Ба асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Нусха: Ба Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонзода

Нусха: Ба вазири корҳои дохилаи ҶТ, муҳтарам Рамазон Раҳимзода

Аз номи сокини шаҳри Душанбе Болтаева Рафоат Азизовна

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Зиёда аз даҳ сол инҷониб ман бо хариду фурӯши маснуоти тиллоӣ машғул будам. Тиҷорати тилло аз дигар тиҷоратхо бо он фарқ мекунад, ки соҳиби  маснуоти тилло – маснуоти тиллоро ба фурӯшанда ва харидор баръало ба қарз ва бе мӯҳлати муайян медиҳад. Ин як  таомул дар байни тоҷирон ва харидорон шудааст. Мо оиди он ки аз ягон шахс бор гирифта барои фурӯш медиҳем,  дар дафтарчаамон қайд мекунем,  аз ҷумла ба чӣ миқдор дода шудани маснуот, ба кадом мӯҳлат ва нарх, вале дар он тарафи дигари муносибати додугирифт имзо намегузорад. Забонхат низ намегирем ва ин дар асоси боварии якдигарӣ ба амал бароварда мешавад.

Ман низ ба Боймаҳмадова Некрӯ бовар карда, маснуоти тиллоие, ки аз дигар соҳибон гирифта будам, давра ба давра ба Боймаҳмадова Н. барои фурӯш ва  мубодила ба қарз медодам ва забонхат нагирифта танҳо дар дафтарчаам қайд мекардам. Боймаҳмадова Н. вақте барои гирифтани маснуоти тиллоӣ ба хонаи ман меомад, ваъда мекард, ки шиносони харидор дорад, маблағи фурӯши онҳоро албатта медиҳад ва барои бовар кунонидани ман қасамҳои зиёд мехӯрд.

Муҳтарам Президент!

Он ҳолате, ки маро маҷбур сохт бо чунин шахс додугирифт намоям, он аст, ки ман ҳамчун соҳибкор фаъолият намуда, солҳои 2015 аз баъзе тиҷоратмандон маснуоти тиллоӣ гирифта, ба Яқубова Таҳмина ном шахс  дода будам. Яқубова Т. низ монанди Боймаҳмадова Н. маро фиреб дода, маблағи маснуоти тиллоиро надод. Баъдан нисбати Яқубова Т. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва ман дар ин парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида эътироф карда шудам. Аз сабаби он ки Яқубова Т. зарари расонидашударо, ки зиёда аз 900 000 доллари ИМА-ро ташкил медод, ба ман ва дигар ҷабрдидагон пардохт накард,  бо ду ҳукм  суд  ӯро ба 13 сол аз озодӣ маҳрум  намуд. Ман то ҳанӯз ба хотири ҷабрдидагоне, ки Яқубова Т. фиреб карда буд, ҳаракат кардам, то каме бошад ҳам маблағи зарарашонро талофӣ намоям. Чунки Яқубова Т. фақат чору ним сол дар маҳбасхона адои ҷазо намуда, сипас намедонам бо кадом роҳ ва тибқи кадом қонун ба озодӣ баромад. Вале дар фикри баргардонидани зарари расонидааш нест. Ман худро дар назди ҷабрдидагон гунаҳгор ҳис кардам ва маҳз ба хотири ҳамин мушкилӣ бо Боймаҳмадова Н. ҳамкорӣ карда, дар доми макру фиреби ӯ афтодам, зеро Боймаҳмадова Н. низ аз ин ҳолат хабардор буд ва инро бераҳмона ва бевиҷдонона  истифода бурд. Ман метавонистам, ки ба  ҷабрдидагони Яқубова Т. зарарашонро барқарор насозам, чунки ман дар ин парванда чӣ тавре, ки дар боло қайд кардам, ҷабрдида эътироф карда шудаам, вале ба хотири он ки онҳо ба ман бовар карда буданд, ман ҳаракат карда гоҳ-гоҳ аз шиносонам тилловориҳои пешниҳодкардаашонро гирифта, онҳоро ба фурӯш монда каме бошад ҳам маблағи зарарашонро пардохт мекардам. Ман ба Боймаҳмадова Некрӯ бовар карда, аз моҳи ноябр-декабри соли 2022 маснуоти тиллоие, ки аз дигар соҳибон ба миқдори умумии 227 000 доллари ИМА гирифта будам, давра ба давра ба  насия барои фурӯш ва ё мубодила додам. Боймаҳмадова Н. вақте барои гирифтани маснуоти тиллоӣ ба хонаам меомад, ваъда мекард, ки шиносони харидор дорад, маблағи фурӯши онҳоро медиҳад. Қайд кардан мехоҳам, ки барои ба боварии ман даромадан  Боймаҳмадова Н, ки аз мушкилиҳоям ба хубӣ хабардор буд, ҳамеша ба ман мегуфт, ки “Шавҳарам шахси мансабдор дар дастгоҳи Президент аст ва ба ту барои ҳалли  масъалаи Яқубова ёрӣ медиҳад, ту аз шиносони ман фоида хоҳӣ дид, зарар не”. Ду маротиба “ба қабули роҳбари Дастгоҳи Президент медарорам” гуфта, ваъда намуда, ҳатто вақту соати дақиқи қабулро ба ман гуфта буд ва мани сода ба ин суханҳои зани фиребгар бовар карда, бо ӯ ҳамкорӣ намудам.

Боймаҳмадова Н. ба хотири он ки дигаронро ба қаллоб будани ман бовар кунонад, амалҳоеро иҷро мекард, ки дигарон ба дарки ин амалҳо намераванд. Барои ин тавр фикр кардану фиреб додан, дар ҳақиқат фиребгару қаллоб будан даркор аст. Масалан, то моҳи январи 2023 Боймаҳмадова Н. маснуотҳои тиллоӣ гирифта, дар мӯҳлати ваъданамудааш маблағи онро намеовард ва яке аз сабабҳои наовардани маблағро дар ҳомиладории қалбакии худ нишон дода буд. Мани сода ба ҳомиладории ӯ бовар карда, ҳатто духтарамро барои хабаргирии ӯ ба таваллудхона фиристодам. Вакте духтарам ӯро наёфт, ман ба ӯ занг зада гуфтам, ки “шумо дар куҷоед, духтарам шуморо наёфта истодааст.” Боймаҳмадова Н. ҷавоб дод, ки  ӯро аллакай ҷавоб доданд. Ман боз гуфтам, ки духтарам ному насабатонро низ дар рӯйхати таваллудхона наёфтааст. Боймаҳмадова Н. ҷавоб дод, ки ӯ зани дуюми шахси мансабдор дар Дастгоҳи Президент аст, бинобар ин ӯ бо ному насаби хоҳараш дар таваллудхона бистарӣ шудааст. Ба ман ва соҳибони маснуотҳои тиллоӣ сурати  кӯдаки навзодашро равон карда, оиди мушкилиҳояш дар таъмину тарбияи ду фарзандаш нақл карда, доимо барои пардохти қарзҳояш мӯҳлат мепурсид.

Бояд қайд намуд, ки ман соҳибони маснуотҳои тиллоиро  зиёда аз даҳ сол боз мешинохтам ва бо онҳо муносибатҳои дӯстона ва рафтуомад доштам ва онҳо маро ҳамчун соҳибкори фаъол мешинохтанд. Ин буд, ки онҳо бо хоҳиши худ ба манзили истиқоматиам омада, ҷавоҳироти тиллоиро ба ман барои фурӯш  ва ё мубодила ба насия  медоданд. Вақте фиребгариҳои Боймаҳмадова  фош шудан гирифт, ӯ ба соҳибони тилловорӣ тариқи телефон ҳамсӯҳбат шуда, онҳоро бовар мекунонид, ки ҳамааш дар дасташ буда, онҳоро ба гарав гузоштааст. Онҳоро бовар кунонид, ки маблағҳоро ба пуррагӣ ва яклухт медиҳад. Имрӯзу пагоҳ гуфта ваъдахилофӣ кард ва мо фаҳмидем, ки бо ин амалҳои қаллобонааш моро фиреб карда истодааст. Бинобар ин,  бо соҳибони тилловориҳо маслиҳат карда,  ҳамакаса ба мақомоти милиса рафта аз болои Боймаҳмадова Н. шифоҳӣ шикоят кардем. Сардори шуъбаи тафтишотии ШВКД-2 дар н.Фирдавсӣ Беҳрӯз С. бо ҳолати кор ошно гашта, ба соҳибони тилловорӣ гуфт, ки онҳо бояд аз болои ман аризаи шикоятӣ нависанд ва баъдан ман нисбати Боймаҳмадова Некрӯ баёнот дода,  нисбаташ аризаи алоҳида бояд нависам. Онҳо ба суханони шахси мансабдор бовар карда, шикояти хаттиашонро нисбати ман оварданд. Бо гузаштани вақт ба ман маълум гашт, ки аз аввал сардори шуъбаи тафтишотии ШВКД-2 дар н.Фирдавсии ш.Душанбе Беҳрӯзи С. аз ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ман манфиатдор будааст. Чунки Боймаҳмадова Некрӯро пуштибонӣ мекардааст ва маҳз ин шахс аризаи шикоятии ҷабрдидагонро, ки ҳамаи онҳо бо ман рафтуомад доштанд, ташкил кардааст. Чунин манфиатдории Беҳрӯзи С. ва корманди Прокуратураи  н. Фирдавсии ш. Душанбе Шароф Давлатзода сабабгори он гаштанд, ки ҳарчанд ман дар баёнотҳову нишондодҳоям далелу ваҷҳҳои  бегуноҳии худро пеш оварда, аз  вақти оғози санҷиш онҳо нисбати шахсияти Боймаҳмадова маълумотҳои зиёд дошта бошам ҳам  ин мақомот бо дастурҳои бевоситаи Беҳрӯз Саид ва корманди прокурори н.Фирдавсии ш. Душанбе Шароф Давлатзода тафтишотро яктарафа ва  ғайриобъективона пеш бурда,  аз аввал корро суст ба роҳ монда,  ҳолатҳои воқеъии корро  сарфи назар намудаанд.

Ҳангоми додани баёнотҳову нишондодҳо Боймаҳмадова дар протокол  худро ҳамчун модари 2 кӯдаки хурдсол ва зани Ҳакимов Сафо, ки пештар ба ман ному насаби шавҳарашро Сафо Сафозод мегуфт, муаррифӣ карда, ҳатто оиди суроғаи ҷойи зисташ маълумоти аниқ намедод. Баъдтар тасодуфан ба ман маълум гардид, ки Боймаҳмадова Н. на ҳомиладор будааст, на фарзанд таваллуд кардааст ва дар асл Боймаҳмадова Н. умуман фарзанд надоштааст. Ман зани дуюми “шахси мансабдори наздики Президент” гуфта ӯ як мутахассиси пешбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегуфтааст, ки соҳиби оилаи солим ва чор фарзанд будааст.

Ҳолатҳое мешуд, ки Боймаҳмадоваро ба хонаам барои гирифтани маснуоти тилловорӣ ба ном “шавҳараш” дар автомашинаи шахсиаш оварда мебурд ва боварии комил дорам, ки оиди кирдорҳои қаллобонаи ҳамзисташ хуб хабардор аст, вале дидаву дониста онро пинҳон мекунад.

Кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳукуқ фикр мекунанд, ки агар соҳибони тилло  ба тиҷорати маснуоти тилловорӣ машғул бошанд, пас албатта аз он даромади зиёд ба даст меоранд, вале фикр намекунанд, ки ҳам ман ва ҳам соҳибони тилло мушкилоти ҳаётии худро дорем.  Пеш аз ҳама саломатӣ аст.

Агар ба ҳаёти соҳибони тилло аҳамияти ҷиддӣ диҳӣ, мефаҳмӣ, ки онҳо бемори вазнин ва мушкилии вазнини ҳаётӣ доранд.

Аз суханони соҳибони тилло, ки дар парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида  мегузаранд, ба ман маълум гардид, ки то оғози парвандаи ҷиноятӣ сардори шуъбаи тафтишотии ШВКД-2 дар н.Фирдавсӣ Беҳруз Саид ба онҳо гуфтааст, ки оиди қаллобии Боймаҳмадова Н. онҳо маълумоти зиёд доранд ва нисбаташ мактуби махсуси махфии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалҳои қаллобиаш мавҷуд будааст ва ин ҳуққатро Беҳрӯз Саид  шахсан ба онҳо нишон додааст. Дар ҳолате, ки Беҳруз Саид ин маълумотҳоро доштааст, пас барои чӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Боймаҳмадова Н. амалҳои зарурии мурофиавиро сари вақт анҷом надод?!

Инчунин ба ман маълум гардид, ки аз тарафи дигар шаҳрвандон нисбати амалҳои қаллобонаи Боймаҳмадова Н. аризаи шикоятӣ ба Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешниҳод гардида  будааст.

Сабаби дигари ҳамкорӣ намудани ман бо Боймаҳмадова Н. боз дар он аст, ки ӯ соҳиби маълумоти олӣ буда, дар 2 ширкати хитоӣ кор мекунад. Айни замон бошад, то ҷойе ман фаҳмидам, ҳангоми кор карданаш дар ширкат  як хитоиро низ фиреб дода будааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Кормандони мақомоти тафтишоти пешакӣ тафтиши парвандаи ҷиноятиро як сӯ гузошта, аз  ман талаби талофӣ намудани зарари расонидашудаи Боймаҳмадова Некрӯро намуда истодаанд. Ман Шуморо, Ҷаноби Олӣ, бовар мекунонам, ки ман касеро фиреб надодаам. Баръакс, ба хотири дигар ҷабрдидаҳо меҳнат карда истодаам. Бовар кунед, ман  маблағи бо меҳнат бадастовардаамро сарфи рӯзгори худ не, чӣ тавре ки дар боло қайд кардам,  ба ҷабрдидаҳо медиҳам. Агар кормандони мақомоти тафтишоти пешакӣ парвандаи мазкурро ҳаматарафа ва холисона санҷанд, ба нишондоди ман ва ҷабрдидаҳо аҳамият ва баҳои ҳуқуқӣ диҳанд, гунаҳгории Боймаҳмадова Некрӯро исбот хоҳанд кард, вале мутаассифона аз пуштибонҳои ӯ тарсида, мехоҳанд ба воситаи ман парвандаи мазкурро ҳаллу фасл намоянд.

Муҳтарам Президент, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муроҷиати маро таҳти назорати қатъии худ қарор диҳед ва  барои аз таъқиби ҷиноятӣ халос шудани ман ёрии амалии худро расонед. Ман монанди Боймаҳмадова Н. пуштибон ва соҳибони зӯр надорам, ки ба онҳо умед баста тавонам. Ман танҳо ба Шумо умед баста метавонам, чунки Шуморо соҳиб ва пуштибони худ медонам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь