Ноҳияи Қубодиён яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст ва он дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва дар солҳои 1930-1970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд.

Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Қубодиён аст, ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Бохтар ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930-1970 Микоянобод ном дошт. Ноҳияи Қубодиён бо 1834,4 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ бо ноҳияи Ҷиликӯл, дар ғарб бо ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

Дар ноҳияи Қубодиён чунин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавҷуд аст: шаҳраки Қубодиён, ҷамоати деҳоти Носири Хусрав, Тахти Сангин, 20-солагии Истиқлол, Ишмурод Ниёзов, Ӯтақара Назаров, Заркамар ва Навобод.

Аз 9 декабри соли 2016 Файзуллозода Зафар Хайрулло раиси ноҳияи Қубодиён мебошад.

 

АҲОЛИИ ҚУБОДИЁН

Бо шаҳодати таърихнигорон ва муҳаққиқон дар қарнҳои VI–II то милод, дар даврае, ки Қубодиёни қадим шомили давлати Бохтар, сипас  империяи Ҳахоманишиёну Юнону Селевкиён ва давлати Юнону Бохтар буд, омезиши фарҳанги осиёимиёнагӣ-ориёӣ-ҳинду юнонӣ ба амал  меояд. Дар натиҷаи раванди бисёрасраи этногенетикӣ халқияти ориёӣ- аҷдоди тоҷикони имрӯза ба вуҷуд меоянд. Дар қарни VIII баъди  футуҳоти ислом муқимишавии арабҳо дар Қубодиён оғоз мешавад.  Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дар ин сарзамин арабҳои қабилаи банӣ Тамим сокин мешаванд. Ҷойи сукунати арабҳоро дар Қубодиён ва Шаҳритус ба мисли дигар манотиқи Мовароуннаҳр «Арабхона» меноманд. Дар охири қарни XIX дар Қубодиён қабилаҳои ҷалай ва ахчаи ӯзбек, инчунин туркманҳо зиндагӣ ба сар мебурданд. Дуртар аз  амлокдории Пешканд (Вешканд, Бешканд, Бешкент) дурманҳо ҷо-ҷо  таҳҷойӣ шуда буданд. Аксари аҳолии деҳаи Чилучорчашма хоҷагони тоҷик буда, дар байни онҳо арабҳо низ зиндагӣ мекарданд. Ин арабҳо дар авали интишори дини ислом, баъд аз забти пурраи Мовароуннаҳр,  ба ин сарзамин омада, ба ҳайси марзбон зиндагӣ намуда, бо

мардуми маҳаллӣ, хосса тоҷикон омезиш ёфтаанд ва ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.  

Дар худи Қубодиён тоҷикон, ӯзбекҳои қабилаи ахча ва ӯзбекҳои афғонистонӣ, ки дар охири қарниXIX ба ин ҷо омада буданд, сукунат доштанд. Нахустин маҳалҳои руснишин низ дар Қубодиён, ки аз ҳарбиён ва сарҳадбонон иборат буданд, дар охири қарни нуздаҳи милодӣ, пас аз забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия, пайдо мешаванд. Дар қатори русҳо арманҳо, яҳудиён ва намояндагони дигар миллату халқиятҳо низ умр ба сар бурда, асосан ба тиҷорат машғул буданд.  

Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ афзоиш сунъии аҳолӣ ба миён омад. Ба ин ҷо соли 1927 ӯзбекҳои водии Фарғона ва солҳои 1947–1954 тоҷикони водии Қаротегин ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ муҳоҷир карда шуданд.  Онҳо дар ободонӣ, ривоҷу равнақи зироаткорӣ, махсусан пахтакорӣ,  саҳми арзанда гузоштанд. 

Дар солҳои барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ шумораи аҳолӣ 18 ҳазор

нафарро ташкил медод. Тағйироти шумораи аҳолӣ дар ноҳияи  Қубодиён мувофиқи барӯйхатгирӣ чунин буд: соли 1979-73 ҳазору 535 нафар, соли 1989-98 ҳазору 535 нафар ва соли 1995-115 ҳазору 169 нафар.

Аҳолии ноҳия то ибтидои соли 2017 175 ҳазору 620 нафар, аз ҷумла 86 ҳазору 229 нафар мард ва 89 ҳазору 391 нафар занро ташкил медод.

  

ҚУБОДИЁН ДАР АҲДИ ҚАДИМТАРИН

Таърихи Қубодиён ҷузъи таркибии таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон мебошад. Куҳу водиҳо ва халқҳои маскуни он дар сарчашмаҳои ниҳоят қадимии арабию форсӣ ёд мешаванд. Нахустин бошишгоҳҳои  одамони давраи ибтидоӣ дар ҳудуди Қубодиён қариб 3,5 ҳазор сол қабл пайдо шудаанд.  

 

ҚУБОДИЁН ДАР АҲДИ БОХТАРИ ҚАДИМ

Қубодиён дар аҳди қадим, то тасарруфи Ҳахоманишиён шомили давлати Бохтари қадим буд. Дар он давра дар Осиёи Миёна се давлати қадим: Бохтар, Суғд ва Хоразм арзи вуҷуд дошт, ки бузургтарини онҳо Бохтар ба шумор мерафт. Мулки Қубодиёни таърихӣ (ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрави кунунӣ) ҷузъи давлати Бохтари қадим ба шумор мерафт. Аҳолии шаҳри Қубодиён (алҳол Қалъаи Мир) ва маҳалҳои аҳолинишини он дар ҳаёти Бохтари Шимолӣ нақши бузург мебозид. Ба шаҳодати маводи бостоншиносии дар ин мавзеъ ёфташуда, сокинони он ба кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳану биринҷгудозӣ ва дигар касбу пешаи ҳунарварӣ машғул буданд. Бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки дар Қубодиёни аҳди Бохтари қадим дар ин ҷо ҳунари заргарӣ, рассомӣ ва муҷассамасозӣ ба авҷи аълои худ расида  буд. Ашёи гарнбаҳои «Хазинаи Амударё», ки аксар аз тилло ва нуқра сохта шудаанд, аз санъати олии рассомону наққошон ва заргарони ин давра шаҳодат медиҳанд.  

Ҳамин тариқ, дар мулки Қубодиёни бостонӣ шаҳрҳои Кайқубодшоҳ ва Қалъаи Мир дар қарнҳоиVI–VII то милод арзи ҳастӣ доштанд ва қисми  таркибии давлати Бохтари қадимро ташкил медоданд ва ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он таъсири бузург расонидаанд. 

 

БЕКИГАРИИ ҚУБОДИЁН

Қаламрави Қубодиён дар миёнаи қарни XVIII як қисми мулки Ҳисор ба ҳисоб рафта, солҳои 1753-1758 милодӣ дар замони ҳукмронии Муҳаммад  Раҳимхон шомили ҳайати хонигарии Бухоро буд. Баъдан қубодиёниҳо дар якҷоягӣ бо қувваҳои муттаҳидаи Бухорои Шарқӣ бар зидди Муҳаммад Раҳимхон мубориза мебаранд, ки дар натиҷаи он Қубодиён ба мулки мустақил табдил меёбад. 

То шикасти аморати Бухоро аз тарафи неруҳои Русияи подшоҳӣ (соли1868 милодӣ) Қубодиёну Ҳисор, Қаротегину Кӯлоб ва дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ давлатчаҳои ниммустақиле буданд, ки бо ном ба аморати Бухоро тааллуқ доштанду дар асл ҳар кадоме ба сари худ мавҷудият мекарданд. Русияи подшоҳӣ ҳамчун дастгирӣ баҳри  мустаҳкам намудани ҳокимияти амири Бухоро дар минтақа Бухорои Шарқиро пурра ба аморат тобеъ кунонд. Байни ин бекигариҳо низоъҳои доимӣ мавҷуд буд. Аморати Бухоро, ки ба 28 бекигарӣ тақсим буд, идора кардани ҳамаи онҳо барояш даст намедод. Барои ҳамин ҳам, ин иқдоми  Русия барои «гапдаро» намудани бекҳо ва хотима бахшидан ба низоъҳои феодалӣ барои амир табъи дил буд.

 

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён қадимтарин сарзамин на танҳо дар Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки Шарқу ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин сарзамин ёдгориҳои бешумор аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз вуҷуд доранд,  ки мутаассифона, то ҳол ягон пажуҳишгари соҳаи таърих теъдоди аниқи  онҳоро муайян накардааст. Ёдгориҳои машҳури Қубодиён: Қалъаи  Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Сангин, Тахти Қубод, Шоҳтеппа (Теппаи  Шоҳ), Хушдормулло (Уштурмулло), Куҳандиж, Яртигунбаз, Қуммазорот, Сафедмазор, Хоҷа Салим, Дижи Тӯс, Хоҷа Машҳад, Хоҷа  Дурбод, Ҳоҷа Сарбоз, Мунҷоқ-теппа, Ҳазратбобо, Масҷиди Намозгоҳ, Ҳазрати Кон, Бешкентқалъа, Тиллоҳаллоҷӣ, Дурахшонтеппа, Қалъаи Кофурниҳон ва ғайра аз таърихи чандҳазорсолаи ин диёри бостонӣ бо забони безабонӣ шаҳодат медиҳад. Қубодиёни таърихӣ на танҳо  қаламрави ноҳияи имрӯзаи Қубодиён, балки ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусравро низ дар бар мегирад. Дар ин ду ноҳияи дигар ҳам  ёдгориҳои гаронбаҳои таърихӣ хеле зиёданд, ки баъзе аз онҳоро дар

боло зикр намудем. Дар ин қисмати матлаб мо якчанд ёдгориҳои машҳури Қубодиёни таърихиро ёдовар мешавем. Таҳқиқ ва омӯзиши  ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби бостоншиносон ва муаррихон танҳо пас аз ҶБВ оғоз меёбад. Таваҷҷуҳи мутахассисони ин соҳаро ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба худ ҷалб намуданд. Дар натиҷаи кори пурмаҳсули  бостоншиносони шӯравӣ дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни имрӯза 4 ёдгории меъморӣ ва 22 ёдгории бостоншиносӣ кашфу омӯхта шудаанд. Дар ноҳия ҳоло ҳам ёдгориҳои таърихии зиёде мавҷуданд, ки ҳоло кашф нашудаанд, бостоншиносон ва ҳаводорони таърихро интизоранд.

 

ТАХТИ САНГИН ВА ТАХТИ ҚУБОД

Тахти Сангин дар қисмати шарқии Қубодиён дар пушти қаторкуҳи  Тешиктош, дар соҳили рости рӯди Амударё қомат афрохта. Номи куҳанаш Тахти Сангин нест. Бо ин ном дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст, бинобар ин, олимон онро «Тахти Сангин» номиданд ва азбаски ёдгории мазкур монандӣ ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) – пойтахти империяи Ҳахоманишиён (Порсибостон), ки дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд. 

Яке аз сабаҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ин маҳал дарёфти«Хазинаи  Амударё» буд. Дар нимаи дуюми асри нуздаҳ бозаргони бухороӣ маснуоти фаровон-маҳсули ҳунармандони қубодиёниро ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд, ки пасон аз ҷониби англисҳо харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карда шуд. Олимон макони дарёфти маснуотро соҳили рости рӯди Омӯ муқаррар карданд. Акнун дақиқ кардан лозим буд, ки бозёфтҳо тасодуфӣ ба ин маҳал омадаанд, ё  ватани аслӣ ва созандагонашон аз мулки Қубодиёнанд. 

Соли 1976 милодӣ 34 километр дуртар аз маркази ноҳияи Қубодиён бостоншиносон ба таҳқиқи маъбади қадимаи Окс шуруъ намуданд.  Тахти Сангин–шаҳракест, ки дар замони Ҳахонанишиён бунёд шуда,  дар аҳди юнону мақдуниҳо рушду тараққӣ ёфтааст. Ин ёдгорӣ дар қисми ҷанубии ноҳияи Қубодиён, дар соҳили рости саргаҳи Амударё, ки оби рӯдҳои Вахшу Панҷ, Куҳандизи Афғонистон, Кофурниҳон ба ҳам омезиш меёбанд ва рӯди Амударё ташкил меёбад, ҷойгир аст. Тахти Сангинро аз шарқ Амударё, аз ғарб куҳи Тешик-тош (Рафеъ), аз шимол ва ҷануб иншооти дуқабатаи муҳофизаткунанда иҳота кардаанд. Маъбад  пурра сангӣ буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то ба имрӯз хуб пойдор мондааст. Ҳанӯз соли аввал-1976-ум ковишҳо он миқдор ашёро ба бостоншиносон доданд, ки ҳайратангез буд.  

Ин ёдгорӣ дар якҷоягӣ бо Тахти Қубод, ки 5-6 км дуртар воқеъ аст, ба воситаи деворҳои пурқуввати сангӣ, бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки соҳили чапи Амударё комплекси ягонаро ташкил медиҳад.  

Шаҳраки Тахти Қубод дар соҳили рости рӯди Ому, дар муқобили он  ҷое, ки рӯди Куҳандиз (Кундуз) ба Амударё мерезад, 5 км ҷанубтар аз  Тахти Сангин ҷой гирифтааст. Ақидае ҳаст, ки «Ганҷинаи Амударё» маҳз аз ҳамин ҷо ёфт шудааст. Қабати болоии шаҳрак дар натиҷаи  корҳои сохтмонии замони шӯравӣ сахт зарар дидааст. Қисми марказии он ба теппаи росткунҷа шабоҳат дорад. Баландии он аз пойгоҳ 8–9 метр мебошад. 

 

ЗИНДАГИНОМА ВА ОСОРИ НОСИРИ ХУСРАВИ ҚУБОДИЁНӢ

Шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Носири Хусрав соли 1003-и  мелодӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон дар хонаводаи деҳгони сар-ватманд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ному насаби аслии худро худи ӯ дар оғози китоби«Сафарнома» чунин зикр кардааст: «Чунин гӯяд Абӯмуинниддини Носири Хусрав ал-Қубодиёнӣ ал-Марвазӣ, ки ман марди дабирпеша будам ва аз ҷумлаи мутасаррифон дар амвол ва аъмоли султонӣ». Падараш яке аз мансабдорони дарбори Ғазнавиён ба ҳисоб рафта, дар шаҳрҳои Қубодиён ва Балх соҳиби молу мулки зиёде буд. Ӯ дар чунин хонадони сарватманд ба камол расида, ба таҳсили  улуми динӣ ва дунявӣ пардохт. Аз рӯйи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ Носири Хусрав маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи зодгоҳаш Қубодиён гирифта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус идома дод. Сипас вай барои фаро гирифтани улуми мухталиф ба шаҳри Балх ва Марв сафар мекунад. Дар мадрасаҳои ин ду маркази илму фарҳанги исломӣ таҳсил намуда, чун донишманди бузург ба камол мерасад. Ӯ чун донандаи хуби забонҳои арабӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, чун олими забардасти улуми асримиёнагӣ:- фалсафа, калом, нуҷум, тибб, табииёт, фиқҳ, таърих, мантиқ, ҷуғрофия, ҳандаса, мусиқӣ, адаб ва ғайра ном  мебарорад. Шуҳрати донишмандии Носири Хусрав ба дарбори  Ғазнавиён мерасад ва ӯро ба корҳои девону дафтардорӣ дар вилояти Балх ҷалб месозанд. Ӯ дар корҳои давлатдорӣ худро чун шахси фозилу кордон нишон медиҳад ва дар байни аҳли дарбор соҳиби обрӯю эҳтироми баланд мегардад ва ӯро бо унвони ифтихории «Хоҷаи Хатир» сарфароз менамоянд. 

Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба як хоби дидааш амал намуда, соли 1045-и мелодӣ аз хизмати дарбор истеъфо медиҳад ва ба саёҳат мебарояд. Ин сафари ӯ ҳафт сол давом мекунад ва дар ин муддат Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Сурия, Урдун, Фаластин, Миср, Ҳиҷоз, Ҳалаб, Тунис, Судон ва дигар кишварҳоро сайёҳат менамояд. 

Дили пурэҳтироси шоир ва мутафаккари бузург, зодаи Қубодиёни бостонии Тоҷикистон дар сини 85-солагӣ соли 1088-уми милодӣ аз тапиш монд. Мадфани ӯ дар Юмгондараи Бадахшони Афғонистон воқеъ гардидааст ва дар болои қабраш ихлосмандонаш мақбарае сохтаанд, ки то ба имрӯз побарҷост. Ҳазор сол боз пайи пойи иродатмандони ин шах-сияти бузург аз он ҷо канда нашудааст. 

Носири Хусрав осори зиёди гаронбаҳо ба ёдгор гузоштааст. Аз таълифоти эшон асарҳои зерин дастраси мост: «Девони ашъор», маснавиҳои «Рӯшноинома», «Саодатнома», «Ваҷҳи дин», «Зод-ул-мусофирин», «Сафарнома», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Бӯстон-ул-уқул». 

Носири Хусрави Қубодиёнӣ яке аз шоирону нависандагон ва мутафаккирони бузурги халқи тоҷик буда, як умр барои хушбахтӣ ва озодию истиқлолияти сиёсию маънавии мардуми тоҷик ва умуман, форсизабон ва ориёинажодон мубориза бурдааст. Дар таърихи илму  тамаддуни гузаштаи тоҷик ба мисли ӯ кам шахсиятеро пайдо мекунем, ки ғояҳои миллии ватанхоҳӣ ва истиқлолиятталабӣ дошта бошад. Аз ҳамин  ҷост, ки Носири Хусрави Қубодиёнӣ аксари осори пурқимати худро ба забони модариаш-форсии дарӣ (тоҷикӣ) эҷод намуда ва ифтихор  доштааст, ки дурру гавҳари гаронбаҳои бо ин забони ширини малакутӣ сӯфтаи худро ба пойи хару хукон, яъне нокасон намерезад: 

Ман онам, ки бар пойи хукон нарезам, 

М-ар ин қиммати дурри лафзи дариро. 

 

МАОРИФ

Дар ноҳияи Қубодиён 52 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 6 адад муассисаи таҳсилоти асосӣ, 2 адад гимназияи давлатӣ, 1 адад муассисаи хусусии таълимии ба номи Барфигул, 1 адад мактаб-парваришгоҳ, 1 адад муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 адад маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 адад маркази рушди дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 4 боғчаи бачагона фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон ҷиҳати рушду густариши бештари тарбияи томактабӣ ва ҷалби пурраи кӯдакон ба таълим давоми солҳои охир тадбирҳои амалӣ андешида шуда, айни ҳол дар назди 33 адад муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар онҳо 918 нафар кӯдакон, аз ҷумла 391нафар духтарон бо тамоми шароити лозима ва омӯзгорони пуртаҷриба аз рӯи Барномаи давлатии тарбияи томактабӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

 

ФАРҲАНГ

Дар ҳудуди ноҳия 4 Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат ва 18 китобхонаи оммавӣ амал мекунад. Шумораи умумии кормандони соҳа 86 нафарро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь