Сохтмони бинои муассисаи таълимии №44-и деҳаи Далёни ноҳияи Деваштичро ба қатори сохтмонҳои бузурге ба монанди девори бузурги Чин дохил кунем ҳам, муҳобот намешавад.

Ба хонандаи ҳафтанома маълум аст, ки нисбати тӯлкашии сохтмони ин муассиса дар ҳафтанома аз 21.10.2020, №43(725) мақола бо номи “Мактаби гӯшти уштурхӯрда” чоп шуда буд. Шояд таъсири ин мақола бошад ё муроҷиати ҷомеаи меҳнатии ин муассиса ба Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2020, №41 ва ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми октябри соли 2020, №37, ки ба сармои зимистони соли 2020 нигоҳ накарда, дар муассиса корҳои сохтмонӣ оғоз гардид. Дар давоми моҳҳои ноябр ва декабр аз маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд якчанд мошини азимҷуссаи бо ном “Миксер” 150 – 160 тонна бетони тайёркардашударо оварданд ва 70 – 80 %-и корҳои бетонрезӣ иҷро карда шуда, сохтмончиён то моҳи апрел ба истироҳат рафтанд.

Моҳи апрели соли равон гуруҳи дигари сохтмончиён (5 – 6 нафар) корро оғоз намуда, боқимондаи корҳои бетонрезиро ба охир расонида, пас аз корҳои тахту ҳамворкунӣ ба хиштчинӣ оғоз намуданд.

Инак, 5 моҳ мешавад , ки онҳо хишт мечинанду ҳеҷ не, ки ошёнаи якуми бино (муассиса 3-ошёнагӣ бояд бошад) буд шавад.

Сохтмончиён дар аввал 15 – 16 нафар бошанд, ҳоло 4 нафаранд, ки 2 нафарашон прораб ва бригадиранд.

Вақте ки як соҳибкор барои сохтмони хонаи истиқоматии худ аз 15 – 20 нафар сохтмончӣ истифода мебарад, магар муассисаи таълимие, ки барои 640 нафар хонанда сохта мешавад, бо 3 – 4 нафар сохтмончӣ сохта ба истифода дода мешавад? Ба болои ин, сохтмончиён ба мисли зарфҳои яккарата иваз шуда меистанду бо кушодашавии роҳҳои ҳавоӣ аксари онҳо ба Федератсияи Русия ба кор рафтаанд.

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Қурбон 1 рӯз истироҳат дошта бошад, сохтмончиёни мо 15 рӯз ба истироҳат рафта буданд. Санаи 2-юми сентябри соли равон ба муносибати ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалҳои зисташон рафтанду аз онҳо то ҳол дараке нест. Дар атрофи сохтмон бошад, гову гӯсфандони сокинон чарида гаштаанд, зеро сохтмон бо деворҳои сохтмонии муваққатӣ ҷудо карда нашудаасту масолеҳои бинокорӣ (хишт, семент, арматура ва ғайраҳо) атрофи сохмонро “ороиш” медиҳанд ва ҳар роҳгузаре хоҳад, медарояд, чизе хоҳад, мебарад.

Иншооте, ки ҷашнӣ буду мебоист дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешуд, нотамом монда, ҳамагӣ 15 – 18 % корҳои сохтмонӣ иҷро шудаасту халос, гарчанде аз иҷроиши 35 – 40 % корҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кардаанд. Агар 5 – 6 соли охир чуқуриҳои зербино ба ҷои рустшавии хонандагони хурдсол табдил гардида бошад, имсол деворҳои нотамом ба ҷои пинҳоншавии хонандагони дарсгурез табдил меёбад.

Афсӯс, сад афсӯс, ки имсол ҳам соли нави хонишро дар бинои садамавӣ оғоз намудему аз рӯй додани ҳодисаҳои нохуш ( заминларза, барфи баланд) дар тарсу ҳаросем, зеро зери боми ин бинои садамавӣ 880 нафар дустрӯякон таҳсил мекунанд. Имсол ҳам дуои пирон мустаҷоб нагардид. Ба умеди он, ки муассиса тезтар ба истифода дода шавад, то имрӯз 2 маротиба (соли 2019 ва 2021) шахсони саховатпеша 2 қӯчқори пеши бозорро хун карда, бо дуои пирон ба сохтмончиён барори кор хоста буданд.

Инчунин, барои он, ки яке аз сохтмончиён ба хӯрокпазӣ машғул нагардад, мардуми деҳа ҳар рӯз (агар сохтмончиён бошанд) хӯроки нисфирӯзиро бо навбат аз хонаҳои худ меоварданд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки “як рӯзи баҳор пур кунад анбор”. Вақте ки рӯзҳои гарм ва дарози баҳору тобистонро сохтмончиён дуруст истифода набурданд, дар рӯзҳои хунук ва кӯтоҳи тирамоҳу зимистон чӣ кор кардан мумкин аст?

Дар атрофи сохтмон барои сохтмончиён ҷои хобу зист мавҷуд набуд. Онҳо аввал дар меҳмонхонаи муассиса, ки барои омӯзгорони аз дур меомада сохта шудааст (300 метр дур аз сохтмон), хоб мерафтанду бо тамом шудани соли хониш дар яке аз синфхонаҳо шабро рӯз мекарданд.

Хотирнишон менамоям, ки сохта ба истифода додани бинои нави муассиса аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда, пудратчӣ Идораи сохтмони асосии вилоят “Суғд сохтмон” мебошад.

Мо, ҷомеаи меҳнатии муассиса аз кашолкории сохтмони муассиса руҳафтода набошем ҳам, ба талаву тороҷ шудани маблағи барои сохтмон ҷудошуда диламон месӯзад, зеро истифодаи самарабахши буҷаи давлатӣ ба пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон асос хоҳад гузошт.

Афсӯс, сад афсӯс, он чормағзҳое, ки кисаи мо – омӯзгорону хонандагонро бо умеде, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимиро месупорем гуфта, пур карда буданд, аз таъсири гармои имсола ва паҳншавии вируси COVID-19 пучи пуч баромаданд!

Зиёдулло ДОДОБОЕВ,

директори МТМУ №44 ба номи Холмат Боеви ноҳияи Деваштич

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь