Ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тариқи ҳафтаномаи “Фараж” ба шумо маълум менамоем, ки бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи №9 ба номи Бобо Раҷабзодаи деҳаи Ёрӣ барои дар худ фаро гирифтани 1171 нафар хонанда муқаррар гардида буд. (Сохтмонаш солҳои 90-и асри гузашта поён ёфт). Солҳои охир шумораи аҳолӣ зиёд шуда, ба 2200 нафар расид, ки як қисмашон дар айёми гармову сармо масофаи 3-4 км-ро тай намуда, ин ҷо донишомӯзӣ меоянд. Дар бинои мактаб аз миқдор зиёд ҷой гирифтани толибилмонро тасаввур мекунед? Ин мушкилотро ба назар гирифта ҷавонмарди саховатпеша Ҷурабой Ҷӯраев дар мавқеи Фушун бинои зебоеро фарогири 10 синфхона, ки дар ду баст метавонист зиёда аз 600 нафар мактабиёнро ба оғӯш гирад, бунёд намуд. Биноро метавонистанд моҳи сентябри соли 2021 ба истифода диҳанд, вале бо кадом сабаб ё сабабҳо ин кор мавқуф гузошта шуд. Аввали соли таҳсили 2022-2023 бо ибтикори бевоситаи раиси шаҳри Панҷакент, мӯҳтарам Холиқзода Абдухолиқ бинои зикршуда барои корбарӣ омода карда шуд.

Ниҳоят, 7-уми октябри соли 2022 бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Мукаммалзода Шоҳида ва аҳли ҷамоати деҳа, волидону омӯзгорон ва хонандагон бо доир намудани ҷамъомади тантанавӣ ба фаъолияти муассисаи мазкур ба таври расмӣ ифтитоҳ бахшиданд. Ҳама хурсанд ва 430 нафар толибилмони ноҳия дар синфхонаҳои зебову барҳаво ва хеле хуб ҷиҳозонидашуда ба дарсхонӣ шуруъ намуданд. Он вақт масъулин гуфта буданд, ки таълимгоҳ то 1-уми  январи соли 2023 дар ҳайати МТМУ №9 ҳамчун филиал боқӣ мемонад ва пас аз он шуъбаи молияи шаҳр ба ин муассиса ҳамчун ба муассисаи алоҳида маблағ ҷудо намуда, воҳидҳои кории директор, мудири қисми таълим, ташкилотчӣ, мураббӣ, равоншинос, мудири хоҷагӣ ва ғайраҳоро муайян менамояд. Аз он рӯз омӯзгореро ба сифати мудири қисми таълим, 4 нафарро фаррош ва нафари дигарро посбон таъин карда, бо маош таъмин намуданд. Бо ҳамин тамом! Дигар касе ба чӣ гуна будани бино ва рафти таълиму тарбия эътибор намедиҳад. Зеро ин дабистон аз мавқеи МТМУ №9 дар зиёда аз 3 км дурӣ воқеъ аст ва маъмурияти мактаби мазкур ба назорати ҷараёни фаъолияти он ба таври зарурӣ расидагӣ карда наметавонанд. Аз беназоратӣ, дурусттараш, аз набудани шахсони мутасаддӣ дар синфхонаҳо аллакай чанд маротиба оинаҳои тирезаҳову баъзе мизу курсиҳо шикаставу корношоям карда шудаанд. Қирраҳои зебои деворҳо ҳам тағйири шакл намудаанд, ки таассуфовар аст. Албатта, ба ҳамаи ин дили кас месӯзад ва агар ин бинои хушсохт чанде дигар ин тавр бе мутасаддии аниқ монад, намедонем, баъди сипарӣ шудани чанд муддат ба чӣ ҳолат гирифтор мешуда бошад.

Мо дар ин бора борҳо ба шуъбаи маориф муроҷиат намудем. Шуъбаи мориф ҳалли арзи моро ба шуъбаи молия вогузор менамояду он ба ин. Ба ҳама маълум аст, ки муассисаҳои таълимӣ аз тарафи давлат ба тариқи сарикасӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, яъне ба ҳар як хонанда дар давоми соли таҳсил ё соли тақвимӣ мушаххасан маблағ ҷудо карда мешавад. Агар мушкили чун таълимгоҳи алоҳида фаъолият кардани он таъминоти пулӣ бошад, пас набояд боиси ин қадар кашолкорӣ гардад. Охир ҳар як толибилми аз як мактаб ба мактаби дигаррафта бо худ бояд “пулашро ҳам барад”

Муҳтарам вазир!

Мо волидони тарбиятгирандагони муассисаи таълимии навсохти маҳаллаи Фушун, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ин қазия, яъне дар мақоми муассисаи алоҳида амал намуданаш мусоидат намоед. Зеро ин беназоратию ба ихтиёри худаш мондани кори таълиму тарбия оқибати хуб надорад ва на равнақ меораду на натиҷа. Нагузоред, ки ин бинои хушсохти бо заҳмати инсони саховатманду ватандӯсту фарзандонаш эъморшуда дар аъроф бимонад. Умедворем, ки ба илтимоси мо расидагӣ менамоед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь