Шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳа фаъолияти хешро соли 2020 дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, саъйи бештар ба он равона доштааст, ки сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии соҳа саҳми арзанда гузорад. Дар ин росто дар аксари кулли муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона доштани низоми таълим, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳои чорасоз андешида мешаванд. Ин аст ки дар ин раванд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар самти рушди соҳаи мактабу маориф, аз он ҷумла диққати бештаре додан ба забондонию забономӯзии хонандагон, рушди фанҳои табиию риёзӣ бешак дастури роҳнамо маҳсуб ёфта, барои татбиқи амалӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бобоева Дилбар Домуллоевна сухани ифтитоҳияшро аз он оғоз намуд, ки:
– Соли 2020 – соли ҷашнҳои бузурги сиёсӣ ва фарҳангии миллӣ ба ҳисоб рафта, бо ибтикори Пешвои миллат 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии намояндаи барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардиданд. Ҳамчунин, дар ин сол интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гашт, ки дар ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ кормандони соҳаи маорифи ноҳия фаъолона иштирок доштанд. Дар баробари ин, кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муассисаҳои зертобеъи он фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, дар соли 2020 ба дастовардҳои назарраси мехнатӣ ноил гардиданд.
Созандагиву бунёдкориҳо дар авҷ
Бо ёдоварӣ аз таҷлили сазовори ин ҷашнҳои ифтихормандӣ, ҳамзамон мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бобоева Дилбар Домуллоевна зикр намуд, ки “Айни ҳол дар қаламрави ноҳия 91 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 82 амуассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 гимназияи хусусии «Нур» ва «Сафина», 3 мактаби хусусии «Амид», “Дурахшандагон” ва “Хистеварз”, 2 гимназияи давлатӣ, 1 мактаб-кӯдакистон, 1 мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони шунавоиашон суст фаъолият доранд. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тариқи ҳашар бинои таълимии филиали муассисаи таълимии № 64-и ҷамоати деҳоти Исмоил иборат аз 4 синфхона барои 80 нафар хонанда, бинои иловагии МТМУ №56-и ҷамоати деҳоти Чашмасор иборат аз 2 синфхона барои 40 нафар хонанда, бинои таълимии Маркази инкишофи кӯдаки МТМУ №25-и ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонов иборат аз 2 синфхона, хонаи бозӣ ва дамгирӣ, бо дастгирии соҳибкорон ва буҷаи мактабӣ бинои иловагии таълимии муассисаи таълимии № 14-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ иборат аз ду синфхона барои 60 нафар хонанда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муассисаи таълимии томактабии навбунёди №20-и ҷамоати деҳоти Исмоил барои 90 нафар кӯдак, бо маблағгузории соҳибкор Каримова З. муассисаи таълимии томактабии навбунёди хусусии “Насли Ориёно”-и ҷамоати деҳоти Ғозиён барои 150 нафар кӯдак ва бо маблағгузории соҳибкор Боиров А. мактаби хусусии “Хистеварз”-и ҷамоати деҳоти Хистеварз сохта ба истифода дода шуданд”.
– Дар баробари ин, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҷамоати деҳоти Хистеварз сохтмони муассисаи таълимии навбунёд барои 1000 нафар хонанда ва дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ сохтмони муассисаи таълимии навбунёд барои 640 нафар хонанда оғоз гардида, айни замон сохтмони ошёнаи якуми ин сохтмонҳо идома доранд. Инчунин, дар ин муддат бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди МТМУ № 40-и ҷамоати деҳоти Хистеварз сохтмони бинои таълимии иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 240 нафар хонанда, тариқи ҳашар ва бо дастгирии соҳибкорону сарпарастон дар назди МТМУ №59 -и ҷамоати деҳоти Исмоил бинои иловагии таълимӣ иборат аз 6 синфхона барои 150 нафар хонанда, бинои иловагии МТМУ №81-и ҷамоати деҳоти Исмоил иборат аз 4 синфхона барои 120 нафар хонанда, бинои иловагии МТМУ №9-и ҷамоати деҳоти Исмоил иборат аз 4 синфхона барои 120 нафар хонанда, бинои иловагии МТМУ №74-и ҷамоати деҳоти Чашмасор иборат аз 4 синфхона барои 120 нафар хонанда, бинои иловагии МТМУ №23-и ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов иборат аз 19 синфхона барои 540 нафар хонанда бо суръат идома доранд, – афзуд мавсуф.
Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 37 муассисаи таълимии томактабии шакли моликияташон гуногун, аз ҷумла 20 муассисаи таълимии томактабии тобеи шуъбаи маориф, 2 муассисаи таълимии томактабии ташкилотҳои дигар фаъолият доранд. Боиси ифтихормандист, ки 23 марти соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ғозиён муассисаи таълимии томактабии хусусии “Насли Ориёно” ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин тариқ, шумораи муассисаҳои таълимии томактабии хусусии ноҳия ба 15 адад расонида шуд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 6254 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алҳол дар назди 60 муассисаи таълимии ноҳия 108 гуруҳи Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар маҷмуъ 2591 нафар кӯдаки синни томактабӣ таълиму тарбия мегиранд.
Ҳамин тариқ, маҷмуан 8845 нафар кӯдаки синни томактабӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва Марказҳои инкишофи кӯдаки ҳудуди ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин 20,1 дарсади умумии кӯдакони синни томактабии ноҳияро ташкил медиҳад.
Сатҳу сифати таълим
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 66 кабинети фанни физика, 66 кабинети фанни химия, 40 кабинети фанни география, 54 кабинети фанни биология, 114 кабинети фанни технологияи информатсионӣ ва 75 кабинети фанни математика ва дар маҷмӯъ, 417 кабинети фаннии таълимӣ фаъолият доранд. Дар доираи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар соли 2020 харидории 8 кабинети таълимӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаи таълимии №37 ба маблағи 6,0 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти кабинети мусиқӣ, дар гимназияи №2 ба маблағи наздики 63,4 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти кабинети физика ва дар муассисаҳои таълимии №12, 61 кабинетҳои компютерӣ харидорӣ карда шуданд.
Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 75 265 нафар хонанда, аз ҷумла 37 452 нафар духтар таҳсил доранд, ки нисбат ба соли 2019 – 2752 нафар, аз ҷумла 1378 нафар духтар зиёд мебошад. Ба ин булбулакони боғи дониш 4912 нафар омӯзгор, аз ҷумла 3952 нафар зан таълиму тарбия медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 4527 нафар дорои маълумоти олӣ, 144 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 241 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 шумораи омӯзгорон, ки бо маълумоти олӣ кору фаъолият доранд 143 нафар зиёд гашта, сатҳи таҳсилоти олӣ доштаи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия 92,7%-ро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзгороне, ки бо маълумоти миёна кору фаъолият мебаранд, мавҷуд намебошанд.
Дастгирии мутахассисони ҷавон
Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 31 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин 55 нафар хатмкунандаи бахши шартномавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 13 нафар хатмкунандаи бахши шартномавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар маҷмуъ 167 нафар мутахассиси ҷавон ба кор омаданд.
Дар ноҳия ба кор бо мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода шуда, аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ ҳуҷҷатҳои 9 нафар мутахассиси ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия барои бархурдорӣ аз имтиёзҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05. 2007, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” муқарраргардида, омода карда шуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд ва то ҳол ҳамаи онҳо аз ин имтиёз бархурдор гаштаанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорату малакаи касбии омӯзгорони ҷавон дар ин муддат барои онҳо аз ҳамаи фанҳои таълимӣ 43 маротиба машваратҳои омӯзишӣ доир карда шуданд.
Дасти сахо
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 43 нафар ятими кулл ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, таҳти ғамхории доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия қарор доранд. Моҳи январ ба ҳамаи ятимони кулл аз ҷониби сарпарастон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Таъминоти ятимони кулл бо сару либоси ягонаи мактабӣ, бо асбобу анҷоми хониш, китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълими тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар арафаи ҳамаи иду айёмҳо ин хонандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ аёдат карда мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи сафарҳои кории роҳбари давлат моҳхои март ва августи соли равон ба ятимони кулли ноҳия аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои қимматбаҳо дода шуданд.
Забон донӣ – ҷаҳон донӣ
Муассисаҳои таълимии ноҳия алҳол бо кадрҳои баландихтисоси фанҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пурра таъмин мебошанд. Рафти омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ таҳти назорати доимии шуъбаи маориф қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои номбурда машваратҳои дастурдиҳии дурӯза ва 10-маротибагӣ машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони ин фанҳо ташкил карда шуданд. Ҳамзамон, баҳри бедор намудани ҳисси меҳру муҳаббат ба забони тоҷикӣ байни муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост”, озмуни “Луғатдони беҳтарин”, бахшида ба Рӯзи модар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Меҳри модар”, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик озмуни ноҳиявии “Хомаи заррин” ташкил ва гузаронида шуда, дар онҳо хонандагони муассисаҳои таълимии №54, 34, 25, 1, 10, 16, 80, 38, 21, 33, 30, 5, 84, 28, 24, 15, 20 фаъолона иштирок намуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 700-солагии шоири маҳбуб Камоли Хуҷандӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи забон озмуни ноҳиявии “Камолхонӣ” гузаронида шуд. Дар озмун 84 нафар хонандаги муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 17 нафар беҳтарин дониста шуданд ва 7 нафар барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни вилоятӣ хонандаи синфи 11- уми муассисаи таълимии № 11 Солиева Мастона сазовори ҷойи дуюм гашта, бо маблағи пулӣ ва ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия марказҳои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ташкил карда шуда, фаъолияти онҳо тибқи ҷадвали таҳиягардида ба роҳ монда шудааст.
Машъалафрӯзони “Фуруғи субҳи доноӣ…”
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” фармоиши мудири шуъбаи маориф ба имзо расонида шуда, моҳҳои март-апрел даври мактабӣ ва ноҳиявии озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд. Дар даври вилоятии озмун, ки 23-25 сентябри соли 2020 баргузор гардид, аз муассисаҳои таълимии ноҳия 27 нафар довталаб иштирок дошта, 13 нафари онҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа ду нафар ба гирифтани ҷойи якум, ду нафар ҷойи дуюм, як нафар ҷойи сеюм сазовор гашта, ду нафар бо ифтихорномаи раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар ин муддат хонандаи муассисаи таълимии №5 Азиззода Салмон дар даври ноҳиявию вилоятии озмуни умумиҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ”, ки таҳти сарпарастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналхалқии ЮСАИД гузаронида шуд, фаъолона иштирок намуда, ҷойи ифтихории дуюмро ишғол намуд. Ҳамзамон, дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ…» Хосияти Шаҳобиддин ҷойи сеюм ва бо 15 ҳазор сомонӣ маблағ қадршиносӣ карда шуда, тарбиятгирандаи муассисаи таълимии томактабии №16 Абдувоситова Муслима сазовори ҷойи ифтихорӣ ва бо 1000 сомонӣ маблағ ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дурахши истеъдодҳо
Моҳҳои октябр – ноябри соли 2020 аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври мактабӣ, минтақавӣ ва ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 9-11, аз ҷумла аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуданд. Дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ аз ҳамаи фанҳо 1692 нафар хонанда иштирок дошта, аз онҳо 553 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа 86 нафар хонандаи синфҳои 9-10 ва 73 нафар хонандаи синфҳои 11 ғолиби олимпиадаи ноҳиявӣ дониста шуда, ба даври вилоятӣ сафарбар гардиданд. Охирҳои моҳи ноябр байни хонандагони синфҳои 5-8 низ аз ҳамаи фанҳо, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуда, айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва шуъбаи маориф бобати омода намудани ғолибони олимпиада ба даври вилоятии он бо суръат идома дорад. Ҳамаи ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо Ифтихорномаи мудири шуъбаи маориф сарфароз гардиданд.
Қобили тазаккур аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи фанни “Аймас” фаъолона иштирок намуда, 4 нафар барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии он имкон пайдо намуданд. Инчунин, мураббияи муассисаи таълимии томактабии №8 Ҳоҷибоева Таҳмина дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2020 ” ва омӯзгори фанни биологияи муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат Ҷалолова Дилором дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2020 ” ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни ихтироъкорони наврас “Бозёфт” дастпарвари Маркази таҳсилоти иловагии №3 Худойбердиев Нурмуҳаммад ва хонандаи муассисаи таълимии №37 Мирҳомидов Дониёрбек ҷойҳои ифтихории якумро сазовор гаштанд. Ҳамчунин, Камолиддин Худоймерганов хонандаи синфи 9-уми МТМУ №10, ҷамоти деҳоти Ёва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” дониста шуд ва соҳиби 50 000 сомонӣ гардид.
Ҳамин тариқ, дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Сапеда” дастаи хонандагони муассисаи таълимии ноҳия ҷойи ифтихории якумро сазовор гаштанд. Ҳамзамон, дар бахши хорсароии озмун хори гимназияи №1 ва дар бахши рақс тарбиятгирандаи Маркази таҳсилоти иловагии №4 ҷойҳои якумро ишғол намуданд.
Рӯ ба фардои беҳтар аз ин
– Мусалламан таваҷҷуҳ ва рушд додани соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад, зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд, – бо пешниҳоди ин дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба суҳбати хеш Дилбар Бобоева хотима бахшид.
МТЖТ