Ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Ман модари фарзандгумкардаю беморе ҳастам, ки ягона умедам аз ҳалли мушкилоти 4 сол боз ҳалношудаам Суди Олӣ буд, аммо ҷавобҳои мактуби аз ин даргоҳ омада маро бадтар ба ноумедӣ ва мафҳуми “шаффофияти судӣро зери суол бурд.

Гап сари он, ки бо ҳалномаи Суди шаҳри Гулистон (Қайроққум) аз 19-уми феврали соли 2018 аризаи даъвогии ман – Ҳусейнова Мушарраф ба ҷавобгарии ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва оилаи Назаровҳо “оид ба эътирофи аъзои оилаи кироягири манзили истиқоматӣ ва маскун кардан ба хона, оид ба беэътибор донистани Фармони директори генералии ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” аз 21.06.2016 “Дар бораи аз эътибор соқит донистани ордери манзилии хизматӣ воқеъ дар кӯчаи 40-солагии Октябр, хонаи 1, ҳуҷраи 11, ба номи Шарипов Анвар таҳти №13 аз 14.05.2004” ва даҳҳо қарорҳои баровардаи Суди шаҳри Гулистон, Суди вилояти Суғд ва ҳатто Суди Олӣ тамоман розӣ нестам.

Баъди ба даст гирифтани қарори ноодилона ба Суди вилояти Суғд умед бастем, аммо бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 24-уми июли соли 2018 ҳалномаи мазкур бетағйир мононда шуд. Борҳо шикояти такрорӣ кардем, ки мушкили мо бад шуду ҳал не.

Суди вилояти Суғд ба ҷои қилро аз хамир ҷудо кардан, зимни баррасӣ ва ҳал кардани парвандаи мазкур танҳо нишондодҳои гуногуни шоҳидон Исмоилова Б., Султонова М., Эсонов М.-ро ба инобат гирифта, ба хулоса омадааст, ки гӯё ман бо марҳум писарам Шарипов дар як хона зиндагонӣ накарда бошаму барои беҳбудии шароити манзили зист эҳтиёҷмандӣ надорам. Ҳамин тавр хусолабарорӣ шуд, ки ин хилофи қонун аст. Фикри ду-се шоҳиди сохта асос шуда наметавонад. Илова бар ин, ҳамсоягони манзил, ки чун шоҳид пурсида шуданд, аз асли ҳол бехабаранд ва шаҳодати нодуруст додаанд. Зеро ман ҳамчун модари марҳум – кироягир Шарипов А. дар ин манзили баҳсӣ истиқомат намуда, тибқи қонун ҳамчун узви оилаи кироягир эътироф гардида, барои истифодаи минбаъдаи манзили истиқоматӣ ҳуқуқи зистанро пайдо карда, то ҳол гум накардаам.

Мутобиқи сархати 1-и моддаи 45-и КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумлаи аъзои оилаи кироягир ҳамсари кироягир, фарзандон ва волидайни онҳо дохил мешаванд. Ба ғайр аз ин, манзили истиқоматии баҳсӣ ба марҳум писарам Шарипов А. аз ҷои кораш ҳамчун хонаи хизматӣ пешниҳод карда шуда, тибқи қонун аъзои оилаи кироягири фавтида аз чунин хонаи хизматӣ бидуни додани манзили дигар бароварда намешаванд. Аммо ҳам Суди шаҳри Гулистон, ҳам Суди вилояти Суғд ва ҳатто Суди Олӣ талаботи моддаи 45-и КМ ҶТ-ро вайрон карда, ҳуқуқ ба манзили маро поймол намуданд.

Судяҳои облойкунак

Аммо ҷавобгар маро ба гумроҳӣ бурда, бо баҳонаи он, ки хонаи баҳсиро ба номи ман ё духтарам ба расмият дароварда, минбаъд хусусӣ мегардонад, калиди дари хонаро аз дасти ман гирифта, маро аз хона, бе қарори суд, бароварда, маро аз манзил маҳрум кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки марҳум писарам якчанд маротиба хонаро аз таъмири капиталӣ бароварда, 36 ҳазор сомонӣ маблағҳои шахсию умумии оиларо сарф карда буд. Аммо хароҷотҳои писарам то ҳол ҷуброн карда нашудааст. Баръакс, хонаи мазкур ба ҳамҷавобгар Назаров А., ки ӯ барои беҳбудии шароити манзили зист дар навбати комиссияи манзилии ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон ва ё МИҲД-и шаҳри Гулистон ҳамчун эҳтиёҷманди манзил қарор надошт, ба тариқи ройгон хусусӣ гардонида шудааст.

Ҳол он ки, тибқи талаботи сархати 6-и моддаи 115-и КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусӣ гардонидани хонаҳои истиқоматии хизматӣ ва хонаҳои хобгоҳҳои умумӣ манъ аст.

Ман дар шаффоф ҳал нашудани ин мушкилот раиси Суди вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода ва муовинаш Латифзода, судяи шаҳри Гулистон Насриддинзода ва муовини раиси Суди Олӣ Лутфуллозодаро сабабгору гунаҳгор мешуморам. Зеро бо сабабҳои ба мо номаълум тамоми талаботҳои КМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карда истодаанд. Муҳлати 4 сол аст, ки барои шаффоф ҳал шудани парвандаи мазкур давутоз дорам, аммо фаҳмидам, ки Суди вилояти Суғд талаботҳои қонунро сарфи назар карда, ҳақиқату адолатро қариб ки тамоман ба инобат намегиранд. Парвандаҳо танҳо ба манфиати одами пулдор ҳал шуда, бепулон мисли ман сарсону овора мешаванд.

Аз ин рӯ, ягона умедамон ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ аст, ки барои барқарор намудани адолати судӣ ва қонунӣ баррасӣ намудани ариза дар судҳо мусоидат намоед. Аз дастгириатон қаблан сипосгузорем.

Мушарраф ҲУСЕЙНОВА,

сокини шаҳри Гулистон, шаҳраки Чоруқдаррон, маҳаллаи 1, хонаи 4, ҳуҷраи 23

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь