Ба таваҷҷуҳи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мегӯянд: Дар даврони шӯравӣ Амрико ҳанӯз намедонист Тоҷикистон дар кадом қитъаи олам қарор дорад. Вале медонист: Дар ин кишвар шаҳре бо номи Исфара мавҷуд аст, ки корхонаи гидрометаллургӣ дорад ва он ба тавлиди филизҳои нодири аҳамияти раҳбурдидошта машғул мебошад. Ин маълумот, мусалламан, тавассути Раёсати марказии истихборотии Амрико дастрасашон гардида буд.

Боз мегӯянд: Он корхонаи замоне шумораи аввали Тоҷикистон, рӯзҳои сангинтарини хешро аз сар мегузаронад. Дар моварои будан ва набудан, яъне дар ҳолати сакарот қарор дорад. Агар бихоҳанд, ки ин пайкари азимҷусса зинда монад, бояд билотаъхир нисбаташ чораву тадбири ҷиддӣ бияндешанд. Вагарна, танҳо ҷисму пайкари беҷону фарсуда мемонаду бас. Муқтадиртарин корхонаи замоне №1-и Иттиҳоди Шӯравӣ ба як анбори филизот табдил хоҳад ёфт.

Раис дар Душанбе! Корхона дар Исфара!
Нахуст хостем бо раҳбарияти корхонаи гидрометаллургии «Тамохуш» ва коргаронаш мулоқот намоем, то бубинем, ки онҳо чӣ ҳол доранду дар ин авохир ба чӣ дастовардҳо ноил шудаанд. Вале посбони корхона гуфт, ки раис нестанду маълум нест кай пайдо мешаванд!
– Дар куҷо ҳастанд, то мо он касро суроғ карда пайдо бикунем?,- пурсидем аз ӯ.
– Ман ӯро худам беш аз шаш моҳ шуд надидаам,- посух дод посбон.- Он кас аксари вақт дар Душанбе мешаванд.
– Пас, Шумо метавонед шумораи телефонии ҳамроҳи раисро бидиҳед, то мо бо он кас дар тамос шавем?
– Раис ба мо рақами телефонии дастияшонро намегӯянд…
– Пас бо кӣ суҳбат кунем? Муовин, сармуҳандис, сартехнолог, сардори сех ва умуман, ягон роҳбар ҳаст?
– Не, ҳеҷ як нафари номбаркардаатон нест. Чунки ба истиснои як сехе, ки чанде пеш ба кор даромаду дар он ҳудуди 35-37 нафар кор мекунанд, дигар ҳамаи шуъбаҳои корхона аз кор мондаанд.
Нахостем дигар гапро ба дарозо кашем ва роҳ сӯйи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара пеш гирифтем.

Дархости мо ба назар гирифта намешавад…
Муовини раиси шаҳри Исфара Умарзода Собит Идрис узр овард, ки мушкил дар иҷроиши андоз пеш омадааст ва барои чанд дақиқа барои суҳбат вақт ҷудо кардааст. Вай иқрор шуд, ки худ парвардаи ҳамон корхона, яъне заводи гидрометаллургӣ аст ва аҳволи кунунии он ӯро низ мусалламан ба ташвиш овардааст.
– Дар он ҳоло коргоҳи хурде бо номи «Шифобахш» фаъолият мекунад, ки ба истеҳсоли хокаи қӯрғошим машғул аст,- иброз дошт муовини раиси шаҳр.- Шумораи коргаронаш ҳудуди 50-60 нафар аст. Дар нуҳ моҳи соли равон корхона ба маблағи 4 миллиону 25 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Вале таъсис ва фаъолияти корхона ҳеҷ рабте ба фаъолият ва ташаббуси раиси корхона Турдибек Ҷонмуҳаммадзода надорад. Корхонаи мазкур бо саъю талошҳои раҳбарияти шаҳр ва соҳибкор Рустам Бозоров фаъол шудааст. Корхона дорои иқтидори бузурги техникиву кадрӣ буд ва бояд он дубора ба кор дароварда шавад. Замоне, ки ман он ҷо кор мекардам, ҳудуди 1100 нафар дар чаҳор баст кор мекарданд.
– Чӣ пешниҳоде барои дубора фаъол намудани корхона доред?,- мепурсем аз Собит Умарзода.
– Дар даврони шӯравӣ ба корхона аз давлатҳои гуногун маводи хом ворид, коркард ва ба хориҷи кишвар содирот мешуд. Баробари барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама робитаҳо қатъ гардиданд. Зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои нави фаъол кардани корхона пеш омадааст. Зарур аст, ки раҳбари корхона иваз шавад. Мо борҳо дар назди вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи аз кор барканор кардани раиси корхона Турдибек Ҷонмуҳаммадзодаро дар миён гузошта, ҳама мақомоти дигари болоии ҷумҳуриро огоҳ кардаем. Вале бо кадом сабаби барои мо номаълум, ин масъала ҳал намегардад…

Ин чӣ худ корхонаест?
Хостем бо яке аз собиқ кормандони корхонаи мазкур, номзади илми кимиё Қутбиддин Эшонов суҳбате биёроем ва бипурсем, ки ин корхона худ чӣ корхонаест? Ӯ иброз дошт, ки Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тамохуш – ЗГМИ» соли 1994 бар асоси саҳомӣ гардонидан дар заминаи заводи гидрометаллургии Исфара ташкил ёфтааст. Барои таъсис ёфтани корхонаи мазкур кашфи захираҳои кони маъдани селентини Лаккон ва мавзеи Ганҷак сабаб гардидаанд. Соли 1948 дар заминаи корхонаи ҳамонвақтаи Идораи кони Лаккон нахустин маҳсулоти корхона – нитрат ва карбонати стронсий истеҳсол шудааст. Баъдтар дар ин ҷо истеҳсоли дигар намакҳои стронсий (хромат, сулфат, фосфат), металҳои стронсий ва барий, гидриди литий сурат гирифт, ки то солҳои 70-уми асри ХХ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин самт ягона корхонаи истеҳсолӣ ба шумор мерафт. Тараққиёти соҳаҳои мухталифи илму техника, хусусан саноати электронӣ, таҳқиқи фарогири коинот ва зарурияти бо ашёи хоми ватанӣ таъмин намудани онҳо ба пешрафти завод мусоидат намуданд. Ба роҳ мондани истеҳсоли амомогидриди литий (ҷузъи сӯзишвории ракетаҳои кайҳонии байниқитъавӣ), пайвастагиҳои висмут, ванадий, рений ва ҳафтоксиди тозаи он, хӯлаҳои стронсий, люминофорҳо дар асоси пайвастагиҳои металҳои нодир, ҷудо кардани платинаи тоза аз таркиби катализаторҳои истифодашуда ва ривоҷ додану баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолии пайвастагиҳои стронсий ба солҳои 70-80-уми асри гузашта рост меояд. Бо мақсади нигоҳ доштани самт ва сатҳи истеҳсолӣ солҳои 90-ум корхона коркарди гидрометаллургии консентратҳои тиллову нуқрадори кони Консой ва Комбинати маъдани тиллои тоҷикро ба роҳ монда, хӯлаи «доре» истеҳсол намуд. Мутахассисони завод барномаи «Сурмаи Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, аз рӯйи он коркарди консентрати комбинати маъдантозакунии «Анзоб»-ро ба роҳ монданд. Сурмаи тозаи металӣ ба фурӯш баромад. Истеҳсоли нитрати қӯрғошим ва кронҳои қурғошимӣ низ яке аз самтҳои пешрафтаи истеҳсолот қарор гирифтанд. Барои эҳтиёҷи мардум истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, аз қабили опали сунъӣ, рангҳои молиданӣ, маснуоти кулолӣ низ ба роҳ монда шуданд. Корхона аз 7 коргоҳи асосӣ ва 7 коргоҳи ёрирасон иборат ва дорои инфраструктураи муҳандисии худ буд. Бо хати роҳи оҳан пайваст аст. Хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ (дар мавзеъҳои Чорқишлоқ ва Матпарӣ), кӯдакистон, истироҳатгоҳи мактабиён ва комплекси варзишию табобатӣ ба кормандон хизмат мерасониданд. Дар пешрафти иҷтимоиёти шаҳри Исфара тавассути бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва иштирок дар таъмиру тармими муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳисса мегузошт.
– Чӣ кор бояд кард, ки чунин як корхонаи бузург ба қавле ба як куҳи оҳанпора табдил наёбад?
– Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корхона бояд ба истеҳсоли дигар навъ маҳсулот рӯй меовард. Зеро ҳар он маҳсулоте, ки дар он давр истеҳсол мешуд, ба пуррагӣ содирот мешуд ва дар дохили кишвар зарурате ба он набуд. Масалан, стронсий фақат ба хориҷ мерафт ва дар хориҷ низ талабот ба он кам буд. Талаботи яксолаи ҷаҳон ба стронсий ҳудуди 100 ҳазор тонна буд. Мо кӯшиш кардем, ки дар он замон дар баробари дигар маҳсулоти содиршаванда истеҳсоли тилло, сурмаи металӣ, содаи калсийдорро ба роҳ монем. Баъдан кони сурмаро хориҷиҳо хариданд ва корхона натавонист ашёи хоми сурмаи ватаниро барои коркард ба даст орад. Ҳоло низ дер нашудааст. Як қисм мутахассисон ҳоло низ дар ватананд. Зеро баъд аз 5-6 сол барои ба кор андохтани корхона раҳбарият маҷбур хоҳад шуд, ки аз хориҷи кишвар мутахассисҳо даъват кунад. Бояд талаботи бозори ҷаҳониро омӯхт, ки ба чӣ чиз ниёз ҳаст. Ҳоло ҷаҳони мутамаддин ба истеҳсол ва истифодаи васеи батареяҳои офтобӣ рӯй овардааст. Дар он пайвастагиҳои кремний, силисий, ки дар таркиби рег мавҷуд аст, истифода мешавад. Рег бошад, дар кишвари мо фаровон аст. Барои пешрафти истеҳсолот олимони ватанӣ, кимиёдонҳо ва физикҳоро аз Академияи илмҳо ҷалб бояд кард.

Роҳбари корхона бояд мутахассиси соҳа бошад!
Барои дарёфти маълумоти бештар бо раҳбари собиқи корхона, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, собиқ муовини Сарвазири кишвар Холисхон Темурҷонов суҳбат оростем. Вай иброз дошт, ки фаъолияти кориашро соли 1965 баъди хатми Донишгоҳи ба номи Менделееви шаҳри Маскав аз корхонаи кимиёи Исфара шуруъ карда, то соли 1975 ҳама зинаҳои камолоти коргариро тай намудааст. Дар ин муддат 8 сол сардори сех буд. Соли 1975 бо роҳи интиқолёбӣ ба заводи металлургии Исфара ба кор гузаштааст. Охири ҳамон сол сармуҳандис таъин гардида, то соли 1978 дар ин вазифа кор кардааст. Моҳи июни соли 1978 директор таъин шуд. Он сол 1200 нафар кор мекард. Солҳои 80-ум то 1900 нафар кадрҳои маҳаллӣ кор мекарданд. То соли 1989 корхона 69 навъ маҳсулот истеҳсол мекард. Баъдан ба корҳои раҳбарӣ гузашт. Дар Исфара, Табошар, Хуҷанд, Душанбе дар вазифаҳои раҳбарикунанда буд. Дубора соли 2002 раҳбарияти корхонаро бар уҳда гирифт ва баъди ду сол, пас аз анҷом ёфтани муҳлати шартнома аз кор рафт. Дар ин ду сол 700 нафарро ба кор қабул карда, ҳама сехҳоро фаъол намудааст.
– Вақте ман омадам, завод 1 миллиону 450 ҳазор доллар қарз дошт. Аз худи Бонки миллӣ 800 ҳазор доллар қарз дошт. Ҳама қарзҳоро пардохтем,- иброз дошт Холисхон Темурҷонов.
– Ҳоло корхонае, ки Шумо чандин сол сарвараш будед, то ҷое дарёфтем, дар вазъи ногувор қарор дорад. Мегӯянд, ки аз ину он мақомот қарзҳои ҳангуфт дорад. Ба фикри Шумо, чӣ бояд кард?
– Барои раҳбарии ин корхона шахси мутахассис лозим аст. Агар худи директор мутахассис набошад, кори корхона пеш намеравад. То ҷое медонам, директори ҳозира асосан ба ҷустуҷӯи инвестор, яъне маблағгузор машғул аст. Шояд одами хуб бошад, дар хариду фурӯш моҳир бошад. Вале мутахассиси соҳа нест. Дар ин корхона ҳама гуна потенсиалҳо, яъне нерӯю иқтидор мавҷуд аст. Таҷҳизоте, ки дар он насб шудааст, ҳама нодир мебошанд. Ҳама аз филизи «нержавейка» – зангназананда сохта шудаанд. Вале бекор мондани корхона сабаби аз байн рафтани кадрҳо шуд. Акнун барои дубора ба пой рост намудани корхона як қувваи бузурге лозим аст, ки мақсадаш аз нав зинда кардани корхона бошад. Бояд дар андешаи худаш набошад. Майлу хоҳиши кор кардан дошта бошад.
– Оё имкон дорад, ки корхона самти фаъолияташро дигар намояд?
– Ҳама чиз имконпазир аст. Корхона пештар маҳсулоти хешро ба Япония, Германия, Амрико (тавассути дигарон) ва дигар кишварҳо содирот мекард. Ҳоло низ харидор пайдо кардан мумкин аст. Танҳо сазовори боварии ҳамкор бояд шуд. Дар миён фиреб ва ягон гапи дурӯғ набояд бошад. Роҳбар ҳаққи гапро бояд бигӯяд ва он чиро, ки шуданист, ваъда диҳад. Маблағгузорон пулро медиҳанд ва сари вақт иҷро кардани шартнома, яъне фиристодани маҳсулотро талаб мекунанд. Агар ваъдахилофӣ кардед, ҷаримабандӣ мекунанд. Оқибат боз муфлис мешавед. Дар шароити бозор як фикри худро набояд кард. Замоне дар анборҳо ба маблағи 800 ҳазор доллар маҳсулоти тайёр мехобид. Харидорон омаданд. Вале чизе нахариданд. Гуфтам, ки сабаб чист, чаро аз харидорӣ даст кашидед? Гуфтанд, ки дар фалон ҷо айни ҳамин чиз 200 доллар арзонтар аст. Ҳисобу китоб кардаму гуфтам, ки бигиреду баред. Дигар, ғами коргарро бояд хӯрд. Вай бояд серу хотираш ҷамъ бошад.

80 нафари бознишастаи интизор нишаста
Ба Исфарамарз сафари хидматӣ анҷом додани моро шунида, бисёр собиқ кормандони Корхонаи металлургии Исфара аз ҳар сӯ муроҷиат ва изҳори суҳбат кардан менамуданд. Маълум буд, ки вазъи кунунии корхона онҳоро сахт мушавваш ва нигарон кардааст. Яке аз онҳо собиқадори кор Дадахон Ҷабборов буд.
– Ман аз соли 1974 ҳамчун коргари одӣ, аппаратчӣ шуда, ба коргоҳи рақами 3 ба кор даромадам,- ба суҳбат оғоз бахшид коргари ботаҷриба.- То соли 2006 кор кардам ва ҳамон сол ба нафақа баромадам. То истиқлолият ҳамаи коргоҳҳои корхона ва муассисаҳои марбут ба он кор мекарданд. Баъдан, бинобар камтаваҷҷуҳии роҳбарони сатҳҳои гуногун коргоҳҳои корхона сол аз сол яке паси дигар рӯ ба харобшавӣ оварданд. Ҳоло, то ҷое медонам, як коргоҳи хурдакак ба истеҳсоли намаки қӯрғошим машғул аст. Дар корхона ҳудуди 30 нафар кор мекунанд.
– Чӣ кор бояд кард?
– Ҳоло низ дер нашудааст. Чанд муддат аз ин пеш собиқ роҳбари мо Абдуҷаббор Катаев бо Зинин ном як нафар сармоягузори рус ба Исфара омаданд. Мо барин бознишастаҳоро ҷамъ карданд. Ба ман пешниҳод карданд, ки ҳама бознишастаҳои дигарро ҷамъ намуда, коргоҳи №1-ро фаъол месозем. Дар навбати аввал 500 нафар, дар семоҳаи дувум 200 нафари дигарро ба кор қабул мекунем. Музди меҳнаташонро дар ҳаҷми 1500 сомонӣ медиҳем. Баъдан қарор буд, ки коргаронро вобаста ба дараҷанокии ихтисосашон ба кор мегиранд. Аризаи коргаронро бо нусхаи шиносномаашон гирифтанду гуфтанд: «Душанбе меравем ва баргашта баъди як моҳ корро шуруъ мекунем!». Вале онҳо рафтанду дигар барнагаштанд.
– Шунидем, ки бинобар аз кор мондани корхона коргарон наметавонанд нафақаи худро бигиранд. Ин дуруст аст?
– Ҳоло ман 266 сомонӣ нафақа мегирам. Ба ҳаминаш ҳам шукр мекунам, ки мегирам. Вале 80 нафар коргарони корхона ба нафақа баромадаанд, аммо ду сол мешавад онро гирифта наметавонанд. Ҳамаи онҳо оила доранд, ки онҳоро пӯшондану хӯрондан лозим аст. Сабаб дар он аст, ки корхона кор намекунад ва аз ин рӯ, ба фонди нафақа андоз супорида наметавонад. Онҳо аз ҳукумати шаҳру вилоят то ба Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа аст. Раиси корхона шояд одами хуб бошад. Вале аз чӣ сабаб аст, ки кораш пеш намеравад. То роҳбар таъин шудани вай корхона ба ҳар ҳол кор мекард.

Вазир чаро тасмиме намегирад?
Яке аз шахсоне, ки 35 соли умри бобаракати хешро сарфи пешрафту музаффариятҳои корхона кардааст, собиқ сартехнологи он Абдуқаҳҳор Раҳимов мебошад. Вай гуфт:
– Ман 35 сол дар корхонаи металлургии Исфара дар зинаҳои гуногун, аз коргари қаторӣ то сартехнолог кор кардам. Бароям сухан гуфтан дар бораи корхонаи мазкур дарднок ва аламовар аст. Корхона тайи солҳои 1974-1986 дубора, дар ҳудуди 90 дар сад бозсозӣ гардид. Он таҷҳизоти навтарини насбгардида ҳамагӣ чор сол кор кард. Ҳар хиште, ки дар ин давра гузошта шуд, ман шоҳидаш будам. То тавонистам, дар кори бозсозӣ ва таҷдиди сохтмони он саҳм гузоштам. Вале замоне расид, ки аз он корхонаи идеалӣ фақат ном монд. Аз соли 2006 то моҳи сентябри соли 2009 кӯшиш кардам, ки корхонаро қисман бошад ҳам, фаъол кунам. Собиқ ҳамкоронро ҷамъ кардам. Сехеро, ки аз даврони шӯравӣ мушкил дошт, ба иҷора гирифтем. Дар давоми шаш моҳ истеҳсолотро ба роҳ монда, маҳсулот баровардем. Онро ба Голландияву Белгия фиристодем. Хулосаи коршиносӣ, муҷаввиз барои таҷҳизот, патент гирифтем. Вале бо ин ҳама кори мо қатъ гардид. Раҳбарият нав шуд. Ӯро пайдо кардан як мушкил аст. Ман ҳайрон аз он ҳастам, ки чӣ тавр раиси як корхонаи бузург дар шаш-ҳафт моҳ як бор ба кор меомадаст?! Дар мавриди фаъолияти корхонаҳои саноатии давлатӣ вазир ҷавобгӯ ва масъул аст. Оё вазир медониста бошад, ки корхонаи гидрометаллургии Исфара дар чӣ ҳолат қарор дорад? Охир, вай ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад! Давлат ба ӯ ин моликиятро бовар кардааст. Корхонаеро бовар кардааст, ки то охири солҳои 80-ум дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягона ва беҳамто буд.
– Ҳоло чӣ кор бояд кард?
– Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди саноати куҳкорӣ равона гардад. Муовини вақти раиси вилоят Абдураҳим Расулов аввали солҳои 2000-ум дар назди ҳукумати вилояти Суғд шӯрои машваратие ташкил карда буд, ки вазифаи асосии он таҳлили захираҳои саноатии вилоят ва ташкил кардани кооператсияи корхонаҳо буд. Яъне, бояд мушаххас шавад, ки кадом корхона то кадом марҳила як корро мекунад ва корхонаи дигар онро давом медиҳад, то мо маҳсулоти худро то ба шакли ниҳоӣ бирасонем. Корхонаи гидрометаллургиро барои коркарди ҳама гуна ҷинсҳои куҳӣ омода кардан мумкин аст. Таҷҳозоти ин корхона аз ҳар нигоҳ ҳаргиз куҳна нахоҳад шуд. Зеро он аз филизи қиматбаҳои титан бо риояи ҳама гуна қоидахои бехатарии фаннию технологӣ сохта шудааст. Ба касе иҷозат набояд дод, то ягон қисме аз он таҷҳизотро бифурӯшанд. Имрӯз ба як сӯм фирӯхта, фардо маҷбур мешаванд онро ба як миллион доллар бихаранд. Дар маҷмуъ агар бигирем, ҳар корхона ба худ мушкили асосӣ дорад. Барои яке менеҷмент, барои дигаре ақлу зеҳни муҳандисӣ, барои савум корчаллонҳо мушкили аввал ба шумор мераванд. Вале барои корхонаҳои бузурге чун заводи гидрометаллургии Исфара будани раҳбари мутахассис авлавият ва шарти аввалин аст. Вай бояд сиёсати қавии молиявӣ ва тими ҳирфавие дошта бошад, ки аз уҳдаи ҳама гуна коркард ва ҷорӣ кардани технологияҳои навин баромада тавонад. Маҳсулоташ доимо дар бозори дохиливу хориҷӣ харидор дошта бошад!

Ҳарфе аз забони раҳбарони кунунӣ шунида нашуд…
Кӯшишҳои мо дар роҳи пайдо кардан, суҳбат намудан ва шунидани дарди дили сармуҳандиси корхонаи гидрометаллургии Исфара Идрисхон Саидов низ бенатиҷа анҷом ёфт. Вақте шумораи телефони ҳамроҳи ӯро мечидем, аз он сӯ хабар меомад, ки «бубахшед, ба рақами гирифтаи шумо хизмат расонида намешавад!».
Дар ин ҳол, якчанд суол посух меҳоҳанд: Оё корхона аз бонкҳои кишвар ва сармоягузорони хориҷӣ қарз гирифтааст? Агар ҳа, он чӣ қадар аст ва барои пардохти он чӣ чораҳо андешида мешавад? Алҳол қарзи корхона дар назди мақомоти андоз, обу барқ, коргарон чӣ қадар аст? Оё раҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз мушкили печ дар печи корхонаи «Тамохуш» – Заводи гидрометаллургии Исфара хабар доранд? Агар хабар дошта бошанд, пас барои ислоҳи вазъ чӣ чораҳо андешидаанд ё андешиданианд? «Тамохуш» раисашро хоб мебинад. Оё раис низ «Тамохуш»-ро хоб медида бошад?!

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

P. S. Бино бар гуфти ҳолдонҳо, он, ки чӣ гуна Турдибек Ҷонмуҳаммадзодаи иқтисодчӣ (хатмкардаи факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон, соли 1993) ва аз ҷодаи металлургия умуман гузар накарда баъд аз хатми фаъолияти менеҷериаш дар ООО «Холбрук»-и Москва соли 2004 яку якбора муовини директори генералии яке аз азимтарин корхонаҳои аҳамияти стратегидоштаи шимоли Тоҷикистон – ҶСШК «Тамохуш – заводи гидрометаллургии Исфара» ва соли 2007 директори генералии ҶСШК «Тамохуш – ЗГМИ» таъин гардид, мавзуи қиссаи дигарест! Ва ҳам, дардномаи садҳо нафар мутахассисони варзидаву кормандони кордону бе ҷойи кор мондаю парешону муҳоҷиргаштаи корхона, таърихчаи хусусигардонии бинои истиқоматии сохтмонаш нотамом мондаи корхона аз ҷониби як корчаллони маҳаллӣ, ки бешак, бидуни ризоият ва мусоидати роҳбарияти заводи фалаҷгардидаистода сурат нагирифтааст, инчунин, аз эътибор соқитнамоии дастгоҳҳои ҳанӯз коршояму фурӯши онҳо ва ҳам бо вуҷуди аз ҷониби мақомот боздошта шудани як мошини пуртаҷҳизот, бе муҷозот мондани Турдибек Ҷонмуҳаммадзодаву кормандони масъулаш пурмуаммо ба назар мерасанд, ки мо ҳатман то кадом андоза ба ҳақиқат наздик будани ин овозаҳоро мавриди пайгириву омӯзишу тадқиқу инъикос қарор хоҳем дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь