ё чаро Давлатзода зӯрашро ба зан собит кардан хост?

Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ,

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,

Ба раиси Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён.

 Муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ман пеш аз ҳама ҳамчун модар ва баъдан хизматчии давлатӣ аз муносибати ноҷавонмардонаи бархе аз мардону хизматчиёни давлатӣ маҷбур шудам ба Шумо шикоят намоям. Ман беш аз 22 сол боз дар вазифаҳои гуногуни соҳаи таъмини суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа содиқона хизмат мекунам. Аз 1-уми августи соли 2019 бо пешниҳоди Раиси вилояти Суғд Аҳмадзода Р. аз вазифаи сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров ба вазифаи сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин ва дар ин вазифаи пурмасъул софдилона фаъолият намуда, то ҳадди имкон тавонистам ин соҳаро ба пеш барам. Аммо мутаассифона, ҳодисаҳои содиршавии қонуншикании рӯирост, паст задани обрӯю эътибор ва манзалати зан-модар аз ҷониби директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек маро маҷбур намуд, ки ба унвони Шумо муроҷиат намоям, то пуштибони ҳуқуқу манфиатҳоям бошеду дасти мадад сӯям дароз намоед.

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти маҳбуби кишвар, гап дар сари он меравад, ки директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод аз лаҳзаи ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд таъин гаштанам, нисбати ман аз хусумат кор гирифт. Сабаби хусумати шахсиаш нисбати ман баъд аз он сар зад, ки моҳи июли соли 2019 Давлатзода Д. А. бе ифоқа ва розигии раиси вилояти Суғд, шахси тасодуфӣ-корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Спитамен Аминов Фурқатро ба вазифаи Раёсати Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин намуд, вале ин номзад аз тарафи раиси вилоят дастгирӣ наёфт. Раиси вилоят номзадии маро ба ин вазифа пешниҳод кард. Ин боис шуд, ки Давлатзода Д. пайваста дар вохурӣ ва ҷаласаҳои ҷамбастии Агентӣ фаъолияти кории маро беасос зери танқид қарор медод ва дар нисбати ман аз таҳқиру тӯҳмат ва бӯҳтон истифода мебурд. Ӯ кушоду равшан дар ҳузури кормандону хизматчиёни соҳа шаъну шараф ва эътибори кории маро паст зада, беасос ва ғайриқонунӣ 26-уми март ва 3-юми майи соли 2021 нисбати ман ҷазои интизомии сарзаниш ва танбеҳ татбиқ намуд.

Муроҷиати ман ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ғайриқонунӣ эътироф кардани муҷозоти интизомӣ қаҳру ғазаб ва қасдгирии Давлатзодаро дучанд намуду боиси аз 14-уми майи соли 2021 ғайриқонунӣ ва беасос аз вазифа дур намудани ман гашт.

