Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокурори вилояти Суғд, муҳтарам Ҳабибулло Воҳидов

Ба раиси Суди шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Мавҷуда Шарифзода

Ба раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва роҳбарони сохторҳо!

Бо ироаи ин муроҷиатнома тавассути матбуоти мардумӣ ба шумоён аз ноадолатие қисса мекунем, ки се сол инҷониб мо – сокинони як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷандро ба ташвиш овардааст. Агар масъулини ниҳодҳои дахлдор сари вақт мактубҳои моро моҳиятан баррасӣ намуда, амалкарди ғайриқонунии баъзе сокинонро, ки ҳатто кормандони идораҳои давлатиро дар ин роҳ шарики худ сохта тавонистаанд,  пешгирӣ намуда, вазифаи давлатии худро иҷро мекарданд, зарур намедонистем ин муроҷиатномаро тавассути матбуот унвонии шумоён ба нашр расонем.

Мо истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд, суроғаи кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, бинои 146 (маркази шаҳр) ҳастем. Аз соли 1975, инак беш аз 40 сол боз дар ин бино зиндагӣ мекунем. Бинои истиқоматии 146 дар кӯчаи К. Хуҷандии шаҳр аз ду ошёна иборат буда, танҳо як даромадгоҳ ва шаш хонаи истиқоматӣ дорад. Дар ин шаш хона сокинон ҳамроҳи аъзои оилаи худ зиндагӣ мекунанд. Саҳни ҳавлии бино дар умум аз 5 сотих замин иборат буда, он ягона ҷой барои бозии кӯдакон, мавзеи кабудизоркунӣ ва ҳам фароғати бошандагони ин бинои истиқоматӣ ба ҳисоб меравад.

Дар панҷ сотих ҳавлии бино, ба ҳисоби як-ду кати нишастҷой, инчунин як даҳлезу як хоначаи иборат аз 2 ва 3-метрӣ мавҷуд буд, ки онҳоро дар вақти баргузории маъракаҳо, бахусус маъракаҳои азову фотиҳахонӣ ҳамаи сокинон истифода мебурданд.

То соли 2017 нигоҳубини ин даҳлезча ва хонаро, ки меҳмонхонаи умумӣ барои бошандагони бино ба ҳисоб мерафт, Раҷабов Зариф – сокини бино бар уҳда дошт. Ҳамаи сокинон аз хислати хуб ва оини маҳалладории Раҷабов Зариф миннатдор буданд. Аммо маълум шуд, ки Раҷабов Зариф беҳуда масъулияти нигоҳубини меҳмонхонаро то соли 2017 бар уҳдаи худ нагирифтааст, балки дар зимн, ӯ сари амалӣ шудани манфиатҳои шахсии худаш кор мекардааст.

Агар шахсе бо номи Собир Раҳимов санаҳои 6-7-уми марти соли 2018 ба кӯчонидани деворҳои меҳмонхона ва вайрон кардани рӯйи саҳнаи бинои истиқоматӣ шуруъ намекард, мо чунин амалҳои манфиатҷӯёнаи истиқоматкунандаи бино Раҷабов Зарифро пай намебурдем. Собир Раҳимов дар суҳбат ба мо иброз кард, ки замини саҳни умумии биноро аз Раҷабов Зариф харидаву ба ҷои он хонаи дуошёнаи истиқоматӣ сохтанӣ аст.

Баъди муроҷиати мо ба мақомоти прокуратура маълум шуд, ки Раҷабов Зариф меҳмонхонаи умумии сокинони биноро дар вақте ки нигоҳубини онро дар ихтиёр дошт, бо масъулини онвақтаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд забон як карда, ғайриқонунӣ ба номи ҳамсараш Раҷабова Мухбира ҳуҷҷат карда, баъдан ба воситаи нотариус ба Раҳимов Собир ғайриқонунӣ бар ивази 286 ҳазор сомонӣ, муодили 30 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтааст. Ин далелро дар мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд тасдиқ мекунанд.

Ба ин тартиб, мо ба Прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва вилоят оид ба ин ҳолат муроҷиат намудем. Аз ин, ки далели бархилофи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудани қарори собиқ раиси шаҳри Хуҷанд (№590, аз 24.10.2013) ошкор гардид, ба унвонии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати бекор кардани ин қарори собиқ раис ва ба ҳолати аввала баргардонидани замини саҳни бинои истиқоматӣ пешниҳоди прокурорӣ ирсол гардид. Дар заминаи ин ҳамчунин масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани шахсони масъул дар миён гузошта шуд.

Бо қарори Маъруф Муҳаммадзода аз 8-уми январи соли 2019, №4 қарори ғайриқонунии (№590, аз 24.10.2013) раиси пешини Хуҷанд бекор карда шуд. Дар ин қарори Маъруф Муҳаммадзода баробари бекор карда шудани қарори собиқ раиси Хуҷанд, масъалаи ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин дарҷ ёфта буд. Аммо бо гузашти даҳ моҳ дида мешавад, ки то ба ҳол механизми иҷроиши ин қарори шаҳдорӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замини шаҳр ба назар намерасад ва дар ин самт ягон чораандешӣ сурат нагирифтааст.

Дар ин зимн мо ду маротиба: якум аз 22.04.2019, №18/С-139 ва дафъаи дуюм аз 05.09.2019 барои иҷрои қарори Маъруф Муҳаммадзода ва амри прокуратураи шаҳр барои ба ҳолати аввала баргардонидани саҳни бинои истиқоматӣ ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудаем. Аммо аз МИҲД бо имзои муовини раиси шаҳри Хуҷанд А. Раҳматзода (17.05.2019, №5/19-1399 ва 26.09.2019, №5/19-3265а) ҷавоб расид, ки мазмуни ҳарду як ва боз ҳам дур аз воқеияти ҳол аст: “Аризаи даъвогии Раҳимов Собирҷон Рузибоевич нисбати ҷавобгар – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар истеҳсолоти Суди шаҳри Хуҷанд мебошад ва муроҷиати шумоён то ҳалли баҳси судӣ бе баррасӣ мононда мешавад”.

Ин чӣ бемантиқӣ аст? Дар ҳоле, ки қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба беэътибор донистани қарори собиқ раиси шаҳр қабул шудааст, чаро бояд иҷроиши онро кашол диҳанд? Шояд Маъруф Муҳаммадзода – шаҳрдори Хуҷанд, ки механизми иҷро шудани ин қарорашро ба зиммаи муовинонаш вогузор кардааст, аз иҷро нашудани қарори худ дарак надорад, ё нафароне дар атрофи ӯ ҷамъ шудаанд, ки барояш на содиқона, балки бо ин кашолкориашон хизмати хирсона мекунанд?!

Бо гузашти даҳ моҳ иҷро нашудани қарори Маъруф Муҳаммадзода таҳти №4, аз 8-уми январи соли 2019 ҳоло масъаларо печидатар кардааст: Ҳоло саҳни бинои истиқоматии мо, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор дошта, ба макони сайругашти гурбаю сагҳои дайду ва нуқтаи партовпартоӣ табдил ёфтааст, ки ҳусни шаҳрдориро коста мегардонад.

Чаро Суди шаҳри Хуҷанд ба ҳалли ин масъала фориғболӣ ихтиёр кардааст. Дар ҳоле, ки баррасии ин масъала дар истеҳсолоти идораи суд давоми 7 моҳ аст, ки қарор дорад? Ё дар Суди шаҳри Хуҷанд нимкосаи зери коса ниҳон аст ва инро танҳо судяҳову шаҳрдорӣ медонанд?

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ!

Умедворем, ки баъди нашри ин муроҷиатнома Шумо ба доди мо мерасед. Мо ба адолати иҷтимоӣ ва зиндагии шоиста дар кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон бовар дорем.

Бо арзи эҳтиром,

Сулаймонова Зумрад, собиқадори меҳнат, сокини 91 сола,

Гадойбоев А.,

Бобоева Д.,

Марупова М.,

ҷамъ, сокинони бинои истиқоматии 146, кӯчаи К. Хуҷандӣ, шаҳри Хуҷанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь