Ҳар сол вақте ба деҳа меоям, нахустин коре, ки анҷом медиҳам, ба деҳаи Яккахона ба зиёрати муаллим ва устоди нахустинам Шариф Исматӣ меравам. Зеро Шариф Исматӣ барои ман аз нахустустодоне ҳастанд, ки ин ҳама дастовардҳои имрӯзи худ, нашри  китобҳо ва ғайраро маҳз аз заҳматҳои эшон медонам. Хотираҳои зиёде аз устод дорам, ки аксари онҳоро рӯйи коғаз овардаам ва ояндаи наздик дар ин бора муфассалтар менависам. Алъон мехоҳам аз он ёдоварӣ кунам, ки чӣ водор кард то ман ба эҷодкорӣ машғул шавам?

Дар синфи шаш мехондем. Дарси адабиёт буд ва устод Исматӣ дар мавзӯи “Зимистони диёри ман” иншо гирифтанд. Ман дар ин дарс зимистони диёрро аз бухор шудани обҳои чашмасорон дар фасли зимистон оғоз намуда, бо ташбеҳоти гуногуни кӯҳҳои барфпӯш ва лижарониҳои сайҳон ҷамъбаст карда, аз ҳама охир ба дасти устод супоридам. Рӯзи дигар вақте ба дарс омадем, устод дар ҳузури ҳама гуфтанд: “Миёни Шумо як нафаре ҳаст, ки дар оянда метавонад эҷодкор шавад, агар Холиқнзар кӯшиш кунад, рӯзноманигор ва ҳатто нависандаи хуб шуданаш мумкин аст. Ман дар иншои ӯ қобилияти эҷодкориро дидам”.

Маҳз ҳамин сухани устод боси шуд, ки аз ҳамон вақт ба навиштани шеърҳои шогирдона ва қиссаву афсонаҳо оғоз кунам.

Имрӯз низ вақте эшонро зиёрат мекунам аз ҳамон рӯз ёд карда мегӯям, ки “маҳз роҳнамоии Шумо боис шуд, ки банда ба қаламкашӣ рӯ орам ва қаламкаши аламкаш шавам”.

Устод аз нафароне ҳастанд, ки ҳамеша манфиати ҷамъиятро дар мадди аввал мегузоранд ва дар тӯли умри худ барои ободонии диёр заҳматҳо кашида, нақши худро гузоштаанд. Аз ҷумла бунёди мактаби деҳаҳои Яккахона ва Мадовра ва чандин ободкориҳои дигарро мардум аз заҳматҳои устод Исматӣ медонанд.

Дар ин сафар мавзӯи сӯҳбати мо бо устод дар атрофи маркази ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ оғоз ёфт ва эшон гуфтанд, ки бояд маркази ҷамоат аз Кулолӣ кӯчонида шавад. Вақте ба устод суол кардам, ки “Чаро шумо мехоҳед, маркази чамоати деҳоти Рӯдакӣ кӯчонида шавад?”, – гуфтанд: “Боре барои гирифтани маълумотномае ба деҳаи Кулолӣ ба маркази ҷамоат рафтам. Аз соати 9 то соати 14 мо интизори омадани масъули ҷамоат шудем. Ҷое наёфтам, ки як пиёла чой гирем ва ё лаҳзае истироҳат кунам. Фикр мекунам маркази ҷамоат бояд дар деҳае бошад, ки дар он ҷо инфрасохторҳои гуногун, аз ҷумла чойхонаву ошхона, ҷой барои нишасту фароғат ва ғайра вуҷуд дошта бошад. Дар Кулолӣ чунин макон нест.

Ба фикри шумо маркази ҷамоат бояд ба кадом деҳа кӯчонида шавад, ки дорои чунин шароитҳо бошад?-пурсидам аз устод.

Гуфтанд:

Ба назар ман деҳаи Панҷрӯд барои маркази чамоат будан беҳтарин макон аст. Зеро Панҷрӯд ба як маркази маъмурию маишии хуб ва беҳтарин гӯшае барои сайёҳон табдил ёфтааст, ки фикр мекунам беҳтарин макон барои маркази ҷамоат шудан аст. Дар инҷо аз ҷумла иншоотҳои гуногун мавҷуданд, ки мусофирон, ҳам имконияти нишастану интизор шудан, ҳам истироҳат карданро даранд. Дар инҷо аз ҷумла инфрасохторҳои зерин мавҷуд аст:

  1. Мақбара ва нимпайкараи устод Рӯдакӣ
  2. Ду боғи маданӣ-маърафатӣ
  3. Растаи гулҳои гуногун
  4. Се толори гуногун
  5. Се китобхона
  6. Ду майдончаи варзишӣ
  7. Ду меҳмонхона
  8. Ду майдони вертолёт
  9. Ду маркази саломатӣ
  10. Як дорухона
  11. Як осорхона
  12. Як нонвойхона
  13. Ду чойхона-ошхона
  14. Як сартарошхона
  15. Ду дӯкони гӯштфурӯшӣ
  16. Ду маркази савдо
  17. Ду мағозаи масолеҳи бинокорӣ
  18. Ду мағозаи молҳои хоҷагӣ
  19. Ҳафт мағозаи молҳои омехта
  20. Як нуқтаи сузишворӣ
  21. Даҳ хатсайри мошинҳои сабукрав ва ғайра.

Ба ин пешниҳоди устод Исматӣ дигарон чӣ андеша доранд? Оё воқеан маркази ҷамоати Рӯдакӣ ниёз ба кӯчонидан дорад? Ё бунёди инфрасохторҳои гуногун, ки бозгӯи маркази ҷамоат буданро дошта бошад, дар худи деҳаи Кулолӣ низ имконпазир аст? «Фараж» омода аст, дар ин бора фикри дигаронро низ чоп кунад.

Холиқи Муҳаммадназар,

Душанбе-ПанҷакентДушанбе

Блоки рекламавӣ

2 ШАРҲҲОИ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь