Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 21-уми ноябр зимни як маросими расмӣ дар ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тиби фосилавиро ба Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳия дастрас кард.

Дар расми супоридани таҷҳизоти инноватсионии тиби фосилавӣ роҳбари Барномаҳои тандурустии ЮСАИД Саманта Ҳофман ширкат варзида, аз дастрас гардидани чунин таҷҳизоти зарурӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагиҳои бештари ЮСАИД-ро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши сиҳатии омма, хусусан барои дарёфту табобати саривақтии беморони сил ва дигар бемориҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳор намуд. Инчунин, гуфта шуд, ки фароҳам овардани чунин таҷҳизот барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои васеъ миёни ЮСАИД ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд ва фаъолияти Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро тақвият мебахшад.

Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Алимаҳмад Солеҳов сараввал меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфта, дар симои роҳбари Барномаҳои тандурустии ЮСАИД Саманта Ҳофман ба тамоми мардуми ИМА барои кӯмаки беғаразонаашон ҷиҳати паст кардани сатҳи бемории сил, табобати беморон ва умуман аз байн бурдани ин беморӣ, ки боиси нигаронии амиқи ҷомеа аст, изҳори миннатдорӣ кард.

– Ин ягона таҷҳизот дар минтақа аст, ки дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм насб гардид ва аз навоҳии дурдаст, ба монанди Лахшу Сангвор, Тоҷикободу Нуробод мутахассисон омада, тариқи гуфтугӯи мустақим бо духтурони силшиноси беморхонаи “Мачитон” суҳбат анҷом медиҳанд ва маслиҳатҳои муфиди онҳоро дар самти ташхису табобат мегиранд. Беҳбудии кор дар ин аст, ки дигар бе зарурат беморонро барои ташхису табобат ба марказ намефиристем. Ин телемедитсинае, ки феълан бо мутахассисони беморхонаи “Мачитон” роҳандозӣ намудем, дар қадами аввал ёрии аввалин ба беморони сил мебошад. Бемории сил – ин бемории иҷтимоӣ аст ва барои гузарнидани таҳлилу ташхиси бемории сил саргардониҳои зиёд вуҷуд дошт. Акнун барои таҳлилу ташхиси беморон чӣ аз Сангвор, чӣ аз Лахш, чӣ аз Тоҷикобод мо метавонем бо мутахассисони соҳа аз “Мачитон” маслиҳату машварат намоем ва сатҳи беморшавиро дурусту дақиқ муайян кунем,- гуфт А. Солеҳов.

Инчунин, номбурда қайд намуд, беҳтар мебуд чунин телемедитсинаҳо на танҳо вобаста ба бемориҳои сил, балки дигар намуди бемориҳо, аз қабили бемориҳои занона, кӯдакона, ки фавти онҳо дар минтақаҳо бештар ба назар мерасад ва бемориҳои нейрохирургӣ имкони муоширати мустақим бо мутахассисони соҳа ва табобату ташхиси пурраи он имкон дошта бошад. Зеро ҳолатҳое мавҷуданд, ки интиқоли бемор ғайриимкон аст.

– Масъалаи мубрами дигаре, ки барои беморони сил ва умуман дигар бемориҳо хеле зарур аст, ин мушкилоти набудани лабораторияи клиникӣ, махсусан бактериологӣ мебошад. Агар ин масъала ҳам бо ёрию кӯмаки барномаҳо роҳи ҳал пайдо мекард, ҳам кори табибон хуб мешуд ва ҳам кӯмаки бузург ба беморон мегардид,- илова кард сартабиб.

Қодиров Қудратулло, ки аз соли 2013 ҳамчун директори Маркази бемориҳои сили ноҳияи Рашт фаъолият дорад, гуфт, дар ин муддат бо дастгирии барномаи ЮСАИД зиёда аз 60-70 нафар кормандони тиб оид ба навигариҳо омӯзонида шудаанд.

– Инчунин, бо кӯмаки ин барномаи ЮСАИД дар 14 ҷамоати ноҳияи Рашт кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил карда шудааст, ки барои сари вақт дарёфт намудани беморон ёрии аввалиндараҷа мерасонанд. Бо барномаи ЮСАИД системаи электронӣ ташкил шудааст, ки сари вақт ҳисоботҳоро пешкаш мекунем. Ҳамчунин, дар назди Маркази саломатӣ ва шӯъбаи бемориҳои сил гурӯҳи дастгирӣ ва мактаби беморони сил ташкил шудааст, ки барои то охир табобат гирифтани беморон кӯмаки худро мерасонанд. Ин ҳама чораҷӯиҳо бо дастгирии бевоситаи ЮСАИД ва барномаи ҲОУП амалӣ гардидаанд, ки миннатдории худро мерасонем,- гуфт Қ. Қодиров.

Дар интиҳо роҳбари Барномаҳои тандурустии ЮСАИД Саманта Ҳофман суханронӣ карда, аз номи ЮСАИД ба ҳозирин миннатдорӣ баён намуда, хушҳолиашро аз иштирок дар маросими кушодани чунин воситаи алоқа иброз дошт.

– Хушҳолем, ки акнун минтақаи Рашт низ имконият пайдо мекунад, то бо дигар марказҳо, аз ҷумла бо маркази ҷумҳуриявӣ ва беморхонаи “Мачитон” тамоси мутақим дошта бошад. Дар баробари гирифтани маслиҳатҳо аз мутахассисони баландихтисос, инчунин имкон дорад, то аз ин таҷҳизот барои гузаронидани омӯзишу тренингҳо низ васеъ истифода бурда шавад. Албатта ҳадафи барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил – ин таҳлили дақиқ ва таъйин намудани табобати дуруст ба бемор аст. Аз ин рӯ, ин восита метавонад кӯмак расонад. Ин намуди алоқа имконият медиҳад, то мутахассисон ва беморон аз навоҳии дурдаст ба марказ сафар накунанд ва метавонанд дар худи минтақа он маслиҳату пешниҳод ва машваратҳоеро, ки барояшон зарур аст, гузаронанд. Хушҳолем, ки ин таҷҳизотро дар оянда бо мақсади табобату ташхиси дигар намуди бемориҳо, аз ҷумла бемориҳое, ки байни модару кӯдак паҳн гардидаанд, истифода кардан мумкин аст. Ман бори дигар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, махсусан ба Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои ҳамкорӣ дар ин самт миннатдорӣ баён менамоям ва бо боварӣ гуфта метавонам, ин таҷҳизоте, ки имрӯз дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт барқарор шуд, дар оянда муфид хоҳад буд,- бо итминон гуфт С. Ҳофман.

Пас аз суханронии расмӣ ва ба истифода додани таҷҳизоти инноватсионии тиби фосилавӣ масъулин ва роҳбарони шӯъбаҳои бемориҳои сили ноҳияи Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор амалан ба сӯҳбат ва пешниҳоди ташхису таҳлилҳои беморони минтақа бо мутахассисони беморхонаи “Мачитон” тариқи онлайн шурӯъ намуданд ва маслиҳату дастурҳои муфид гирифтанд, ки барои дар оянда истифода бурдан дар фаъолияти касбиашон хеле зарур хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, тиби фосилавӣ як навъ таҷҳизотест, ки он тариқи видеоконфронс ва технологияи иттилоотӣ кормандони тиб ва силшиносонро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳам мепайвандад, то ин ки онҳо имкони мубодилаи таҷрибаро пайдо намоянд. Ин барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтӣ хеле зарур аст, бахусус дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ. Бо дастгирии барномаи ЮСАИД ин барои аваллин бор аст, ки силшиносони ноҳияи Рашт имкон пайдо намуданд бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ мутахассисон ва силшиносони Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт бо мутахасисон ва силшиносони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази омӯзишии беморхонаи «Мачитон» пайваст шаванд ва тариқи видеоконфронс машваратҳо ва маслиҳатҳои муфид гиранд.

Гуфтан бамаврид аст, ки пеш аз фароҳам овардани чунин таҷҳизот кормандони тиб ва силшиносон маҷбур буданд садҳо километр роҳро аз ноҳияҳои дурдасти минтақаи Рашт ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе барои машварату омӯзишҳои тиббӣ тай намоянд.

Масъулин мегӯянд, ҳадафи асосии Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои панҷ сол пешбинӣ шудааст ва он маблағи 13,2 млн доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Мақсади ин барнома коҳиш додани сатҳи бемории сил ва паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла омӯзиши кормандони тиб барои таҳкими системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории силро фаро мегирад.

Бино ба маълумоти расмӣ, кӯмаки ҳарсолаи ЮСАИД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил мекунад, ки тақрибан 30%-и ин маблағ ба соҳаи тандурустӣ равона карда мешавад.

Шамсулло Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь