Лойи шифобахши Темурмалик дар дилхоҳ осоишгоҳи кишвар муаррифӣ шуда, баҳри табобат мавриди истифодаи мизоҷон аст ва ноҳияи Темурмаликро муаррифӣ мекунад.

Оби радонии санаторияи Шифои иттифоқҳои касаби ҶТ дар ноҳияи Темурмалик. Оби чашмаи мазкур соли 1966 баъди ташхиси лабораторӣ хосияти шифобахшиаш муайян карда шуд. Дар ҷумҳурии мо ин ягона чашмаи оби шифое мебошад, ки ба чашмаҳои шифоии вилояти Перми ФР баробар аст.

Аҳолии ноҳия 71500 нафар, ҷамъи заминҳои ноҳия 101355 га, ба як одам 1,42 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 1060 га, ба як одам 0,015 га мебошад. Ҷамъи заминҳои корам 12638 га, ба як одам 0,177 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 736 га, ба як одам 0,010 га аст.

Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Темурмалик ба андозаи 108 фоиз иҷро гардидааст. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ 102фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоизро ташкил додааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 94 фоиз иҷро гардида, аз ҳисоби буҷет 15058727 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 85 фоиз, маориф 96 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 98 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 51 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 71 фоиз, фарҳанг 97 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 93 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар се моҳи аввали соли 2021 аз тарафи нозироти андоз 336 соҳибкори инфиродӣ бо патент, 117 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 321 шахсони ҳуқуқӣ ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 273 ҳазору 560 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин давра 3 Маркази хизматрасонӣ дорои кошонаи ҳусн, ошхона, сартарошхона, маркази савдо, сехи дӯзандагӣ, 4 мағозаи тиҷоратӣ, 1 ҳаммом, 1 дорухонаи бойторӣ, 1 осиёби барқӣ, 1 дӯкони гӯшт, 1 сартарошхона ва кошонаи ҳусн сохта ва 2 км роҳрави пиёдагард сафолакпӯш карда шудааст, ки барои иҷрои ин корҳо маблағи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориҳои судманди тарафайнро бо Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммунали”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалишавии лоиҳаи “Барқарорсозии оби нӯшокии деҳот ва беҳдошт” ба роҳ мондааст. Айни ҳол дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, ”Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим”, “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал” ва “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”, “Вусъат бахшидани ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (коридори 3 ва 5)”, “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Саноат, энергетика, сохтмон ва меъморӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5058,1 ҳазор сомонӣ расида, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз афзоиш ёфта, 244,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба 506 тонна бо афзоиши 3,0 фоиз, гӯшт ба 88,6 тонна бо афзоиши 2,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ 200,4 ҳазор сомонӣ бо афзоиши 39,6 фоиз, истеҳсоли равғани растанӣ 15,6 тонна бо афзоиши 2,6 фоиз, истеҳсоли симтур ба 200 метри мураббаъ бо афзоиши 6,4 баробар ва хишти сементӣ ба 43,8 ҳазор дона бо афзоиши 28,8 фоиз дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст. Аз 6 корхонаи мавҷуда ҳамаашон дар ин давра фаъолият намудаанд.

Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 12267,9 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 60,8 фоиз зиёд мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 23056,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, дар муқоисаи соли гузашта 119,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра ба маблағи 3642,6 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, дар масоҳати 1285,0 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 1285,0 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Нақлиёт, алоқа ва кишоварзӣ

Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 213,7 километрро ташкил медиҳад, ки аз он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ 48,8 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 164,9 километр мебошанд. Ҳаҷми боркашонӣ 80,0 ҳазор сомонӣ ва мусофиркашонӣ 276 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ 2,0 фоиз ва мусофиркашонӣ 10,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Қитъаи техникии Филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар ноҳия фаъолият намуда, дорои як истгоҳи телефонӣ бо ғунҷоиши 1260 рақам буда, айни ҳол ба 289 нуқтаи телефонӣ хизмат мерасонад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 29839,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1324,3 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 104,6 фоизро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 12672 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки аз он 11369 гектарашро зироатҳои ғалладонагӣ, 930 гектарашро зироатҳои техникӣ, 140 гектарашро картошка ва 233 гектарашро сабзавот ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли сабзавот ба 22,1 тонна расонида шудааст.

Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 36667 сар, аз он ҷумла, модаговҳо ба 14638 сар, гӯсфанду буз ба 119447 сар, аспҳо ба 3804 сар, паранда ба 42580 сар ва занбӯри асал ба 2030 оила расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 1551 сар, аз ҷумла, модаговҳо 616 сар, саршумори гӯсфанду буз 3155 сар, асп 10 сар ва паранда 46 сар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 869,2 тонна, шир ба 1864,7 тонна, тухм ба 542,2 ҳазор дона ва моҳӣ ба 0,9 тонна расонида шудааст.

Тибқи дурнамо дар ҳамаи секторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 20 гектар боғи нав бунёд гардида, 12 гектар боғҳои куҳна ва 5 гектар токзорҳо аз нав барқарор карда шудаанд.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар ин давра ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 564 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз шумораи 448 нафари ба қайд гирифташуда 289 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.  Давоми чор моҳи соли равон 75 нафар бекорон аз ҳисоби Барнома ба касбомӯзӣ бо касбу ихтисосҳои фарогир, аз ҷумла қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, бахши компютерӣ ва ба омӯзиши касби кафшергарӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 49 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 3 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, дар ин ярмаркаҳо 32 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Айни ҳол тибқи ҳисоботи оморӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ноҳия 1650 нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин шумора 1603 нафар мард ва 47 нафар зан мебошанд.

Маориф ва илм

Дар 51 муассисаи таълимии ноҳия 14 ҳазору 371 хонанда (6813 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 1021 нафар омӯзгорон, аз ҷумла аз ин шумора 393 нафар занон ба онҳо таълим медиҳанд. Аз ин шумора 717 нафарашон бо маълумоти олӣ, 304 нафарашон бо маълумоти олии нопурра ва миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар қиёс нисбати соли гузашта 33 нафар зиёд мебошад.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 240 кӯдак дар 11 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 38 Марказҳои инкишофи кӯдакон 46 гуруҳ ташкил карда шуда, 943 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимӣ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017, №544 “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” 94 кабинети фаннӣ, аз ҷумла 16 кабинети физика, 14 кабинети химия, 7 кабинети биология, 13 кабинети математика, 32 кабинети технологияи иттилоотӣ, 8 кабинети география ва 4 кабинети экология фаъолият намуда истодаанд. Иҷрои барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии ноҳия ба 147 фоиз расонида шудааст. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 632 компютер, 205 принтер, 4 сканер, 15 тахтаи электронӣ, 1 тахтаи электронии сайёр, 21 видеопроектор мавҷуд буда, 7958 нафар хонандагони синфҳои 5-11-ро ба таълим фаро гирифтаанд. Ҳамзамон 38 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ бо 205 адад мизу курсии махсус барои кабинетҳо мавҷуд буда, 50 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ба таълиму тарбия машғул мебошанд, ки аз ин шумора 37 нафарашон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа гузаштаанд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон байни хонандагони синфҳои 9, 10, 11 аз рӯи ҳамаи фаннҳои таълимӣ 131 нафар иштирок намуда, 4 нафар хонандагони синфи 11 сазовори роҳхат барои иштирок дар сатҳи ҷумҳурӣ гардидаанд ва 1 нафар хонанда бо гирифтани ҷойи 3-юм дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Бо мақсади таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ аз рӯи нақшаи тасдиқгардида дар соли хониши 2021-2022 ба 7183 нафар хонанда бо корхонаҳои дӯзандагии дар ноҳия фаъолияткунанда шартномаи дутарафа баста шуда, то имрӯз аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии ноҳия 2445 баста либосҳои мактабӣ омода карда шудааст, ки аз ҷониби волидайни хонандагон то оғози соли хониш харидорӣ карда мешаванд.

Давоми соли равон сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди МТМУ №10 барои 240 ҷойи нишаст, дар назди МТМУ №15 барои 240 ҷойи нишаст, дар назди МТМУ №25 барои 240 ҷойи нишаст, дар назди МТМУ №32 барои 240 ҷойи нишаст, дар деҳаи Танобчии боло барои 140 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Даҳани намак барои 192 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Инчунин сохтмони бинои иловагӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди МТМУ №16 барои 240 ҷойи нишаст дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дошта, сохтмони толору майдончаи варзишӣ дар назди интернати Кангурт дар арафаи анҷомёбисти. Корҳои таъмиру азнавсозии толори варзишии МТМУ №2 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пеш рафта истодааст.

Тандурустӣ ва кор бо занон

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 52 духтур, аз ин шумора 8 нафар бо категорияи олӣ, 6 нафар бо категорияи якум ва 11 нафар бо категорияи дуюм ва 394 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 37 нафар дар беморхонаи марказӣ, 15 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва муассисаҳои дигари тиббии деҳот фаъолият карда истодаанд.

Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 5 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Айни ҳол бо маблағгузории Бонки рушди Олмон азнавсозии шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия идома дорад.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 35855 нафарро ташкил дода, аз онҳо 80 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 67 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 10 нафар хизматчии давлатӣ буда, 393 нафар дар соҳаи маориф, 358 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 65 нафар дар соҳаи фарҳанг, 558 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 7 нафар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва 100 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Дар ноҳия 39 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 муассисаҳои клубӣ (аз ҷумла 1 Қасри фарҳанг, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 9 клуби деҳотӣ), 23 китобхонаҳо (аз ҷумла 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 21 китобхонаи оммавӣ-филиалҳо), 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия 23 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 80 ҳазору 43 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 43 ҳазору 917 нусха китобҳо бо забони давлатӣ, 27 ҳазору 579 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва 8 ҳазору 547 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд.

Дар ин давра шумораи хонандагон 2562 нафарро ташкил дода, ташриф ба китобхонаҳо 3799 нафар ва миқдори китобдиҳӣ 6864 нусхаро дар бар гирифтааст. Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 133 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд.

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 22100 нафарро ташкил дода, дар ин давра 20 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 22 мулоқоту вохӯриҳо, 8 мулоқоти фардӣ гузаронида шудааст. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 41 адад ва толорҳои варзишӣ 7 ададро ташкил медиҳад. Муассисаҳои варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 10 намуди варзиш дар 105 гуруҳ ба роҳ мондаанд, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 1282 кӯдаку наврасон ва ҷавонони ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ ҷалб гардидаанд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ соҳиби 10 медал, аз он 2 медали тилло, 4 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар ноҳия 2 шифохонаи табобатию истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 345 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳия ворид гардида, табобат гирифтаанд.

Ҳамзамон, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия бунёди 13 майдончаҳои варзишӣ, 2 толори варзишӣ ва 3 меҳмонхонаҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Фотеҳ Аминзода иброз медорад, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 248 иншоот бо назардошти 22 иншооти иловагӣ, дар маҷмуъ 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021 дар маҷмуъ 183 иншоот ё 67,8 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуда, дар 87 иншоот ё 32,2 фоизи боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Билоли ШАМС, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here