Маскуншавии ноҳияҳои баландкӯҳ доимо ҷиҳати муҳими омӯзиши таърихи тамаддуни башарият мебошад. Помири Шарқӣ, ки яке аз минтақаҳои дастнорас ва хунуктарини Осиёи Марказӣ аст, дар тӯли чанд даҳсола таваҷҷӯҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст. Дар баландкӯҳҳои он(дар баландии аз 3000 то 4500 аз сатҳи баҳр) ёдгориҳои бостоншиносии (археологӣ) асри санг боқӣ монданд, ки барои омӯхтани маскуншавии барвақтаи одамони қадим дар минтақа нақши калидӣ доранд.
Минтақаи баландкӯҳи Помири Шарқӣ аз замонҳои қадим макони сукунати одамон будааст. Таҳқиқоти бостоншиносии ин мавзеъ нишон дод, ки одамон дар ин ҷо аз аз давраи палеолит (асри санги қадим) зиндагӣ кардаанд. Дар Помири Шарқӣ бошишгоҳи одамони қадим ёфт шуд, ки тибқи санагузории нав 13 хазор сол пеш, дар охири давраи яхбандии охирин одамон маскун шуда буданд.Инчунин ёдгориҳои асрҳои минбаъда аз аҳди биринҷӣ то асрҳои миёна пайдо шуданд.
Нахустин омӯзиши археологии Помири Шарқӣ дар нимаи аввали асри ХХ шуруъ гардид, вақте, ки экпедитсяҳо бо роҳбарии олимони шинохта, ба монанди Б.А.Литвинский, В. Ранов, В. Жуков ва М.А.Бубнова, ки ба омӯхтани ёдгориҳо ва осори аз ин қаламрав ёфташуда оғоз намуданд. Дар солҳои 30-40 асри ХХ бостоншиносон, ки маконҳои мухталифи минтақаро таҳқиқ мекарданд, бисёр маконҳо, ғорҳо ва дигар ашёҳоро муайян карданд, ки ба давраҳои гуногуни таърихӣ тааллуқ доранд.
Нахустин таҳқиқитҳо барои экспедитсияҳои минбаъдаи археологӣ дар солҳои 70-80-уми асри ХХ асос шуданд. Дар айни замон, ёдгориҳо, аз қабили ғорҳо ва мағораҳо, ки дар онҳо осори фаъолияти инсон, инчунин бозёфтҳои беназири археологӣ, аз қабили олот ва ашёҳо аз устухон пайдо мешаванд, фаъолона омӯхта мешаванд.
Дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши археологии ин ноҳияи баланкӯҳ аз нав оғоз ёфт. Махсусан дар асоси шартномаи ҳамкории ду тарафаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шуъбаи Сибирии Академияи илмҳо Россия аз соли 2018 ин ҷониб экспедитсияи муштарак дар мавзӯъи «Масъалаи маскуншавии минтақаҳои баландкӯҳ» ба Помири Шарқӣ ташкил карда шуданд.
Яке аз қадамҳои муҳим дар рушди таҳқиқоти бостоншиносӣ истифодаи технологияҳои муосир, аз қабили радарҳои ба замин воридшаванда, аксҳои моҳвораӣ ва санагузорӣ усулҳои радиокарбонӣ мебошад, ки имкони омӯзиши макони ёдгориҳои бостоншиносиро ба таври назаррас васеъ кард. Усулшои муосир имконият медиҳанд, ки синну соли объектҳои бостоншиносӣ дурусттар муайян карда шуда, кабатҳои хок ва ҷойгир кардани объектхои маданӣ дар мавзеи кофтуков хубтар омӯхта шавад.
Доир ба хусусияти ҷуғрофӣ ва шароити иқлимии Помири Шарқӣ қайд кардан ҷоиз аст, ки он на фақат бо шароити иқлимии шадид, ҳамчунин бо муҳити нодири табиӣ низ фарқ мекунад.
Баландии миёнаи Помир тақрибан 4000 метр ва қуллаҳои максималӣ қариб ба 7500 метр мерасад. Ба ин баландкӯҳ иқлими континенталии тезу тунд, тобистони кӯтоҳу хунук, шамолҳои сахт ва тез тағйир ёфтани ҳарорат хос аст. Бо вуҷуди чунин душвориҳо ба бостоншиносон муяссар шуд, ки ёдгориҳои нодирро, ки дар давоми ҳазорсолаҳо боқӣ монда буданд, кашф кунанд.
Бояд қайд кард, ки бисёре аз минтақаҳои Помири Шарқиро пиряхҳо гирифтанд, ки ин таҳқиқоти бостоншиносиро душвор мегардонад, аммо аз тарафи дигар, осори ашёро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад. Масалан, дар баъзе ғорҳо ва мағораҳои Помири Шарқӣ бостоншиносон олот ва тасвирҳои рӯи сангиро кашф кардаанд, ки ба муҳаққиқон имкон медиҳад, ки расму оинҳои фарҳангӣ ва динии сокинони қадимии минтақаро ҷиддитар таҳқиқ кунанд.
Яке аз муҳимтарин мавзеъҳои бостоншиносӣ дар Помири Шарқӣ ғори бисёрқабатаи Истиқ мебошад, ки аз дар айни ҳол таваҷҷӯҳи олимонро ба худ ҷалб кардааст. Ғори мазкур дар баландии 4060 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, қабати поёнии он ба дарваи асри миёнаи санг(мезолит) рост меояд.Ин ғор ҳамчун объекти нодир барои омӯзиши маскуншавии барвақтаи одамони қадим дар минтақаи баланкӯҳ аҳаммияти илмӣ дорад. Нахусткашшофи ғори Истиқ В.А.Жуков буда, таҳти роҳбари ӯ дар солҳои 70-80-ум асри ХХ дар ин ҷо ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуданд ва осори манзили одамони қадим, осори фарҳангиву моддӣ аз қабили олоти сангин, устухонҳои ҳайвонот ва осори оташ пайдо шудааст. Ғор як макони муҳим барои шиносоӣ бо давраҳои ибтидоӣ аст ва нишон медиҳад, ки чӣ тавр одамон ба зиндагӣ дар баландкӯҳҳо мутобиқ шудаанд.Илова бар ин, дар Помири Шарқӣ осори давраи палеолит ва мезолит, аз ҷумла олоти сангине, ки барои шикор, коракрди ғизо ва сохтани дигар ашёи рӯзгор истифода мешуданд, ёфт шудаанд.
Мағораҳои Помири Шарқӣ ҳам ҳамчун паноҳгоҳ ва ҳам ҳамчун макони маросимҳо нақши муҳим бозиданд. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки дар баъзе ғорҳо, аз қабили Санги-Кашида ва Каённ Саломат тасвирҳои руии сангӣ аз бо оҳак кашида шуда, мавҷуд буда, аз аҳамияти динӣ ва фарҳангии онҳо шаҳодат медиҳанд. Эҳтимол, ин тасвирҳо як ҷузъи расму оинҳо буданд, ки ба доир ба ҳаёти маънавии одамони қадим маълумот медиҳанд.
Бархе аз ин ғорҳо на танҳо ҳамчун паноҳгоҳ, балки ҳамчун гӯрхона низ истифода мешуданд, ки ин аз сатҳи баланди ташкили сохтори иҷтимоӣ ва маросимии ҷамъияти одамони қадим шаҳодат медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар байни бозёфтҳо на танҳо олоти сангин, балки унсурҳои ҷавоҳирот ва рамзҳо низ ёфт шудаанд, ки метавонанд аз фарҳанги мутараққӣ дар асоси эътиқоди амиқи динӣ шаҳодат диҳанд.
Дар солҳои охир экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон-Россия корҳои ҷустуҷӯиро дар мавзеъҳои ағбаи Найзайтош, водиҳои Куртеке ва Дарвозтош идома доданд. Дар рафти таҳқиқот бозёфтҳои нодир, аз ҷумла бошишгоҳи одамони қадим пайдо гардиданд. Дар давоми корҳои мавсимии корҳои бостоншиносии соли 2023, бостоншиносон ғорҳо ва мағораҳои нав, аз қабили Мағораи Санги Кашида бо навиштаҷоти рӯи сангӣ, ғори Каён Саломат, мағораи Дарвоз-Тош ва ғори Дарвоз-Тош 2 бо навиштаҷоти рӯи сангӣ, тасвирҳои рӯи сангии Ниёзик кашф карданд, ки дар онҳо осори фаъолияти маросимӣ ва ҳаёти ҳаррӯза нигоҳ дошта шудааст.
Яке аз унсурҳои асосии таҳқиқот, таҳлили геологӣ ва палеоботаникӣ буд, ки барои муҳаққиқон имкон медиҳад, ки бифаҳманд одамони қадим барои зинда мондан аз чӣ гуна захираҳои табииро истифода мебурданд.. Дар асоси ин маълумот ба олимон муяссар гардид, ки шароити иқлими давраи сокиншавии Помири Шарқиро аз нав барқарор намоянд ва хубтар фаҳманд, ки сокинони қадимтарини ин минтақа душвориҳоеро, ки табиат ба наздашон гузошта буд, чи тавр бартараф карда буданд.
Таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Помири Шарқӣ минбаъд давом хоҳанд ёфт ва ҳар сол маълумотҳои наве пайдо мешаванд, ки саҳифаҳои муҳимми таърихи инсониятро кушода медиҳанд. Бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқот ва ҳамкории байналмилалӣ, олимон метавонанд ҳарчи бештар санаи рӯйдодҳоро муайян карда, тарзи ҳаёти одамонро барқарор кунанд ва манзараи фарҳангҳои қадимиро дубора эҳё кунанд. Тавассути таҳқиқоти маҷмӯии бостоншиносӣ бо истифода аз усулҳои муосир, метавон бозёфтҳои нави ҷолиберо интизор шудан мумкин аст, ки асрори ин минтақаи баландкӯҳро боз ҳам ошкор мекунанд.
Маснав Наврузбеков, академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Светлана Шнайдер, академияи илмҳои Русия