Ба таваҷҷуҳи Раиси суди Олии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Журналистӣ пешаи душвор ва ҳамзамон ҷолибест, ки дар раванди фаъолият бо ашхоси наҷибу аҷиб шинос гардида, бо ҳаводиси гуногун рӯ ба рӯ мешавӣ. Гоҳе аз беадолатӣ нисбат ба нафарони шикояткунанда дар ҳайрат мемонию гоҳи дигар ба тақдири эшон ҳавас мекунӣ. Пӯшти ҳар шикоят фарёди безабони як шаҳрванд меистад, ки аз ҷабру азоби онҳо ҳайрон мемонӣ.
Қиссаи як пирамарди бухороиасл яке аз он ҳодисаҳоест, ки наметавонад ҳеҷ шахси одиро дар канор гузорад. Муйсафед, ки синнаш ба 80 расидааст, бо қомати хамгашта, бо чашмони ғамзадаву ҳайрон дари утоқи кориамро мекушояд.
– Ассалому алейкум. Утоқи газетаи “Фараж” ҳамин ҷо аст? – бо ҳайрат пурсон мешавад мӯйсафед.
– Бале, марҳамат, дароед, бобоҷон, – аз ҷой хеста муйсафедро ба курсӣ шинондам.
Эҳсос кардам, ки мӯйсафед аз роҳи дур омадааст, зеро аз хастагии чашмону хӯшкии лабонаш ин ҳолат ҳувайдо буд. Зуд чой дам кардам ва ба пирамард як пиёла чой дароз кардам. Пас аз нӯшидани чою каме рафъи хастагӣ аз мӯйсафед сабаби ташрифаш ба газетаро пурсон шудам. Баъди каме суолу ҷавоб маълумам гашт, ки ин пирамарди одии деҳотӣ нест, нафарест, ки умри ҷавонашро сарфи хизмат ба мардум, яъне як умр барои саломатии шаҳрвандон талош кардааст.
Муқимов Дарвеш Чориқулович, табиби сироятшинос, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва айни замон 80-сола.
Хонандаи закӣ ҳатман бесаброна интизори қиссаи ин пирамард ва сабаби кӯфтани ӯ дари утоқи рӯзноманигоронро зудтар барояш нақл кунем.
Қаҳрамони мо зодаи шаҳри Бухоро ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд бо ихтисоси сироятшинос аст. Ӯ нақл кард, ки пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ соли 1959 то 1961 дар Коллеҷи тиббии Бухоро таҳсил карда, баъди чанд соли фаъолият ба ҳайси бародари шафқат, таҳсилашро аз соли 1966 то 1973 дар донишгоҳи тиббии Тошканд идома дода, соҳиби ихтисоси сироятшиносӣ гардидааст.
Муқимов Дарвеш гуфт, вақти тақсимот ба вай пешниҳод шудааст, ки дар донишгоҳи шаҳри Самарқанд ба ҳайси муаллим фаъолияташро давом диҳад, аммо чун дар Душанбе як амма доштааст, ӯ кор дар соҳаи тандурустии Тоҷикистонро интихоб мекунад.
– Ҳамин тавр, соли 1973, пас аз хатми донишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд ба Тоҷикистон омадам. Дар вазорати тандурустӣ пешниҳод карданд, ки фаъолиятро дар Бемористони марказии ноҳияи Ёвон оғоз кунам. Он замон бемориҳои сироятӣ дар ин минтақа бештар ба қайд гирифта шуда буданд.
Аз табиби одӣ сар карда, то мудири шуъбаи сироятӣ ва сардухтури Беморхонаи мазкур тӯли қариб 30 сол фаъолият кардам. Дар ин муддат шогирдони зиёд тарбия кардам ва беморони зиёдро табобат кардем, – ба ёд меорад табиби куҳансол.
Вақте ки ҳамсуҳбати мо аз кору фаъолият ва дастовардҳояш дар соҳаи тибби кишвар ҳарф мезад, ашк даври чашмонашро мепечонд ва ҳар замон бо дастони ларзон оби чашмашро пок мекард. Аз нақли пирамард ҳар шунаванда гумон мекард, ки ӯ ашки шодӣ ва қаноатмандӣ аз кору зиндагӣ мерезад, аммо эҳсос кардам, ки мӯйсафед дард дорад, дарде дорад, ки шунаванда мехоҳад, мушкиле дорад, ки ҳал мехоҳад. Аммо дар сатҳи ҳукумату мақомоти маҳаллӣ барои чунин имконият пайдо нашуд, яъне на даршунав ёфту на касе ба мушкилоташ расидагӣ кард. Барои ҳамин ӯ ягона дардшунав ва мушкилосонкункасонро дар симои рӯзноманигорон ва матбуотӣ даврӣ мехоҳад пайдо созад. Агар навиштаи мо каме ҳам бошад ба дарди ин пирамарди корафтода малҳам гардад, рисолати касбиамонро иҷрокарда меҳисобем.
Мушкили асосии Дарвеш Муқимов дарбадарист. Тасаввур намо, хонандаи азиз, дар синни 80-солагӣ мӯйсафед хонабардӯш аст: гоҳ дар хонаи хешу табор, гоҳе дар манзили шогирдону онҳоест, ки дар вақташ табобаташон карда буд…
Пас аз чандин соли ҳамзистӣ ҳамсари азизаш вафот мекунад. Фарзандон ҳам, ки дар хориҷӣ кишвар кору фаъолият мекунанд, аз падар хоҳиш мекунанд, то бо яке аз онҳо зиндагиро ихтиёр кунад. Аммо меҳри маконе, ки он ҷо меҳнати ҳалол кардаву софдилона кору фаъолият намудааст, боло мегирад ва дар ноҳияи Ёвон мемонад. Гарчанде дар нафақа асту ҷое расман кор намекунад, табиби ҳозиқ ҳоло ҳам аз пешаи худ нони ҳалол мехӯрад. Корафтодагон муроҷиат мекунанд ва ӯ бо малакаву дониши худ эшонро табобат мекунад. Фарзандон ҳам гоҳе занг задаву ва гоҳе имконият даст диҳад, омада хабараш мегиранд…
Дарбадарии пирамард замоне рух дод, ки пас чандин соли вафоти ҳамсараш шиносе барои нигоҳубини мӯйсафед барояш зан пайдо мекунад.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар аввал зан хеле ҳалиму меҳрубон буд ва ҳарчанд, ки ӯ 3 фарзанд дошт, қабул кард, ки онҳоро падарӣ кунад, дар зиндагӣ роҳнамову таъмингарашон бошад. Аз ин рӯ, соли 2017 бо Мирзомуродова Сурайё ақди никоҳи расмӣ мебандад ва давоми як сол ҳаёти якҷоя мебаранд. Ба гуфтаи пирамард, ӯ дар ҳаёташ ҳатто мӯрчаро ҳам озор надода буд ва тӯли ҳаёти тӯлонии ҳамзистӣ бо модари фарзандонаш дар миёнашон ҳатто калима “ту” набуд, аз зани нави ҷавон акси онро таҷриба кард.
– Ман сари фарзандонашро ҳамчун фарзандони худам сила мекардам, афсонаҳо мехондам, насиҳат мекардам. Кӯшиш мекардам, ки онҳо эҳсоси бепадарӣ накунанд. Аммо модарашон маро тамоман ҳурмат намекард, соатҳо дар саҳни ҳавлӣ бо телефон суҳбат мекард, суханҳои дағал мезад ва ғайра. Як сол тоқат кардам ва пешниҳод додам, ки ҷудо шавем. Ӯ ҳам қабул кард. Ба суд ариза додем ва боз шаш моҳи дигар барои ислоҳшавӣ муҳлат доданд, аммо ҳеҷ не, ки ислоҳ шавад. Хулоса, суд моро расман ҷудо кард. Собиқ ҳамсарам, ки дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи К. Қурбон, хонаи 5 ”а”, ҳуҷраи 4 манзили шахсии истиқоматӣ дорад, бо фарзандонаш ба манзилаш баргашт. Мо аз ҳаёти оилавиамон соҳиби фарзанд нестем, аммо баъди чанд муддат собиқ ҳамсарам ба манзили истиқоматии ман (н. Ёвон, ҷамоати деҳоти Г. Юсуфов, деҳаи Навкорам, хонаи 13, ҳуҷраи 1) бо фарзандонаш баргашту нисбати ман таҳдиду дашномҳоро оғоз кард. Ҳол он ки мо бе ягон баҳси манзил ва ҷангу ҷанҷол тариқи судӣ ҷудо гардида будем, – гуфт Муқимов Д.
Ба нақли пирамард, шиносҳо тавсия додаанд, ки дар манзилаш бо ин зан якҷоя намонад, то балое ба сараш наорад. Бинобар ҳамин, пирамарди табиб чанд сол боз дарбадару сарсон аст. Ин муддат пӯшти дари мақомоти судӣ ҳақиқат меҷӯяду ва дар орзуи соҳиб шудан да манзилест, ки умрашро дар он сипарӣ намудааст. Ба гуфтаи пирамард, ҳар замон бо ҳар баҳона судяҳои суди ноҳияи Ёвон шикояташро барои берун кардани собиқ ҳамсараш аз манзили зист бе баррасӣ мемонанд.
Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”