Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Молия сутуни давлат аст

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи  дар ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Самадзода Саиднизомиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дарбар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Номбурда афзуд, ки давоми чор моҳи соли 2024 Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ  баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят, ноҳияи Дӯстӣ, Сарраёсати Вазорати молияи дар вилояти Хатлон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд, корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Нақшаи қисми даромади буҷет 110 дарсад таъмин шуд

Ба қавли номбурда дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии МИҲД-и ноҳияи Дӯстӣ,  кормандони Нозироти андоз ва Раёсати Вазорати молияи Ҷуҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ давоми чор моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷаи маҳалии ноҳияи Дӯстӣ 110 дарсад таъмин гардидааст.

“Нақшаи қисми даромади буҷаи маҳалии ноҳия бо тағйироту иловаҳояш дар соли 2024 ба маблағи 18 миллиону 199 ҳазору 948 сомониро дар бар гирифта, иҷроиши он дар ин давра ба маблағи 19 милиону 977 ҳазору 657 сомониро ташкил дод”.

Зикр карда шуд, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷаи маҳаллии ноҳия бо тағйироту иловаҳояш дар ин давра 32 миллиону 592 ҳазору 605 сомониро дар бар гирифта, иҷроиши он ба маблағи 32 миллиону 324 ҳазору 919 сомонӣ расонида шуд, ки он баробари 99 фоизи нақша мебошад.

Номбурда илова кард, ки аз 32 миллиону 324 ҳазору 919 сомонӣ хароҷотгардида, бештар аз  21 миллиону  580 сомониааш ба соҳаи маориф, ки баробар ба 67 дарсад, 7 миллиону 292 ҳазору 162 сомониаш ба соҳаи тандурустӣ 23 дарсад ва 3 миллиону 374 ҳазору 743 сомониаш ба дигар соҳаҳои буҷет равона карда шудааст, ки 10 фоизи хароҷоти буҷаи маҳаллиро ташкил медиҳад.

 Нақшаҳо баҳри пешрафт

Ӯ афзуд, ки ҳама талошҳои мо баҳри саривақт таъмин намудани музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, пардохти фонди ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимои кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияи Дӯстӣ ба ҳолати 1-уми майи соли 2024 ба пуррагӣ пардохт карда шуда, дар оянда низ мо талош мекунем, ки қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.

Иттило дода шуд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ барои пардохти музди меҳнат ба маблағи 20911563 сомонӣ 65 дарсад ва барои пардохти фонди ҳифзи иҷтимоӣ 5224929 сомонӣ равона карда шудааст, ки баробар ба 16 фоизи хароҷоти буҷаи маҳаллиро дарбар мегирад.

Бақияи қарзи андоз беш аз ним миллион сомонӣ  кам карда шуд

Гуфта шуд, ки ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бақияи қарзи андоз 5 миллиону 363 ҳазорро ташкил медод, ки он дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони Нозироти андоз ва Раёсати молияи ноҳия дар се моҳи соли ҷорӣ 513 ҳазор сомонӣ кам карда шуда, дар оянда боз баҳри кам кардани бақияи қарзи андоз корро ҷоннок хоҳем кард.

Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд

Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат қайд кард: “Мекӯшанд фаъолияти худро беш аз пеш пурзӯр намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Президенти кишвар аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд,” – қайд намуд Самадзода Саиднизомиддин.

Командонро ба забономӯзӣ фаро мегирем

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18-уми марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1-уми апрели соли 2024 тамоми кормандони худро ба мӯҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Роҳбарият Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Дӯстӣ баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро рӯйи кор гирифта, кормандони Раёсатро ба забономӯзӣ  фаро мегиранд.

Масъулиятшиносӣ ва нақшагирӣ

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь