Содиқов Қузибой, сокини деҳаи Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан бо умеду орзуҳои нек қадам ба ҳаёт гузошта, бо меҳру муҳаббати беандоза давраи ҷавонии худро бо меҳнати содиқона гузаронидааст.

Дар собиқ совхози “Комсомол”-и ҷ/д Қалъаи Баланд, деҳаи Ҷавкандаки шаҳри Уротеппа (Истаравшан) меҳнати шоиста карда, ба муваффақияту пешравиҳо ноил гардидааст. Аз ин хотир, роҳбарони хоҷагӣ фаъолияти хуби ӯро ба назар гирифта, бо фармони №231 аз 28- уми ноябри соли 1994 ва фармони №274 аз 10- уми январи соли 1995 ба ӯ замини назди ҳавлигӣ 0,15 га ҷудо намуданд. Дар ин бора дар дафтари заминдории совхоз дар солҳои 1975-2000 возеҳу равшан қайд гардидааст. Дар китоби хоҷагидории ҷ/д “Ҷавкандак” 0,15 га замин дар номаш қайд гардида, андозу пардохт оиди замин ба сомон расонида шудааст.

Пас аз соҳибшудан ба замини назди ҳавлигӣ Қузибой боз дучанд меҳнат карда, барои бунёди хона ва манзили зист машғул шуд. Чӣ тавре фармудаанд:

Барои одамӣ се чиз нишона,

Накӯ фарзанду баъд бунёди хона.

Дарахтеро ба ҳосил парваридан,

Бувад аз мо нишони ҷовидона.

Қузибойи ҷавон зери ин шиор заҳмат кашида, манзили зист бунёд намуд. Пас аз нобасомониҳо, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оила бунёд карда, фарзандонро ба камол расонид. Имрӯз бо аҳли хонадон 16 нафар фарзандону наберагон оилаи ягонаро ташкил дода, баҳри ободии Тоҷикистон саҳмгузоранд. Баҳри дифои Ватан чанде пеш фарзандаш хизмати модар- Ватанро ба итмом расонида, бо сари баланд ба хонадон баргашт.

Сарвари хонадон Содиқов Қузибой Тешаевич имрӯз ба синни нафақа расидаасту дар ҳуҷҷатгузории манзили зисти оила сарсону саргардон аст. Ҳангоми ҳуҷҷатгузории заминҳои ш. Истаравшан, солҳои 2003- 2004 тартибдиҳандагони харитаи замин ба саҳланкорӣ роҳ дода, заминҳои бо қарори хоҷагӣ додаи сокинонро замини холӣ гузаронидаанд. Ҳол он ки то ин дам аҳли оилаи номбурда 16 нафар дар он ҷой манзил бунёд карда, зиндагӣ доранд ва он заминро истифода бурда истодаанд.

Аз ин рӯ, аз масъулон, пурсида мешавад, ки барои дуруст тартиб додани ҳуҷҷатгузории замини манзили зист ба сарвари хонадон ёрӣ расонанд. Аҳли оила шукронаи ободиву осоиштагии Ватан карда, бо роҳбари ғамхору ғамгусори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дастгири ниёзмандон мебошанд, арзи сипос намуда, ба дастгирии масъулон ниёз доранд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН,

хабарнигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь