Ба Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

Ман Боева Ситора Азизовна, имрӯз маҷбур шудам, ки нисбати амалҳои беадолатонаи судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо роҳи шиносбозӣ ман ва фарзандони ноболиғам Ҳабибуллоев Имрон Эраҷович, Ҳабибуллоев Умар Эраҷович ва Ҳабибуллоев Самад Эраҷовичро аз манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20 ба кӯча бароварда партофт, шикоят кунам.

Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 26.07.2021 даъвои Воҷидов Маҳмадюнус Маҳмадюсуфович нисбати Ҳабибуллоев Эраҷ Абдулҳамидович, Боева Ситора Азизовна, Боева Боғигул ва Боева Зулайхо Азизовна оид ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани манзили истиқоматии дигар қонеъ карда шуда, ман – Боева Ситора Азизовна бо се фарзанди хурдсолам Ҳабибуллоев Имрон Эраҷович, Ҳабибуллоев Умар Эраҷович ва Ҳабибуллоев Самад Эраҷович аз манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20 бе додани манзили истиқоматии дигар кӯчонида шудем.

Ҳангоми таҳлили ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 26.07.2021 муайян карда шуд, ки суди марҳилаи якум бархилофи талаботҳои қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро баррасӣ намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ман ва фарзандони ноболиғамро поймол намудааст.

Тибқи талаботи қисми 1, моддаи 200-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, “ҳалнома бояд қонунӣ ва асоснок бошад”. Мутобиқи банди 2-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №13 аз 23.06.2010 “Дар бораи ҳалномаи судӣ”, ҳалнома дар он ҳолат қонунӣ мебошад, ки агар он бо риояи дақиқи меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ қабул карда шуда, ба меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ, ки нисбати ҳамин муносибатҳои ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад, пурра мувофиқат кунад. Ҳалнома ҳамон вақт асоснок мебошад, ки агар ҳолатҳои парванда бо далелҳои дар маҷлиси судӣ таҳқиқгардида, ки ба талаботи қонун оид ба дахлдорӣ ва ҷоизии далелҳо ҷавобгӯй мебошад, тасдиқ шуда бошад. Инчунин, вақте ҳалнома хулосаҳои мукаммали судро дар бар мегирад, ки онҳо аз ҳолатҳои воқеии парванда бармеоянд.

Аз ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 26.07.2021 маълум мешавад, ки он ба пуррагӣ бар хилофи меъёрҳои дар боло овардашуда қабул карда шуда, қонуни гражданӣ ва меҳнатӣ нодуруст нисбати муносибатҳои ҷойдошта татбиқ карда шудааст.

Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 26.07.2021 бинобар ғайриқонунӣ, ғайриобъективона ва яктарафа буданаш бо асосҳои зерин розӣ буда наметавонем:

Суди зинаи аввал бар хилофи конунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, тартиби бо қонун ба танзим даровардашудаи муносибатҳои манзилиро вайрон намуда, ғайриқонунӣ ҳуқуқҳои молу мулкии ман ва фарзандони ноболиғамро вайрон намудааст.

Cуди марҳилаи якум ҳангоми баррасӣ намудани парвандаи граждании мазкур ҳуқуқ ва манфиатҳои маро поймол карда, фақат нишондодҳои бардурӯғ ва беасоси ҷавобгарро ба инобат гирифта, бидуни ба инобат гирифтан ва гӯш кардани фикри дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҳалномаи ғайриқонунӣ ба манфиати ҷавобгар Воҷидов Маҳмадюнус Маҳмадюсуфович мебарорад.

Воҷидов Маҳмадюнус Маҳмадюсуфович нисбати Ҳабибуллоев Эраҷ Абдулҳамидович, ман – Боева Ситора Азизовна, модарам Боева Боғигул Раҷабалиевна ва апаам Боева Зулайхо Азизовна оид ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ ариза додааст. Омӯзиши аризаи даъвогии мазкур нишон дод, ки он беасос буда, бар хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак ва гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки 17.08.2013 ман бо шаҳрванд Ҳабибуллоев Эраҷ Абдулҳамидович оиладор шуда, ақди никоҳамонро 17.08.2013 дар хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ба қайди давлатӣ гирифтем. Аз зиндагонии якҷояамон бо шавҳарам Ҳабибуллоев Э. А. соҳиби се фарзанд – Ҳабибуллоев Имрон Эраҷович, Ҳабибуллоев Умар Эраҷович ва Ҳабибуллоев Самад Эраҷович шудем.

Пас аз оиладор шудан, ман ҳамроҳи шавҳарам Ҳабибуллоев Эраҷ Абдулҳамидович дар манзили истиқоматии ӯ воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20 зиндагонии якҷояамонро сар кардем. Бояд қайд кунам, ки манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20 ба Маризоев Маҳмаднаим Қадамович тааллуқ дорад. Мирзоев М. Қ. тағои шавҳарам Ҳабибуллоев Э. А. мебошад. Аз сабаби он, ки солҳои пеш Маризоев М. Қ. дар вақти харидорӣ кардани манзили истиқоматӣ дар мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, ӯ манзили истиқоматиро рӯякӣ ба номи Воҷидов М. М. ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Ҷавобгар Воҷидов М. М. хешу табори шавҳарам буда, ҳамроҳи ду нафар донишҷӯён дар манзили баҳсӣ қариб се сол мешавад, ки зиндагонӣ мекунаду ҳамчун узви оилаи мо ҳамроҳамон нону хӯрок хӯрдааст ва ҳатто ман ба ӯ як коса хӯрок ҳар бор равон карда меистам.

Ман ҳамчун келин ва узви оилаи ҷавобгарон вазифаҳои худро софдилона иҷро намуда, тамоми кору бори хона (рӯбучин, хӯрок пухтан, ҷомашӯӣ ва ғайра)-ро иҷро мекардам. Бояд қайд кунам, ки баъди келин шуда омаданам ҷавобгар Воҷидов М. С. бо мо зиндагонӣ намекард. Дар вақти оиладор шуданам Ҳабибуллоев Э. А. ба ман гуфта буд, ки тағояш Маризоев М. Қ. ними манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20-ро ба ӯ туҳфа кардааст. Барои ҳамин, мо пас аз оиладор шудан дар манзили истиқоматӣ корҳои таъмирию ороиширо гузаронидем. Ҳатто пеш аз оиладор шудан, барои ҷо ба ҷо кардани чизу чораи ман ва часпонидани парда, пешакӣ намояндаҳои ман аз ҳисоби хешу таборонам омада, масоҳати дохили хонаи маро дар манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20 ҳисоб карда рафта буданд.

Аз соли 2013 то инҷониб ман ҳамроҳи ҷавобгар Ҳабибуллоев Э. ва фарзандони ноболиғам Ҳабибуллоев Имрон Эраҷович, Ҳабибуллоев Умар Эраҷович ва Ҳабибуллоев Самад Эраҷович дар манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20 истиқомат карда истодаем. Тасдиқи ин суханҳои ман расидҳои пардохти андози манзили истиқоматӣ, хароҷотҳои коммуналӣ ва барқ мебошад, ки ҳамаи онҳоро то инҷониб шавҳарам Ҳабибуллоев Э. месупорад.

Аз аввал ҳама медонист, ки нисфи ин хонаи баҳсиро ба шавҳарам Ҳабибуллоев Э. туҳфа кардааст. Аз сабаби он, ки оилаи шавҳарам Ҳабибуллоев Э. гумон мекарданд, ки агар хонаро ба номи шавҳарам кунанд, ман хонаро кашида мегирам, барои ҳамин то инҷониб ба номи Воҷидов М. М. боқӣ монд.

Баъди он, ки шавҳарам Ҳабибуллоев Э. 12.12.2020 маро тариқи мусулмонӣ ҷавоб дод, Маризоев М. Қ. бо шавҳарам Ҳабибуллоев Э. аз ман мунтазам талаб мекард, ки хонаро холӣ карда баромада равам. Ман ба ӯ мегуфтам, ки хонаро холӣ намекунам, чунки ними онро ба шавҳарам Ҳабибуллоев Э. туҳфа кардаанд ва ман аз аввал ба ин манзили истиқоматӣ келин шуда омада, ҳар се фарзандамро дар инҷо таваллуд кардам ва то инҷониб дар ин хона бо се фарзанди ноболиғам зиндагонӣ мекунам. Дар баробари ин, ман баромада рафта наметавонам, чунки дигар ягон хонаи истиқоматӣ надорам, ки ба онҷо рафта зиндагонӣ кунам.

Айни замон ман дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунам ва дигар ягон манзили истиқоматӣ надорам, ки зиндагӣ кунам. Фарзандони ноболиғам бо мананд ва ман ҳамчун модар онҳоро таъмину тарбия карда истодаам.

Ман бо мақсади оила барпо кардан ба Ҳабибуллоев Э. оиладор шуда будам, вале ҳоло тағои шавҳарам Маризоев М. Қ. мехоҳад, ки маро ва се фарзандони ноболиғамро ба кӯча бароварда партояд. Фикр намекунад, ки ман – зани танҳо бо се кӯдакам ба куҷо меравам.

Мувофиқи талаботи моддаи 121, қисми 2-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Аъзои оилаи молик ҳамсар ва фарзандони ҳамроҳашон доимӣ сукунатдошта ҳисоб меёбанд. Волидони зану шавҳар ва фарзандони онҳо, ки соҳиби оилаи худ мебошанд ва бо молик муқимӣ зиндагӣ мекунанд, танҳо бо розигии тарафҳо метавонанд аъзои оилаи молик дониста шаванд”. “Дар ҳолатҳои мустасно инчунин дигар ашхос, ки бо молик муқимӣ истиқомат мекунанд ва бо ӯ хоҷагии умумиро пеш мебаранд, чун аъзои оилаи молик шинохта мешаванд. Хӯрандагони ғайри қобили меҳнат, агар бо молик муқимӣ зиндагӣ кунанд, аъзои оилаи ӯ дониста мешаванд”. “Баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молик донистани шахс бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд”.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур бо сабаби он, ки ҳуқуқҳои манзилии ман вайрон карда шуда истодааст, зарурияти он ба миён омадааст, ки ба тариқи судӣ ман аъзои оилаи молик эътироф карда шуда, ба манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳорӣ, хонаи 20, ки муддати муайян истиқомат карда омада истодаам, маскун карда шавам.

Мувофиқи талаботи моддаи 154-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон баҳсҳои марбут ба манзил аз тарафи суд ҳал карда мешаванд”.

Мувофиқи қисми 1, моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад.

Тибқи қисми 1, моддаи 16-и Қонуни мазкур, «Кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзил ҳуқуқ дорад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ қайд мекунанд, ки кӯдакони худро таълиму тарбияи хуб дода, бо манзили истиқоматӣ ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин намоем.

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин гуфтаҳои маро умуман ба инобат нагирифта, ошкоро ва бо роҳи шиносбозӣ ба манфиати Воҷидов М. М. ва собиқ корманди прокуратура Маризоев М. Қ. ҳалномаи судӣ мебарорад.

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки барои бекор кардани ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 26.07.2021, ки тибқи он даъвои Воҷидов Маҳмадюнус Маҳмадюсуфович нисбати ман – Боева Ситора Азизовна оид ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани манзили истиқоматии дигар қонеъ карда шудааст, мусоидат намоед.

Ситора БОЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь