Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо мақомотҳои он дар маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» фаъолияти худро ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав Султонов Б.М. гуфт, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ ин вазифаҳои асосии кормандони молия ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд. Ӯ қайд намуд, ки маҳз ҳамкориҳои судманд байни кормандони мақомоти молия ва нозироти андози ноҳия мебошад, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Шаҳринав мунтазам таъмин гардида, дар оянда низ боварӣ дорем, ки бо мақсади рушди иқтисодиёти ноҳия ин ҳамкорӣ ривоҷ хоҳад ёфт. Баҳри пешбурди фаъолияти назаррас барои кормандони раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Шаҳринав шароиту имкониятҳои корӣ мувофиқи матлаб мебошад. Раёсати молия бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, шароити кории кормандон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шуда истодааст. Ҳамчунин иброз дошт, ки зиндагии шоистаи сокинон ҳадафи мост

Иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет

Буҷети ноҳия барои соли ҷорӣ ба маблағи 94,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, нисбати даромади соли 2023 13 фоиз зиёд мебошад. Хароҷотҳои пешбинишуда аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба маблағи 43,9 млн. сомонӣ ё дар ҳаҷми 46,5 фоиз ва аз ҳисоби мусоидати молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 49,8 млн. сомонӣ ё дар ҳаҷми 52,7 фоиз пардохт карда мешавад. Касри буҷет дар соли 2024 ба маблағи 757,0 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст, ки аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷет пушонида мешавад. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 108 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 16 млн 768 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 18 млн. 73 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 1 млн 305 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи семоҳаи буҷети маҳаллӣ 107 фоиз таъмин гашта, ба буҷет 11 млн. 301 ҳазору 611 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 745,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии муассисаҳои буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ 4 млн. 186 ҳазору 715 сомонӣ пешбинигардида иҷроиши он бо назардошти хароҷотҳо 4 млн. 454 ҳазору 908 сомонӣ таъмин гардида 106 фоиз ё худ нисбати нақша 268,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра субвенсия аз буҷети Ҷумҳуриявӣ 11 млн 541 ҳазору 352 сомонӣ ворид гардида, 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бо назардошти намудҳои андози воридгардида иҷроиши нақшаи чормоҳа чунин мебошад, аз он ҷумла;

андоз аз даромад – 5.055.819 сомонӣ (106 фоиз);

 андоз аз молу мулк – 2.258.630 сомонӣ (100 фоиз);

андоз аз арзиши иловашуда – 971.851 сомонӣ (95 фоиз);

низомҳои махсуси андозбандӣ – 1.866.890 сомонӣ (105 фоиз);

аксизҳои дохилӣ – 133.000 сомонӣ (100 фоиз);

андоз барои захираҳои табиӣ – 78.897 сомонӣ (83 фоиз);

боҷи давлатӣ – 414.764 сомонӣ (150 фоиз);

воридоти ғайриандозӣ – 521.761 сомонӣ (243 фоиз).

Аз руйи намуди андозҳои банақшагирифташуда иҷроиши сифатнокӣ 5 намуди он таъмин гардида, 2 намуди дигар иҷро нагардид, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда – 5 фоиз (59,0 ҳазор сомонӣ), андоз барои захираҳои табии – 17 фоиз (16,4 ҳазор сомонӣ), дар маҷмуъ 75,4 ҳазор сомонӣ.

Қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 92,2 фоиз иҷро гардида, аз 23 млн. 910 ҳазор сомонии пешбинишуда 22 млн. 040 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст. Қарздорӣ аз музди меҳнати кормандон ва андозҳои вобастагардида вуҷуд надорад. Хароҷотҳо барои фонди музди меҳнат 20 млн 5 ҳазор сомонӣ буда, 90,8 фоизи хароҷоти давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад. Дар ин давраи ҳисоботи хароҷоти умумии соҳаҳои иҷтимоӣ 19,3 млн. сомонӣ мебошад, ки 87,2 фоизи хароҷоти умумиро ташкил медиҳад. Раёсати Вазорати молия бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, идоракунии самараноки молиявӣ таъмини иҷроиши сифатноки буҷети ноҳия, роҳ надодан ба пайдо гардидани бақияпулиҳои нави андозсупорандагон вусъат бахшида, воридоти буҷетро пеш аз ҳама барои таъмини ӯҳдадориҳои аввалиндараҷаи иҷтимоӣ равона намуда, риояи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷотҳои дуюм дараҷаю бесамар таъмин менамояд.

Хизмати софдилонаи кормандон

Кормандони раёсати молияи Шаҳринав ба пуррагӣ ихтисосмандони соҳаи молия буда, дар вазифаи бардӯшдоштаашон содиқона ва софдилона мекӯшанд ба пуррагӣ ичро кунанд ва ҳар як дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» фаъолияти худро дучанд намоянд.

МТЖТ

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь