Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ҳалномаи суди ноҳияи Файзобод аз 23-юми октябри соли 2023 бо парвандаи гражданӣ аз рӯйи аризаи даъвогии сокини маҳаллаи Арчаи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод оид ба бекор кардани Шартномаи №4 аз 29-уми апрели соли 2018, ки аз тарафи хоҷагии деҳқонии “И.Сомонӣ” дода шудааст, барои бартараф кардани монеагӣ дар истифодабарии замини чарогоҳи маҳаллаи Арчаи ҷамоати деҳоти Меҳробод қонеъ карда шуда, шартномаи байни Хоҷагии деҳқонии “И.Сомонӣ”-и Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод ва ҷавобгар Саъдуллоев Манучеҳр Дустмуродевич, ки санаи 29.04.2018 таҳти №4, ки ба мӯҳлати 12 сол баста шудааст, бекор карда шуд. Ҳамчунин, монеагии эҷоднамудаи Саъдуллоев Манучеҳр Дӯстмуродевич барои канда гирифтани сеткаҳо бартараф гардид. Даъвои муқобили даъвои Саъдуллоев Манучеҳр Дӯстмуродевич бо ҷавобгарии хоҷагии деҳқонии “И.Сомонӣ”-и Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод оид ба беэътибор донистани Қарор аз 20.12.2021 таҳти №980, беэътибор донистани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 16.09.2022 ва беэътибор донистани бақайдгирӣ аз 16.09.2022 рад карда шудааст.
Ҳалномаи суди ноҳияи Файзобод аз 23-юми октябри соли 2023 бармаҳал ва ғайриқонунӣ бароварда шудааст, ки барои бекор кардани он асосҳои зиёде мавҷуданд.
Ба маълумоти коллегияи судӣ мерасонам, ки иқдоми пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Соли рушди сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ”-ро дастгирӣ намуда, дар пеши худ мақсад гузоштам, ки аз заминҳои бекорхобидаи ҳоҷагии деҳқонии “И.Сомонӣ” барои обод намудани боғ замин гирам. Ба ман шартномаи иҷора аз 29.04.2018 таҳти №4, тибқи шартномаи №267 аз тарафи Хоҷагии деҳқонии “И.Сомонӣ” аз ҳисоби заминҳои бекорхобида барои бунёди боғ ба масоҳати 0,40 га қитъаи замин ба мӯҳлати 12 сол дода шуд. Барои обод намудани замини ҷудокардашуда ман аз дурии 3000 метр бо шинондани қубурҳои пластмасӣ оби чашмаро ба замини бунёди боғ овардам ва як қубури оби чашмаро ба бунгоҳи маҳалла додам. Дар замини ҷудокардашуда дарахтони сояафкан, мевадиҳанда, шулаш ва зарбед шинондам. Аз сабаби санглох буданаш дар қитъаи замини мазкур дарахт шинондан ва онро сабз кардан бисёр мушкил мебошад. Гирду атрофи замини ба ман ҷудокардашударо бо маблағҳои шахсии худ бо симтӯр ва пояҳои бетонӣ маҳкам намудам.
Бо мактуби Раиси ҷамоат аз 28.03.2020 таҳти №24 ва муовини Раиси ноҳия барои рушди ҳунарҳои мардуми иҷозат дода шудааст.
Ман ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар соҳаи Сабадбофӣ ва Кулолгарӣ шурӯъ аз 23.11.2022 фаъолият намуда, дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, бо тӯҳфаҳо ва диплом сарфароз гардидаам. Махсусан, дар заминҳои ба иҷора гирифтаам фаъолият карда, шинонидани химча ва аз он дар касбам истифода бурданро сармашқи кори худ қарор додаам.
Барои шинонидани дарахти шулаш ва зарбед дар замини санглох меҳнати зиёд карда истодаам, то ин маҳсулоти тайёрнамудаи ман каме ҳам бошад ба манфиати миллат ва давлати Тоҷикистон фоида орад ва бо ин равиш ман ҳиссаи худро дар ҷомеъ мегузорам.
Ҷавобгарон дар аризаи даъвогиашон ваҷҳ овардаанд, ки бо амри Раиси н.Файзобод аз санаи 15-уми майи соли 2009 таҳти №30 чарогоҳи маҳаллаи Арча, Ҷамоати деҳоти Меҳробод вобаста карда шудааст.
Ҷавобгарон амри мазкурро замима накардаанд ва дар асл чунин амр вуҷуд надорад ва ҷавобгарон аз пеши худашон чунин амри набударо бофтаанд.
Аз ин ҳолат фаҳмидан мумкин аст, ки амри мазкур дар асл вуҷуд надорад. (мактуб ба ариза замима карда мешавад).
Ҷавобгарон дар аризаи даъвогиашон ваҳҷ овардаанд, ки бо Қарори Раиси ноҳия аз 20.12.2021 таҳти №980 ба маҳаллаи ҷамоати Арчаи деҳоти Меҳробод аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳконии И. Сомонӣ масоҳати 18,84 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Баъдан дар асоси Қарори мазкур Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 16-уми сентябри соли 2022 таҳти №6016 ба масоҳати умумии 164900,00 м.м ба Кумитаи маҳаллаи деҳаи Арчаи ҷамоати Меҳробод дар асоси Қарор аз 20.12.2021 таҳти №980 дода шудааст.
Баъдан КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Файзобод аз 16-уми сентябри соли 2022 таҳти №6017 ба Кумитаи маҳаллаи деҳаи Арчаи ҷамоати Меҳробод ба масоҳати умумӣ 23500,00 м.м дар асоси Қарор аз 20.12.2021 таҳти №980 дода шудааст.
Ҷавобгарон оиди ҳуҷҷатҳои кумитаи маҳаллаи Арчаи ҷамоати Меҳробод ба суд ягон маълумот ё қарордод пешниҳод накардаанд.
Дар бандҳои Қарор аз 20.12.2021 дар бораи вобаста намудани қитъаи замини чарогоҳ ба Кумитаи маҳаллаи деҳаи Арчаи ҷамоати Меҳробод қайд нашудааст, ки оё иҷозати хоҷагии деҳқонии И. Сомонӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин гирифта шудааст ё не? Агар чунин иҷозат дар қарор нишон дода нашуда бошад, қарори мазкур ғайриқонунӣ мебошад.
Бояд қайд намоем, ки Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 16-уми сентябри соли 2022 таҳти №6016 ба масоҳати умумии 164900,00 м.м ва Шаҳодатномаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Файзобод аз 16-уми сентябри соли 2022 таҳти № 6017 ба масоҳати умумии 23500,00 м.м дар асоси Қарори Раиси ноҳияи Файзобод аз 20.12.2021 таҳти №980 дода шудааст, ки бо якдигар мухолифат мекунад ва ба қарори мазкур ягон алоқамандӣ надорад.
Дар қарор масоҳати қитъаи замин 18,84 га нишон дода шуда, дар Шаҳодатнома масоҳати умумӣ 164900,00 м.м нишон дода шудааст ва дар бақайдгирӣ бошад масоҳати умумии замин 23500,00 м.м омадааст. Аз ин фаҳмидан мумкин аст, ки ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо рӯякӣ буда, барои бекор кардани он асос шуда метавонад. Ҳаминро қайд карданиам, ки шартномаи ман оид ба иҷора гирифтани замин ва Қарори маҷлиси умумии коллективи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи И. Сомонӣ аз 05.04.2020, ки розигӣ доданд, бекор нашуда, бо ҷавобгарон Қарор оиди ҷудо намудани қитъаи замин аз 20.12.2021 таҳти №980 ва баъдан ду шаҳодатномаи бақайдгирӣ дода шудааст.
Ман чунин мешуморам, ки Қарор ва Шаҳодатномаҳои ҷавобгарон ғайриқонунӣ буда, бояд аз тарафи суд бекор карда шавад.
Бояд, қайд намоям, ки имзои қисме аз ҷавобгароне, ки дар аризаи даъвогӣ ҳастанд, қалбакӣ аст, зеро қисме аз онҳо дар Федератсияи Русия мебошанд ва ба ҷойи онҳо дигар шахс имзо гузоштааст. Агар суханони маро нодуруст ҳисобед, бигзор ҳамаи ҷавобгарон бо шиноснома дар коллегияи судӣ иштирок намояд.
Ба маълумоти коллегияи судӣ мерасонам, ки дар Қарори аз 20.12.2021 таҳти №980 аз тарафи ҷавобгарон пешниҳодкардашуда имзои Раиси ноҳия нест ва дар як қарор муҳри шуъбаи умумӣ монда шудааст ва дар дигар қарор муҳри дастгоҳи Раиси ноҳияи Файзобод монда шудааст, ки дар ин ду қарор имзои раиси ноҳияи Файзобод низ монда нашудааст. Агар дар қарор имзои раиси ноҳияи Файзобод набошад, онро қонунӣ гуфтан мумкин ё не?
Агар Қарори мазкур қонунӣ мешуд, пеш аз қарорро баровардан масъалаи бекор кардани шартномаи иҷора аз 29.04.2018 таҳти №4, тарҳи №267 аз тарафи хоҷагии деҳқонии “И.Сомонӣ” монанд мешуд, аммо ҷавобгарон диданд, ки шартномаи иҷораи ман дар асоси қонун баста шудааст ва онро бекор карда наметавонанд, дидаю дониста қарори ғайриқонунӣ гирифтаанд.
Ба ин ҳолатҳои бесарусомонӣ ва поймол шудани ҳуқуқҳоям аҳамият надода, аризаҳои даъвогии худро ба суди ноҳияи Файзобод пешниҳод мекардам ва умед доштам, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад.
Ду маротибаи дигар аризаи даъвогӣ оиди беэътибор донистани Қарор ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷавобгарон ба суди ноҳияи Файзобод пешниҳод кардам.
Санаи 02.08.2022 бо мактуби судяи ноҳияи Файзобод Назарзода Ш.Қ. ва санаи 18.08.2022 бо мактуби Раиси суди ноҳияи Файзобод Холиқзода Б.Ҳ. аризаи даъвогии маро ба ман баргардониданӣ шудаанд.
Дар аризаи даъвогии ҷавобгарон талаби даъвояшон оиди бекор намудани шартномаи №8 ба суд пешниҳод карда шуда буд. Аммо суди зинаи аввал дар ҳалкарди ҳалномаи худ шартномаи №4-ро бекор кардаст.
Суди зинаи аввал суди сайёр намуда, ҳайати суд аз замини таҳти шартномаи №4 дидан карданд. Ман ба ҳайати суд гуфтам, ки талаботи даъвои даъвогарон нисбати замини шартномаи №8 мебошад, аммо онҳо ба гапи ман гӯш надода, кори худашонро идома додан гирифтанд ва дар охир аз талаботи даъво берун баромаданд.
Дар ҳалномаи суди зинаи аввал омадааст, ки даъвогарон талаботи даъвояшонро зиёд кардаанд ва аз суд хоҳиш кардаанд, ки шартномаи №4 аз санаи 29.04.2018 бекор карда шавад.
Ман ҳамчун тараф аризаи даъвогии иловагии ҷавобгаронро нагирифтаам ва суд маро бо аризаи иловагии даъвогӣ шинос накардааст ва ӯҳдадории маро низ нагирифтаст.
Бояд кайд намоям, ки нисбати аризаи даъвогии даъвогарон ман эътироз навиштам ва дар эътирози худ кайд кардам, ки Қарори Раиси ноҳияи Файзобод аз 20.12.2021 таҳти №980 ба маҳаллаи деҳаи Арчаи деҳоти Меҳробод аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқони И.Сомонӣ масоҳати 18,84 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст ва ин қарор ғайриқонунӣ мебошад ва он бояд бекор карда шавад.
Ба замини ба ман ҷудонамуда санаи 12.05.2022 аз тарафи мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия Нарзуллоев Б. Раиси хоҷагии деҳқонии И.Сомонӣ Юнусов Н. Раиси Кумитаи маҳаллаи деҳаи Арча Юнусов А. аъзои маҳалла Асоев Умед Саъдуллоев М. дар он хусус Санад тартиб доданд, ки дар ҳақиқат ба шаҳрванд Саъдуллоев Манучеҳр шартномаи №4 аз 29.04.2018 майдони 0,40 га қитъаи замин ба мӯҳлати 12 сол дода шудааст ва дар боғи бунёдкардааш 20 дона дарахти ҳархела шинонидааст.
Комиссия аз нафарони дар боло қайдшуда санад тартиб доданд ва муайян карданд, ки ман Саъдуллоев Манучеҳр боғ бунёд кардам ва дар он дарахтони ҳархела шинондаам. Вақте ки ман боғро обод накарда будам, ягон нафар аз мақомотҳои қудратӣ ва ё ҷавобгарон омада нисбати боғи ман даъво накарда буданд. Вақте боғро обод кардам, баъд даъвоҳои ҷавобгарон сар шуданд. Ҷавобгарон диданд, ки замини сангзор ба боғ мубаддал гаштааст, хостанд, ки боғи тайёрро худашон гиранд.
Суди зинаи аввал оид ба бекор кардани шартномаи №8 маъсалагузорӣ накардааст, ки ин талаботи даъвои ҷавобгарон ба ҳисоб мерафт ва онро суд ҳал накардааст ва бо ин ҳалномаи ғайриқонунӣ баровардааст.
Суди зинаи аввал ин талаботи даъворо мадди назар карда, оиди ин талаботи даъво омодасозӣ нагузаронида, ба он баҳои ҳақиқӣ надодааст, яъне дар маҷмӯъ онро ҳал накардааст.
Тибқи талаботи моддаи 150 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судя баъди қабули ариза ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва барои таъмини баррасии саривақтии парванда мӯҳлати иҷрои амалҳоеро, ки тарафҳо ва шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд, зикр менамояд.
Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ нисбат ба ҳар як парвандаи гражданӣ ҳатмӣ буда, аз ҷониби судия бо иштироки шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо анҷом дода мешавад.
Аз тарафи суди зинаи аввал ҳуқуқҳои констутсионӣ ва мурофиавии ман ҳамчун даъвогар-ҷавобгар дағалона вайрон карда шудааст ва барои бекор кардани ҳалномаи судӣ асос шуда метавонад.
Ба маълумоти коллегияи судӣ мерасонам, ки рӯзи 01.11.2023 иҷрочии хадамоти иҷро дар ноҳияи Файзобод Қудбиддинзода Ф. Х. ба ҷойи корам воқеъ дар суроғаи ноҳияи Файзобод маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Файзобод омада ба ман даъватномаи таҳти №М2/2 супорид .
Санаи 01.11.2023 ман огаҳӣ пайдо кардам, ки нисбати ман санаи 23.08.2023 оиди таъин кардани ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 1360 сомонӣ қарор бароварда шудааст.
Қарори мазкур ғайриқонунӣ мебошад, чунки дар қарор аз 23.08.2023 ва протоколи маъмурӣ аз 18.08.2023 омадааст, ки 0,45га замини хоҷагии деҳқонии И.Сомониро худсарона бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда маҳкам намудааст.
Қарор ва протоколҳо ғайриқонунӣ мебошанд, чунки ман заминро дар асоси қонун гирифтаам ва он ҳуҷҷати тасдиқкунанда дорад.
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки раиси маҳалла Юнусов Абдусамад ва домуллои маҳалла Зарипов Абдухалил ду пояи бетонӣ оварданд ва забонхат навиштанд, ки дигар ба ман ва замини ман кордор намешаванд.
Аз сабабе, ки нозири минтақавӣ оиди вайронкунандагони қонун ягон чораи қонунӣ наандешид, рӯзи 09.08.2023 тахминан соатҳои 22:50 шабона шаҳрвандон Раҷабова Ҳангома, Раҷабзода Амин Абдураҳим ва дигарон дидаю дониста ва аз қонунҳои ҷорӣ натарсида, худсарона сеткаҳо ва пояҳои боғи ба ман тааллуқдоштаро шикаста партофтанд. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ба ин амалҳои ғайриқонунӣ онҳо пеш аз ин ҳам даст зада буданд ва ба шикастан ва несту нобуд кардани пояҳои бетонӣ ва оҳанӣ даст зада, молҳои хурду калони худро бе иҷозати ман ба боғи ободкардаам дароварданд ва бо ин амалашон ба ман ҳам зарари моддӣ ва ҳам зарари маънавӣ расониданд чора дида шавад.
Оиди ин ҳолати ҷинояткоронаи ҷавобгарон ман расман ба телефони боварии Вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудам. Аз ШВКД дар ноҳияи Файзобод кормандони милитсия омада, аз ман баёнот гирифтанд.
Корманди Кумитаи замин дар ноҳияи Файзобод ё муовини он Идибеков Баракатулло ба сари замин наомадаанд. Савол ба миён меояд, ки агар ин шахсон ба сари замин наомада бошанд, аз куҷо онҳо санад тартиб дода, қарор баровардаанд?
Дар охир ман ба чунин хулоса омадам, ки Суди ноҳияи Файзобод, ШВКД дар ноҳияи Файзобод, Прокуратураи ноҳияи Файзобод, Мақомоти иҷроияи ноҳия Файзобод, Кумитаи замини ноҳияи Файзобод ва дигар мақомоти дар ноҳияи Файзободбуда бар хилофи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, ҳуқуқҳои маро ҳамчун шаҳрванд поймол намуда, нисбати шаҳрвандон ҷиноят содир мекунанд.
Саъдуллоев МАНУЧЕҲР,
сокини маҳаллаи Арча,
ҷамоати деҳоти Меҳробод