Сел аз ҷумлаи офатҳои табиӣ буда, сабаби оқибатҳои нохуш- аз қабили харобию вайронии маҳалҳои аҳолинишин, марги одамон, маҳви чорво, бӯстону гулистонҳо, нақлиёт, роҳу воситаҳои алоқа, каналҳо, ҷӯйборҳо ва ғайра гардида метавонанд.
Аз ин ваҷҳ омӯхтани табиат, сабабҳои мушаххаси пайдоиш ва роҳу воситаҳои пешгирии сел аҳамияти калон доранд. Имрӯзҳо ба аз худ намудани кӯҳу кӯҳдоманҳо диққати бештаре дода истодаанд. Чунки сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ, иншоотҳои обию техникӣ, роҳҳо, таъмини бехатарии шаҳру деҳаҳо, беҳ гардонидани сифати чарогоҳҳо, пешгирии хоку замин аз шӯсташавӣ, таъмини бехатарии чорводории чарогоҳӣ ва ҳаракати сайёҳон ба донистани мавзеъҳои пайдоиши сел, эҳтиёҷи калон доранд.
Сел маънои ҷараёни ифлоси ба таври ногаҳонӣ тез ҷоришаванда ва харобиоварандаро дорад. Маҷмӯи шароитҳои табиӣ-географӣ аз қабили нишебии калони ҳавзаи рӯду дарёҳо, дар нишебии кӯҳҳо мавҷуд будани маҳсулоти мулоим, бисёр будани сангрезаю сангпораҳо, аз наботот камбағал будани маҳал, боронҳои шиддатнок, зуд обшудани барфҳои мавсимӣ, лағжида ё канда шуда ба кӯлҳои кӯҳӣ дохилшудани анбӯҳи калони пиряхҳо ва ғайраҳо боиси ҷараёни сатҳи заминии об гашта, ба пайдоиши сел асос мегузоранд.
Сел аз дигар ҷараёнҳои обӣ бо он фарқ мекунад, ки дар таркиби он ҳиссачаҳои ҷинсҳои сахт (лоиқа, сангреза, сангпора) вуҷуд дорад. Суръати ҳаракати сел дар мавридҳои ҷудогона ба 15 – 17 метр сония расида, дар 1 м3 то 12 тонна фишор меоваранд, ки қобилияти бузурги вайронкорӣ пайдо мекунад.
Водии Зарафшон яке аз ноҳияҳои селхезӣ ҷумҳурӣ аст, ки сел дар ин водӣ аз моҳҳои март то август эҳтимоли омадан дорад, вале бештари онҳо ба моҳҳои май ва июн рост меояд.Сели водии Зарафшон 6,5 %-и сели дар Тоҷикистон рухдиҳандаро ташкил медиҳад.
Селҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон аз ҷиҳати хосияту таркибашон лойқа, лойқаю сангомез, сангу регомез мешаванд, вале дар қисҳои алоҳидаи ҳавза ин ё он навъи сел бартарӣ дорад. Селҳо дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Масчо рух дода меистанд.
Дар солҳои мухталиф дар қисматҳои алоҳидаи водӣ селҳо омадаанд:
14-уми апрели соли 1963 дар маҷрои Уртасойи Хурд, ки дар қисмати ғарбии ноҳияи Панҷакент ҷойгир шудааст сел омад, ки дар натиҷа роҳҳои автомобилгард, каналҳо ва ҷӯйборҳои зарари ҷиддӣ диданд.
27-уми июли соли 1964, 23-юми августи соли 1966 ва тобистони соли 1981 дар ҳавзаи рӯди Хушекат сел омада буд, ки дар натиҷа роҳи мошингарди ағбаи Шаҳристон, ҷӯйбор ва заминҳои корами деҳаи Хушекат зарар диданд.
Дар ҳавзаи рӯди Курӯд солҳои 1894, 1964, 1969, 1972 ва 1978 сели лойқаю сангомез омада буд.
Селҳое, ки солҳои 1969, 1972, 1976 ва 1996 дар деҳаи Искодар ба амал омада буданд ба заминҳои кишти тамоку, боғҳо ва кӯчаю хонаҳои алоҳида зарари калон расонида буданд.
Аввалҳои моҳи майи (2-4) соли 1988 дар деҳаи Урметан зери таъсири боронҳои селӣ сели азим омад. Аввало қад-қади рӯди Урметан мавҷи хурди лойиқаю сангомез ва дере нагузашта мавҷи калон омад. Шоҳидон нақл карданд, ки баландии мавҷи дуюми сел аз 10 метр баландтар буд. Сел купруки болои рӯд, систернае, ки 10 тонна равған дошт, оғилу хонаҳои канори рӯд бударо шуста ба дарёи Зарафшон фаровард. Сангу лойқаи ба дарёи Зарафшон фароварда чунон бузург буд, ки пеши дарёро чанд лаҳза баст. Чунин сели даҳшатовар соли 1917 низ рух дода будааст.
Аз селе, ки 15-уми июни соли 1991 дар деҳаи Ревад рух дода буд, беш аз 110 хоҷагии деҳа бо маблағи 270 000 сум зарар диданд. Роҳҳо, ҷӯйборҳо, замину боғҳо, майдонҳои кишт, хонаҳои истиқоматӣ, оғилхонаҳо ва ғайраҳо вайрон гаштанд.
Солҳои 1969, 1972 ва 1976 дар деҳаҳои Сангистон, Фатмев ва Гузари Бод сели лойиқаю сангомез омада буданд.
24-уми июли соли 1987 дар деҳаҳои ҳамшафати Дарғу Каздони ноҳияи Айнӣ сели мудҳиши харобиовар омада буд, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматӣ, оғилхона, мошинхонаю мошинҳои дар он буда, чорво ва дигар чизҳоро руфта бурд, ки зарари он ба маблағи 7 млн сум баробар буд. Соли 1998 ин ҳодиса боз такрор шуд.
22-юми маи соли 1993 дар шаҳри Панҷакент сели бузурге омад, ки дар натиҷа хонаҳоро хароб, боғу токзорҳоро зер карда, ғаллаи нав даравида, гову гусфандон ва чизу чораи аҳолиро ба дарёи Зарафшон гирифта бурд.
Дар шаҳри Панҷакент инчунин сели харобиовар 9-уми маи соли 2011 ва 11-уми маи соли 2016 омада буд. Дар натиҷаи сели соли 2011 ум омада пулҳои болои Сои Мисрак, хонаҳои истиқоматӣ, чойхонаи Сайёҳ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, варзишгоҳи марказӣ зарари ҷиддӣ диданд.
9-уми маи соли 2011 ва 11-уми маи соли 2016 дар деҳаи Дашти Қозӣ сел омад, ки дар натиҷаи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, хонаҳои истиқоматӣ ва зиёда аз 50 га заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зарари ҷиддӣ диданд.
4-уми июни соли 2019 дар деҳаи Рӯзи обнок сели мудҳише омад, ки дар натиҷаи он 2-нафар бародарон ҷони худро аз даст доданд ва чандин хонаҳои истиқоматӣ, мактаб, ва шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент зарар диданд.
20-уми июли соли 2021 дар деҳаи Киштӯдак сели мудҳише омад, ки дар натиҷа 12 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Барои пешгирӣ намудан аз офатҳои табиӣ дар ҳамаи минтақаҳои хафнок таъсис додани мамнӯъгоҳҳо, ҳифзи ҷангалзорҳо ва мустаҳкам кардани соҳилҳо бояд дар мадди аввал бошад.
Аз ин рӯ мо ки пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб меравем бояд дар ҳифзи табиат, аҳолӣ ва мардуми шарафманди шаҳру деҳоти водии Зарафшон кӯшиш намоем, ки барои бехатарии аҳолӣ аз офатҳои табиӣ бар мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба анҷом расонида хонандагон ва донишҷӯёнро огоҳ намоем, ки ҳагоми саёҳат ва ё тамошо ба мавзеъҳои кӯҳӣ ё кӯлҳои дар водӣ буда дар фасли баҳор бо роҳбаладҳо ва шахсони муттасаддӣ сафар намоянд.
Ҳифзи муҳити зист ва табиат вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Лоиқ Шералӣ, мудири кафедраи математика ва табиатшиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент