Мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи “Фараж”  Суғдмеҳр бо номзади илмҳои филологӣ,  Мирзоев Сайфиддин оид ба Суғдиён то ба  водии Яғноб

 “Забони суғдии Яғноб куҳантаърих ва куҳантарин будани миллати тоҷикро исбот намуда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати қадимтарин муаррифӣ менамояд. Ин забонро чун гавҳараки чашм нигаҳ доред ва ҳифз намоед” 

Эмомалӣ Раҳмон

 Тоҷикистон лабораторияи забонҳои қадима ном бурда  мешавад, Шумо ба ин масъала барои  хонандагони  рӯзнома  равшанӣ меандохтед, хеле хуб мешуд.

– Дар ҳақиқат, кишвари мо як минтақаест, ки бештари забонҳои  қадимаи эронӣ, хосатан бунёди куҳани эронидошта дар ин ҷо ҳифз гардидаанд. Гуфтан мумкин аст, ки  ин ифтихори миллати тоҷик аст. Дар ин сарзамин, бавижа  мавзеъҳои кӯҳистонии  он мардумоне  умр ба сар мебаранд, ки решаи онҳо ба забонҳои қадимаву миёнаи забонҳои эронӣ пайваст мешавад. Ин забонҳо имрӯз забонҳои бехату алифбо маҳсуб меёбанд ва ба гурӯҳи  забонҳои шарқии эронӣ дохил мешаванд. Ин забонҳо дар болооби дарёи Зарафшон, аниқтараш дараи Яғноб ва ВМКБ ҷойгир шуда, иборатанд аз: забони яғнобӣ, инчунин бо номи забони суғдии нав  низ маъруфият дорад, идома ва ё яке аз гӯйишҳои забони суғдӣ  мебошад; гурӯҳи  забонҳои  помирӣ, аз ҷумла  шуғнонӣ,  рӯшонӣ,  вахӣ (вахонӣ),  язғуломӣ, ишкошимӣ, бартангӣ. Бесабаб нест, ки  роҷеъ ба ин масъала, имрӯз Президенти  Тоҷикистон  таваҷҷуҳи махсус  зоҳир намуда,  дар бораи муҳимияти махсус  ва арзиши баланд доштани ин забонҳои  куҳанбунёд ва асили тоҷикӣ  чунин ибрози андеша кардааст: “Имрӯз Тоҷикистон  аз ҷиҳати боигарии забонӣ  низ мисли як осорхонаи  таърихии зинда  аст. Чандин забонҳои  қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ  дар Бадахшон ва  яғнобӣ  дар болооби  дарёи Зарафшон  ҳанӯз ҳам мавҷуданд.  Ин забонҳо як лабораторияи  бебаҳои  таърихии забон  буда,  онҳоро ҳифз  кардан  ва ҳарчи  беҳтар  аз  лиҳози  илмӣ,  хосатан этнолингвистӣ  омӯхтан зарур аст”.

Ин гуфтаҳо  аз он шаҳодат медиҳанд ва далели онанд, ки Тоҷикистон  дар ҳақиқат  як озмоишгоҳи  зинда ва осорхонаи  забонҳои  зиндаи  гузаштагонамон  аст.  Албатта,  ин боиси ифтихору  хушбахтии  миллати  ботамаддун ва шаҳрнишин-тоҷикон  мебошад. Бинобар ин,  мо низ имрӯз  вазифадорем, ки  ин забонҳои қадима ва бумиамонро  то ҷои имкон  чун гавҳараки чашм  ҳифозат  намоем ва барои наслҳои ояндаву  минбаъда ба мерос монем.

– Дар Яғноб маҳфуз  мондани  забони яғнобӣ (суғдии нав)  барои таърих  ва тамаддуни  миллати тоҷик чӣ  аҳамияту  арзиш дорад?

– Ҳар халқу миллат, аз ҷумла миллати тоҷик  низ давраҳои дуру дарози таърихиро аз сар гузаронидааст. Дар ин давраҳои тӯлонии  таърихӣ чи қадар забонҳои асили мо,  аз ҷумлаи забонҳои форсии  бостон,  авестоӣ,  забонҳои эронии  миёна-забонҳои эронии нав,  ки имрӯз дар ҶИЭ  забони форсӣ,  дар Афғонистон  забонҳои дарӣ ва пашту,  дар Тоҷикистон  забони тоҷикӣ ба вуҷуд омаданд.  Боиси сарфарозист,  ки дар кишвари мо дар паҳлуи забони тоҷикӣ, забонҳои помирӣ ва яғнобӣ  низ мавҷуд аст, ки  онҳо дар ташаккули  забони тоҷикӣ  ҳамчун пояи ин миллат  нақшу мақоми худро  ба ҷо овардаанд.  Ин забонҳо бидуни  муболиға  далели таърихи  куҳанбунёд будани миллати тоҷикро нишон медиҳанд. Аҳамият ва арзиши ин забонҳо  дар он инъикос меёбад, ки луғоти нодири ин забонҳо  барои кушодани гиреҳи  бисёр мушкилоти таърихӣ, дар мисоли решаёбии калимаҳо  (этимология),  пайдо кардани номҳои  ҷуғрофии  ба насли  имрӯза  номафҳум  кӯмак  расонидааст ва минбаъд  ҳам  хоҳад расонид. Аҳамияти  пурарзиш  ва  бисёр  судманду  муфиди  забонҳои кӯҳистониро,  хосатан забони яғнобиро солҳои  20-уми  асри ХХ  муҳаққиқи олмонӣ,  профессор  Хоннис Шилд,  яъне пас аз ошноӣ ва омӯзиш дарк намудааст ва баъд аз натиҷагирӣ  андешаи худро  воқеъбинона ва бидуни ғараз чунин  баён  намудааст, ки ҳақ ба ҷониби  ин донишманди  нуктасанҷ  ва нозукбин аст: “Забонҳои кӯҳистонӣ  барои забоншиносӣ бисёр  аҳамият доранд. Бинобар ин агар  бигӯям, ки ин забонҳо аз тамоми забонҳои ҳиндуаврупоӣ пураҳамияттар ва омӯхтани онҳо  барои фанни  забоншиносӣ  яке аз масъалаҳои  муҳим аст,  муболиға  накардааст. Яке аз ин  забонҳо  забони яғнобӣ  мебошад”.

Модом, ки донишманди олмонӣ  ба забонҳои кӯҳистонии  мо,  бавижа ба забони яғнобӣ чунин баҳои пурарзиш  додааст,  аз ин ҷо маълум мешавад, ки  омӯзиши  ин забон  мақоми махсус  доштааст. Бинобар ин, забони яғнобӣ ганҷинаи нодирест, ки мо бояд аз он ифтихор  дошта бошем ва онро дар  паноҳи худ  нигоҳ дорем.

– Ба чӣ далелҳои илмӣ  исбот гардид, ки  забони яғнобӣ  идома ва ё яке  аз гӯйишҳои  забони суғдӣ аст?

– Албатта,  ҳар сухан  ва ё  андешае,  ки дар бораи илм  ё чизи  дигаре  меравад, бояд  далели илмӣ  ва қотеона  дошта бошад.  Аз ин ҷиҳат, муҳаққиқоне, ки  ба масъалаи омӯзиши  забонҳои аз байнрафта,  аз ҷумла рамзкушоии   забони суғдӣ  машғул шудаанд,  онҳо низ дар аввал  ақидаҳои гуногун доштанд ва чанд даҳсола ин масъала  масъалаи баҳсталаб боқӣ монд,  чунки матнҳои суғдӣ  аз ҷойҳои дигар пайдо гардида буд, на аз хоки сарзамини Суғд. Ин  масъала ҳангоме ҳалли  худро пайдо кард, ки  аз хоки Суғд  ҳуҷҷатҳои суғдӣ кашф гардиданд.  Пас аз ёфтани  ҳуҷҷатҳои суғдӣ  аз қалъаи кӯҳи Муғ  наздикии деҳаи  Хайрободи  ноҳияи  Айнӣ,  баъд аз муддате  муҳаққиқони суғдшинос онҳоро хонда  ва рамзкушоӣ  карданд,  ки дар тарҷумаи  матнҳои суғдӣ  забони яғнобӣ нақши  махсусро ба ҷо  овардааст.  Барои тақвияти  андешаҳои  худ метавон  аз ақидаи донишманди рус  А. Кристенсен  истифода кард,  ки аз бузургии  забони суғдӣ , махсусан  забони яғнобии  мардуми Яғноб  шаҳодат медиҳад. Ман иқтибосро  аз суханони  ин донишманди  шинохта бо забони асл  меорам,  чунки  дар вақти  тарҷума а хоҳ нохоҳ  шаҳду шарбати  он гум  мешавад: “ Изучение  согдийского языка  сильно  облегчалось,  когда в  Восточном  (Китайском)  Туркистане  были  найдены  части  Нового  Завета,  переведённые на согдийский язык. Кроме того, потом были  опубликованы буддийские тексты, изложенные на ещё более  архаичном  согдийском  языке.  Тогда начали  проникать в понимание  великой  роли,  которую  играл  согдийский язык,  последним  остатком  которого является говор  на  котором  говорят  в долине  Ягноб”.

Ин суханҳо суханҳои  воқеӣ буда,  аз аҳамияти пурарзиши  таърихии  забони  яғнобӣ шаҳодат  медиҳад.  Дар ҳақиқат,  бо шарофати  ин  забони бумӣ ва нодир  гиреҳи  бисёр  муаммоҳои илмӣ,  аз ҷумла рамзкушоӣ  ва тарҷумаи матнҳои  суғдӣ кушода гардид.  Вагарна  ба ин забон  донишмандон,  махсусан муҳаққиқони  суғдшинос  чунин баҳои  баланд  намедоданд. Яъне дар  тарҷумаи  матнҳои  суғдӣ  нақши забони яғнобӣ назаррас  буд, ҳаст ва мемонад.

– Забони суғдӣ  соҳиба  хату алифбо  буд ва кадом  сабабҳо боис  шуд, ки  алифбои ин  мардум  аз  байн  биравад?

– Посухро аз  як  дубайтии  Гулназар  Келдӣ  оғоз  мекунем, ки ба ин  пурсиш  хеле наздик  ва то  ҷое  ҷавоб  ҳам  шуда метавонад:

Андеша макун  ба  чашми  ман  хоб омад,

Ё бар раги ҷӯйи хушки ман об омад.

Суғдии ҳазорсола! Мурдам зи  ғамат,

То нолаи ту аз дили Яғноб омад.

Дар ҳақиқат, беш аз ҳазор сол  ин забон ба ёди  фаромӯшӣ  рафта буд  ва аз нигоҳи донишмандон  низ пинҳон буд. Хушбахтона, пас аз хомӯшии ҳазорсола  нола ва ё шеваи  нобу ширини суғдӣ,  ки кӯҳҳо  ин амонатро дар синаи  худ  нигоҳ  медоштанд, берун омад.  Вале хеле  ва хеле  дер шуда буд. Бо вуҷуди он ки забон  байни кӯҳҳо, аз шимол  силсилакӯҳҳои  Зарафшон  ва аз ҷануб  қаторкӯҳҳои Ҳисор  қарор дошт,  бо шарофати  ин кӯҳҳо забон маҳфуз монд,  вале хатту алифбо фаромӯш гардид.  Сабаб истифода нашудани он аст.  Ба ҷои ин хат  дар ин давраи  дуру  дарози  таърихӣ алифбои арабиасос ба кор мерафт ва оҳиста-оҳиста  ташаккул ёфта, ҷойгузини он гашт. Зинда мондани забон ҳам  барои насли имрӯзаи мо  давлати бузург  аст, агар мардум  байни кӯҳҳо  ва роҳҳои  душвор  қарор  намедошт, барвақт аз байн рафта, ба гурӯҳи  забонҳои мурда  ворид  мешуд:

Бо ҳукми Худо тайи ризо дар нагирифт,

Бо халқ ба ҷуз рӯйи риё дар нагирифт.

Ҳар ҳила, ки бо  тасарруфи ақл омад,

Кардем, валек бо қазо  дар нагирифт.

Дубайтии ёдшуда ба килки Малик Калони Яғнобӣ тааллуқ  дошта,  ӯ беш аз чаҳорсад сол пеш аз мо умр ба сар бурдааст. Аз ин дубайтӣ чунин ба мушоҳида мерасад, ки  ӯ хаттоти  моҳир  ва чирадаст буда,  баъзан шеър ҳам меофаридааст. Санадҳои таърихӣ хоҳ дар коғаз навишта шуда бошанд, хоҳ рӯйи  санг ё чӯбу тахта ҳаккокӣ гардида бошанд, шаҳодатномаи халқанд. Дубайтии мазкур  дар рӯйи  санг  бо  хатти бисёр  зебо канда шудааст, ки  асрҳо ин ҷониб наслҳои  гузашта,  имрӯза, ояндаву  минбаъда  сари мазмуни он  ба андеша  хоҳанд рафт.

Гӯё хаттоти  чирадаст  Малик  Калони  Яғнобӣ пешомади  халқи худро эҳсос  намуда, чорсад сол пеш ҳодисаву  воқеаҳоеро пешгӯӣ  карда бошад, ки қариб буд  боиси аз байн рафтани забони ин мардум низ гардад.

– Муҳоҷирати иҷбории  солҳои 1969-1970 ва  паёмадҳои  нохуши он  ба  забони яғнобӣ  чӣ зарбае расонид?

– Чуноне аз таърих ва гардиши айём  маълум аст, толеъ ба мардуми Яғноб  чандон  созгор набудааст. Онҳо ҳамвора  ба мушкилоти зиёди  зиндагӣ  ва фарҳангӣ  рӯ ба рӯ  гаштаанд.  Сабаби асосӣ  ҳамин буд, ки  ин мардуми суғднажод  дар як давраи кӯтоҳ  аз макони аслии хеш  ҷудо  шуда,  паҳну  парешон гардиданд. Солҳои 1969-1970 роҳбарони нотавонбин ва кӯтоҳандеши аз таъриху тамаддуни ин мардуми  куҳанбунёд бехабар  мардуми на он қадар зиёди  ин сарзаминро, ки маҳз забони суғдии нав  (яғнобӣ)  дар ин ҷо ҳифз шуда зӯран ба дашти тафсону шӯрзамин ба ноҳияи навбунёди  Зафаробод  муҳоҷир карданд. Нафароне, ки  намехостанд ба диёри худ кӯч банданд, дасту пои онҳоро баста ба дохили вертолиёт мепартофтанд. Дар ин солҳо Яғнобдара аз 32 деҳаи зебову обод  иборат  буд ва наздики 4000 аҳолӣ  дошт. Аз ин  миқдор  мувофиқи  рӯйхати  муҳоҷиркунонӣ  3194  нафарро ба ноҳияи  Зафаробод  бурданд.  Боқимонда  аз  “иқдоми роҳбарони давр” пай бурда,  пеш аз оғози  муҳоҷиркунонӣ  худ ва аҳли хонаводаашонро ба Душанбе  ва бархе  аз  деҳаҳои  Варзобу Ҳисор расониданд. Ҳамин тавр,  як ҷои  ободу  зебо, ки  мардуми поктинат, меҳмоннавоз ва аз ҳама  муҳимтар  нигоҳдорандаи  забони аҷдодӣ-забони суғдӣ, дар муддати хеле кӯтоҳ  ба кулли валангор  гардида, ба чарогоҳи тобистона табдил ёфт. Он роҳбарони давр  бехабар аз он буданд, ки мардуми ин сарзамини таърихан  бузург ва нодир,  махсусан забонашон дар гузашта  дар масири шоҳроҳи  “Абрешим” Шарқро бо Ғарб  мепайваст.  Аз ин рӯ, забони суғдӣ вазифаи забони  байналмилалии тиҷоратро  иҷро мекард. Бинобар ҳамин,  ҳифзи забони суғдӣ, махсусан дар  ин давраи душворгузар, ки дар иҳотаи  кӯҳҳо  қарор дошт, ба осонӣ боқӣ намондааст. Аз гардиши айём  ва сарчашмаҳои  таърихӣ  маълум аст, ки  забони суғдӣ якҷо бо мардумаш  дар ҳар давру замон  таҳти фишор  қарор дошт ва пайваста  ба душвориҳои  мураккаби  сиёсиву  таърихӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Албатта,  парешониву  парокандагӣ  ба забон, расму русум бетаъсир намемонад. Сарҷамъиву  муттаҳидӣ ин нишонаи  ҳифзи забон  ва суннатҳои маҳаллист, ба вижа  он ҷо ки  хуни ноф  рехта  бошад, яъне диёри аҷдодӣ. Пас аз пароканда ва ба ҳар тараф  парешон шудану  аз диёри аҷдодӣ ҷудо шудан ба забони яғнобӣ  таъсири манфии худро расонид. Бисёр калимаҳои бунёдӣ  ва тахассусӣ, ки маҳз дар Яғнобдара  ба вуҷуд омада  ва ба табиат, кору фаъолият,  расму русуми ин ҷо мувофиқат мекарданд,  аз байн рафтанд ва ё бархе аз онҳо дар ҳоли аз байн рафтананд. Аз ин сабаб,  мо ба суханони шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ, ки бо номи “Ба яғнобии ватанхароб”  маъруфият дорад, тақвият  бахшида мегӯем:

… Гӯри онон, ки чунин хонахаробат карданд,

Ҳеҷ обод мабод!  Ҳеҷ обод мабод!  

Пас аз гузашти солҳо  бархе аз яғнобиҳои  меҳнапараст,  ки нобудшавии  суннатҳои маҳаллӣ  ва забонро эҳсос мекарданд ва пай мебурданд, забон, расму  русум хоҳ нохоҳ  оҳиста-оҳиста  ба ёди фаромӯшӣ  хоҳад рафт. Ба ҳамин хотир,  барои аз байн нарафтани  забони қадимаи аҷдодӣ,  урфу одатҳо  ва муҳимтар  аз ҳама  фурӯзон  кардани чароғи  хомӯшгардидаи  авлодони  суғдӣ  шуморе аз яғнобиҳо ба ватанашон баргаштанд ва шиорашон ин буд:

Шавим чироғт олхашоним,

Тик хутаннот лаксоним.

(Равем чароғҳо фурӯзон кунем,

Боз осиёбҳо гардон кунем.)

– Ба андешаи Шумо барои чӣ дар шаҳри Душанбе  ва ноҳияҳои гирду атрофи он  кам яғнобиҳое ёфт мешаванд, ки бо забони  яғнобӣ  суҳбат  мекунанд, аммо дар ноҳияи Зафаробод бо вуҷуди бархурди  шадид, ё байни  забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ қарор доштан мақоми худро нигоҳ доштааст.

– Ҷое забон ташаккул меёбад, ки мардуми он ҷо  соҳиби ин ё он забон бошад. Дар Душанбе  ва ноҳияҳои гирду атрофи он  яғнобиҳо ба таври  пароканда байни мардуми дигар умр ба сар мебаранд. Ё бо тоҷикзабонону ӯзбекзабонон издивоҷ кардаанд, ки ин боиси  фаромӯшии забон  гашта  бошад. Он ҷое, ки  мардум  сарҷамъ  зиндагӣ мекунанд,  забон  умри тӯлонитар мебинад. Чун дар ноҳияи Зафаробод мардуми Яғноб сарҷамъанд, аз ин рӯ дар он ҷо мардум бо забони модарии худ гап мезананд. Инчунин баъзе тоҷикзабонон ва ӯзбекзабонҳо, ки байни мардуми маҳаллии яғнобӣ  зиндагӣ мекунанд, бо забони яғнобӣ  гуфтугӯ мекунанд. Сабаби дигари коҳиш ёфтани  забон,  ин бехату алифбо  будан  ва дар мактабҳо  нахондани ин забон  мебошад. Яъне забони яғнобӣ  дар шароити имрӯза  як забони хонаводагӣ  шуда мондааст.

 – Оё шумо маълумоте дар бораи шумораи  яғнобиҳо дар ихтиёр доред?

– Албатта, шумораи дақиқи мардуми Яғнобро гуфтан мушкил аст.  Мушкилоти асосӣ дар он аст, ки имрӯз  ин мардуми камнуфуз ба ҳар тараф чошу  парешон  гаштаанд.  Чун то соли 1970  мардуми Яғноб дар худи ин минтақа сарҷамъ зиндагӣ мекарданд ва қисми дигар дар ҷойҳои мушаххаси шаҳри Душанбе ва бархе аз деҳаҳои ноҳияҳои Варзоб (махсусан, Зуманд, Гароб, Сафедорак, Кӯктеппа…),  Ҳисор (Мавлонҷар) умр ба сар мебурданд, ба қайд гирифтанашон душворӣ ба миён намеовард. А. Л. Хромов,  ки ба пажӯҳиши забони  яғнобӣ машғул буд, шумораи онҳоро  дар худи Яғноб  беш аз 4000 ва берун аз он 600  нафар  нишон додааст. Аз ин вақт  беш  аз панҷоҳ сол гузаштааст, ки  шумораи  онҳо хеле зиёд гардидааст. Дар ноҳияи Зафаробод  наздик ба  10 000 нафаранд ва боз ба ҳамин  миқдор  агар  дар ҷойҳои  дигари  кишварамон  ва  берун  аз он, бавижа ФР бошанд, 20 000 мешавад ва ё каму зиёд.

– Ба андешаи Шумо чӣ бояд кард, ки ин забони куҳанбунёди миллати тоҷик аз байн наравад ва умри тӯлонитар бинад?

– Маълум аст, ки вазъи имрӯзаи забони яғнобӣ ва гурӯҳи забонҳои помирӣ зери хатар қарор доранд. Бо вуҷуди ин, моро лозим ва зарур аст, ки ин забонҳои куҳанбунёдро то қадри имкон мисли силсилакуҳҳои Зарафшону Ҳисор ва Бадахшон дар паноҳи худ нигоҳ дорем ва бо ҳамин восита ин забонҳоро дар ҳамин шакл ба наслҳои ояндаву минбаъда ба мерос гузорем, чунки ин забонҳо сарвати нодир ва таърихи  зиндаи гузаштаи  миллати тоҷик мебошанд. Бинобар ҳамин, пешниҳод мекунам, ки барои ин забонҳои қадима ва таблиғи онҳо ним саҳифаи рӯзномаи ноҳияи Зафаробод ба забони яғнобӣ бахшида шавад, чунки тавассути мардуми муҳоҷири Яғноб ин ноҳия маъруфият пайдо кардааст. Агар номи ин ноҳия ба номи ин мардум номгузорӣ шавад, боз хубтару ба мантиқ ва мувофиқи матлаб мебуд. Хуб мебуд, дар мактабҳо, он ҷойҳое, ки ин мардум сарҷамъ зиндагӣ

мекунанд, дар мисоли Яғноб, ноҳияи Зафаробод, дар бархе аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб забони яғнобиро дар паҳлуи  забони давлатӣ ба барномаи дарсӣ дар ҳаҷми ду соат дар ҳафта, то синфи чорум дохил мекарданд. Ҳадафи ин пешниҳод ва дархост аз ҲҶТ ва махсусан Вазорати маориф ва илми ҶТ аз он иборат аст, ки ин масъала маҳз, бо дӯстиву рафоқати байни халқияти  миллатҳо, инчунин дар рӯҳияи меҳандӯстиву инсонпарварӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷавонон аст, ки ба Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030 (банди 29) мусоидат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь