Соҳаи илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, дар ин радиф Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин соҳаи муайянкунандаи роҳи фардои ҷомеа аҳамияти басо хос медиҳад. Зеро пешрафти минбаъдаи ҳар давлат маҳз ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди илму маориф ва таъкидҳои пайвастаашон бобати баланд бардоштани мақоми соҳаи маориф дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, такомули ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, башорат аз ғамхорӣ ва дилсӯзиҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Дониш – силоҳи мутахассисони фардо

Зимни суҳбат Шоҳида Мукаммалзода – мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо ёдоварӣ аз талошу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат зикр намуд, ки бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат имрӯз нақшаи куллии ислоҳоти соҳа ҷиҳати ҳарчӣ бештару зудтар ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҳалталаби соҳаи мактабу маориф фаъолона амалӣ гашта, ҳамкории судманди муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, сарпарастон, шахсони саховатманд ва ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ рӯз аз рӯз густариш ёфта истодааст. Мавсуф дар идомаи суханони хеш ҳамчунин афзуд, ки:

– Қобили тазаккур аст, ки дар зарфи 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ  якчанд марҳилаи ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ гардида, ҳамзамон, навсозии инфрасохтори соҳа, такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, низоми нави омода намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар раванди татбиқ қарор дорад. Дар баробари ин, гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ имкон фароҳам овард, ки ба низоми маорифи кишвар як қатор дигаргуниҳои куллӣ ворид карда шаванд. Ҳамрадиф бо ин, тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ масъалаҳои вобаста ба дастрасии баробар ба илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои мухталиф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати ҷавонону наврасон тадриҷан ҳаллу фасл шуд. Фаромӯш набояд кард, ки асоси пешрафти ҳар як кишвар аз сатҳи саводнокии мардум, бахусус ҷавонону наврасони он вобаста мебошад. Зеро насли бомаърифат қудрату тавоноии давлату миллат мебошад. Давлате, ки мардумаш соҳиби донишу маърифати баланд нест, ҳеч гоҳ пурқудрат нахоҳад шуд.

Идомаи ободкориҳову созандагиҳо

Баробари ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Тоҷикистон дар кишвар  ислоҳоти куллии  соҳаи маориф оғоз гардида, барои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ низ шароити мусоид фароҳам гардид. Ин аст, ки сол аз сол пояи моддӣ – техникии муассисаҳои сощаи маорифи ноҳия  мустаҳкам гашта, Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим сохтмони бинои мактабҳои нав дар МТУА №49 -и деҳаи Падруди Ҷамоати деҳоти Шинг, МТМУ №113 -и деҳаи Тагоби халқи Ҷамоати деҳоти Ворӯ, МТМУ №38 -и деҳаи Яккасадаи Ҷамоати деҳоти Саразм, махаллаи Навбунёди Фушуни деҳаи Ёрӣ, МТМУ №116 -и деҳаи Рӯди Обноки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ  ва МТМУ №47 -и шаҳр идома дорад.

Ҳамчунин, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи №94, деҳаи Пушти Қурғони  Ҷамоати деҳоти Моғиён (6 синфхона), дар назди МТМУ №117 -и деҳаи Зебони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан (6 синфхона), дар назди МТМУ №46 -и деҳаи Шингаки Ҷамоати деҳоти Хурмӣ (2 синфхона), дар назди МТУА №5 -и деҳаи Саври Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан (8 синфхона) ва дар назди МТМУ №58 -и деҳаи Дашти Маллаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина (6 синфхона)    дар арафаи мавриди истифода қарор додан мебошад.

Дар баробари ин, дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ  ва аҳолии деҳа сохтани муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин дар назар аст, ки то интиҳои соли 2021 аз тарафи ҶДММ “Маърифатпарвар” ду кӯдакистони хусусӣ  бо фарогирии 240 нафар кӯдак бунёд гардад.

Боиси хушнудист, ки дар соли нави таҳсили 2021-2022 дар маҳаллаи навбунёди Ҳавзаки деҳаи Бостондеҳи Ҷамоати деҳоти Саразм мактаби нав сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи №60 -и деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ (8 синфхона), дар назди МТМУ №5 -и деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош (8 синфхона), дар назди МТМУ №24 -и деҳаи Куҳдомани Ҷамоати деҳоти Саразм (5 синфхона), дар назди МТМУ №84 -и деҳаи Чиларчаи Ҷамоати деҳоти Саразм (3 синфхона), дар назди МТМУ №19 -и деҳаи Майкадаи Ҷамоати деҳоти Амондара 4 синфхонаи иловагӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки:

– Махсусан, дар солҳои охир баҳри обод намудани муассисаҳои таълимии деҳаҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Чунончи дар деҳаҳои Нофин, Марғузор ва Ҳафтрӯди Ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаҳои Артуч ва Яккахонаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаҳои Пушти Қӯрғон ва Моғиёни Ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаҳои Шӯрнова, Бостондеҳ ва шаҳраки Саразми Ҷамоати деҳоти Саразм, деҳаи Сарикамари Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, маҳаллаи Ғелониёни Ҷамоати деҳоти Фароб  мактабҳои нав сохта ба истифода дода шудаанд. ВА дар баробари ин, таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ низ дар ин миён бо сифати хело хуб ба анҷом расид.

Рушди сармояи инсонӣ

Ба андешаи Шоҳида Мукаммалзода:

– Камоли сарбаландист, ки фаъолияти шоистаи омӯзгорону мураббиёни шаҳри Панҷакент дар партави ҳидоятҳои шоистаи Сарвари маорифпарвару хирадпешаи кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба фатҳи қуллаҳои баланди илму фарҳанг ва ҷаҳонишавии таҳсилот муваффақ гашта истодаанд. Бо итминон метавон изҳор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зиннаҳои таҳсилот муассисаҳои таълимӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот 40 кабинети фаннӣ амал мекунанд. Ҳамин ҷо бояд қайд намуд, ки дар се соли охир аз ҳисоби маблағҳои сметаи хароҷот ҳамин 40 кабинети муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шуда, боз барои харидории 30 кабинети фаннӣ ба раёсати молия дархост пешниҳод гардидааст ва бояд ҳалли худро ёбад.  Кор дар ин самт идома дорад.

Феълан ташкили кабинет ва лабораторияҳои намунавӣ оид ба фанҳои технологияи компютерӣ, мутобиқ намудани онҳо ба техника ва технологияи соҳаҳои ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар нуҳ моҳи соли 2021- ум 6 нафар омӯзгор аз курси бозомӯзии такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ, 54 нафар омӯзгор аз курси бозомӯзии такмили ихтисоси вилоятӣ ва 240 нафар аз курси бозомӯзии такмили ихтисоси шаҳрӣ  гузараштанд. Дар баробари ин, беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи хонандагон ва бозомӯзии омӯзгорон бо назардошти иттилооткунии соҳаи маориф тавассути татбиқ намудани технологияиҳои нави коммуникатсионӣ курсҳои бозомӯзӣ ташкил шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент китобхонаи электронӣ бунёд намуда,, дар он сабти вариантҳои китобҳои электронӣ дар дискҳо ба забони давлатӣ, инчунин аз рӯи зарурат ба забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шудааст.

Хиштҳои устувори бинои ташаккули шахсият

Мусаллам аст, ки дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини  бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд. Аз ин сабаб, Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар фаъолияти рӯзмарраи худ ба зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Ба ин тартиб маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди бемайлони кӯдакистон ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ ба назар мерасад.

Айни ҳол, миқдори муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 18 адад аст, ки аз он 12 -то дар назди Шуъбаи маориф, 2 адад дар назди корхонаҳо ва 4 адад хусусӣ мебошанд. Шумораи умумии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 3296 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин  дар назди 24 муассисаи таҳсилоти умумӣ Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 701 ғунчаҳои боғи дониш амал  мекунад, ки ин навъ таҳсилот ғайрианънавӣ мебошад.

Тафаккури техникии хонандагон боло меравад

Пешвои миллат ҳамеша зимни баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки «То замоне, ки мо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ғамхориву дилсӯзӣ зоҳир накунем, истифодаи васеи дастовардҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияи муосирро ба роҳ намонем, пешрафти иқтисодии Ватани азизамонро ба таври дилхоҳ ва зарурӣ таъмин карда наметавонем».

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр ягон адад компютер набуд ва нафақат шогирдон, ҳатто устодони онҳо аз технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир бехабар буданд. Бо мақсади барҳам додани ин ҳолат ва ҷорӣ кардани технологияи муосир то ин дам дар ҷумҳурӣ се маротиба Барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда, дар натиҷа сол аз сол тафаккури техникии хонандагону омӯзгорон боло рафта истодааст. Имрӯз ҳар як фарзанди тоҷик метавонад бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамон ҳоҳ дар хона ва хоҳ дар муассисаи таълимӣ аз илму маданият ва тафаккури пешрафтаи ҷаҳон бархурдор бошад. Ҳамин тариқ, айни ҳол аксари муассисаҳои таълимӣ дорои кабинети технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мебошанд. Дар муассисаҳои шаҳр 139 синфхонаҳои компютерӣ мавҷуд мебошанд, ки дорои 1639 компютер мебошанд. Дар давоми нуҳ моҳи  соли 2021 аз тарафи муассисаҳои таълимӣ 48 компютер харидорӣ карда шуд. Ҳоло дар шаҳр шумораи хонандагони синфҳои 5-11  34522 нафар мебошанд. Ба 21 нафар хонанда 1 компютер рост меояд,  Ҳамин тариқ, дар муассисаҳои таълимӣ 289 принтер, 31 тахтаи электронӣ, 55 проектор, 970 камераи назоратӣ мавҷуд мебошанд. Татбиқи барномаҳои соҳавӣ идома дорад.

Ҷилои истеъдодҳо

Ҷиҳати иҷрои барномаи давлатии «Дарёфт ва рушти истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014, №353, фармони мудири Шуъбаи маорифи шаҳр №125 аз 07.08.2014 тасдиқ гардида, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудаанд. Дар ҳамин замима Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо шуруъ аз 01.07.2016 дар назди Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент таъсис ёфт ва  фаъолияти худро ба роҳ монд. Ҳадафи асосии ташкили маркази мазкур рушди истеъдод, бедор намудани хоҳиш ва майлу завқи наврасон ба донишомӯзӣ, фарҳанг, варзиш ва касбомӯзӣ буда, дар ҳайат сохтор директор ва 2 мутахассиси пешбар кору фаъолият мекунанд. Барои пешбурди фаъолият, марказ дар назди Шӯъбаи маорифи шаҳр таъсис дода шуд.

Муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошанд. Кумитаи волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои дӯзандагӣ ҳамасола оид ба дӯхтани либосҳои мактабӣ шартнома ба имзо мерасонанд.

Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати боло бурдани сифати омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ: русӣ, ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ бо хонандагон, ташкили рӯзҳои маориф бо мақсади ёрии методи расонидан ба омӯзгорон, гузаронидани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос, курсҳои салоҳиятнокӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, дарсҳои кушод  ва ғайра мебошад.

Айни замон барои зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 1140 тонна (100%), аз ҳисоби сарпарастон, Кумитаи падару модарон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони саховатманд 430 тонна (100%) ва дар маҷмуъ) 1741 тонна ангишт захира карда шудааст, ки 102% нақшаро ташкил медиҳад. Муассисаҳои таълимӣ 100% шишабандӣ карда шудааст.

Хонандагони номовари Панҷакент

Яке аз омилҳои пешрафти соҳаи маориф ва дастовардҳои калони меҳнатии ҷомеаи омӯзгорону хонандагон вобаста ба таъминоти кадрӣ  буда, Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент тайи солҳои охир ҳамаи муассисаҳои таълимиро бо кадрҳои сохибмаълумоту соҳибихтисос ба пуррагӣ таъмин намуд. Соли равон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4929 нафар омӯзгор пурсамар фаъолият намуда, ба 67677 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд.

Ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент иштироки хонандагони макотиби шаҳр дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар мусобиқаву озмунҳои сатҳи шаҳриву минтақавӣ ва байналмилалӣ сол аз сол самарабахш гашта, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли 2021дастовардҳои соҳаи маориф чунин аст: Дар олимпиадаи фаннии номии вилоятии хонандагони синфи 11 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик хонандаи Гимназияи давлатии деҳаи Ғӯсар Муҳаммадиева Шифо соҳиби ҷойи дуюм, аз фанни забони англисӣ хонандаи МТМУ №71 -и шаҳр Раҷабова Малика соҳиби ҷойи дуюм, аз фанни математика хонандаи МТМУ №49 -и деҳаи Дашти Қозӣ Муҳаммадиев Ҳидоятулло соҳиби ҷойи якум гардиданд.

Дар олимпиадаи фаннии даставии вилоятии хонандагони синфи 10 бошад, аз фанни химия хонандаи МТМУ №49 -и деҳаи Дашти Қозӣ Бозорзода Абдуазиз ҷойи дуюмро сазовор гардид.

Қобили тазаккур аст, ки дар олимпиадаи давраи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони синфи 8 аз фанни забон ва адабиёти рус хонандаи МТМУ №1 Нарзиева Шаҳло ба гирифтани ҷойи дуюм, аз фанни физика хонандаи МТМУ №49 Бадалзода Раҷаббой низ ба ҷойи дуюм, аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ хонандаи МТМУ №49 Гулмираи Беҳзод ба ҷойи сеюм ноил гардида, дар олимпиадаи номӣ ва даставии ҷумҳуриявӣ 9нафар бо дархост соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Ҳамчунин дар даври ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфи 11-ум 3 нафар, дар даври ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфҳои 5-8 -ум 2 нафар ва дар даври ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфҳои 9-10 (даставӣ), 2 нафар ба гирифтани ҷойҳои дуюму мушарраф шуданд.

Боиси ифтихори омӯзгорон ва волидайнашон аст, ки дар баробари ҳамаи ин соли 2021-ум  2  нафар хонандаи синфи 11 – и МТМУ № 15 Ҷобирова Фариза ва Ҷумъаев Фаромарз муассисаро бо медали тилло хатм намуданд.

Бо азми ҷазм рӯ ба фардои беҳтар аз ин

Мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар фароварди суҳбат бо итминон иброз дошт, ки:

– Мусалламан ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи маорифчиёни ноҳия натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аст. Дар раванди гуфтаҳои боло мехоҳам бо камоли сарбаландӣ ҷиҳати дастгириву пуштибонии ҳамаҷонибаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсан Раиси Раиси шаҳрамон Абдухолиқ Холиқзода арзи меҳру эҳтироми аҳли маорифчиёни шаҳрро изҳор намоям. Зеро маҳз ба василаи ғамхориҳои пайваста ва мусоидати ҳамешагии раиси муҳтарам давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ  ғолибони олимпиада ва дигар озмунҳои фанниву варзишӣ ва техникии макотиби шаҳр, ғолибони озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи  маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қадршиносӣ карда шуда, бо тӯҳфаҳои молии пуливу молӣ сарфароз гардонда шуданд. Пӯшида нест, ки иқдомҳои наҷибонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати дастгирии муасиссаҳои таълимӣ назаррас буда, маорифчиёнро ҳамеша  рӯҳбаланд месозад.

Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент мо – маорифчиён бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азми ҷазму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.

Бо дарки масъулияти ин ваъда кормандони соҳаи маорифи шаҳр ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонад, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати кӯҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи кормандони соҳа, ки шабу рӯз ҷиҳати пешрафти соҳа ва ба ин васила ободии мамлакату таъмини фардои дурахшони давлату миллат ҷаҳду талош менамоянд, саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям.

Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь