Ман ҳамчун ҳуқуқшинос ва инсон маҷбурам барои ҳалли арзи тамоми соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов тамоми кӯшиши худро сарф намоям. Агар бозори мазкур дар ҳақиқат ба талабот ҷавобгӯ намебуд, хулосаҳои СЭС, Хадамоти оташнишонӣ ва дигар сохторҳои марбутаро дар даст намедоштам, ин қадар бо дилпурӣ дари мақомоти болоиро намекӯфтам.
Дар бозори мазкур қисми зиёди соҳибкоронро асосан занҳо ташкил мекунанд ва аксаран камбизоатанд. “Бозори марказӣ” барои бо ҷои корӣ таъмин кардани занони бекору хонашин тамоми шароитро фароҳам оварда буд. Вале соли 2014 раиси ноҳия Комил Салимзода ва додари ӯ Буттаев бозори “Ашроф”-ро бунёд карданду халалрасонӣ ба оромии соҳибкорон оғоз шуд. Аз замони бунёди бозори “Ашроф” додарон кӯшиш карда истодаанд, ки соҳибмулкони “Бозори марказӣ” ба он ҳамчун иҷорашин раванд. Вале дар ин роҳ ягон бор хоҳиши худи соҳибкоронро напурсидаанд ва мувофиқи қонун пештар (1 ё 2 сол) огоҳ ҳам накардаанд.
То шамол нашавад…
Аз 2 то 11-уми сентябри соли 2017 барои соҳибкорони «Бозори марказӣ» рӯзҳои сахт шуд. Чунки ба ҷои истироҳат кардан, онҳоро дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандони милитсия бисёр безобита карданд, таҳдиду фишор оварданд. Ҳатто дар ин асно Ҳокимова Буйсуной ном зане, ки монеи вайронкорӣ шуд, қариб буд зери булдозер монад. Ӯ машғули савдо буд, ки булдозер омада аз атрофи растаи ӯ кӯчонидани бозорро сар кард. Зан ба молу маҳсулоташ дилаш сӯхта, хост пеши роҳи ин вайронкориро бигирад. Ҳамин вақт як корманди мақомоти милитсия ба сари ӯ даст бардошта, дастони ӯро сиёҳу кабуд кард. Ҳоло ин зан дар хонаи истиқоматияш бистарӣ аст (қоғазҳои ташхис дар дасти мо) ва кормандони МИҲД-и ноҳия нагузоштанд, ки бемор дар беморхона бистарӣ шавад. Зеро оқибати ин корро дар оғоз хуб медонистанд ва намехостанд дар қатори дигар “минус”-ҳояшон боз ин минуси дигар илова шавад.
Ана ҳозир бисёр соҳибкорон таҳти фишору таҳдид ба бозори «Ашроф» рафтанд. Дар бозор фақат соҳибмулкон монданд.
Дигар ҳодисаи нохуш дар давоми 9 рӯз ин буд, ки барои соҳибкоронро кӯчонидан директори бозори сабзавот Ҷӯрабоев Бобурро ба ҳабс гирифта, ба соҳибкорони бозори сабзавот гуфтанд, ки агар накӯчанд, мисли Ҷӯрабоев ҳар яки онҳоро низ ҳабс мекунанд. Бечора соҳибкорон аз тарс бо вуҷуди хоҳиш надоштан, ба бозори “Ашроф” рафтанд.
Дар мардуми мо як масал ҳаст: “То шамол нашавад, барги бед намеҷунбад”. Ҳоло дар забони тамоми мардуми ноҳия як гап ҳаст, ки имрӯз раиси ноҳия нисф зиёд объектҳои давлатиро хусусӣ кардааст, аз ҷумла худи раис Салимзода Комил соҳиби тарабхонаи «Диёрбек», осоишгоҳи «Гиппократ», меҳмонхонаи «Салимбек», якчанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ошхонаҳо, заводи ғишт ва мумфарш, тегирмон, якчанд хонаҳои бисёрошёна. Ҳамаи ҳамин барои раис намерасад магар, ки бечора соҳибкоронро ин қадар азоб медиҳад? Охир, набояд фаромӯш кард, ки насиби тамоми бандаҳои муъмин се газ кафан аст. Лекин кори Салимзода Комил на ба қонуни давлат рост меояду на ба қонунҳои зиндагиву мусулмонӣ.
Қонун дар қоғаз аст ё амалӣ ҳам мешавад?
Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибкорони бозор, раиси даври ноҳия ва кормандони МИҲД-и ноҳия ваъда дода будаанд, ки дар бозори мазкур то соли 2035 метавонанд савдои худро ба роҳ монанд. Аммо санаи 6.04.2017 зимни дар бозор будан мо шоҳиди он гаштем, ки як гуруҳ кормандони ҳукумати ноҳия ба соҳибкорон маҷбурӣ огоҳинома медоданду як гуруҳ сохтмончиён ба соҳибкорону харидорон аҳамият надода, ба вайрон кардани бозор шуруъ карда буданд.
Дар моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ” оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ гуфта шудааст:
“- Такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ.
– Имконияти озодона амалӣ намудани ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст”.
Ин ду самт далолат аз он медиҳад, ки ҳар соҳибкоре, ки дар асоси қонун фаъолияташро роҳандозӣ кардаасту илова бар ин, кори ӯ ба талаботи СЭС ва Хадамоти оташнишонӣ ҷавобгӯ аст, бояд озодона фаъолият барад. Аммо беш аз як сол аст, ки ба сари соҳибкорони “Бозори марказӣ” донак мешикананд! Магар қонуне, ки соҳибкоронро дастгирӣ ва ҳуқуқҳои эшонро ҳимоя мекунад, танҳо дар рӯи қоғаз асту дар сухан?
Раиси ноҳия: Нисфи бозор аз ман аст
Шашуми сентябр бо соҳибкорон ва фурӯшандагон 5 “Газел” шуда, ба прокуратураи вилоятӣ рафтем. Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов моро қабул кард ва гуфт, ки “ҳатман ин масъаларо мебинем”. Баъдан худи ҳамон рӯз ба қабули раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ рафтем. Раиси вилоят моро қабул кард, арзамонро гӯш кард. Вақте соҳибкорон ба шӯр омаданд, ки бозори “Ашроф” аз они худи раис ва додари ӯст, Қодирӣ аз раиси ноҳия ҳамагӣ як савол кард: Бозор аслан аз они кист? Раиси ноҳия Комил Салимзода бо ҳиси тарс аз ошкоршавии сохтакориҳояш гуфт: “Нисфи бозор аз они ман аст, боқимонда аз они дигар нафар”.
Қарзҳои калони соҳибкорон аз бонкҳо
Имрӯз ҳолати дигар, ки боиси нигаронӣ аст, бо гирифтани кредит савдои худро ба роҳ мондан аст. Масалан, Бобур Ҷӯрабоев барои бунёди ин бозор ва ба роҳ мондани савдо аз бонкҳои “Эсхата” (80 ҳазор доллар), “Арванд” (70 ҳазор доллар) ва “Имон итернешнл” (50 ҳазор доллар) қарздор аст ва ҳар моҳ фоиз месупорад ба ин бонкҳо. Вале акнун “бозор ба генплан даромадагӣ” гӯён, ҳамарӯза масъулини ҳукумат бо фармони бевоситаи бародари раиси ноҳия Комил Салимзода ба ин ҷо меоянд. Минбаъда тақдири мо соҳибкорон ва дигар кормандони ин бозор чӣ мешуда бошад, ба ғайр аз худову раиси ноҳия ва гуруҳи ӯ касе намедонад. Танҳо бо умеди таҳлили одилонаи Прокуратураи генералӣ то ҳол умедамонро наканда, кӯшиш ба харҷ дода истодаем.
Ку бетарафию беғаразӣ?
Дар бозор ҳар як бозорчӣ ё тариқи кредит ё охирин маблағашро сарф карда, савдогарӣ мекунад. Вале молу маҳсулоти бо хуни ҷигар пайдо кардаву ба фурӯш баровардаи онҳо аз ҷониби шикамсероне, ки парвои гурусна надоранд, ба хоку чанг оғӯшта шуд (дар акс ҳаст). Пас ин ҷо кӣ бояд ҳуқуқи соҳибкоронро таъмин кунаду корбарии сохтмончиёнро назорат? Магар намешуд, ки пеш аз оғози кор фурӯшандагонро огоҳ намоянду баъдан ба кор шуруъ кунанд? Ё коре мекунанд, ки соҳибкорони сарсони бозор ғайр аз маҳсулоту оромияшонро аз даст додан, саломатиашонро ҳам барбод диҳанд?
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва давлат зиндагии шоистаи халқро кафолат медиҳад. Магар ин аст шоистагӣ? Магар ин аст адолати иҷтимоӣ? Магар ин аст тарзи корбарию роҳбарӣ? Ҳол он ки, раиси муҳтарами ноҳия, ки бародари роҳбари бозори нав аст, бояд дар ин масъала бетарафиро риоя мекард, на ин ки ҳамарӯза барои тинҷию оромии соҳибкорон, фурӯшандагон ва ҳатто харидорону аробакашони бозорро халалдор кардан гуруҳи кориро сафарбар менамуд.
“Нонамро аз даҳонам кашида гирифтанд”
Зумрат Муллоева: – Беш аз 20 сол боз ба савдо машғулам. Дар оила ғайр аз 4 фарзанд боз 7 набераамро мехӯронаму мепӯшонам. Бистсола ҷои кор ва манбаи зиндагии маро намедонам чаро бо ҳар баҳонаҳо мехоҳанд вайрон кунанд. Чаро пеш аз он, ки моро ба ин ҷо ҷалб кунанд ва сертификат диҳанд, огоҳ накарданд, ки ин ҷо муқимӣ не, соли 2017 бозорро вайрон ва шуморо сарсон мекунанд? Чаро дар рӯи мо ва маҳсулотамон, ки ҳар грами онро бо ҳазор мушкилӣ ва гоҳо бо кредит ба савдо мегузорем, хоку чанг мекунанд? Магар намешуд, ки қаблан огоҳ кунанду баъд ба кор шуруъ намояд? Ё намешуд, ки шабона баъди аз кор рафтани мо шуруъ кунанд, то ба мо ва маҳсулоти мо зарар нарасад?
Фарида Ортиқова, фурӯшандазан: – 2 моҳ дар бозори “Ашроф” ба савдо машғул шудам, вале на танҳо ягон фоида ба даст наовардам, балки зарар дидам. Моро маҷбур мекунанд, ки ба бозори нав рафта, савдои худро ба роҳ монем: “Чӣ фарқ дорад, ин ҷо ҳам бозор, он ҷо ҳам бозор!?”. Аммо чӣ фарқ дорад не, аз замин то осмон фарқ ҳаст. Ҳам аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ, ҳам аз ҷиҳати шароит ва ҳам ташрифи харидорон. Думоҳа зарареро, ки дар бозори нав дидам, дар 5-6 моҳ ҳам барқарор карда наметавонам. 100 % бовар дорам, ки дигар ҳамкасбонам ҳам хоҳиши дар бозори нав кор карданро надоранд. То дами пурра умедкан шудан танҳо ба қарори одилонаи Пешвои муззамамон умед дорем, ки ҳоли моро дида, пеши роҳи ин иқдомҳои зидди хоҳиши халқро пешгирӣ мекунанд.
Модоме, ки ҳукумат то соли 2035 дар “Бозори марказӣ” иҷозати ба роҳ мондани савдоро ба ҳамаи соҳибкорон ваъда ва кафолат дода буд, ба ваъдааш содиқ истодани роҳбари ноҳия ва кормандони бахши шаҳрсозӣ зарур аст.
Мо аз роҳбари ноҳия ҳамагӣ як хоҳиш дорем, ки тинҷию оромии моро вайрон ва аҳли оилааморо сарсон накунад. Як бор ба ҷои ҳар зани дармондаву бечора ва маъюбу ятимдор худаш ва пайвандонашро монда, тасаввур кунад, ки чӣ қадар гарон аст як касро аз рӯзияш маҳрум кардан. Дар тарозуи адл баркашад, ки чӣ қадар увол аст бо назардошти манфиати шахсии як нафар наздику хешованди худ ашки чашми ҳазорон занону модаронро рехтан! Магар ин иқдоми раиси ноҳия хилофи гуфтаҳои Сарвари давлат, ки ҳар доим оид ба баланд бардоштани мавқеи зан сухан меронанд, нест?
Асила Абдуллоева: – Модарам баъди марги падарам ба ғаму ғурбат тоб намеовард. Бо вуҷуди он, ки сиҳату саломат буд, вале кӯшиш мекардем аз ягон чиз ғам нахӯрад. Ҳатто рӯзи маргаш ҳам аввал тинҷ буд, нонуштаашро карда аз хона баромад. Моҳи ноябр буд, ки масъалаи кӯчонидани бозор ба миён омад. Аз рӯзи ба кори бозор шуруъ кардан то дами маргаш 3-4 бор қоғазча тақсим карданд. Кам-кам ғам мехӯрд, аммо ҳеҷ дар гӯшаю гумони мо набуд, ки ғам ӯро якбора аз пои равон мемононад. Фавти модарамро қариб 9 моҳ шуд, ҳоло зиндагии мо беҳад бад аст. Хулоса, моҷарои бозор сари модарамро хӯрд.
Мансур Юлдошов, фурӯшанда: – Ман дар оила як марди ёбанда ҳастаму 5 нафар нонхӯр. Аз пешравии ноҳия ва ободии рӯзафзуни он доимо шодӣ мекардам, аммо мисоли он ки хоби хуше буду гӯё аз хоб бедор шуда бошам, ҳама шодиҳоям ба ғам табдил ёфт. Ҳол он ки, ман кори худро бо гирифтани қарз аз бонк ба роҳ монда будам. Вале чанд моҳ боз ин масъала ба миён омаду тамоми реҷаи кории мо вайрон шуд. Ҳама кор бо табъи болида ва хотири ҷамъ мешавад. Дар ҳоле, ки 5-6 корманд дар даст папкаву портфелҳо болои сари шумо рост меистанду бо овози баланд ба шумо фармонравоӣ мекунанд, чи тавр корро пеш бурда мешавад?
Замоне, ки ин нуқтаро барои кор гирифтам, 20 мошин партовро бо маблағи худам бароварда партофтам. Ба ҷои он 40 мошин шағал оварда рехтам. Аммо имрӯз акнун ба даҳонам нон расида истода буд, ки “ин бозор ба генплан даромадагӣ” гуфта, моро нороҳат карданро сар карданд.
Қатрае аз камбудиҳои бозори “Ашроф”
Ба ҳама маълум аст, ки чандин сӯхтор дар бозорҳо маҳз аз сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудани хати қувваи барқ, ё ғайриқонунӣ истифода бурдани таҷҳизоти гармидиҳӣ ба вуқуъ омадааст. Дар ин бозори ҷанҷолӣ ҳам як не, якчанд камбудиҳо ҷой доранд, ки дар он ҷо савдо кардан номумкин аст. Аз ҷумла, хати роҳи поезд маҳз аз байни бозори “Ашроф” гузашта, дар наздиктарин масофаи бозори мазкур ду нуқтаи сӯзишворӣ вуҷуд дорад. Инчунин, дар ҳавлии бозор кишти ҷуворимакка ҳаст, ки калламушҳо дорад ва то имрӯз ба молу маҳсулоти чандин соҳибкор зарар расонидаанд. Илова бар ин, сементзавод дар наздикии бозори “Ашроф” фаъолият мекунад, ки чангу гарди он ба фурӯшандагон бетаъсир буда наметавонад. Пас, саволи матраҳ ин аст, ки кормандони бехатарӣ аз сӯхтор ва СЭС ба куҷо нигоҳ мекунанд? Чаро ин камбудҳоро, ки чашми оддӣ мебинад, чашми эшон намебинад?
Ин аст ҳоли зори беш аз 1000 нафар соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар давоми як моҳ нисф зиёди онҳо иҷборан ба бозори “Ашроф” кӯч бастанд.
Лола Ёқубова, адвокат, Насим Ҳалимов, Маҳмуд Маърупов, Заррина Муъминова, Бахтиёр Алиқулов, Марҳабо Ғоибова, ҷамъ 50 нафар