Ба таваҷҷӯҳи раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарама Озода Раҳмон

Ба таваҷҷӯҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мӯҳтарам Султонзода Сулаймон
Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба таваҷҷӯҳи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода
Ба таваҷҷӯҳи раиси шаҳри Турсунзода, мӯҳтарам Саломзода Сиҷовуддин

Баҳри самаранок истифода бурдани замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои худро ба шахсони алоҳида бо мақсади ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим намуда, ин раванд то ба имрӯз идома дорад. 

Тоҷикистон аз лиҳози шумораи аҳолӣ ва заминҳои корам дар ҷаҳон яке аз давлатҳои аз ҳама камзамин ба шумор рафта, заминҳои корамаш ҳамагӣ 7 фоизро ташкил менамояд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ном «тоҷирони замин» дар тиҷорату азхудкунии заминҳо «саҳми босазо» доранд. Ин категорияи одамон то ҷое метавонанд ва бо кадом роҳе набошад, заминро обу лой намуда, маблағҳои басо ҳангуфтро низ аз худ мекунанд.
29-уми майи 2009 таҳти №325 қарори раиси шаҳри Турсунзода дар бораи ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Мирзоҷон-О”, ки раисаш Остонаева Орзуҳол мебошад, ба тасвиб мерасад. Тибқи ин қарор ба хонума Остонаева қитъаи замин дар ҳаҷми 1,82 га ҳамчун моли меросии якумра тақдим карда мешавад. Аммо қисми асосии ин заминҳо ин саҳми Бекмуродова Орифа мебошад, ки 20-уми сентябри соли 2006 дар синни 70-солагӣ вафот кардаанду дар ихтиёри Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон хати вафоти марҳума аз 24-уми ноябри соли 2006 таҳти АА рақами 00250 мавҷуд мебошад. Гарчанде марҳума 24-уми сентябри соли 2006 вафот карда бошанд ҳам, шаҳодатномаи саҳми замини он кас, ки ба миқдори 3 гектару 54 сотих замин дода шудааст, аз чӣ бошад, ки 24.04.2009 сол аъзои комиссия дар ҳайати Ҷамоатов И., муовини раиси шаҳри Турсунзода, Сарваров А., раиси кумитаи заминсозии шаҳри Турсунзода, Сангинов Р., раиси хоҷагии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода, Ҳасанов Ш., раиси ҷаомати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, Содиқов Б., муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода, Нуров Б., заминсози хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ” ва Остонаева Орзуҳол – муассис, раиси хоҷагии деҳқонии “Мирзошо-О” дар он бо сохтакорӣ имзо гузоштаанд, ки ин заминҳо ҳамчун моли меросӣ ба ихтиёри Остонаева Орзуҳол дода шаванд. Кооперативи истеҳсолии шаҳри Турсунзода бошад, дар протоколи №3-4 аз 6-уми марти соли 2009 як навоварие кардааст, ки аз рӯи қонунҳои мавҷуда чун сохтакории идорӣ ва берун рафтан аз ваколатҳои мансабӣ номида мешавад. Тибқи ин протоколҳо, гӯё Қодирова Қурбонбибӣ ва Бегмуродова Орифа дар таърихи 6-уми март ва 16-уми марти соли 2009 бо аризаҳои худ ба номи раиси хоҷагӣ Сангинов Р. муроҷиат намуда бошанд, ки заминҳои саҳми онҳо бо розигиашон ба номи Остонаева Орзуҳол дода шавад. Тибқи пешниҳоди раиси ҷамоати деҳоти “Қаратоғ” мӯҳтарам С. Ҳасанов, аз 4-уми апрели соли 2009 таҳти №75 ба раиси шаҳр пешниҳод карда шудааст, ки дар асоси ин протокол заминҳои ба номи ин нафарон буда ба номи дигар нафаре, ки дар ин хоҷагӣ умуман кор накардааст, ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ ҷудо карда шавад. Бо чунин мазмун дар асоси маводҳои тартибдодашуда таҳти имзои раиси кумитаи заминсозии шаҳри Турсунзода ҷаноби А. Сарвар аз 29.05.2009 низ пешниҳод дода шудааст. Протоколи №1 аз 27 07 2009 сол, ки дар он гӯё Остонаева Орзуҳол баромад кардааст, саҳми Бекмуродова Орифаро аз 3 гектару 54 сотихи заминаш то 0,45 сотих поён бурдаанд, ҳол он ки, 20-уми сентябри соли 2006 Бекмуродова Орифа вафот карда буд. Дар протоколи №1 аз 07.08.2013 бошад, хонума Остонаева баромад карда, саҳми ҳар як нафарро ба се нафар – Остонаева Орзуҳол 0,61 га, Остонаев Муҳаммадҷон 0, 61 га ва ба Бердиев Давронҷон 0, 60 га тақсим намудааст. Ба хоҷагии деҳоқонии “Мирзоҷон-О” таҳти №4951 аз 24-уми феврали соли 2014 сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст, ки он пурра ғайриқонунӣ буда, саҳми заминҳои ба дигарон дахлдоштаро тибқи ин сертификат азхуд намудаанд. Гарчанде, ки саҳмдори замин Қодирова Қурбонбибӣ, сокини деҳаи Бартоши ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва меросхӯр Шарипов Ҳоҷиалӣ, сокини деҳаи Бартоши ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, суд ва прокуратураи шаҳри Турсунзода ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоятҳо бурда бошанд ҳам, аз чӣ бошад, ки даъвои ин нафарон ба инобат гирифта намешавад. Ҳол он ки, дар асоси қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми замин меросӣ буда, мутааллиқ танҳо ва танҳо ба меросхӯр ва меросдор аст.
