Чӣ тавр “Бешаи палангон” бе шоҳи туғайзор монд…

Моҳи июни соли 1936-ум, 85 сол пеш, дар ҷануби Тоҷикистон ҳудуди нахустин дар ҷумҳурӣ Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» муқаррар карда шуд. То миёнаҳои садсолаи гузашта дар «Бешаи палангон» бабрҳои тӯронии бошаҳомату ваҳмафкан ҳукмфармо буданд. Пас чӣ шуд, ки шоҳони ҷомаалои туғайзорони Тоҷикистон то рӯзҳои мо боқӣ намонданд?

Ҷангалистони Тоҷикистон

Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар дусадкилометрии Душанбе мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» доман паҳн кардааст. Ин минтақа дар олам нодир маҳсуб меёбад: танҳо ин ҷо, дар поёноби дарёи Вахш ва он ҳам дар хати борике тӯли марзи тоҷику афғон, қад-қади Амударё ин гуна туғайзори касногузар ҳифз шудааст. Пеш туғайҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Осиёи Марказӣ васеъ паҳн шуда буданд, махсусан дар қисмати ҷануб. Акнун қисми бештари заминҳо, ки пеш туғайпӯш буданд, барои кишти пахта истифода мешавад.

– Дигар дар ҳеҷ ҷои дунё шумо ин хел минтақаи калонмасоҳати туғайзорро мисли инҷо пайдо намекунед,- мегӯяд муовини сардори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Давлаталӣ Шарипов.

Тавре ӯ гуфт, 50 ҳазор гектар масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» минтақаи нодири табиист, ки дар он 80 сол боз генофонди бебаҳои ҳайвоноту набототи Осиёи Марказӣ ҳифз мешавад.

– Дар мамнуъгоҳ намудҳои барои туғайзорон камшумор ва махсусан арзишманди ҳайвоноту наботот ҳифз мешаванд. Инҷо беш аз 450 навъ гиёҳҳои гулдеҳ, 600 навъ бесутунмӯҳраҳо ва 200 навъ сутунмӯҳрадорҳо зери назоратанд. То миёнаҳои асри гузашта дар «Бешаи палангон» палангҳои тӯронӣ низ буданд, ки ба мамнуъгоҳ ном додаанд. Буттаю дарахтзорҳои касногузар барои шоҳи ҷангал макони олии зист буданд. Мутаассифона, бо мурури кам шудани масоҳати туғайзорҳо ва таъсирҳои дигари инсон шумораи ин намуди ҳайвонот коҳиш меёфт,- нақл кард дар идома Шарипов.

Паланги хазарӣ ё тӯронӣ зернавъи азбайнрафтаи паланг аст, ки аз Туркия то ғарби Чин, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ сокин буд. Далелҳои калонҷусса (то 224 см дарозӣ ва 240 кг вазн) ва ҷисман тобовар (рӯзе то 100 км роҳро тай мекард) будани паланги тӯронӣ вуҷуд доранд.

Паланг чаро рафт?

Бино ба гуфтаҳои мутахассисони мамнуъгоҳ, дар солҳои 30-юм дар «Бешаи палангон» то 8 паланг маскун буд. Ба онҳо ҳам ҳудуд мерасиду ҳам ғизо – туғайзор макони сукунати шумораи зиёди оҳувони бухороӣ, хукҳои ёбоӣ, ҷайрону харгӯшҳо буд. Тавре сокинони маҳаллӣ нақл менамуданд, палангон ҳеҷ гоҳ ба одам ҳамла намекарданд ва ба чорвои хонагӣ ҳам чандон кор надоштанд. Вале замоне, ки ба азхудкунии ҳудудҳои атрофи «Бешаи палангон» барои кишоварзӣ шурӯъ карданд, шоҳи ҷомаалои туғайзор ин маконро тарк намуд.

– Дар он давра дар Тоҷикистони шӯравӣ заминҳои ҷанубӣ дар соҳилҳои Амударё – он ҷойҳое, ки туғайзор буду паланг зиндагӣ мекард, фаъолона аз худ карда мешуданд. Ба водии Вахш ҳазорҳо оила кӯчонида шуд, колхозу совхозҳо ташкил гардиданд. Бешазори лаби дарёҳо ба пахтазор табдил меёфт ва ба ин тариқ майдони сукунати ҳайвони дарранда танг карда мешуд. Масалан, аз 90 ҳазор гектар туғайзорҳое, ки солҳои 30-юм берун аз мамнуъгоҳ монданд, ба солҳои 50-ум танҳо нисфаш боқӣ монд,- қисса кард директори осорхонаи мамнуъгоҳ Ҷалолиддин Муфарраҳов.

Бино ба баъзе далелҳо, паланги охиринро инҷо соли 1958 дидаанд. Вале атрофи санаи дақиқи аз байн рафтани паланги охирин баҳсҳо идома доранд. Бархе мегӯянд, паланг ҳанӯз дар солҳои 1960-ум ҳам инҷо буд. Сайёҳ Юрий Смирнов, ки он солҳо ба «Бешаи палангон» омада буд, нақл мекунад, ки шиносҳои ӯ палангро дида буданд.

Адиб ва тарҷумон Алексей Травин дар китоби худ «Бешаи палангон» меорад, ки дар оғози солҳои 60-ум деҳқонон хабар доданд, ки гови колхозро дар наздикии мамнуъгоҳ паланг хӯрдааст. Аммо дертар, ба гуфти Муфарраҳов, маълум гардид, ки он туъмаи гурги танҳогард шудааст.

Як гурӯҳ муҳақиққони тоҷик, ки дар «Бешаи палангон» моҳи августи соли 1970 қарор доштанд, низ исрор мекарданд, ки изи палангро дидаанд.

Ҳар гунае набошад, алъон паланг танҳо дар номи мамнуъгоҳ боқӣ мондааст…

Паланг ва туфанг

Мувофиқи маълумоти расмӣ, саршумори палангҳои тӯронӣ дар минтақаи осиёӣ дар асри XIX наздики 10 ҳазорро ташкил медод, аммо наздик ба нимаи дуюми асри ХХ ӯ қариб батамом қир карда шуд.

Бар хилофи андешаҳои ғолиб, далелҳои зиёде мавҷуданд, ки баёнгари қиркунии мақсадноки паланг дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҷойҳои дигар мебошанд.

Масалан, дар китоби «Ширхораҳои Иттифоқи Советӣ» қайд мегардид, ки «тағйирёбии ландшафт дар нобудшавии паланг танҳо дар замонҳои охир нақш дошт… Сабаби асосӣ бевосита ҳайвонро қир кардани шикорчиҳо буд».

– Дар туғайзори зич, миёни анбӯҳи қамишзорҳо, лаб-лаби дарёҳои ҷанубӣ ин даррандаи тавоно ва хунмаст зиндагӣ мекунад,- менавишт рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» соли 1937.- Паланг ба хоҷагии мо зиёни кам мерасонад, аммо фоида меорад: паланг сайди тиҷоратӣ аст ва ба хориҷа содирот мешавад. Паланги нар, мувофиқи нархномаи Боғи ҳайвоноти Маскав, 6000 рубл арзиш дорад, палангҳои ҷавон – то 3000. Пӯсту мӯинаи паланги кушташуда дар сохтани ҳар гуна маснуот истифода мешавад,- изҳори андеша мекард муаллифи матлаб.

Аз як шумораи ҳамон нашрия дар моҳи декабри соли 1937 омори дигареро ҳам пайдо кардан мумкин аст, ки гувоҳӣ медод: он айём дар Тоҷикистон қиркунии воқеии олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷараён буд: «Дар Тоҷикистон шикори ҳайвоноти мӯинадор дар авҷ аст. Дар 11 моҳи соли 1937 шикорчиён 6 паланг, 48 бабри кӯҳӣ, 7 леопард, 10 ҳазор рӯбоҳ, 71 хирс, 297 гург, 1153 қашқалдоқ, 954 гурбаи ёбоӣ, 738 савсор, 123 миримушон, 22 ҳазору 182 суғур, 525 шағол, 43 қоқум ва ҳайвоноти дигарро куштанд».

Дар матлаби «Рӯйдоде бо паланг», ки дар «Коммунист Таджикистана» моҳи январи соли 1938 чоп шуд, дар бораи он нақл мешуд, ки чӣ тавр шикорчиён ва деҳқонон палангро танҳо ба он хотир куштанд, ки ӯ дар наздикиҳои колхоз пайдо шуд.

Оё паланг ба «Бешаи палангон» бармегардад?

Дар солҳои охир олимони зоолог имкони бозгардонидани палангро ба минтақаҳои мамнуъгоҳии Осиёи Марказӣ меомӯзанд.

Паланги тӯронӣ, албатта, дигар барнамегардад. Аммо коршиносон исбот намуданд, ки ин зернавъ аз лиҳози генетикӣ ба паланги амурӣ наздик аст. Аз ин рӯ имкони барқарор намудани популятсияи аздастрафтаро баррасӣ кардан мумкин аст. Аллакай овардани гурӯҳи аввали палангҳои амурӣ ба ҳудуди резерват дар соҳили ҷанубии кӯли Балхаш то соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳолати муваффақшавии таҷриба, эҳтимоли калон ҳаст, ки якчанд ҷуфти палангҳо дар «Бешаи палангон» низ барои худ макони зист пайдо мекунанд.

Фаррух БОЗОРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь