Санаи 6-уми май соати 6:57 дақиқа дар роҳи Душанбе – Ваҳдат наздикии гардиши “Мачитон” Латифова Насима ҳангоми убур намудани роҳи пиёдагард зери чархи мошин монда ба ҳалокат расид.

Дар навори видеоие, ки дастраси мо гардид, дида мешавад, ки ҳангоми убури роҳ дар пиёдагузар мошини тамғаи “Опел” Насимаро мезанад. Дар натиҷа Латифова ба замин меафтад. Ҳамин вақт аз паҳлуи мошини аввала як мошини дигаре бо суръати баланд омада, Насимаро дубора пахш мекунад. Дар натиҷа Латифова Насима, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Тавре амаки марҳум дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, мошини дуввум ҷиянашро ба масофаи то 24 метр дур бурдааст.

Айни ҳол оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Ваҳдат тафтишот идома дорад. Ба гуфтаи пайвандони марҳум, мошини якуме, ки ҷиянашонро пахш карда буд, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад ва то ҳол дар ҷустӯҷӯй қарор дорад. Аз ронандаи мошини дуввум Мирзоев Оятулло ном бурда мешавад. Бинобар маълумотҳои расида, ҳоло мошини Мирзоев Оятуллоро дар ҷариимагоҳ махкам кардаанд. Оид ба ронандаи дуввум парванда кушода шудааст ё не, ин то ҳол ба мо номаълум аст.

Пайвандони Насима аз он нигарон ҳастанд, ки бо гузашти зиёда аз 10 рӯз то ба ҳол шахсияти ронандаи мошини авваларо, ки ҷиянашонро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, наметавонанд муайян карда бошанд.

Латипова Насима дар деҳаи Зарафшони ҷамоати деҳати Баҳори шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард. Ӯ духтари хурдии хонадон ва асои дасти модари нобинояш буд. Пайвандони марҳум мегӯянд, субҳ духтар бо нияти ба назди духтури дандон рафтан аз хона берун шуда буд.

Пайвандони фавтида аз хонандагон хоҳиш намудаанд, ки дар ҳоли пайдо кардани маълумоте оид ба ҷузъиёти ин садама бо телефони рақами 919 02 70 73 тамос гиранд.

Бахтиёр Раҳматуллоев, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь