Муроҷиати як гурӯҳ шаҳрвандон ба шаҳрдори Душанбе ва Президенти кишвар

Гулова Ҳадиса ва Солиева Наргиза аз ширкати “Матин 66” хона харидорӣ намудаанд. Вале пас аз гузашти вақте маълум мешавад, ки ҳарду як хонаро харидорӣ намуда будаанд. Мутаассифона, ягон нафаре аз онҳо натавонист соҳиби ин хона шавад. Чун хона ба шахси севвум фурӯхта шуда буд. Шахси севвум бошад, аллакай дар ин хона зиндагӣ мекард.

“Ман соли 2019 аз ин ширкат бо маблағи 15 ҳазор доллар хона харида будам. Маълум шуд, ки ҳамроҳи Гулова Ҳадиса мо як хонаро гирифта будаем, ғайр аз мо боз якчанд нафари дигар ҳамин мушкилотро доранд. Ҳамроҳи кӯдаконам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам. Вақте хонаамро хабаргирӣ омадам, инҷо одамон ҷамъ шуда буданд, ҳамон вақт фаҳмидам, ки як хонаро ба чанд нафар фурӯхта будаанд” – мегӯяд Солиева Наргиза.

Ба гуфтаи ин шикояткунандагон, директори ҶДММ “Матин 66” Сафолов Ҳайдар, инчунин Сафолов Раҷабалӣ ва Ҷумаев Тоҷиддин бо роҳи фиреб аз сокинон маблағ гирифта, вале хонаро ба якчанд нафари дигар фурӯхтаанд.

Ин ду нафар ягона ҷабрдидагони ин қазияи мазкур нестанд. Рӯзе, ки мо бо даъвати сокинон назди бинои сохтмонии “Эҳё” рафтем, онҷо нафарони зиёде ҷамъ омада буданд. Шоҳидон нақл мекунанд, ки шумораи ҷабрдидагон то ба сад нафар наздик мебошад.

Сафолов ба мардум аз номи ду ширкати сохтмони яке ҶДММ “Матин 66” ва дигаре “Эҳё” хона фурӯхтааст.

“Ман панҷ сол пеш аз ширкати “Эҳё” ба миқдори 10 ҳазор доллар хона харидорӣ намудам. Панҷ сол мешавад, ки ман дар ба дар гаштаам, касе надорам ва куҷо рафтанамро намедонам. Ба чанд мақомотҳои давлатӣ муроҷиат кардем, вале касе чораи кори моро надид. Бинобар ҳамин, ман аз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хоҳиш мекунам, ки чораи кори моро дида баромада, ба мо ҷабрдидагон кӯмак намояд” – бо чунин суханҳо ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекунад яке аз сокинон.

Ба гуфтаи сокинон, пас аз шикоятҳои онҳо масъулини ширкати сохтмони мазкурро равонаи зиндон намуданд. Вале соҳибхонаҳо ин корро роҳи ҳалли масъала намедонанд. Сокинон аз он норозӣ ҳастанд, ки бо маҳбас намудани масъулин онҳо наметавонанд маблағҳояшонро бозпас гиранд. Чун баъди адои ҷазо дигар онҳо наметавонанд аз болои ширкати сохтмонӣ шикоят баранд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо талабгори озод намудани масъулини ширкати сохтмонӣ ва баргардонидани маблағҳои худ шуданд.

Як сокини дигар чунин мегӯяд:

“ -Вақте мо ба суд рафтем, дар суд гуфтанд, ки мо вазифаамонро иҷро кардем ва онҳоро суд кардем. Вале бо суд кардани онҳо мо чӣ кор мекунем? Маблағҳои моро кӣ бармегардонад?”.

“Ман бо маблағи тақрибан 30 ҳазор доллари амрикоӣ панҷ сол пеш аз ин ширкат хона харида будам. Панҷ сол мешавад, ки мо дар ба дарем. Соҳиби се фарзанди ноболиғ мебошам. Ба чанд ҷойҳо муроҷиат кардем, суд, прокуратура ба тамоми мақомотҳо муроҷиат кардем, вале аз ягонҷо ягон фоидае нашуд” – мегӯяд Абдусаттори Зариф – яке аз нафароне, ки аз ширкати мазкур хона харидааст.

Ин сокинон борҳо барои аз нав дида баромадани қарори мазкур ба суду прокуратура муроҷиат намудаанд. Вале муроҷиатҳои онҳо натиҷае надодааст. Ҳоло ягона умеди сокинон ба шаҳрдорӣ ва президенти кишвар мондаасту халос. Сокинон дар дар муроҷиати видеоӣ аз шаҳрдори Душанбе ва Президенти кишвар хосторӣ баррасӣ ва ҳалли ин қазия шуданд.

“Додари ман дар Москва 12 сол кор кард то аз ҳаминҷой хона гирад. Ман аз Президенти кишвар хоҳиш мекунам, ки ҷабрдидагонро дастгирӣ намояд. Ҳамин қадар хоҳиш дорам.” – ибрози назар мекунад як сокини дигар.

Новобаста аз он, ки бинои мутааллиқ ба ширкати сохтмонии “Эҳё” аллакай ба истифода дода шудааст, вале бино як ҳолати бисёр риққатангезеро дорад. Подездҳои харобу валангор ва симҳои барқе, ки рӯйпӯш нашудаанд, инчунин тирезаҳои шикаставу корношоям биноро ҳузнангез намо медиҳанд. Дар ин баробар таваққуфгоҳе, ки барои мошинҳои сокинони бино муайян шудааст, ба партовгоҳ мубаддал гаштаасту касеро парвое нест.

Ба ин ҳама нигоҳ накарда, сокинон ноумед нестанд ва боварӣ доранд, ки Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти кишвар бо сиёсати хирадмандонаи худ баҳри ҳалли мушкили эшон дасти кӯмак дароз мекунад.

Бахтиёр Раҳматуллоев, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь