Санаи 28 апрели соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 65-солагии мавлуд ва 45-солагии фаъолияти эҷодии шоир Олимхон Исматӣ базми шеъру суруд баргузор шуд.

Шоири халқ

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам Наврӯз, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, намоядагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоирон Абдуллоҳи Раҳнамо ва Толиби Луқмон, сармуҳаррири нашрияи “Фараж” Хуршеди Атовулло, ҳамқаламон ва алоқмандони осори шоир иштирок ва суханронӣ карданд.

Маҳфилро ҳунарнамоии устодони ҳунар Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Муродбеки Насриддин, Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова ва дигар сарояндагон шукуҳи хоса бахшид.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар суханронии хеш таъкид кард, ки Олимхон Исматӣ дар майдони сухан 45 сол инҷониб барои рушди адабиёт ва шеъри муосири тоҷик садоқатмандона талош менамояд.

Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки мавзуъ ва мундариҷаи ашъори Олимхон Исматӣ ба ҳафт рукни маънавӣ – Миллату Ватан, Ишқу Одамият, Ваҳдату Истиқлол ва Корномаи Пешвои ваҳдатофарини миллат устувор аст.

Дар идомаи маҳфил адибон, шоирон ва сарояндагони маҳбуби кишвар бо таманниётҳои нек саҳми шоир Олимхон Исматиро дар тараннуми ғояҳои ватандӯстӣ ва ваҳдату истиқлол басо барҷаста арзёбӣ карда, ӯро ҳамчун мардумитарин шоир дар байни халқ муаррифӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Олимхон Исматӣ аз зумраи шоиронест, ки  эҷодиёташ адабиёти муосири тоҷикро ғанӣ гардонида, кайҳо дар қалби мухлисони шеър роҳ ёфтааст. Аксари онҳое, ки дар маҳфил суханронӣ намуданд, пешниҳод карданд, ки Олимхон Исматӣ барои хизматҳояш дар рушди адабиёти муосири тоҷик ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

“Олимхон Исматӣ “шоири халқӣ” набошад ҳам, кайҳо шоири халқ аст, зеро шеъри ӯ кайҳо ба дили халқ роҳ ёфтааст. Ӯ дар  шеъраш забони зиндаи халқро моҳирона кор мефармояд, бинобар ин шеъраш писанди халқ мешавад. Ашъори ҳаҷвии ӯ, ки бештар дар оҳанги таронаҳои халқӣ эҷод шудаанд, вирди забони хосу ом аст.” – гуфт, дар суханронии хеш Аҳмадҷони Раҳматзод.

Абдуллоҳи Раҳнамо вақте “Нишони Сухан”-и Иттифоқи нависандагонро ба Олимхон Исматӣ эъто мекард, бадоҳатан ин мисраъҳоро гуфт:

Ту эй баҳри маънию кони сухан,.

Ки ҷони ту шуд ҷони ҷони сухан,

Гузаштӣ ту аз имтиҳони сухан,

Ҳалоли ту бодо “Нишони сухан”!

Нигоҳе ба рӯзгор ва осори шоир

Олимхон Исматӣ 28-уми феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёнаи №4, соли 1974 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1978 бо тахассуси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик пирӯзмандона хатм кардааст.

Ба ин тариқ, мавсуф соли 1978-1984 дар МТМУ №3, деҳаи Мадрушкати Кӯҳистони Мастчоҳ нахуст ба ҳайси муаллим (1978-1979), баъдан ҷонишини директор (1979-1980) ва ниҳоят директори мактаб (1980-1984) кору фаъолият намуда, ҳамзамон шуғли эҷодии шеъру суруд дошт. Меҳри каломи бадеъ соли 1984 ӯро ба даргоҳи нашриёти “Адиб”-и ш. Душанбе бурд. Ва ӯ дар ин кохи муҳташами шеъру сухан нахуст ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъолият намуда, ниҳоят ба ҳайси мудири шӯъбаи барномарезии нашриёти “Адиб” зери роҳбарии директори нашриёт Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев ба кори худ идома бахшид. Олимхон Исматӣ тайи солҳои 2005-2010 дар вазифаи мудири қисми адабии ансамбли давлатии халқӣ –этнографии “Фалак”-и вилояти Суғд, солҳои 2010-2021 ба сифати сармуҳарири нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ- “Машъал” пурмаҳсул фаъолият бурда, аз соли 2021 инҷониб ҳамчун раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баҳри татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб софдилона заҳмат мекашад.

Чакидаҳои нахустини ӯ дар маҷмӯаҳои “Риштаборон” (1984), “Меҳри падар” (1988), “Неши нӯш” (1988), “Дасти дӯст” (1989), “Чил қалам” (1990), “Чашмасор” (1990), “Чакомаи пирӯзи” (1990), “Фирдавсӣ дар шеъри дунё” (1991) пайи ҳам ба нашр расидаанд.

Ниҳоят  китоби нахустини ӯ бо номи “ Мавҷхез” бо пешсухани Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром аз тариқи нашриёти “Адиб” ба зевари  нашр ороста шуда, аз шоири умедбахше башорат дод, ки ба ин минвол китобҳои ӯ дар ҳарду жанр назм ва наср ба ин зайл ба чоп расидаанд:

Дар жанри назм: “Мавҷхез” (1993), “ Боли ҳумо” (1995), “ Оёти найсон” (1999), “ Ашки булбул” (2006), “ Кабӯтарак”( барои атфол)-(2008)

Дар жанри наср: “ Ҷонфидо”(1996), “ Эҳёи Мадрушкат” (2001), “ Зарафшон” (2006), “ Ҳақталош” (2007), “ Деҳхудо” (2008), “ Дар ҷодаи сарнавишт” (2012), “ Пайрави падар”(2018), ва “ Назаре ба таърихи диёр” (2020).

Ҷанбаи дигари фаъолияти шоир О. Исматӣ эҷоди суруди тарона аст, ки чанде аз он аз ҷониби ҳунармандон қолаби оҳангу адвор ворид гардида, дар хазинаи тиллоии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон маҳфузанд. Чунончи, сурудҳои “Падар розӣ- Худо розӣ” Ҳунарманди халқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ( Ҷӯрабек Муродов), “ Алифбои ниёгон”, ( Муродбек Насриддинов), “ Як ханда кун, эй гул” ( Тоҷиддин Муҳиддинов),”Нигаҳ дорад Худо”, ( Файзали Ҳасанов) , “ Шеъру оҳанг…”, (Афзалшо Шодиев) “Эй ишқи аввал”, ( Лола Азизова), “ Субҳ омаду субҳ омад”, ( Хосияти Зарафшонӣ), “ Кӯза сари дӯш куҷо мерави?” ( Даврон Алиматов), “ Ҳамсоя”, ( Ҳусейнҷон Юсуфов), “ Ҳар луқма, ки мехӯрӣ…” ( Қобилҷон Зарифов), “ Дилам гум мезанад модар” ( Шодмони Сулаймонӣ) ва чанде дигар садо медиҳанд.

Муждаи “Зангӯлаи бедорӣ

Тавре ишора шуд, яке аз муҳимтарин нукоти маҳфили Олимхон Исматӣ пешниҳод шуданаш ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон буд. Умедворем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ин пешниҳоди аҳли адабро ҷиддӣ мегирад ва дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои сазовори ин унвон шудани Олимхон Исматӣ талош хоҳад кард. Зеро ҳанӯз дар маҳфили 60-солагии шоир раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба ин унвони баланд арзанда будани Олимхон Исматиро таъкид карда буд.

Ҳамчунин, дар маҳфил зикр гардид, ки ба ифтихори 45-солагии фаъолияти эҷодии шоир ва 65-солагии умри пурбаракати ӯ бо ибтикори раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода ва дастгирии Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ализода Аъзам Наврӯз китоби нисбатан мукаммали шоир бо номи “ Зангулаи бедорӣ” ба дасти чоп супурда шуд, ки рӯзҳои наздик дастраси хонандагон хоҳад шуд.

Одил Нозир,

Душанбе-Мастчоҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь