Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода

Ба раиси шаҳри Панҷакент, муҳтарам Ш. И. Зиёзода

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Мо – истиқоматкунандагони деҳаи Некноти нави ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент сиёсати инсондӯстонаи Шуморо, ки боиси дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ гардидани Тоҷикистони азизамон гардид, пуштибонӣ мекунем ва заҳматҳои шабонарӯзии Шуморо барои гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз мебинем, мешунавем ва аз он ифтихор менамоем. Шумо дар вохӯрӣ дар Рӯзи милитсияи тоҷик иброз доштед, ки таърифкунӣ «фоли нек» намебошад, вале бо вуҷуди ин мо мегӯем, аҳсант ба модаре, ки чунин фарзандро ба дунё овардааст.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Инак, бо ташаббуси Шумо соли 2019 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ном гирифт ва заминаи наве барои рушду такомули деҳот хоҳад гузошт. Мо бо такя ба ин пешниҳоди Шумо тасмим гирифтем, ки аз мушкилоти хеле ҷиддии деҳаи худ нависем, то ин ки бо мусоидати Шумо деҳаи мо низ ба қатори деҳаҳои ободу зебои шаҳри Панҷакент табдил ёбад.

Деҳаи Некноти нави шаҳри Панҷакент дорои 150 хоҷагӣ ва 506 нафар аҳолӣ мебошад. Аҳолии деҳаи моро соли 1984 бо сабаби фаромадани ярч ва таркидани як қисми деҳаи Некнот, аз деҳаи бобоиямон ба даште бо номи Ӯти баланд кӯчониданд, даште, ки на об дошту на роҳ, на мактаб ва на бунгоҳи тиббӣ. Мо – бошандагон аз соли 1985 дар ин дашти беобу бероҳ ва бе сарпаноҳ деҳа бунёд намуда, ба он Некноти нав ном ниҳодем ва то соли 1997 дар хонаҳои мардум мактаб ташкил намуда, бо азобҳои зиёде бачаҳоямонро хонондем ва соҳиби маълумот гардонидем. Тибқи нақшаи генералӣ, ки дар соли 1984 тасдиқ шуда буд, дар мобайни деҳаи нав ба миқдори 2,50 га замин барои ҷойҳои ҷамъиятӣ (яъне мактаб, чойхона, бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳ ва ғайраҳо) ҷудо карда шуда буд. Ба мо муяссар шуд, ки бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Шумо ва дастгирии МИҲД-и шаҳри Панҷакент солҳои 2009-2010 ба таври ҳашар мактаби замонавие бо 300 ҷойи нишаст бунёд намоем.

Бо ҳамин, дигар новобаста ба мавҷудияти имкониятҳо, МИҲД-и шаҳри Панҷакент барои дар заминҳои боқимонда бунёди мактаб, стадион ва ғайра кӯшише намекунад ва баръакс, тибқи мушоҳидаҳо, заминҳои боқимондаи барои мактаб ҷудошударо ба чанд хоҷагӣ тақсим карда додаанд.

Инак, аз бунёди деҳаи Некноти нав 34 сол сипарӣ шуд. 34 сол аст, ки мо дар ин деҳа зиндагӣ мекунем. Деҳае, ки ҳатто оби нӯшокӣ надорад. 34 сол боз, дар фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ мо аз оби полезии канал, ки нӯшиданаш мамнуъ аст, менӯшем ва дар фасли зимистон бошад, оби нӯшокии мо аз барф омода мешавад ва агар онро ҳам худо арзонӣ дорад. Борҳо ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки сокинон ва кӯдакон аз нӯшидани оби канал ва оби борону барф ба бемориҳои гуногун гирифтор шуданд, вале ҳеҷ не ки ба ин деҳа об ояд. Алъон низ ҳама умеди мо ба барфу борон аст. Агар худованд барфу боронро арзонӣ надорад, ҳоли мо табоҳ хоҳад шуд. Зеро мо ҳангоми барфу борон обро аз зери шиферҳо ба даст меорем. Дар акси ҳол, маҷбур мешавем, ки аз масофаи 4 километр аз дарёи Зарафшон, бо хеле азоб об кашонем.

Лоиҳаҳо тасдиқ мешаванд, кор оғоз меёбад, вале об намеояд. Чаро?

Бояд зикр кард, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба барои кашидани хати оби нӯшокӣ барои ин деҳа ва деҳаи Гулистон лоиҳа барои таъмини об таҳия шуда, корҳо оғоз ёфта буданд. Тибқи вокуниши раиси собиқи шаҳри Панҷакент Абдуназаров Х., ҳанӯз соли 2011 масъалаи таъминоти аҳолии деҳаҳои Некноти нав, Гулистон ва Бӯстон бо оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфта, ба Лоиҳаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ворид карда шуда, аз соли 2012 ба фаъолият шуруъ карда буд. Масоҳати умумии хати оби нӯшокӣ 17 км буда, хароҷоти лоиҳавӣ 2,5 млн сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур «Таъминоти аҳолии деҳаҳои Гулистон, Ӯти баланд ва Бӯстон бо об» ном дошт. Тибқи лоиҳа соли 2017 бояд ба деҳаи мо об меомад. Вале бо гузашти 6 сол аз оғоз ёфтани ин лоиҳа бо сабабҳои пурра маблағгузорӣ нашудан, он татбиқ нашуд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки иҷрои лоиҳаи “Таъминоти аҳолии деҳаҳои Гулистон, Ӯти баланд ва Бӯстон бо об”-ро зери назорат гиред ва ба масъулин дастур диҳед, ки барои иҷрои босамари он ҳама кӯшиш ва имкониятҳои мавҷударо истифода баранд. Мо боварӣ дорем, ки бо дахолати бевоситаи Шумо дар соли рушди деҳот ба деҳаи мо об меояд ва 34 соли беобӣ моли таърих мешавад.

Замини мактаб кам шуд? Барои чӣ?

Гилаи мо аз раиси шаҳри Панҷакент он аст, ки тақсимоти заминҳои барои мактаб ҷудошударо назорат намекунанд. Ҳанӯз чанд сол пеш Кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент «дар онҷо замини зиёдатӣ ҳаст» гӯён, бо нишондодҳои бардурӯғ ба шахсони тасодуфӣ, бе ризояти хоҷагии Ҷ. Одина (он замин дар ҳисоби ҳамин хоҷагӣ мебошад) ҳуҷҷатгузорӣ намуда, халқро ба шӯр оварда истодаанд.

Нигаронии мо – аҳли деҳаи Некноти нав дар он аст, ки дар баъзе оилаҳои мо, ки 32 сол аз ин пеш ба ин мавзеъ кӯчида будем, ҳоло бо ду – се келину набераҳоямон дар як манзил зиндагонӣ менамоем. Замини наздиҳавлигӣ дар мавзеи Сойи Чияк (замини лалмӣ, бе об, бе барқ, бе роҳ) бо Қарори №400 замин ҷудо намуда бошанд ҳам, ба шахсони «тасодуфӣ» дар соли 2012 аз заминҳои обӣ замин ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд, ки хилофи амри Шумо, Ҷаноби Олӣ, мебошад ва ҳуҷҷатгузориашон характери коррупсионӣ дорад. Ҳол он ки, барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ аз ду деҳаи мо 274 нафар бо ариза ба ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ муроҷиат намудаанд.

Мақомот ба ҷойи замини мактаб ба мо сойи «Ғазагиҳо»-ро нишон медиҳанд, ки аз мактаб ба масофаи 1,5 км дур буда, селроҳа мебошад.

Аз рӯи санади комиссияи шаҳрӣ аз 18.11.2011 оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ба шаҳрвандон дар мавзеи нишондодашуда на 0,60 га, балки ҳамагӣ 0,38 га замин зиёд мебошад ва бе ба инобат нагирифтани ҷӯи оби полезии 35 хоҷагӣ, ки масофаи 107 м ба 3 м ва трансформатори 400 кВ, ки масоҳати 0,1, 0,2 га-ро мегирад, нишон дода нашудааст.

Ҳуҷҷатгузории мактаби деҳаи Некноти нав то ҳол аз тарафи идораҳои лоиҳакашӣ, сармеъмори шаҳр ва архитектураи шаҳр дақиқ нашудааст ва маълум нест, ки бояд мактаб дар масоҳати чанд метр сохта шавад, ки дар он мактаб клуб, варзишгоҳ ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон дошта бошад. Яъне замин шаҳодатномаи техникӣ надорад ва бунёдкунандааш кӣ асту қабулкунандааш кӣ, маълум нест.

Фақат аз тарафи Кумитаи замини шаҳр ду адад сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба мактаби №7 дода шудааст, ки дар якеи он ба масоҳати 0,23 га бӯғхонаи хоҷагии деҳқонии Ҷумъа Одина нишон дода шудааст, ки он ҳам дурӯғ мебошад ва ҳамагӣ масоҳати он 0,03 га-ро ташкил менамояд. Аз Кумитаи заминсозии шаҳр пурсида шавад, ки дар асоси кадом ҳуҷҷат бӯғхонаи хоҷагиро ҳамчун замини мактаби асосии №7-ум 0,23 га (ҳол он ки, он 0,03 га-ро ташкил менамояд) сертификат карда додед?

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ба масъулин дастур диҳед, то қазияи замини мактаби моро пайгирӣ намоянд ва Қарори №240 аз 21.05.2011-и раиси шаҳри Панҷакент оид ба 0,38 га замини зиёдатии назди мактаби деҳаи моро бекор намоянд ва дар бунёди бунгоҳи тиббӣ, майдони варзишӣ ва клуб мусоидат намоянд, то ин ки ҷавонони мо дар оянда ба роҳҳои ғайр нараванд.

Аз мутасаддиёни Идораи лоиҳакашии шаҳр, Кумитаи заминсозӣ пурсида шавад, ки 0,60 га замини обиеро, ки ҳуҷҷат кардаанд, дар куҷо буданашро ба мо нишон диҳанд. Замине, ки вуҷуд надорад, чи гуна ҳуҷҷат шудааст?

Хулоса, мо – бошандагони деҳаи Некноти нави ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент аз Шумо хоҳиш менамоем, ки муроҷиати моро ба инобат гиред ва барои ҳалли мушкилотамон мусоидат намоед. Мо боварӣ дорем, ки бо дастури шумо дар «Соли рушди деҳот» ба деҳаи мо ва деҳаҳои дигари ин дашти беоб об меояд ва волоияти қонун таъмин шуда, ба сохтакорӣ дар тақсимоти замини наздимактабӣ хотима дода мешавад.

Собиров С., Нуруллоев Г., Исмоилова, ҷамъ 130 нафар бошандагони деҳаи Некноти нав, ҷамоати деҳоти Рудакӣ, шаҳри Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь