Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман духтари 24-солае ҳастам, ки то хатми мактаб маъюби гуруҳи 2 будам, вале аз соли 2016 маъюби гуруҳи 1-ум мебошам. Баъд аз хатми мактаб ба беморие гирифтор шудам, ки то ҳол аз ҷой хеста наметавонам. 

Банда мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хонда, ба ДДОТ дохил шуда, онҷоро низ бо баҳои аъло хатм намудаам. Вале пас аз хатм ин беморӣ маро намегузорад, ки ягон ҷо кор кунаму ба халқу ватани хеш хизмат намоям. Афсӯс, ки ин беморӣ маро аз по афтонду акнун ман бо аробача роҳ меравам.
Барои шифо ёфтани ин беморӣ маро ба Русия бурданд. Табибони онҷо ин бемориро табобатшаванда гуфтанд. Вале барои табобати ин беморӣ, ки “Атаксияи ирсии Фридрейх, дараҷаи вазнин” ном дорад, маблағи калон лозим буда, ин намуди доруҳо танҳо аз Олмон ёфт мешудаанд. Волидонам бошанд, шароити пардохти табобатро надоранд.
Муҳтарам Ҷаноби олӣ, Шумо нисбати маъюбону нодорон хеле меҳрубон ҳастед ва инро мо ҳамарӯза мебинему мешунавем. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ман дасти ёрӣ дароз кунед.
Ман борҳо ба идораҳои дахлдор арз кардам ва ҳар бор дасти холӣ баргаштам. Дарди худро мехоҳам ба Шумо баён кунам. Ман тамоман аз по мондаму ҳоло таҳти бадтарин шароит истиқомат дорам. Дар баробари ин, хонаам роҳи аробагард надорад ва таъмир ҳам надорад, хеле танг буда, аз дидани офтоб низ маҳрумам. Дар хонаи пурнам наметавонам ҳатто нафас гирам, бемориам авҷ гирифт.
Мо дар оила ду бемор ҳастем ва волидайнам тавони хонагирӣ надоранд. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки маро бо манзили зист таъмин намоед. Ман худ ба касе ғамхорӣ карда наметавонам, вале аз сиёсати ғамхоронаи Ҳукумати Тоҷикистон умедворам. Барои ҷавоне, ки худ дасти касеро нагирифтаасту боз аз нафаре кӯмак талаб мекунад, дар ягон чаҳорчӯба рост намеояд. Чӣ кунам, ки тақдирам талх будааст. Наметавонам дасти мадади худро ба касе дароз кунам, баръакс, аз дигарон кӯмак мепурсам. Дарди дилам зиёд аст, вале шукронаи давлати орому осоишта мекунам, ки то ҷои тавон баъзе муассисаҳо ба мо барин шахсон дасти мадад дароз мекунанду аз ҳолу аҳволи мо бохабаранд.
Дар охир гуфтаниам, ки агар имконият медоштед, як маротиба омада аз аҳволам хабар мегирифтеду вобаста ба имкониятатон дар зиндагиям кӯмак менамудед. Аз Худованди мутаъол талаб мекунам, ки оҳи дили мани маъюбро ба гӯши Шумо, Ҷаноби Олӣ расонад.

Аюбзода Хомисаи АБДУКАРИМ,
маъюби гуруҳи 1, истиқоматкунандаи кӯчаи Меҳнат, хонаи №17, ноҳияи Исмоили Сомонӣ 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь