Ба идораи рӯзномаи “Фараж”

Аз номи сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Ҷомӣ 35/1, ҳуҷраи 30

Алиева Файзимо. Тел: 881-00-19-57

Ман омӯзгори собиқадор дар соҳаи маориф дастовардҳои зиёде дорам, барои сохтори конститутсионӣ заррае бошад, саҳми хешро гузоштам. 10 нафар кӯдакони гурезаро соли 1993 аз вилояти Хатлон бо сару либос, асбоби хониш таъмин намуда, ба таҳсил фаро намудам, се оилаи онҳоро бо ҷои хоб таъмин кардам. Дар рӯзномаҳои ватанӣ хабару мақолаҳои зиёде дорам, муаллифи се китоб дар ҳаҷми 70 саҳифагӣ аз маоши худам навишта чоп намуда, оиди моҳияти Истиқлолият ба омма ройгон тақдим намудам, фарзандонамро бенуқсон ба воя расонидам, ва онҳо барои ободии ҷомеа саҳм гузошта истодаанд. Аммо як муаммо дорам, мехоҳам ба воситаи ин рӯзномаи дӯстдоштаам, ки мухлиси асили он ҳастам, аз рӯзи аввали нашраш ба ман маъқул асту мехонам ба шиносонам тавсия медиҳам, ки бихонанд. Маҳз ду сол пеш дар ин рӯзнома навишта будам дастовардҳоямро дар Вазорати маориф ва илм хонда, маро ба мукофоти давлатӣ пешниҳод карда буданд ва яке аз кормандони он ба ман дар рӯзи ҷашни сарфарозии мукофот шомил шудан, гуфта буд дар рӯзномаи “Фараж” нависед, муҳокима карда, ба мукофоти давлатӣ номнависат кардем имрӯз, ки шомили мукофоти олӣ гаштед. Боз ба рӯзномаи “Фараж” нависед, ки мукофот гирифтам, ман дар ҷавоб гуфтам, кори хуб кардам.

Акнун мехоҳам ба воситаи ин рӯзнома ба соҳибкор Раҳими ғармӣ ҳамсуҳбат гашта, муаммои худро ҳал намоям. Зеро ба ҳукумати шаҳр даҳҳо маротиба ба қабули ҷонишинони раиси шаҳр шифоҳӣ ва хаттӣ муроҷиат кардам чорае наандешиданд, ба ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ бешумор ба раисон Табарзода Ҷ., Усмонзода Фатҳиддин, Гуреззода Умед, соҳибкорони ватанӣ муроҷиат кардам бе натиҷа, касе дастамро нагирифт, кӯмак накард. Муаммоям ин ки як писарам хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллӣ мебошад. Соли 2008 омӯзгори фанни риёзии муассисаи таълимии №30 ноҳияи Фирдавсӣ шуда, кор мекард, ӯро аблава карда, ба хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 45075 Сари купруки ноҳияи Рашт бурданд, ки он вақт ман ба рӯзномаи “Фараж” навишта будам, ки чоп шуда, пешкаши омма гардида буд. Дар қисми ҳарбӣ 45075 писарамро он низомиёни як соли пеш рафта, азоб дода, пушти гарданашро бо аловкови сӯзони деги хӯрокпазиро мекофта, сӯзонда писарамро ба бемории асаб (депрессия) ба воситаи беморхонаи ҳарбӣ аз хизмат озод карда будам, ки ин беморӣ ба бемориҳои мавсимӣ табдил ёфту онро 5 сол табобат кардам, аз рӯзе, ки ба ин беморӣ писарам гирифтор шуд, волидайни келин духтарашонро бурда, ба каси дигар ба шавҳар доданд. Ман тамоми ҳастиямро барои барқарор намудани саломатии писарам равона карда, худ ба бемории қанд диабет гирифтор шудам. Вале писарамро 90 фоиз сиҳат кардам, доимо доруҳои асабро истеъмол мекунад, таҳти назорати табибон мебошад.

Моҳе 1 бор уколи “мадемто дено” мегирад. Се сол пеш оиладор гашт, як кӯдакча дорад. Вале писарам манзили зист надорад, писаронам бо ӯ муносибати хуб надорад, ӯ ҷое барои қутии лоямут меҷунбад, ки як порча нон ёбад, ман ба ӯ хона харида наметавонам. Хело кӯшиш кардам ба қабули раиси шаҳр шомил гардам натавонистам, ҳоло он ки писарам ҳамкурси вай мебошад, дар факултаи иқтисод бо ӯ дар як утоқ таҳсил намудааст. Ба номи ӯ ариза менависам аризаҳоям ба дасти ӯ намерасанд вақте, ки дар бораи Раҳими соҳибкор аз мардум шунидам ду сол пеш ба хонаи падараш ба ноҳияи Рашт рафтам, падараш меҳмондорӣ намуд, хуб қабул кард ва гуфт мебинам занг мезанам, рақами телефонамро гирифт, вале фаромӯш кард, ва занг назад. Ман чор мактуб ба воситаи ронандаҳо яке раиси маҳалла, дигаре ба масҷиди маҳалла навишта равон кардам, ки ба дасти падараш Ҳоҷи Муҳибулло расонанду ба писараш диҳад, вале ҷавобе наомад. Ду мактуби дигар навишта бурда, ба хонаи Раҳим ба маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино додам шахсан якеашро рӯзи иди Қурбон ба дасти хешаш, ки он ҷо назди дарвоза дар ҳавлӣ буд дода, илтимос намудам, ки ба дасти Раҳим расонед, гуфтанд қабул медиҳам, апа вале касе на занг заданд, на бо Раҳим вохӯрдам. Ман аз наворҳои интернетӣ дидам ӯ шахси дилсӯз, фозил аст, падараш ҳам инсони бо фарҳанг, дилсӯз ба даҳҳо одамон кӯмак намуданд, шароит офариданд, маблағи таҳсил доданд, хона сохтанд, хона доданд, ин нишонаи одамгарист, мушкили касеро ҳал карданд, баробари чанд маротиба ҳаҷ кардан аст, чунин шахсон умри дароз мебинанд.

Аз ин рӯ, ман мехоҳам номаамро чоп намоед, шояд ба воситаи рӯзномаи “Фараж” ӯ хонда, ба писари ман низ Алиев Амирҷон як хонаи якҳуҷрагӣ диҳад то зиндагияш бори дигар вайрон нагардад. Зеро писарам саломатии худро дар ҳамон қисми ҳарбӣ он ноҳия хизмат намуда, аз даст дод, ба кӯмак ниёз дорад. Вале нест мисли Раҳим барин шахсони дилсӯз, кош сафи онҳо зиёд мешуданд, хуб мешуд, ки аз ӯ ибрат гиранд.

Файзимо Алиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь