Ба таваҷҷӯҳи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода
Ба таваҷҷӯҳи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
Ба таваҷҷуҳи вазири маорифи ҶТ Раҳим Саидзода
Ба таваҷҷӯҳи раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон
Таъини адолати иҷтимоӣ ва зиндагонии ором нобаробарӣ ва носозгории ҳаёт, бемасъулиятӣ ва бетафовутии иддае аз масъулони мақомоти ҳуқуқи ноҳияи Панҷакент маро ба он водор намуд, ки қалам ба даст гирам. Аз Паём то Паём зиёда аз 10-13 сол боз барои пайдо кардании ҷои кор ба тариқи шартномавӣ аз рӯйи ихтисосам кӯшиш дорам. Масъулон “худашон шоҳу табъашон вазир”, чӣ парвои мани дар роҳ мондаи мазлум доранд? Наход масъулон надонанд, ки ҷомеаи мо ба кадом роҳ меравад? Давлати моро давлати иҷтимоӣ ном мебаранд ку?
Ман маълумоти олии Библиографӣ дорам. Аммо мани яккаву танҳо, мани оби чашм дар бари рӯ, ба миқдори 395 сомонӣ мегирам. Магар бо ин нафақа аз ӯҳдаи таъмини чор нафар аъзои оила мебароям? Рӯзу шаб дар бозорҳо думболи кор мегардам ва бемориам аз набудани маблағ авҷ гирифта истодааст. Аммо фактҳое ҳам мавҷуданд, ки нисбат ба мактубҳои ман бепарвоёна муносибат мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки шикоятҳои маро “мулоим” кунанд. Дигаргуниҳое, ки дар солҳои Истиқлолият дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, ҳамааш бо ташаббуси Президенти азиз буд. Бо ташаббуси Президенти азиз ба ҷамоати деҳоти Фароб 147 000 долар ворид шуд, аммо бо ҳуҷатҳои бардуруғ: об овардем, роҳро таъмир кардем ба ятимон додем, камбизоатҳо маъюбону барҷомондаҳо, барои аҳолӣ оби полизӣ назди ҳавлигӣ овардем, ҳуҷҷат тартиб доданду чашмбандӣ карданд. Президенти кишвар дар вохӯриашон ба роҳбарону муттасадиён мегуфтанд: “Эътирофи силсилаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёди инсон ва шаҳрванд аз ҷумла озод будани изҳори ақидаи ӯст”.
Аз ин рӯ, ба роҳбарияти тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ташкилоту муассисаҳои давлатӣ аз тарафи Сарвари давлат супориш дода шуда буд, ки қабули шаҳрвандон ҳар рӯзи шанбе, инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо аз наздик ҳаллу фасли арзу шикоятҳои мардумро таъмин намуда, аз доираи Адолати қонун берун набароянд. Аммо тафтишкунандаҳо сухани сарвари давлатро сарфи назар мекарданд. Муҳим он аст, ки роҳбарони маҳалу ноҳия ба се чиз аҳамият намедоданд:
- Қонунро эътироф намекунанд
- Ҳаққи ҷамъиятро аз ҳаққи хеш паст медонанд
- Хоҳиши мардумро ба инобат намегиранд.
12 сол аст, ки аризаҳои Маҳмадмуродов Рузиқул дар кунҷи варақҳову таҳхонаҳо пӯсида истодаанд, аммо касе онро тафтиш намекунанд. Ҳол он, ки собиқи раиси ҷамоат зиёда аз як гектар заминро ба замини назди ҳавлигӣ, ба тасарруфи худаш дароварда ба 2 писараш иморатҳо сохтааст.
Чаро қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, № 603 танҳо барои писари ман амалӣ намешудааст? Барои 400 кас амалӣ мешудааст, аммо барои писари ман амалӣ намешудааст, ҳақиқат дер ё зуд маълум мешавад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамсарам ба бемории газак гирифтани чанд буғум 12 сари сол бистарӣ шуд, оқибат аз дунё гузашт ва тарбияи 7 нафар ятим ба дӯши ман афтод. Хешу наздиконам дарро ба рӯям намекушоданд. Аз аввал ва охир аз Президент минатдорам, ки ятимонро 2 сол дар Маркази Давлатии “Литсеи касбии махсуси маъюбон” тарбия карданд. Вагарна ба ин нафақаи ночиз онҳоро хононда наметавонистам.
Аз соли 2013 то ҳол ҷои кор мекобам. Хулоса аз ихтисоси ман дар ноҳия ангуштшумор буда, дар деҳот ва дар шӯъбаи маориф нест. Намешуд, ки маро ба ҳайси нозир дар шӯъба ба кор қабул мекарданд? Аммо ман “пул”, “миёнрав, тағо” надорам.
Ман зиёда аз 40 сол дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият кардаам.
Нафақахӯронеро номбар кардан мумкин, ки кор накарда бо ёрии “тағо, миёнарав” соҳиби 600 – 700 сомонӣ нафақа мебошанд. Ин ҷо пора мақоми хоса дорад! Оилаам аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1D 18583481 аз 31 октябри соли 2022 ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидааст. Сабаб чист, ки ба фарзандони ман низ 600 сомон нафақа ҷудо накарданд? Ин бесарусомонию масхара то кай давом мекарда бошад?
Орзуи онро дорам, ки масъалаи мазкур аз тарафи мову масъулон дида мешавад!
Собиқадори маориф, Маҳмадмуродов Рузиқул
Тел : 928 03 50 78