Ба раиси Суди вилояти Суғд Б.Д. Оқилзода

Нусха ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам, раиси Суди вилояти Суғд Оқилзода Б.Д., ман сокини шаҳри Душанбе Солеҳзода Шаҳбоз Маҳмадназар ҳастам, ки аз болои қарори ҳалномаи суди ноҳияи Мастчоҳ аз 08 майи соли 2020, қарори кассатсионии колсгияи судӣ оид ба парвандаи граждании Суди вилояти Суғд аз 10 июни соли 2020, қарори раёсати Суди вилояти Суғд оид ба парвандаҳои ҷавобгарии маъмурӣ оид ба шикояти назоратӣ аз 21.12.2020 ва ҳолатҳои нав ошкоршуда шикояти назоратӣ дорам.

Асли қазияи ин аст, ки ман аз ҳудуди минтақаи бетарафи байни сарҳади Ӯзбекистон ва Тоҷикистон як воситаи наклиёти ба шаҳрванди Федератсияи Русия тааллуқдоштро бо хоҳиши рафиқам Ҷӯраев Фируз Нуридинович тариқи роҳҳои қонунии муайяншудаи сарҳад ба Тоҷикистон гузарониданӣ будам. Ин воситаи нақлиёт тамғаи “Опел Астра” рақами давлатиаш АС004509508. соли бароришаш 2003, рангаш сабз, рақами бароришаш VIN wovootgt35y8111422 аст, ки амволи шахсии шаҳрванди Русия Василева Елена Юревна будааст. Ин автомашина барои сафари хидматӣ бояд ба Тоҷикистон ворид мешуд, аммо вақте Ҷӯраев Фируз ба минтақаи бетарафи сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон мерасад, соҳибкори инфиродӣ Е.Ю. Василева, ки роҳбари Ҷӯраев Фирӯз аст, ба ӯ занг зада, талаб кардааст, ки зуд ба Русия баргардад. Ҷӯраев мошинро дар ҳамин минтақаи бетараф гузошта, рақамҳои қайди давлатии онро аз танаи мошин канда, дар боғоч гузоштааст. Сипас, ба ман занг зада хоҳиш кард, ки ин мошинро аз қайди гумрукӣ гузаронида, то аз Русия баргаштанаш нигоҳ дорам. Худаш бо ҳавопаймо ба Русия баргашт.

Ман ба минтақаи бетараф рафта, аз саросемагӣ рақамҳои қайди давлатии мошинро наҷуста, рақамҳои қайди давлатии автомашинаи худамро ба он насб кардам. Маро сарҳадбонҳо дар дидбонгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карданд сарҳадбонҳо ба далеле, ки воситаи нақлиёт ҳуҷҷат надорад, санда тартиб дода ба нуқтаи гумрукӣ пешниҳод карданд. Кормандони гумруки Ҷумҳурии Точикистон ин ҳаракати маро чун қойидаваронкунӣ ба қайд гирифта, парванда ташкил карданд ва маро бо моддаи 577-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, барои чораҷӯӣ ба суди ноҳияи Мастчоҳ пешниҳод карданд.

Бояд гӯям, ки ҳаракатҳои ман мутобиқ ба моддаи 577 (Барои интиқоли мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз он, бо роҳи истифодаи махфигоҳҳо, роҳҳои дигаре, ки ошкор кардани молро душвор мегардонанд) нест, зеро ин модда баровардани ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад, на даровардани онро. Ман воситаи нақлиётро бо иваз кардани рақамҳои қайди давлатиаш мехостам аз сарҳади Тоҷикистон гузаронам ва он ҳам дар ҳоле, ки воситаи нақлиёт ҳуҷҷатҳои қонунӣ дорад ва ман онро тариқи роҳи қонунии байни сарҳади ду давлат ворид мекардам. Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ аз ман ҳатто пурсида нашуд, ки воситаи нақлиёт ҳуҷҷати қонунӣ дорад, ё на, он аз куҷо гирифта шудааст, ба кӣ тааллуқ дорад. Ин ҳаракатҳои ман аз нодонӣ сар задаанд ва мутобиқ ба модаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ), яъне барои иваз кардани рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёт, бояд банду баст шаванд.

Дар ҳолати дигар, кормандони дидбонгоҳи сарҳадӣ ва гумрук нисбати ин ҳаракатҳои ман протокол ва санад тартиб дода, аз номам баёнот навиштанд ва имзоямро гирифтанд. Ин ҳама санаду баёнот дар ҳоле гирифта шуданд, ки ман аллакай тавони бардоштани ин ҳама ранҷро надоштам, зеро маро муддати 3 рӯз дар ин ҷо гуруснаву ташна нигоҳ дошта буданд ва ман таҳти фишори рӯҳиву равонӣ маҷбур шудам, ки ба санаду баёнот имзо гузорам. Дар рафти суд ман ва вакили дифоам Одинашо Қосимзода борҳо кӯшиши кардем, ба суд фаҳмонем, ки баёнотҳоро ман нанавиштаам ва маро маҷбур кардаанд, ки бо он имзо гузорам, аммо суд инро ба инобат нагирифт. Баёнот бояд бо дасти худи баёнотдиҳанда навишта шавад, аммо баёноте, ки аз номи ман навишта шудааст, аз ман нест.

Дар хусуси модаи 577 гуфтаниам, ки вожаи “интиқол” дар ин мода гузарондан (баровардан) аз сарҳадро дар назар дорад. Хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамин аст, ки ин вожа маънии бароварданро дорад (хулосаи Кумита мавҷуд аст ва ба суд пешниҳод шудааст).

Агар дар моддаи 577 навишта мешуд, ки интиқоли воситаи нақлиёт ба воситаи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо пешоянди “ба”) он вақт ғайриқонунӣ ҳисоб карда мешуд, лекин дар ин модда пешоянди “аз” истифода шудааст. Яъне, воситаи нақлиёт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва танҳо дар иваз кардани рақами қайди давлатӣ қонуншиканӣ дида мешавад. Судяи ноҳияи Мастчоҳ ва судяҳои коллегияи оид ба парвандаҳои маъмурӣ чӣ маънӣ доштани моддаи 577-ро, ки Кумитаи забон ва истилоҳот бо забони тоҷикӣ маънидод кардааст, эътироф намекунанд. Пурсида мешавад, ки оё ин судяҳо “Қонун дар бораи забони тоҷикӣ”-ро ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, эътироф мекунанд?

Ҳамин тавр, бо дастрасии модаҳои 4, 124, 125-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳалномаи суди ноҳияи Мастчоҳ аз 8 майи соли 2020 ва қарори кассатсионии колегияи судӣ оид ба парвандаи граждании Суди вилояти Суғд аз 10 июни соли 2020, бинобар беасос ва яктарафа баррасӣ щудани парванда, бекор карда шавад. Дуюм, монеаи эҷодкардаи кормандони гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф карда шуда, парванда ба Раёсати гумруки вилояти Сугд барои аз нав дида баромадан баргардонида шавад.

Умедворам, Суди вилоят, ки чун ҳокимияти қонунӣ пуштибони корафтодагону дармондагон аст, хоҳиши маро ба инобат мегирад ва дар ин қазия муйро аз хамир ҷудо мекунад.

Солеҳзода Шаҳбоз  Маҳмадназар,

сокини шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь