Дастовардҳои дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба даст омадаро, аҳли заҳмати ноҳия аз таваҷҷуҳи хоса ва дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо талоши ватандорӣ ва ифтихори баланди миллӣ баҳри татбиқи ташаббусҳои наҷибу арзанда ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар ободии сарзамини аҷдодии хеш, аз ҷумла бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоранд.
Иқтисод
Дар давоми 3-моҳаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини қисми даромади буҷет ва пардохтҳои ҳатмии фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия чораҳои амалӣ андешида шуда, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 18 миллиону 359,9 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақшаи аниқшуда 449,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Айни замон дар нозироти андози ноҳия аз рӯи шакли ташкили ҳуқуқӣ 739 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 5354 адад соҳибкорони инфиродӣ аз ҷумла аз рӯи патент 1308 адад, шаҳодатнома 562 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3484 адад ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи шахсони ҳуқуқӣ 29 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 18 адад, тибқи патент 6 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 263 адад зиёд гардидааст.
Дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба буҷети маҳаллии ноҳия 28 миллиону 920,5 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки иҷроиши нақшаи аниқшударо 100,3 фоиз таъмин намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 485,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра 24 миллиону 379 ҳазору 440 сомониро ташкил намуд, ки иҷроиши нақшаи аниқшударо 95,5 фоиз таъмин кард.
Аз хароҷоти умумии буҷети маҳаллӣ 67,2 фоиз ба соҳаи маориф, 24,7 фоиз ба соҳаи тандурустӣ ва 8,1 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд. Дар ин давра барои хароҷоти музди меҳнат ва иловапулиҳо дар ноҳия 23 миллиону 556 ҳазору 129 сомонӣ равона карда шуд, ки ин 96,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети ноҳияро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 720,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ё ин ки 7,9 фоиз афзудааст.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, № 271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, ба ҳолати 1 апрели соли 2021 ба 4306 нафар оилаи камбизоати ноҳия кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъйин карда шуд, ки аз ин шумора ба 3085 оила 120 сомонӣ ба маблағи умумии 370,2 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд. Инчунин ба 197 оилаи кӯдакони то синни сесоладошта 500 сомонӣ ба маблағи умумии 98,5 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва бепарасторон ба маблағи зиёда аз 224 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои пулӣ ва яквақтаина аз қабили орд, равған, гӯшт, шакар, пиёз ва дигар маводҳои хӯрока расонида шуд.
Дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи азхудшуда 35,4 млн. миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар давоми 3-моҳи соли ҷорӣ аз тарафи филиалҳои бонку ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия, ҳамагӣ 20 миллиону 302,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,4 миллион сомонӣ ё ин ки 14 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маблағи қарзҳои бонкӣ 35,1 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, 38,4 фоиз ба саноат, сохтмон ва нақлиёт, 22,8 фоиз ба савдо ва хизматрасонӣ ва 3,7 фоизи дигар ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра равона карда шудааст. Дар давоми 3-моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши мол дар ҳамаи соҳаҳои савдо ба 98 миллиону 210 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Дар ин давраи семоҳа тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 334 нафар шаҳрванд ба ҷои кор таъмин гардидаанд, ки ин нишондиҳанда 27 фоизи нақшаи солонаро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 27 нафар зиёд мебошад. Аз теъдоди 334 нафар ба кор таъминшудагон 31 нафар ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта (квота), 20 нафар тавассути ташкили корҳои фардӣ ба соҳибкорӣ, ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ 221 нафар дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба корҳои хонагӣ, 41 нафар тавассути ярмаркаҳо ва 21 нафар бо роҳхати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ҷойҳои кори холии пешниҳодгардида (вакансия) бо кор таъмин гардидаанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳия ҳамагӣ 407 ҷойҳои нави корӣ аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 120 ҷой, соҳибкорӣ 95 ҷой ва дар дигар соҳаҳо 192 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 фоиз зиёд мебошад.
Кишоварзӣ
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷамбасти ин семоҳа ба 38 миллиону 958 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 922,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардида афзоиши он 5,2 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 13340 гектар замин аз ҷумла 11412 гектар ғалладонагиҳо (аз он гандум 10423 га, ҷав 862 га, ҷуворимаккаи дон 38 га, лубиёгиҳо 89 га), 680 гектар зироатҳои техникӣ (аз он 500 гектар зағир ва 180 га маъсар) 744 гектар сабзавот, 59 гектар полезӣ, 363 гектар картошка ва 82 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд. Кишоварзони ноҳия дар ин давра 27,7 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,7 тонна зиёд мебошад.
Самти дигари соҳаи кишоварзии ноҳия равнақ додани соҳаи чорводорӣ ба шумор рафта, солҳои охир нисбати рушди он тадбирҳои зиёд амалӣ гардида истодааст. Айни замон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 47268 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 24681 сар модагов, 102438 сар бӯзу гӯсфанд, 68750 сар парранда, 1922 сар асп ва 2565 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 476 сар, аз ҷумла модагов 239 сар, бӯзу гӯсфанд 1516 сар, паранда 209 сар ва оилаи замбури асал 200 дона зиёд гардидааст. Дар ин давра 814,7 – тонна гӯшт, 5291 – тонна шир, 1 миллиону 222,8 ҳазор дона – тухм ва 5,3 тонна – моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт 52,8 тонна, шир 187,6 тонна ва тухм 66,6 ҳазор дона зиёд мебошад.
Саноат, нақлиёт ва сохтмон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Саноаткунонии босуръати кишвар” бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.
Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 12 миллиону 870,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 744,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро дар сатҳи 6,1 фоиз таъмин карданд.
Дар ин давра дар ноҳия 315,2 тонна – гушт ва маҳсулотҳои гуштӣ, 20 тонна – гушти мурғ, 12,2 тонна – пахтаи курпабоб, 2044,5 тонна – орд, 175,6 тонна – равған, 2047 тонна – намаки ошӣ, 333,2 тонна – биринҷ, 658,6 тонна – кунҷора, 1344,8 тонна – нон ва маҳсулотҳои нонӣ, 7,2 тонна – маҳсулотҳои қаннодӣ, 1230 кг – маҳсулоти ширӣ, 1256 декалитр – оби ҷав, 71,4 ҳазор дона – хишти сементӣ, 14,7 ҳазор дона – рӯзномаҳо (нусхаҳои озоди нашр), 1720 метри мукааб – рег, 1895,6 метри мукааб – регу сангмайда, 419,8 метри мураббаъ – маҳсулот аз пластикаи филизӣ, 1000 метри мукааб – маводи чубу тахта, 4,5 тонна – хокаи ҷомашӯӣ, 6100 дона – шифери асбестӣ, 10500 дона – коғази ташноб ва 887 дона – маҳсулотҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидаанд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ «Саноатикунонии босуръати кишвар» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, соли 2020 дар ноҳия 7 адад коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 85 ҷойи корӣ ташкил карда шуда, соли 2021 сохтмони 8 корхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон сохтмони 4 адади он идома дошта дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ин давра аз тарафи корхонаи коркарди намаки ҶСК “Хоҷа Мумин” ба хориҷи кишвар 250 тонна намаки ошӣ содирот карда шудааст. – мегӯяд раиси ноҳияи Восеъ Шарбутулло Азизулло.
Дар ин давра аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта корҳои таъмири ҷорӣ, таъмири роҳ, таъмири миёна, зимистонгузаронӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра ба маблағи 40,7 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири ҷорӣ, 2,5 ҳазор сомонӣ таъмири пул, 4,5 ҳазор сомонӣ зимистонгузаронӣ, 1,4 ҳазор сомонӣ кабудизоркунӣ, аз ҳисоби масолеҳи соли гузашта 15,2 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 15000 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дар давоми 3-моҳи соли 2021 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба миқдори 11 млн 433 ҳазор сомонӣ аз ҷумла корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 10 млн 838,2 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудаанд.
Инчунин, дар ин давра ба андозаи 3,4 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, корҳои пудратии иҷрошуда аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия 6,4 млн сомониро ташкил медиҳад.
Барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар ноҳияи Восеъ шумораи иншоотҳои ҷашнӣ аз 230 ба 460 адад расонида шуд. Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018 то имрӯз 370 иншоот ва корҳои ободонӣ ба ба анҷом расонида шуда, дар 88 адад иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Маориф ва тандурустӣ
Айни замон дар ноҳия 73 муассисаи таълимӣ аз ҷумла 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 мактаб-интернат ва 1 интернати хонандагони лаёқатманд фаъолият дошта, дар ин муассисаҳои таълимӣ 51016 нафар хонанда, аз ҷумла 24579 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Инчунин дар ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ фаъолият дошта, дар ин муассисаҳо 635 нафар кудак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон дар ноҳия 67 марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 2761 нафар кӯдакон фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии омӯзгорон ба 3274 нафар расидааст, ки 1741 нафари онҳоро занон ташкил дода, аз шумораи умумӣ 2404 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 211 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра ва 659 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус мебошанд. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 1425 адад компютер,215 адад принтер, 40 адад тахтаи электронӣ ва 50 адад диапроекторҳо таъмин карда шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки ба хотири пешрафти соҳаи маориф сохтмони як қатор иншоотҳо дар соли ҷорӣ идома дорад. Инчунин дар соли 2021 сохтмони муассисаҳои таълимии №№ 11, 12, 47, 49, 54, 56 ва 59-и ноҳия аз ҳисоби Бонки Саудӣ рушд ва муассисаҳои таълимии №№ 21, 33 аз ҳисоби Кумитаи падару модарон ва соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст.
Дар семоҳаи якуми соли 2021 ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои моддии муассисаҳои тандурустӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, барои фаъолияти устувору самарабахши соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Айни замон дар ноҳия 83 муассисаҳои буҷетӣ ва 11 муассисаҳои хусусии тандурустӣ, аз ҷумла 8 беморхонаи статсионарӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 41 марказҳои саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳҳои тиббӣ, 9 адад марказҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ ва 11 адад марказҳои тиббии хусусӣ фаъолият менамоянд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 дар шуъбаҳои бахши бистаринамоии ноҳия 1735 бемор бистарӣ шуда аз ин 1674 нафар саломатии худро барқарор гардонидаанд, ки ин 41,4 фоизи иҷроиши кат-рӯзҳоро ташкил медиҳад.
Дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 оиди рушди соҳаи фарҳанг аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.
Айни замон дар ноҳия 57 муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷумла 30 китобхона, 22 муассисаҳои клубӣ, мактаби санъат, боғи фарҳангӣ, филармонияи халқӣ ва ду маркази фарҳангӣ фароғати мавзеъи ҳавзи Қайнаҳр, гулгашт фаъолият мекунанд.
Дар давоми се моҳи соли 2021 алакай 26 чорабинӣ аз рӯи ҳамаи санадҳои ҷашнии тақвимӣ нақшаи-чорабиниҳо таҳия шуда, тибқи он чорабиниҳои гуногун гузаронида шуданд.
Дар ноҳия телевизиони маҳаллии «Мавҷи озод» амал мекунад, ки ҳамарӯза тавассути он то 6 соат барномаҳои гуногуни иттилоотӣ ва фарҳангию варзишӣ намоиш дода мешавад.
Раиси ноҳия Ш. Азизулло иброз медорад, дар ҳудуди ноҳия мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи таърихӣ ба монанди қалъаи Ҳулбук, шаҳри қадимаи Манзартеппа, ҳавзи Қайнар, қабристони қадимаи Ғелот ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд. Дар давоми семоҳи соли ҷорӣ ба ноҳия ҳамагӣ 2445 нафар сайёҳон ташриф оварданд, ки аз ин 2431 нафар сайёҳи дохилӣ ва 14 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошанд. Аз ҷумла ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» 1256 нафар меҳмон ташриф овардаанд, ки аз онҳо 14 нафарашон меҳмони хориҷӣ, 402 нафар меҳмони калонсол ва 840 нафар хонандаю донишҷӯён мебошанд.
Дар ин давра аз тарафи бахши кор ҷавонон ва варзиш дар ноҳия 104 адад чорабиниҳои мақсаднок дар ҳамкори бо Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шӯъбаи маориф, мактабҳои варзишӣ ва сохторҳои дахлдор баргузор карда шудааст. Аз ҷумла 25-вохӯрӣ, 8- маротиба аксияҳои иттилоотӣ, 2- маротиба озмунҳо, 4 маротиба дарҳои кушод, 1 маротиба конференсия, 6 маротиба корҳои ободонӣ, 38 чорабиниҳои варзишӣ ва 28 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 9563 нафар ҷавонон баргузор карда шуданд.
Айни замон дар ноҳия 2 муассисаи давлатӣ – «Мактаби варзишии ноҳияи Восеъ» ва «Мактаби варзишии ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакӣ» фаъолият менамоянд.
Дар муассисаҳои мазкур 46 нафар мураббӣ аз рӯи 13 намуди варзиш дар 102 гурӯҳ, ба 1315 нафар варзишгарон аз он ҷумла, 176 нафар духтар ҳамарӯза машғулиятҳои варзишӣ меомӯзонанд. Қайд менамоем, ки варзишгарони ноҳия дар се моҳи соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида сазовори 1 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ гардидаанд. Дар семоҳаи соли 2021 аз ҷониби шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 6-вохӯрӣ, 16-чорабинии фарҳангӣ, 2 ҳамоиш ва аксияҳо, 4 рейд, 20 сӯҳбату вохӯрӣ ва 7 намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шудааст.
Доир ба масъалаи занон ва сиёсат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Айни замон 1 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 13 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 50 нафар зан вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Нисбати риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар давоми се моҳи соли ҷорӣ як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд.
Дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 дар ноҳия 687 адад маъракаҳо гузаронида шуда, хароҷоти умумии онҳо 3 млн. 101 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи шаҳрвандон 882 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид шудааст, ки аз ин шумора 41 ададаш аз мақомотҳои болоӣ мебошанд. Хоҳишу дархости муроҷиаткунандагон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон мувофиқи имконият ба имзо расида, оиди онҳо тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Инчунин раис ва муовинони раиси ноҳия 582 нафар шаҳрвандро қабул намуда, бо тариқи шифоҳӣ хоҳиши онҳоро қаноатбахш гардонидаанд.
Мардуми бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Восеъ минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватани маҳбубамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаашон дар пешрафти ноҳия саҳми арзишманд мегузоранд ва дар оянда низ барои ободу зебо гардонидани диёри хеш кӯшиш намуда онро ба як мавзеи пешрафта ва ободу зебо табдил дода, бо нишондиҳандаҳои назаррас 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд.
С.Халилиён, МТЖТ