Дар сӯҳбат бо мо собиқ раиси кумитаи замини шаҳри Турсунзода Абдусалом Сарваров иброз намуд, ки “кумитаи заминсозии вақти Турсунзода дар асоси протоколи №3 аз 6-уми марти соли 2009 ва протоколи №4 аз 15-уми марти соли 2009, инчунин замима ба протоколи №4 аз 16-уми марти соли 2009, ки аз тарафи собиқ раиси хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ” Сангинов Р. ва котибии Шарипов Б. ва пешниҳоди ҷамоати деҳоти Қаратоғ таҳти №75 аз 4-уми апрели соли 2009 давраи раисии Ш. Ҳасанов маводҳои заминсозиро таҳия намуда, ба унвонии раиси шаҳр барои баровардани қарори дахлдор пешниҳод намуд. Саҳми замин меросӣ мебошад. Оид ба он, ки аз номи шахси фавтида ва ё нафари дигар ҳуҷҷатгузорӣ шуда бошад, ин ҷиноят буда, шахсони ба ин кирдорҳо дастзада ҳатман назди қонун муҷозот мешаванд. Яъне ҳеҷ кас ҳуқуқи гирифтани саҳми замини дигар нафарро надорад. Танҳо онҳое, ки дар асоси қонун меросхӯр мебошанд, ҳуқуқи гирифтани замин ва истифодаи онро доранд. Бояд дар масъалаи гуфтаи шумо мақомоти суд мавқеи бетарафӣ ва ё манфиатдорро нагирифта, ба зудӣ нисбати онҳое, ки ин кирдорҳоро содир намудаанд, чора андешида, ҳақро ба ҳақдор мерасониданд. Яъне онҳое, ки саҳми дигаронро бо роҳҳои ғайриқонунӣ гирифтаанд, бояд заминро ба соҳибони аслиаш медоданд. Ин аст хулосаи ман ҳамчун мутахассис”.
Дар тамос бо мо собиқ раиси хоҷагии “Дӯстӣ” ҷаноби Сангинов Раҷабалӣ иброз намуд, ки “оид ба ин қазия хабардорам. Танҳо бо роҳҳои ба ман номаълум хонума Остонаева Гулбаҳор аз наздикони фавтидагон ва апаи Қурбонбибӣ ба онҳо ҳуҷҷат пешниҳод намуда буд. Дар ин асос онҳо ҳуҷҷат таҳия намудаанд. Агар ин ҷо сохтакорӣ карда шуда бошад, ин айби Остонаева Гулбаҳор мебошад, ки нисбати замини дигарон дастдарозӣ намудаасту моликияти дигаронро аз они худ намудааст. Ҳамаи ҳолат он қадар дар хаёлам намондааст, лекин шунидам, ки оиди боз чанд қазияи дигар низ Гулбаҳор Остонаева сохтакориҳо намуда будааст. Бигзор даъвогарон тариқи суд масъалаи худро ҳал намоянд. Агар лозим бошад, мо ҳамчун шоҳид хулосаи худро дар суд хоҳем гуфт”.
Дар тамос бо мо хонума Остонаева Гулбаҳор иброз намуд, ки “ман маблағи гуфтаи меросхӯронро додам. Боз онҳо аз ман чӣ мехоҳанд? Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ман дар асоси қонун тахтанд. Ман худам боз ҳуҷҷатҳоеро оварда ба ҳамаи даъвогарон ва шумо нишон хоҳам дод”.
Аз чӣ бошад, ки баъди он сӯҳбат чанд рӯз гузашта бошад ҳам, хонума Остонаева Гулбаҳор ваъдаи худро фаромӯш намуданд. Мо низ ҳалли ин қазияро ба ихтиёри мақомоти дахлдор, кумитаи идораи замин ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гузошта, хоҳони адолат дар ин бедодгариҳо мебошем. Онҳое, ки бо ҳуҷҷатҳои сохтаю қалбакӣ заминҳои дигаронро азхуд менамоянду бо ин васила айш меронанд, то ба кай дар назди қонун беҷазо монда, аз кирдорҳои худ, ки ба дигарон зарарҳои моддию равонӣ мерасонанд, кайфу сафо намуда, ба ҳоли ин мардуми бечораҳол механданд!?

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Душанбе – Турсунзода – Душанбе

P.S. Дар ихтиёри Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон маводҳои зиёд оиди бо роҳҳои сохтакорию қаллобӣ азхуд намудани саҳмияҳои мардум, ки солҳои зиёд дар гармову сармо дар заминҳо заҳмат кашидаанд, мавҷуд мебошад, ки дигарон азхуд кардаанду намегузоранд ақаллан дар пораи замине, ки мувофиқи қонун давлат кафолати истифодабариашонро ба ин мардум додааст, истифода намоянд. Бо даст додани фурсати мувофиқ ва таҳқиқи журналистии масоил ба ин мавзӯъ бозпас хоҳем гашт, то хонандагони азизи худро бо кирдорҳои нангину сохтакориҳои афроде, ки ҳаққи ҳалоли мардумро азхуд намудаанд, ошно намоем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь