Ба раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Озода Раҳмон

Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” мӯҳтарам Хуршеди Атовулло

 Ман бо шавҳари собиқам аз соли 2009 то 2020 зиндагии осоишта доштем. Ман ба бемории ҷигар, санг дар дохили талхадон гирифтор шудам. Шавҳарам аз табобатам даст кашид ва бо маслиҳати бародараш, вакили маҳаллӣ – Ёқубов Содиқҷон Холиқович ҷавоби маро дод.

Бо се кӯдаки хурдсоли ноболиғ ба хонаи падарам баргаштам. Шавҳари собиқам бо ҳамроҳии бародараш чорво ва маҳсулоти 11 гектар замини хоҷагиро фурӯхтанд, ки он ҳама маҳсули зиндагии муштараки мо мебошад. Ман соли 2021 ба суд оид ба тақсимоти молу амволи муштарак ва таъмини фарзандони ноболиғ бо ҷои зист муроҷиат намудам. Мутаассифона, бародари собиқ шавҳарам, вакили маҳаллӣ Содиқ Ёқубов бо истифода аз ёру шиносҳояш дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов ва хоҷагии деҳқонии ба номи С. Ӯрунхӯҷаев манзили истиқоматии навбунёди ману шавҳарамро ба номи падараш, ки ба ин хона ягон алоқамандӣ надорад, гузаронида, ҳуҷҷатҳои заминҳои хоҷагиро низ аз байн бурд.

2 сентябри соли 2022 ман иҷрочиёни судро барои амвол ва маскун шудан ба хонаи истиқоматии шавҳарам бурдам. Падари шавҳарам Холиқ Ёқубов ба ман дарафтода, дар ҳузури иҷрочиёни суд ва шоҳидон маро латукӯб намуд, ки дар натиҷа биниам шикаст.

Баъдан ором нашуда, вакил Содиқ Ёкубов, падараш ва бародараш ба падарам ҳамла намуда, бераҳмона латукӯб намуданд. Ману падарам ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, 20 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ гардидем. Касе аз шахсони ҷинояткор аз ҳолу аҳволи мо хабар нагирифт. Баръакс вакили маҳаллӣ Содиқ Ёқубов ба мо таҳдид кард, ки “ман ин корро ҳал мекунам ва аз дастат чизе намеояд”.

Бо ариза ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намудам. Мутаассифона, он чуноне, ки вакили маҳаллӣ ба мо гуфта буд, кор ба манфиати ӯ ҳал шуд ва касе ба доди мо нарасид. Ман дар ҳайратам, ки магар латукӯби як модари бемор ва як пирамард ҷиноят нест? Оё қонунгузории кишвар ба вакил иҷозати латукӯби бечорагонро медиҳад? Оё вакил ба ҷои қонунофарӣ ва ғуломи қонун будан худ қонуншиканӣ мекунад? Агар не, пас чаро мақомоти дахлдор пеши роҳи ҷиноятҳои ӯро намегиранд?

Ба маълумоти Шумо расониданиам, ки пас аз ҷавоби маро доданаш вакили маҳаллӣ ба додараш як духтарро аз ноҳияи Мастчоҳ хонадор кард ва баъди таваллуди фарзанд ҷавоби ӯро низ дод. Баъд аз он Содиқ Ёқубов вакили маҳаллӣ ба шавҳари собиқам хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъи никоҳи хешутаборӣ духтари холаашро бе қайди никоҳ дар САҲШ ва бо истифода аз ёру шиносҳояш дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон оиладор намуд.

Оё вакили маҳаллӣ то хамин андоза қонуншиканӣ карда метавонад? Кӣ ба ин гуна ашхос чораандешӣ мекунад? Кӣ роҳи вакилшавии шахсеро, ки маълумоти миёнаи нопурра ҳам надорад, мегирад? Ман модари ҷабрдида бо бемориҳоям бо кӯдакони ноболиғам ва хамакнун бо ин латукӯб шуданҳоям ба кӣ ва куҷо муроҷиат намоям?

Онҳо ҳатто алименти кӯдаконро, ки бо қарори суд муайян шудааст, намесупоранд ва баҳона пеш меоранд, ки маблағ надоранд, вале барои баргузор кардани оилаҳои нав ба нав маблағ пайдо мекунанд. Ман чанд маротиба ба прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кардам, вале, мутаассифона, ягон чораи қонунӣ андешида нашуд. Ман дар рӯ ба рӯи вакили пулдор ва тағодор оҷиз мондаам. Умеди охирини ман аз Шумост ва аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба мушкили ман расидагӣ намоед ва ба ман дасти ёрӣ дароз намоед.

Бо эҳтиром, Ёқубова Омина Сулаймонқизӣ,

сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон,

минтақаи А.Зиёев, кӯчаи И.Аъзам 22

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь