Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Прокурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи якум, муҳтарам Азимзода С.

Ман ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сад дар сад мувофиқам, ки гуфтааст: “Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд”. Ҳамчунин, гуфтаанд, ки табиб ва судя ҳуқуқи хато карданро надорад, чун онҳо бо ҳаёти одам сарукор доранд. Аммо баъзе ба ном “табибоне” ҳастанд, ки ин сухани пурмуҳтавои Пешвои миллатро доғдор карда, бо амалҳои бесаводонаи худ на зиёбахшу наҷотбахши миллат, балки боис ба марги нобаҳангоми шаҳрвандон мегарданд. Чунин табибон қасами Гипократро зери по карда, ҷабр ба ҷони шаҳрвандон мекунанд.

Алҳол мехоҳам бо сӯзу гудозу қалби реш аз тақдири бади худ ва ҳамсари ҷавонмаргам қисса кунам, ки бо айби чанд табибаки таваллудхонаи шаҳри Панҷакент риштаи умраш канда шуду ҳама орзую омоли мо ба боди фано рафт. Мехоҳам ҳам гунаҳгорон ба ҷазои аъмолашон бирасанду ҳам мардум аз шарри чунин духтурони бесаводи фиребгар халос шаванд.

Рӯзи 9-уми апрели соли равон бо ҳазор орзую умед ҳамсари 21-солаам Ҳошимзода Бахтиниссоро ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент бурдам. Бояд бигӯям, ки ҳамсарам то ба таваллудхона омадан давраи ҳомиладориро хеле хуб гузаронида буд. Тифл дар батни модар ягон мушкил надошт. Он рӯз ҳам ҳамаи ташхисҳои лозимаро анҷом доданд ва дар модару тифл ягон камбудӣ ошкор нашуд. Фишори хунашро санҷида, тахминан соати дуи шаб ҳамсарамро ба таваллудхона қабул карданд. Мо аз табиби таваллудхона Тағоева Ҳилола хоҳиш кардем ва ризоят додем, ки бинобар майда будани ҷуссаи хамсарам ва барои лат наёфтани тифли батн бо роҳи ҷарроҳӣ тифлро берун оранд, вале онҳо гуфтанд, ки пагоҳ биёем, зеро алҳол ҳаво сард аст ва ҳамчунин, ҳамсарам имшаб таваллуд намекунад.

Мо ба маслиҳати табибон гӯш дода, бо хотири ҷамъ ба хона баргаштем. Чун саҳари рӯзи дигар ба таваллудхона омадем, яке аз ҳамшираҳои шафқат ба наздамон омад ва гуфт, ки вазъи саломатии бемор камтар вазнин, ёрдамчӣ лозим аст, ки ӯро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ гузаронем.

Баъдтар духтурон ба мо гуфтанд, ки ҳолати бемор хубтар шуд ва бо осонӣ таваллуд хоҳад кард. Мо бори дигар аз табибон илтимос кардем, ки кӯдакро тариқи ҷарроҳӣ бигиранд ва тайёр будем, ки баёнот ҳам бидиҳем, аммо ба гапамон гӯш накарданд. Баъдан он чӣ ба сарамон омад, ки аз он метарсидем. Ҳангоми таваллуд, пас аз як қисми сари бача, ҳамсарам аз ҳуш меравад. Дарҳол ҷарроҳӣ карданд, аммо тифлро зинда гирифта натавонистанд ва бо ин амалашон ба бачадони бемор зарар расониданд. Ҷисми беҷони тифлро, ки бо умед таваллудашро интизор будем, бароварда ба мо доданд.

Рӯзи дигар аҳволи ҳамсарам боз ҳам бадтар шуд ва духтурон барои пӯшонидани камбудиҳояшон аз шаҳри Хуҷанд табиб даъват карданд.

Табиби амрози занонаи беморхонаи марказии вилояти Суғд Шукурова Шаҳло Ҷӯрабаевна бо ҳамроҳонаш беморро аз назар гузарониданд. Пасон моро ба наздашон даъват карда гуфтанд, ки агар бачадони беморро нагирем, ӯ то саҳар вафот мекунад. Ӯ духтури таваллудхонаи шаҳри Панҷакент Тағоева Ҳилоларо, ки сабаби асосии марги тифли ҳанӯз ба дунё наомадаам буд, сарзаниш карда, хатоҳояшонро гуфт. Духтурони хуҷандӣ аз мо забонхат гирифта, бачадони беморро ҷарроҳӣ карда гирифтанд ва ҳамон шаб ба Хуҷанд баргаштанд. Рӯзи баъдӣ аҳволи бемор вазнин шудан гирифту аз ҷои ҷарроҳишуда хунрезӣ сар шуд. Сардухтур Бӯриев М. маҷбур шуд боз аз шаҳри Хуҷанд табибонро даъват кунад. Қарибиҳои бегоҳ духтурон омада, боз ҷарроҳӣ карданд.

Духтури асосии бемор Тағоева Ҳилола бошад, камбудиҳояшро фаҳмид ва шавҳари ӯ – ҷарроҳи беморхонаи марказии Панҷакент Яҳёев ҳар рӯз ба назди мо меомад. Яҳёев хатоҳои хамсараш Тағоева Ҳилоларо ба гардани духтурони хуҷандӣ бор карданӣ мешуд. Давоми 7 рӯз ба бемор 3 маротиба наркоз доданд, ки ҳолаташро боз ҳам вазнинтар кард. Сардухтур Бӯриев ва табиб Тағоева Ҳилола моро дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки вазъи бемор оҳиста-оҳиста беҳтар мешавад ва ягона ташвишашон бо найча кам омадани пешоб аст, ки онро низ ҳал хоҳанд кард, аммо дар асл ягон чора надиданд.

Вақте ки ҳолати саломатии ҳамсарам ваҳимтар гардид, табибони шуъбаи урологиро даъват карданд. Онҳо пас аз ташхиси рентгенӣ муайян карданд, ки найчаи пешобгузари бемор ҳангоми ҷарроҳӣ сӯрох карда шудааст ва ҳамин тавр, давоми зиёда аз 20 рӯз як қисми пешоб ба даруни бадани бемор ҷамъ шуда, ҳамаи узвҳои даруниро заҳролуд кардааст. Дар натиҷа, пас аз 3 рӯзи бистарӣ дар шуъбаи урологӣ, бо хунукназарӣ ва айби табибони беинсофи таваллудхонаи шаҳри Панҷакент ҳамсари ҷавонмаргам Ҳошимзода Бахтиниссо вафот кард. Аз ҳама аламовар он аст, ки сардухтури таваллудхона Бӯриев М., муовини сардухтури беморхонаи шаҳрӣ Абдуллоева, духтур Тағоева Ҳилола бо шавҳараш Яҳёев моро бовар мекунонданд, ки ҳолати бемор хуб аст ва илова бар ин, боз ҳар рӯз ба мо рӯйхати зиёди доруҳоро медоданд, ки харида биёрем. Агар аҳволи бемор хуб бошад, ба харидории дурувории зиёд чӣ ҳоҷат буд? Бо ин амали беинсофона ва ғайриинсонияшон табибони таваллудхона ба ман зиёда аз 25 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расониданд.

Агар бемор нағз мешуд, ҳамаи хароҷот садқаи сараш буд, ҳам ҷонамону ҳам моламон аз даст рафт. Дар мавриди зарари руҳӣ ва равонии ба ман расонидаашон ҳоҷати гап ҳам нест, зеро онро ба ягон ченак баркашидан имкон надорад. Сангдилию бепарвоии табибони таваллудхона Тағоева Ҳ., шавҳараш Яҳёев ва сардори онҳо Бӯриев М.-ро бубинед, ки беморро ба ҳолати марг расонида, ба шуъбаи урологӣ гузаронидаанду боре ҳам аз аҳволаш хабар нагирифтанд. Гӯё онҳо чунин беморро намешиносанд ва аслан дар беморхона вуҷуд надорад. Ҳамсарам дар дигар шуъба вафот карду гӯё ба онҳо ҳеҷ рабте надорад. Дигар чӣ кор ҳам мекардем?

Ҳамсарамро ба ҳаёт баргардонида намешавад. Дар ин қазия гунаҳгори асосӣ табиб Тағоева Ҳилола аст, ки аз дасти ӯ бисёриҳо ба дод омадаанд. Аксарияти сокинони шаҳри Панҷакент, ки шароити хуб доранд, наздикону пайвандонашонро ба таваллудхонаҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд мебаранд. Кори Тағоева Ҳилола миёни мардум афсона шудааст ва касе дигар ба ӯ зану тифли ба дунёнаомадаашро бовар намекунад.

Мутмаинам, пас аз саргузашти талхи ман мақомоти ҳифзи ҳукуқ нисбат ба ин қазия чораҷӯӣ мекунанд ва нахоҳанд гузошт, ки чунин табибони бесаводу бемасъулият ба мисли мани бадбахт бо тақдири дигарон бозӣ кунанду онҳоро ҳам аз зану фарзанд барои умрбод ҷудо созанд.

Умедворам, гунаҳгор ҷазои худро мегирад ва табиби Тағоева Ҳилола аз соҳаи тандурустӣ барои ҳамеша дур карда мешавад.

Аз ин ҳодисаи ба сарам омада ҷигарам хун аст. Аз сокинони шаҳри Панҷакент ва нафароне, ки аз ин гуна табибони бесаводу нодон ҷабр дидаанд, хоҳиш менамоям, хомӯш нанишинанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд, ҳақ ба ҳақдор расонида шавад. Ин амали сокинон метавонад барои дигар табибон дарси ибрат гардад, то минбаъд дар боби вазифаи ҷонии худ, ки хизмат ба модару миллати тоҷик аст, масъулияти бештар эҳсос кунанд.

Бо сӯзу гудоз, аз ҷониби ҳамсари Бахтиниссои ҷавонмарг, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, кӯчаи С. Шерозӣ 132, Алишери Тошпӯлод

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Аз дасти ин гуна табибон Тағоева ҳилола,набиева диловара,облоқулова шаҳло,хидиров,яҳёева ва садриева набераи ман низ вафот кард.ҳамаи диагнозе ки медонистанд ба сари тифлаки навзод бор карданд.умедворам додрасе пайдо мешудагист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь