатҳои шахсиашон истифода бурдаанд.

Раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. Ю. бинои “Автопарк”-и кооператив, воқеъ дар суроғаи н. Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёваро дар аввал воситаҳои нақлиётии хизматии кооперативро фурӯхта, пасон онро бо қитъаи заминаш, ки тахминан 2 гектару 80 сотихро ташкил медиҳад, ба аҳолии маҳал барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода, дар як вақт онро фурӯхта, маблағҳои калони пулиро ба даст овард.

Дар баробари ин, раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. Ю. бо Абдураззоқов Эгам биноҳои “Парки тракторӣ” ва “Анбори сӯзишворӣ”-и кооператив, воқеъ дар минтақаи Навободро бо қитъаи заминаш, ки тахминан дар умум 1 гектару 48 сотихро ташкил медиҳад, ба аҳолии маҳал барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода, дар як вақт онро фурӯхта, маблағҳои калони пулиро ба даст овард. Айни ҳол аз сабаби кооператив “Парки трактор” надоштан, тракторҳои кооператив дар бошишгоҳҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамчунин, раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. Ю. бо Абдураззоқов Эгам иншооти нигоҳдории ғизои чорвоёни (селоснигоҳдорӣ)  кооператив, воқеъ дар минтақаи Навободро бо қитъаи заминаш, ки тахминан дар умум 1 гектару 79 сотихро ташкил медиҳад, ба аҳолии маҳал барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода, дар як вақт онро фурӯхта, маблағҳои калони пулиро ба даст овард. Илова бар ин, Ҷабборов Ҷ. Ю. тахминан соли 2015 зиёда аз 1000 гектар қитъаи замини кооперативро, ки дар минтақаи Оқтош қарор дорад, аз ҳисоби кооператив бароварда, ба фонди захиравии ноҳия гузаронида, тамоми воситаҳои техникӣ, амволу ашё, ба монанди тракторҳо, парки тракторӣ, анбори нигоҳдории сӯзишворӣ ва 4-5 бошишгоҳҳои саҳроиро бо нархи гарон фурӯхта, аммо арзишҳои онҳоро дар шартномаҳои хариду фурӯш ниҳоят кам нишон дода, маблағи фарқияти онро азони худ кардааст.

Раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. Ю. тахминан 53 сотих қитъаи замини обии кишоварзии кооператив – воқеъ дар суроғаи ҷамоати Ёва, назди  хиёбони Ёваро, ки солҳои тӯлонӣ дар аввал боғдорӣ ва пасон дар он ҷо пахта парвариш мешуд, ғайриқонунӣ ҳамчун қитъаи замини назди ҳавлигӣ фурӯхта, ба шаҳрвандон ҷудо карда дод. Аз рӯйи шунидам, ҳар як сотихи ин қитъаи замин то 3000 доллари ИМА ба савдо зада шудааст.

Илова бар ин, тахминан моҳи марти соли 2020 кооператив бо бастани шартнома бо ҶДММ “Хуҷанд агро 2018” оиди ҳамкории коркарди пахта ва таъминоти моддӣ, аз ин ҷамъият зиёда аз 1000000 сомонӣ маблағ қарз гирифт. Баъди ин Абдураззоқов Эгам бо супориши Ҷабборов Ҷ. Ю. бо  мақсади азхуд кардани  маблағҳои иҷоракарон, бо баҳонаи пардохти андоз, иҷоракоронро маҷбур намуд, ки  бо заводи коркарди пахтаи ҶДММ “Хуҷанд агро 2018” барои коркарди пахта шартнома банданд. Аз сабаби он ки ман аз ин мақсадҳои онҳо огоҳ шудам, розигӣ барои бастани шартномаро надодам. Вале Абдураззоқов Эгам аз номи ман бо раиси ин ҷамъият Аниса ном зан шартномаро баста, худаш ба ҷойи ман сохтакорона имзои маро гузошта, он шартномаро ба ҷамъияти мазкур пешниҳод кардааст.  Дар ин асос, Абдураззоқов Эгам аз заводи мазкур аз номи ман дар умум бо фоизҳояш тахминан 65000 сомонӣ маблағ гирифта, як қисми онро ба манфиатҳои шахсиаш истифода бурд. Ман аз ӯ  янчанд  маротиба талаб кардам, ки барои он ки ин миқдор маблағро аз номи ман гирифтааст, расид (квитансия) пешниҳод намояд. Ӯ барои 52650 сомонии маблағи гирифтааш расид дода, барои маблағи боқимонда додани расидро рад кард. Абдураззоқов Эгам бо ин роҳҳо аз ҳисоби маблағи иҷоракорон автомашинаи тамғаи “Тойота Прадо” харида, истифода бурда истодааст.

Дар ихтиёри кооператив, зиёда аз 1200 гектар замин мавҷуд аст. Аз ин миқдор, зиёда аз 570 га заминро падараш Ҷабборов Юсуфҷон кишту кор карда, фоидаи онро танҳо худаш  ба даст оварда истодааст. Барои аз ҷониби падараш дар ин заминҳо ҳолати ба кишту кор машғул шудану аз ин ҳисоб фоидаи махсусан калон гирифтанро рӯйпӯш намудан, ӯ ва падараш, ки солҳои сол дар ин ҷода таҷрибаи калон доранд, шартномаҳои қалбакиро омода кардаанд.

Ҳамзамон, кооператив ҳамагӣ 330 гектар замини шоликориро дар ихтиёр дошт. Аммо Ҷабборов Ю., Ҷабборов Ҷ. Ю. бо Абдураззоқов Эгам давра ба давра ҳар як гектари онро ба иҷроракорон то 100 000 сомонӣ  фурӯхта, бо онҳо шартномаи иҷораро ба муҳлатҳои то 20 сол  баста, аз ин ҳисоб низ маблағҳои махсусан калонро ба даст оварда, ба манфиатҳои шахсиашон истифода бурда истодаанд. Раиси кооператив имкон намедиҳад, ки аъзои дигар дар он ҷо шолӣ коранд.  Фоидаи ба даст оварда аз ҳисоби ин 30 гектар замин бошад, байни падару писар тақсим карда шуда, ҳатто маблағи андозро пурра ва саривақт пардохт намекунад, ки дар асоси маълумотномаи назорати камералии Нозироти андози ноҳияи Б. Ғафуров таҳти № 17269/363 аз 20.10.2020 сол, қарзи кооператив дар назди Нозироти андоз 1871600  сомониро ташкил медиҳад. Новобаста ба он ки иҷоракорон маблағи андозро саривақт пардохт намуда, ҳатто пешпардохт низ доранд, раиси кооператив бо воситаи раиси комиссияи тафтишотӣ Абдураззоқов Эгам иҷоракоронро маҷбур карда истодааст, ки ин миқдор қарзи андозро пардохт намоянд, дар акси ҳол  аз истифодаи заминҳои ба иҷорадода маҳрум мегарданд. Ба ҳамин васила иҷоракорон қарзи андози падари ӯро рӯйпӯш карда истодаанд ва падару писар  аз ин ҳисоб низ фоидаи махсусан калон ба даст оварда, молу мулки кооперативро аз худ карда истодаанд.

Иҷоракорон аз тарси он ки падару писар ба болояшон бадбахтие наоранд, кирдорҳои ғайриқонунии онҳоро дидаву дониса, супоришҳои ғайриқонунии онҳоро иҷро карда, ҷиҳати чораандешӣ барои муроҷиат ҷуръат намекунанд.

Қобили қайд аст, ки 23 майи соли 2009 байни раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. ва ман  шартномаи иҷора ба имзо расонида шуда буд, ки тибқи он  ба мӯҳлати 10 сол 50 гектар  қитъаи замини кооператив, ҷиҳати пешбурди комплекси агросаноатӣ, аз буҳрони амиқи иқтисодӣ баровардани кооператив, ба талаботи замону муносибатҳои бозоргонӣ мутобиқ сохтани истифодабарии замин ва истифодаи пурсамари захиравии замину об тақдими истеҳсолоти иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ман вогузор карда шуд. Бинобар сабаби аз рӯйи супоришҳои ғайриқонунии Ҷабборов Ҷ. ва Абдураззоқов Эгам корбарӣ накарданам, гарчанде ки ман  маблағи андозро пешпардохт карда бошам ҳам,  соли ҷорӣ аз 50 гектар  замини ба ман вобаста шуда, 38 гектарашро Ҷабборов Ю. аз худ  карда, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт кард.

Боз ҳам, дар солҳои қаблӣ кооператив зиёда аз 1000 сар моли калони шохдор дошта, он дар фермаи зотпарварӣ, воқеъ дар суроғаи н. Б. Ғафуров, минтақаи Мараҷаб нигоҳубин ва парвариш карда мешуд. Аз ҳисоби исрофкорӣ, хунукназарӣ, бепарвоӣ ва фориғболии раиси кооператив соли 2010 аз 1000 сар моли калони шохдор  тахминан 131 сар дар ҳолати беморӣ боқӣ монда, он ҳам бошад, барои рӯйпӯш кардани ин ҳолат, он ба иҷоракорон вобаста шуд. Дар ҳоли ҳозир аз ин 131 сар моли калони шохдор ягон сар боқӣ намондааст. Аммо дар ҳуҷҷатҳои муҳосибиву хоҷагидорӣ нодуруст қайд мешавад, ки гӯё дар ихтиёри кооператив то ҳол 131 сар моли калон шохдор мавҷуд аст. Ҳангоми санҷиш аз сабаби он ки он миқдори дар ҳуҷҷатҳои расмӣ нишондода шуда воқеан моли калони шохдор мавҷуд нест, раиси кооператив ба масъулини кооператив супориш медиҳад, ки барои рӯйпӯш кардани   ҳолати мазкур бо баҳонаи он ки гӯё молҳоро барои нигоҳубинӣ ба иҷоракорон тақсим карда додаанд,  ба санҷишгарон молҳои иҷоракоронро пешниҳод намоянд ва бо ҳамин роҳҳо раис санҷишгаронро ба гумроҳӣ бурда, камбудии ҷойдоштаро пинҳон намуда истодааст.

Раиси кооператив Ҷабборов Ҷ.Ю. бо он хотир ин амалро иҷро намуд, ки фермаи мазкурро фурӯшад ва ба мақсади нопоки худ ҳам расид. Баъди молҳоро барои нигоҳубинӣ ба иҷоракорон тақсим карда додан, бинои фермаро бо як қисми қитъаи замин ба кадом тоҷире фурӯхт.

Раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. Ю. ва падараш Ҷабборов Юсуфҷон ҷиҳати аз ҳисоби маблағҳои ғайриқонунӣ бо роҳҳои дар боло нишондода ба даст овардаашон, иншоотҳои коопертивро бо маблағи ниҳоят кам харидаву аз худ намуда, воқеан соҳибмулки он гашта, он   амволи ғайриманқулро ба номи хешовандонашон ба расмият даровардаанд. Чунончӣ:

–  собиқи бинои кӯҳнаи кооперативро тахминан бо 1 гектару 40 сотих қитъаи замин аз худ карда, харида, ба номи қайнии Ҷабборов Юсуфҷон – Муродов Акбар ҳуҷҷатҳояшро ба расмият дароварданд. Пасон дар он бино осоишгоҳи “Юсуфзода”-ро бунёд ва ташкил карда, айни ҳол  аз хизматрасонии он низ фоидаи калони пулӣ ба даст оварда истодаанд.

– бинои маъмурии нави кооператив бо 30 сотих қитъаи заминаш низ тахминан соли 2015 аз тарафи  раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. Ю. ба маблағи 650 000 сомонӣ харида шуда, ба номи шавҳари хоҳараш – Абдуҷабборов Ҷамшед ба расмият дароварда шудааст. Дар асл, иншооти мазкур зиёда аз 1000000 сомонӣ арзиш дорад ва Абдуҷабборов Ҷамшед имконияти бо арзиши 650 000 сомонӣ харидани онро надорад ва надошт.

– солҳои 2000 бо маблағгузорӣ ва қувваи кории аъзои кооператив барои аъзои кооператив тӯйхона сохта шуда буд, ки дар тавозуни коопертив қарор дошт. Раиси кооператив Ҷабборов Ҷ. Ю. тӯйхонаи мазкурро бо маблағи ночиз харида, ба номи модараш Ҷабборова Муҳаббат ба расмият дароварда, аз истифодаи он маблағҳои калон ба даст оварда истодааст.

Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаашон Ҷабборов Ҷ. Ю. автомашинаи тамғаи “БМВ”-ро тахминан бо арзиши 40 000 доллари ИМА ва падараш Ҷабборов Юсуфҷон автомашинаи тамғаи Лексус 570-ро тахминан бо арзиши  60 000 доллари ИМА харидорӣ карда истифода бурда истодаанд.

Тибқи қарорҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 342 аз 1991 ва № 874 аз 1995 бояд, ки ба аҳолии Ҷамоати деҳоти Ёва, ки эҳтиёҷманданд дар умум 60 гектар заминҳои кооперативи дар наздикии маҳалли зисташон ба андозаи  0.5-0.10 га қитъаи замини “Президентӣ” ҷудо карда диҳанд. Аммо Ҷабборов Юсуф ин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, дар он давра ҳангоми раиси колхози ба номи “Ҷ. Расулов” буданаш ба хотири аҳолии маҳалли эҳтиёҷманд аз истифодаи он бебаҳра монондан, ба онҳо қитъаи заминҳои санглоху камобро дар минтақаҳои дур аз маҳалли аҳолинишин, дар масофаҳои 25-30 км. ҷойгиранд, ҷудо кардааст. Аз сабаби аз истифодаи ингуна заминҳо фоида ба даст оварда нашудан, он нафарон аз истифодаи он заминҳо даст кашидаанд.  Ҷабборов Юсуф аз соли 2010 ин ҷониб  худаш 60 гектар  заминҳои Президентии ба аҳолии эҳтиёҷманд ҷудо карда нашударо истифода бурда истода, фоидаи калони пулӣ ба даст оварда истодааст.

Соли 2019 Абдураззоқов Эгам иҷоракор Домуллоева Сабоҳатро барои саривақт насупоридани маблағи андоз як ҳафта фишори рӯҳиву равонӣ дод, ки оқибат охирин аз бемории дил ба ҳалокат расид. Лекин хешовандони наздики ин нафарон аз тарси Ҷабборов Ю. ва фарзандонаш, барои чораандешӣ муроҷиат карда наметавонанд. То айни замон  ҳолатҳои мазкур мавриди санҷиш қарор нагирифта, гунаҳгорони он бе ҷазои ҷиноятӣ мондаанд.

Маврид ба қайд аст, ки 5 майи соли 2021 дар ин бораҳо ба Прокурори генералии ҶТ бо ариза муроҷиат карда будам, ки он аз ҷониби прокурори калон Ҳусейнзода Ф. мавриди санҷиш қарор дода шуда, аммо аз натиҷаи санҷиш ба ман то 28.08.2021  сол хабар дода нашуд. Дар рафти санҷиши аризаам номбурдагон ба ман таҳдиду фишорҳо оварданд.

Омӯзиши ҳуҷҷатҳои дар қабати маводи радардашудаи № 20/281-21 нисбати масъулин КТ ба номи “Ҷ. Расулов”-и ноҳияи Б.Ғафуров нишон дод, ки  прокурори калон Ҳусейнзода Ф. бо  Ҷабборов Ҷ.Ю. забон як карда, баҳри ба манфиати Ҷабборов Ҷ.Ю. ва дигар масъулини кооператив қарори мурофиавӣ қабул намудан,  ғайриқонунӣ созиш бастаанд.

Прокурори калон Ҳусейнзода Ф. ҷиҳати амалигардонии созиши басташуда, ғайриқонунӣ салоҳияти прокурорро ба зиммаи сардори шуъбаи вилояти Суғдии Иттифоқи агросанотаии ҶТ Баҳодурзода М. вогузор намудааст, ки аз номи корманди прокуратура ба номи прокурори вилояти Суғд оиди ҳолатҳои кор баёнот гирад.

Баҳодурзода М. дидаву дониста, ки корманди мақомоти прокуратура намебошад, бо баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабиаш аз шаҳрвандон Абдуллоев Ф., Ҷабборова Ф., Набиев Қ., Эгамбердиев О.З., Баротов А.Р., Алиев Ш.Ш., Рузиев Ҳ., Ниёзов З., Ҷураев Ҳ., Сайдалиев А., Исмоилов М., Каримов А.М., Султонов С.,  Абдуразоқов Б.,   Мамадҷонзода Р. ва дигарон,  ба номи прокурори вилояти Суғд доир ба ҳолатҳои кор баёноти хаттӣ гирифтааст.

Баҳодурзода М., ки худ ба оқибатҳои кор манфиатдор буда, якчанд маротиба қабл аз ин фаъолияти кооперативро мавриди санҷиш қарор ва хулосаҳои мусбат додааст ва ҷиҳати ошкор нашудани кирдорҳои ғайриқонуниаш, дар баёнотҳои хаттии номбурдагон худаш дастӣ ҳолатҳои корро баён карда, аз номи баёнотдиҳандагон ваҷҳҳои пешниҳод кардаамро рад кунонида, дар охир имзои онҳоро дар баёнотҳои тартибдодааш гирифтааст.  Дар баёнотҳои номбурдагон сана ва шахси гирандаи баёнот ҷой надорад.

Ҳамзамон, аз баёнотҳои Файзуллоев М., Ҳайдарқулов Н. А., Иномҷонов М., Почоев Д., Аминов И., Зокиров Ғ.  ва дигарон бармеояд, ки он баёнотҳо низ аз ҷониби Баҳодурзода М. ва ё дигар нафар бо роҳи дастнавис тартиб дода шуда, аммо дар он бардурӯғ қайд карда шудааст, ки гӯё он баёнотҳоро Ҳусейнзода Ф. гирифтааст, ҳол он ки дар ин баёнотҳо се намуд ҳусни хат дида мешавад.

Аз рӯйи маълумотҳои дастрас намудаам ба ман маълум гардид, ки пеш аз он ки номбурдагонро барои додани баёнот даъват кардаанд,    номбурдагон аз ҷониби масъулини кооператив мавриди фишор ва таҳдид қарор дода шуда, огоҳ гардидаанд, ки дар ҳолати воқеиятро баён намудан, шартномаҳои байни онҳо ва роҳбарияти кооператив ба имзо расида беэътибор дониста шуда, онҳо аз амволи соҳибшудаашон маҳрум мегарданд.

Дар ҳамин асосҳо, номбурдагон ҳолатҳои дар аризаам овардашударо рад кардаанд.

Хуллас, ҳолатҳои аз ҷониби роҳбари  кооператив ба хешовандони наздикаш ва дигарон фурӯхтани бинову иншоотҳо ва дигар амвол  пурра, ҳаматарфа ва холисона мавриди санҷиш қарор дода нашуда, ба ҳолатҳо танҳо ва фақат ба ҳуҷҷатҳои хариду фурӯши он баҳо дода шудаасту халос.

Дар рафти санҷиш ба арзиши бозорӣ ва воқеии амволи бегонашудаи кооператив баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода нашудааст. Соҳибмулкони ҳозираи он амвол ба хотири шартномаҳои хариду фурӯши он амвол бекор нагардидану аз амвол маҳрум нашудан, воқеан ба кадом арзиш харидани он амволҳоро пинҳон доштаанд. Арзишҳои бинову иншоот ва дигар воситаҳои фурӯхта шуда ҳам хандаовар ва ҳам шубҳаовар мебошад.

Хуллас, ин чанд факту далел ва рақамҳоеро, ки ман аз сохтакориҳову талаву тороҷи роҳбарияти кооператив овардам, хеле ночиз буда, дар асл лак андар лак аст. Ва дар мавриди зарурӣ метавонам хирвор – хирвор аз тохтутозҳои онҳо дар мавриди амвол ва техникаву чорвои кооператив маълумоти дақиқ пешниҳод намоям. Бинобар ин, бо дар назардошти гуфтаҳои боло, бо мақсади таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, таъмини ҳифзи манфиатҳои қонунии коопеартиви мазкур аз ШУМО эҳтиромона

ХОҲИШ  МЕНАМОЯМ:

  1. Қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 24 июни 2021 сол, ки аз тарафи прокурори калони бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҳусейнзода Ф.А. нисбати роҳбарияти Кооперативи тиҷоратии ба номи “Ҷ.Расулов”-и ноҳияи Б.Ғафуров Ҷабборов Ҷаҳонгир Юсуфович ва дигарон қабул кард шударо бинобар ғайриқонунӣ, бармаҳал ва беасос буданаш бекор намоед.
  2. Санҷиши иловагии маводи мазкурро ба зиммаи муфаттишони КДАМ ҶТ вогузор намоед.
  3. Нисбати прокурори калон Ҳусейнзода Ф.А. барои дар рафти баррасии аризаам талаботи моддаҳои 145 ва 149 КМҶ ҶТ-ро ба таври ҷиддӣ вайрон карда, баррасии пурра, ҳаматарафа ва холисонаи аризаамро таъмин накардан, тадбирҳои интизомӣ андешед.

Замима:  нусхаи қарори рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 24.06.2021 с.

Бо арзи эҳтиром,

Абдуллоев Маъруф Абдурауфович, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, кӯчаи Ёва, хонаи 99, аъзои кооперативи истеҳсолии ба номи «Ҷаббор Расулов» – и ноҳияи Б. Ғафуров.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here