Илова бар ин, Давлатзода Д. аз мансабаш сӯистифода карда

талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”-ро дағалона вайрон кард. Номбурда бо фармоиш аз 17-уми майи соли 2021, № 32, дар ҳайати 18 нафар гуруҳи корӣ таъсис дода, бо мақсади ошкор намудани камбудӣ дар фаъолияти кории банда дар вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров, сафарбар кард ва дастур дод, ки то 28-уми майи соли 2021 барояш маълумотнома пешниҳод намоянд. Ин амали Давлатзода Д. дар ҳоле буд, ки фаъолияти Агентии вилоятӣ ва ноҳияи Б. Ғафуров қаблан аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони худи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2015, 2017, 2019 ва 2021 мавриди санҷиши комплексӣ қарор дода шуда, камбудиҳои ҷиддӣ ошкор карда нашуда буданд. Аммо Давлатзода Д. аз ҳиссиёти қасдгирӣ натиҷаи санҷиши гуруҳи кориро интизор нашуд. Ӯ аз вазифаи мансабиаш сӯиистифода намуда, дар ҳоле, ки ман аз санаи 14 то 17-уми майи соли 2021 бо ташхиси «Бемории фишорбаландии дараҷаи 3, хатари 3» бо тариқи амбулаторӣ ва аз 17 то 31-уми майи соли 2021 бошад, бо ташхиси «Энсефалопатияи диссиркулятории фишорбаландӣ бо алоими астенно-невротикӣ ҳамрав бо бемории фишорбаландӣ шараёни дараҷаи 2, хатари 3, Холестити музмин» дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардида муолиҷа мегирифтам, маро аз вазифа озод кард. Рӯзҳои 17 ва 18-уми майи соли 2021 бо супориши Давлатзода Д. ба беморхона намояндаи Агентии ҷумҳуриявӣ Солеҳов Самандар, сардори бахши кадрҳои Раёсати вилоятӣ Акрамов Анвар, муовини сардори ҳамин Раёсат Каримов Ҳаким, сармуҳосиб ва сардори шуъбаи мониторинги Раёсати мазкур  Қодирова Мунира ва Иномҷонова Умеда якчанд маротиба ба беморхона омадаанд, то аз ман мӯҳр ва калиди корхонаро гирифта, ба санад имзо гузорам. Вале духтури табобатиам Носиров А. монеъи амалашон шуда, ба онҳо фаҳмонидааст, ки ҳолати бемор хатарнок ва фишори хунаш баланд мебошад. Аз ин рӯ, табиб барои пешгирии ҳодисаи нохуш ба ҳуҷра даромадани номбурдагонро манъ кардааст. Давлатзода Д. А. бошад, дидаю дониста, ки ман дар беморхона бистариаму дар муолиҷаи статсионарӣ қарор дорам, аз вазифаи мансабиаш сӯиистифода намуда, бе асосҳои мушаххас, ки дар моддаи 42 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 1 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» пешбинӣ шудаанд, бар хилофи талаботи қисми 4 моддаи 42 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи корношоямӣ, яъне дар вақти дар беморхона ба тариқи статсионарӣ табобат гирифтанам, бар хилофи муқаррароти моддаи 44 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе розигии пешакии иттифоқи касаба, бе риояи талаботҳои моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31-уми октябри соли 2014, № 694, “Дар бораи тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ”, бо фармоиш аз 26-уми майи соли 2021, ғайриқонунӣ, маро аз вазифа озод намуд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, новобаста аз ин, гурӯҳи кории 18 нафараи ашхоси наздик ба Давлатзода Д. бо роҳбарии муовини аввали Агентӣ Абдураҳмонзода X. аз 17 то 28-майи соли 2021 фаъолияти сохтори ноҳияи Б. Ғафуровро, бе иштироки ман, аз соли 2013 то соли 2021 санҷида, рӯзи 28-уми майи соли 2021 санади мутлақо ғайриқонунӣ тартиб доданд. Дар ин санад гуфта мешавад, ки гуруҳи корӣ гӯё ба маблағи 4 529 037 (чор миллиону панҷсаду бисту нӯҳ ҳазору сию ҳафт) сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд. Давлатзода Д. бо мақсади айбдор намудани ман оиди содир намудани ҷиноятӣ махсусан вазнин, яъне тасарруфи амволи ғайр ба миқдори  4 529 037 (чор миллиону панҷсаду бисту нӯҳ ҳазору сию ҳафт) сомонӣ, санади беасос ва ғайриқонунии болозикрро 2-юми июни соли 2021 бо мактуби ирсолии № 1/04-760 ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсолу дархост кардааст, ки нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад.

Дар баробари ин, Давлатзода Д. дар нишасти матбуотии нимсолаи аввали соли 2021 дар ҳузури намояндагони воситаи ахбори умум, дидаю дониста нисбати ман хабари бардурӯғ, дар бораи содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, яъне тасарруф намудани 4 529 037 (чор миллиону панҷсаду бисту нӯҳ ҳазору сию ҳафт) сомонӣ  паҳн кард. Таҳқиру қасдгириаш кам буд, ки боз ӯ ҳамин хабарҳои бардурӯғашро тавассути сомонаи интернетии  “Фейсбук” низ паҳн кард.

Илова бар ин, Давлатзода Д. бо мақсади бадномсозии ман ба унвони Шумо, Пешвои муаззами миллат, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода моҳи июни соли 2021 бо ҳамин мазмун ахбороти мутлақо беасосу ғайриқонунӣ ирсол намуд. Аммо санҷиши аз ҷониби кормандони масъули Прокуратураи генералӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда, ҳолати ҷой доштани зарари молиявӣ ба маблағи  4 529 037 (чор миллиону панҷсаду бисту нӯҳ ҳазору сию ҳафт) сомонии дар санади гурӯҳи корӣ, аз 28-уми майи соли 2021-ро бо пуррагӣ инкор намуд.

Давлатзода Д. ба хулосаи асосноки мақомоти болозикр норозӣ шуда, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон эрод пешниҳод намуд.

Дар асоси дастури Прокурори генералӣ, аз моҳи август то декабри соли 2021 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорати дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва 5 тан намоянда аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳуриявӣ такроран фаъолияти маро мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор доданд. Ин навбат низ факту рақамҳои зарари молиявӣ ба маблағи  4 529 037 (чор миллиону панҷсаду бисту нӯҳ ҳазору сию ҳафт) сомонии дар санад, аз 28-уми майи соли 2021, зикршуда тасдиқ нашуд ва хулосаи Прокуратураи генералӣ оид ба ҷой надоштани зарари молиявӣ дар ҳисоботи ман тасдиқи худро ёфт.

Зикр кардан бамаврид аст, ки  бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти  субъектҳои хоҷагидор” тибқи  фармоишҳои Давлатзода Д. А.,  аз 17-уми майи соли 2021, № 118 (17 нафар), аз  22-юми июни соли 2021,  № 163 (4 нафар), аз  29-уми июни соли 2021, № 168 (4 нафар),  аз 2-юми августи соли 2021,  № 201 ( 3 нафар), аз 16-уми августи соли 2021, № 213 (3 нафар) ва 30-юми августи соли 2021, №  220 (3 нафар), гурӯҳи корӣ дар ҳайати 41 нафар кормандон таъсис дода шуда, фаъолияти маро дар ноҳияи Б. Ғафуров давоми солҳои 2014-2019 такрор ба такрор мавриди санҷиш қарор дода, хона ба хонаи нафақахӯрон гашта, бо фишору таҳдид аз онҳо талаб намуданд, ки нисбати ман маълумотҳои бардурӯғ диҳанд, ки гуё ман аз онҳо маблағи пулӣ гирифта бошам. Аҷобати кор дар он аст, ки чунин санҷишҳои пай дар пайи ин кормандон бе ҷалби ман сурат гирифта, аз натиҷааш ягон санади расмӣ тартиб дода нашудаасту Давлатзода Д. А. бошад, ба номбурдагон барои “хизматҳои шоёнашон”, ки гуё хатогии маро ошкор карда бошанд, мукофотпулӣ дода, бо ин амалаш ба манфиати давлат зиёни моддӣ расонидааст. Гузашта аз ин, якчанд нафари онҳоро барои хушомадгӯиашон, бе баргузории озмуни ҷои корӣ, ба мансаби баланд таъин ва ба ҳамаи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат маблағпулии сафари хизматӣ додааст.

Муҳтарам Президенти мамлакат, санаи 15-уми майи соли 2021 бо супориши Давлатзода Д. А. дар ҷаласаи коллегияи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентии шаҳри Душанбе Қосимзода С. О. дидаю дониста нисбати ман хабари бардурӯғ, ки гӯё ман аз бойгонии Раёсати Агентии ноҳияи Б. Fафуров ба шахсони номаълум парвандаҳои нафақавиро фурӯхта, дар ду автомошина бор карда, маблағҳои онро тасарруф карда бошам, паҳн намуд, ки ин ҳолат дар протоколи  ҷаласаи ғайринавбатии гуруҳи доимамалкунандаи корӣ, таҳти роҳбарии Давлатзода Д. А., дарҷ гардидааст. Ҳолатҳои марбут ба ин аз ҷониби масъулини Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд ва иддаои бардурӯғи  Давлатзода Д. А. ва Қосимзода С. О. бармало шуданд. Ин ҳолати бебаҳс дар кирдори номбурдагон мавҷуд будани ҷинояти дар моддаи 346 қисми 2 бандҳои “а” ва “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда шаҳодат медиҳад.

Ҳамаи туҳмату буҳтони болозикр бо мақсади аз вазифа озод намудани ман ва ба ҷои ман таъин кардани Қосимзода С. О. сурат гирифта, бо маслиҳату машварати бевоситаи Давлатзода Д. А. ва Қосимзода С. О. тарҳезӣ шуда, дар охир онҳо бо мақсади мароми нопоки худ расиданд: Бо фармоиши Давлатзода Д. А. аз 1-уми феврали соли 2022 Қосимзода С. О. ба вазифаи сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин карда шуд. Ин дар ҳолест, ки Қосимзода С. О. бо пешбурди хоҷагии умумӣ бо ду зан: аз зани якумаш Умарова Фарзона соҳиби чор фарзанд ва аз ҳамсари дуюм Абдураҳмонова Сайёра бошад, бо се фарзанд зиндагонӣ дорад.

Ҷаноби Олӣ, ман бо ҳимоя аз ҳуқуқҳои корию инсониам фармоиши Давлатзода Д. А.-ро, аз 26-уми майи соли 2021, оид ба аз вазифа озод намуданам мавриди баҳс карор дода, бо аризаи даъвогӣ дар бораи ба кор баркарор карданам ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат намудам.

Мутаассифона, судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Беҳрӯз Шафо, ки баррасии парвандаро ба уҳда дошт, ба кашолкории беасос роҳ дод. Номбурда бар хилофи талаботи қисми 2 моддаи 157 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 7 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12-уми ноябри соли 2021, №1, “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ” дар муҳлати зиёда аз 7 моҳ парвандаро баррасӣ намуд. Ин дар ҳолест, ки  мӯҳлати баррасии чунин парвандаҳо, тибқи қонунгузорӣ, на зиёда аз як моҳро дарбар мегирад. Гузашта аз ин, суд ваҷҳу иддаоҳои асоснок ва қонунии маро бобати он, ки бо фармоиши директори Агентӣ Давлатзода Д. А., аз 26-уми майи соли 2021, бе асосҳои мушаххас, ки моддаи 42 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 1 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, бар хилофи талаботи қисми 4 моддаи 42 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии корманд роҳ дода намешавад, дағалона вайрон намуд. Ин дар ҳолест, ки ман аз 17 то 31-уми майи соли 2021 дар беморхона ба тариқи статсионарӣ табобат мегирифтаму ин ҳолат мувофиқи варақаи корношоямии Силсилаи №Y 1617279 аз 14-уми майи соли 2021 тасдиқ мегардад. Боиси таассуф аст, ки судя Беҳрӯз Шафо бар хилофи муқаррароти моддаи 44 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии пешакии иттифоқи касаба ва бе риояи талаботҳои моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, № 694 “Дар бораи тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ”, яъне бе розигии раиси вилояти Суғд, аз кор озод карда шуданамро натанҳо ба назару эътибор нагирифт, балки онҳоро бо ягон далел инкор ҳам накард. Судя танҳо пойбанди ваҷҳу иддаои беасоси корфармо, ба амсоли : “Пӯлодӣ Ӯ.Т. ба камбудии моддӣ роҳ додааст”, “Варақаи корношоямии Пӯлодӣ Ӯ.Т. зери шубҳа қарор дорад”-ро қобили қабул донист, дар ҳоле, ки тибқи хулосаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд варақаи корношоямӣ асоснок дода шудааст.

Суд тибқи муқаррароти моддаи 58, қисми 4 моддаи 202 КМГ ҶТ, қисми 2 моддаи 54 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 41 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 12-уми ноябри соли 2021 № 1 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ” ин чор далели боэътимод, ки  мутлақо ғайриқонунӣ будани Фармоиши Давлатзода Д. А., аз 26-уми майи соли 2021, дар бораи аз кор озод намуданро собит менамояд, инкор накарду карда наметавонист.

Муҳтарам Президент, боиси таассуф аст, ки пас  шикоят аз болои Қарори суди ноҳияи Шоҳмансур Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе низ ваҷҳҳои асосноки болозикрро мавриди таҳлил, таҳқиқ ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ қарор надода, онҳоро бо ягон далели боэътимод инкор накарда, танҳо ба рӯйнавис намудани ҳалномаи суди зинаи аввал қаноатманд шуду халос. Fайр аз ин, коллегияи мазкур парвандаро дар марҳилаи кассатсионӣ бе иштироки прокурор дида баромад, гарчанде, ки аз рӯи талаботи моддаҳои 47 ва 339 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки прокурор дар мурофиа марбут ба парвандаҳо оид ба барқарор кардан ба кор дар суди зинаи якум ва кассатсионӣ ҳатмӣ мебошад. Дар мурофиаи марҳилаи якуми судӣ  ёрдамчиёни прокурори ноҳияи Шоҳмансур Ахмадзода Фирӯза бар хилофи талаботи Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми феврали соли 2016, № 8, “Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ” бе тайёрии ҳаматарафа иштирок, қонунвайронкуниҳои ҷиддии болозикрро нодида гирифта, бидуни асосноккунӣ, бо ибораҳои қолабии рӯзмарра ба амсоли “даъво рад карда шавад” хулоса дода буд, ки ҳолатҳои болоӣ аз дағалона вайрон намудани меъёри ҳуқуқи мурофиавӣ шаҳодат медиҳад.

Давлатзода Д. А. бошад то ба имрӯз кӯшиш ба харҷx дода истодааст, ки шикоятҳои назоратии ман аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ наёбад. Мутаассифона, ҳамин хел ҳам шуда истодааст, зеро судяҳои Суди Олӣ Оймаҳмадзода М. ва Ёқубзода А. Х. далелҳои инкорнашавандаи маро марбут ба беасос ва ғайриқонунӣ будани санадҳои судии суди зинаи якум ва кассатсионӣ нодида гирифта, муқаррароти моддаи 379 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 19-уми декабри соли 2008 № 14, “Дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории мурофиавии гражданӣ дар суди марҳилаи назоратӣ” риоя накарданд.

Гузашта аз ин, судя Оймаҳмадзода М., ки 10-уми октябри соли 2022 таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ аз доираи мавзӯи баҳс берун баромада, дар таъиноташ подарҳаво навиштааст, ки гӯё ман мунтазам ба вайрон намудани интизоми меҳнатӣ машғул буда, варақаи корношоямиам бошад,  шубҳаовар мебошаду ман дар фаъолияти кориам ба камбудиҳо роҳ додаам. Ин дар ҳолест, ки аз маводҳои парванда чунин омилҳо ҷой надоранд.

Ҳамкасби Оймаҳмадзода М. -Ёқубзода А. Х. бошад, ба шикояти мукаммали ман, ки аз 9 саҳифа иборат буд, бе батасвиб расонидани таъинот оид ба рад намудани шикоят дар ним саҳифа ҷавоби қолабии дар таҷрибаи судӣ нақшбаста 18-уми январи соли 2023 бо содироти № 22-875/22 посух, санадҳои судиро ёдовар шудаасту халос, дар ҳоле, ки вай вазифадор буд ваҷҳ ва иддаоҳои дар боло ишорашудаи асоснок ва қонунии манро мавриди санҷиш, таҳлил, таҳқиқ, муқоиса ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ қарор диҳад.

Ҷаноби Олӣ, ҳолатҳои болоӣ бебаҳс собит месозад, ки Давлатзода Д. А.  бар хилофи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷикистон, аз 12-уми ноябри соли 2021, № 1 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ” ғайриқонунӣ маро аз кор озод, беасос ва ғайриқонунӣ нисбати ман хабари бардурӯғ дар бораи содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин паҳн намуду муроҷиатҳои ман ҷиҳати андешидани тадбирҳои қонунӣ нисбати Давлатзода Д. А. ва Қосимзода С. О. бошад, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор нодида гирифта шуда истодааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ман ҳамчун Зан-Модар ба эҳтироми беандозаи Шумо нисбат ба бонувони кишвар эҳтироми хоса қоил ҳастам ва эътимоди комил дорам, ки танҳо бо дахолати Шумо ман метавонам ҳуқуқу обрӯ ва шарафамро дар ҷомеа барқарор намоям.

Ҷаноби Олӣ, бо назардошти ҳолатҳои болоӣ, ман аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ҳолати ба сари ман овардашударо зери назорат бигиред ва ба мақомоти судии кишвар дастур диҳед, ки бобати беэътибор донистани Фармоиши ғайриқонунии Давлатзода Д. А., аз 26-уми майи соли 2021, дар бораи аз кор озода намудан, дар ин замин бекор намудани санади ғайриқонунии суди зинаи якум ва марҳилаи кассатсионӣ чораҳои конунӣ андешида, ба кирдорҳои Давлатзода Д. А. ва Қосимзода С. О. баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Бо эҳтиром,            

Пӯлодӣ Умринисо, собиқ сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аъзои Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҷои зист: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ, бинои 207, ҳуҷраи 9. телефон: 92-996-89-00

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь